Вақте кӯдакеро мебинӣ, зуд системаи асаб туро ба даврони кӯдакӣ мебараду лаҳзаҳои хурдӣ чун китоб боз гашта варақ- варақ ҷудо мешаванд ва хотиротеро пеши назар меоранд. Ҳама даврони кӯдакияшро дӯст медорад ва афсӯс мехурад, ки бузург шуд. Кӯдакӣ даврони хубе буду на ғаме доштиву на парвое. Ҳама азизон зиндаву дар гирди хони якдигар ҷамъ буданд, лек ҳангоми хурд будан, ҳамаи мо орзуи аҷибе, орзуи бузург шуданро мекардем, ба назар бузург будан хуб буд. Фикр мекардам, вақти бузург бошам, ҳама маро ҳурмат мекунанд ва аз ман метарсанд.

Дар хурдӣ ҳама чиз бароям лаззате дошту шавқовару ҷаззоб менамуд. Бозӣ кардан бароям як дунё буд, аммо вақте бузург шудам, бозиҳои сахттареро дидам. Бозиҳои кӯдакӣ пур аз шӯхиву ҷанг, гоҳе қаҳриву боз дӯстӣ. Дар дастҳо нону қанд ба якдигар тақсим менамудем ва бо ҳам пас аз давидан аз як ҷуммак об менӯшидем. Имрӯз ҷанг, ашкрезӣ, хунрезӣ, занозанӣ, аммо фардо боз бо ҳам бозӣ мекардем. Дар бузургӣ бошад, бозиҳои душворе ҳастанд; бозиҳои хавфнок ва тақдирсоз. Дар сар дигар андешаҳо давр мезананд.

Бозиҳои бузургон доимо ба хотири як чиз аст: “Чӣ гуна бояд фоида бинаму ман МАН бошам”. Аммо дар хурдӣ хоҳ пирӯз бошӣ, хоҳ шикастхӯрда, парвое набуд, чун медонистем боз пагоҳ бозӣ ҳаст.

Ҳоло афсӯс мехӯрам, ки чаро орзуи бузург буданро кардам. Охир, дар хурдӣ ба падарам, ба ҳамсояҳо, ба бобову мӯйсафедони гузар менагиристам, хуб буданд, ҳама бо ҳам мегуфтанду механдиданд. Ба хонаи якдигар мерафтанду соатҳои дароз сӯҳбат доштанд. Мӯйсафедон бошанд, дар рӯи катҳои чӯбин нишаста, чойи кабуд дам намудаву аз лаҳзаҳои зиндагиву чӣ гуна паси сар кардани онро мегуфтанду механдиданду шукр мекарданд, ки Худованд ба ин рӯзҳо ҳам расонид. Падарҳоямон ба кор мерафтанд, хело зебову диданӣ буд вақти баргаштани онҳо, мо дар тангкӯчаҳо бозӣ мекардему онҳо дар даст асбобҳои корӣ як- як пайдо мешуданд.

Вақте падарам намудор мешуданд, аз ҷой бархеста, сӯяшон медавидам. Аввал салом мекардам, хоҳ хаста буд, хоҳ озурда, хоҳ хушҳол, хоҳ ғамгин ба сӯям лабханд мезад. Лабхандаш аз ганҷ ҳам қиматтар буд, аммо дар он айём намедонистам. Занҳо бошанд, бо ҳам ҷамъ меомаданд, бо ҳам сӯҳбат мекарданду бо ҳам хӯрок мепухтанд. Дар кӯдакӣ ҳеҷ вақт фикр намекардам, ки мо бегонаем. Намедонам, аз чӣ бошад, ки файзу баракати он замон хуб буд; ҳеҷ кас дар фикри “аз они ман”-у “аз они ту” набуд. Баъзе вақтҳо модарам хӯрок мепухтанд, ман тақсимкунандаи он будам. Дар даст косаҳо ба хонаҳои ҳамсояҳо мерафтам, ин корро асосан ба хотири қанду шакалот мекардам. Холаҳо косаро гирифта, ба ман қанд ё шакалот медоданд ва онҳо ҳам  ба хонаи мо меомаданд. Танҳо шаб буд, ки мардумро дур месохт, аммо вақти субҳ ҳама боз якҷоя.

Саҳар говҳоро мебароварданду ба саҳро меронданд… Мӯйсафедон, мардон, бузургон дар соатҳои муайян таҳорат карда, либосҳои тоза ба бар менамуданд ва ҷониби масҷид мерафтанд. Дар ин ҳангом мо кӯдакон дар кунҷе истода, бо навбат ба ҳар одами омада салом мегуфтем. Зебо буд вақте баробар садои “Ассалому алайкум” мебаромад ва дар ҷавоб онҳо “Ваъалайкум ассалом” мегуфтанд ва “Бале шер, офарин” ё “бар падаратон раҳмат” мегуфтанд бо чеҳраҳои нурониву кушода. Яке садои азон танинандоз мегашт. Чӣ қадар аҷиб, шахсе чунон баланд азон мегуфт, аз он баландӣ, ки ҳама мефаҳмид. Мо бачагон дар ин ҳолат менишастем, ҳатто бузургон менишастанд. Бибиям мегуфт, “нишаста гӯш кунед азонро”. Мепурсидем, “чаро азон мегӯянд”. Ӯ мегуфт “ин даъвати мардум аст ва вақти ибодат аст”. Менишастему гӯш медодем, садо тозаву озода бе ягон ғавғову ғуриш баланд мегашт. Ҳама хомӯш, маҳал ором, оҳ, аҷаб лаззате.

Мардум бо ҳам баъд аз тамом шудани азон дастонашонро ба рӯяшон мебурданд ва мо низ ин коро такрор мекардем.

Ҳоло бузург шудаму лаҳзаеро намебинам, ки одамон сарҷамъ бошанду аз ғам дур бо ҳам биханданду аз барои кори хуб андешанд, ин шояд ба гумони ман тобад. Ҳамсояҳо ҳоло бо ҳам нестанд, дарҳо баста, мӯйсафедон наметобанд, бачаҳо дар кӯчаҳо шавқуну ҳаёҳуи беғамона надоранд. Ҳатто садои оромӣ нест, пайхас намекунам, ки ҳама бо ҳам бошанд, бародаронро мебинам дар як ҳавлӣ ду дарвоза мондаанду аз байн девори бузург бардоштаанд. Худо медонад, аз ҳамдигар фикр мекунанд, ё не, танҳо дар тӯю маъракаҳо ва ё ҷанозаҳо якдигарро мебинанду чун шахси бегона салом мекунанд. Мӯйсафедон ҳоло бо ҳам чой намехӯранду аз лаҳзаҳои зиндагӣ ҳарфе намезананд, дар хонаҳо зиндониву сарҳо аз ғам пур. Лаззати зиндагӣ фаромӯш шудаву аз ғами фарзандон бемор, ҳамеша дар ҷайб доруҳо гирифта мегардонанд. Гоҳ дар хонаи ин фарзанду гоҳ дар хонаи он. Чун бегона хонаи худро надоранд, агар дошта бошанд ҳам, суханашон қадр надорад. Фарзандон ҳама худ гапдон шудаанд. Агар падару бобо фикреро баён кунад, мегӯянд, падар ин фикри кӯҳнаро накунед, дунё пеш рафтааст. Аммо вақте хурд будам, медидам дар як хона, дар як ҳуҷраи лоини кӯҳна, ки болои бом лой асту дохилаш торик, даҳ фарзанд бузург шудаанду падар вақте ҳарф мезад, ҳама хомӯш гӯш медоданд. Бародарон якҷоя кор мекарданду эҳтиром якдигарро ба ҷой меоварданд, ин ҳамаро дида орзуи бузург шуданро мекардам, аммо сад афсӯс, ки чунон замон нашуд.

Акнун фаҳмидам, ки онҳо нестанд. Он одамони замони кӯдакиям нестанд, онҳо ин дунёро тарк сохтанд ва ман бо одамони дигар зиндагӣ дорам. Одамони давраи ҷадид, ҷадидони дур аз якдигар. Акнун сабаби орзуи кӯдакиро пай бурдам ва орзу мекунам, ки боз хурд шавам ва он лаҳза он замон он одамон пайдо шаванд. Вале ҳайҳот!!!

Шаҳзод ЗАФАРҶОН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here