Номаатонро дастрас кардам. Мисле ки он хотираҳои шуморо зинда кардаву боис ба ёдоварии саргузаштҳои муҳими рӯзгоратон шудааст. Дарвоқеъ, қиссаи навиштани мактуб аз сӯйи донишомӯз (ва он ҳам синфи ҳашт) ба футболбози маъруфи дастаи “Помир”-и Душанбешаҳр Вазген Манасян ва дарёфт кардани посухи он ва ҳатто якчанд армуғони варзишӣ бароям аҷиб буд. Чун ҷавоб навиштани як варзишкори арманӣ ба номае, ки бо забони форсии тоҷикист, аз як сӯ барои як фарди тоҷик ифтихорбарангез ва аз сӯйи дигар фикрзост.

Ба пиндори ман, дар айёми шӯравӣ инсонҳои шуҳратёр дар баробари мардуме, ки онҳоро дӯст медоштанд ва ҳаводори ҳунарашон буданд, эътиром қоил буданд. Ба ибораи дигар, он замон дар баробари ҳама кор масъулият эҳсос мешуд, ки камбахтона бо фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ он камранг шуд… Ба назари ман, омили дигар инсонсозӣ буд, ки дар меҳвари сиёсати шӯравӣ қарор дошт. Яъне дар парвариш ё худ тарбияи як фарди хушахлоқу донишманд ва бофаросат ҷомеа масъул буд ва ҳамин аст, ки як варзишкори хориҷӣ ба номаи шумо вокуниш карда буд. Бад-ин васила меҳри футболбоз шуданро шояд дар дили чанд ҳамнасли шумо бедор карда буд. Фикр мекунам, ки эҳё кардани ин расм ба суди ҷомеаи имрӯз хоҳад буд…

Шумо дар бахши дигари номаатон дар робита ба назари Меҳровари Масчоӣ, ки гуфта буд: “Ман бо Ардашер ду рӯз шуд, ки ошноям. Ӯ бачаи ором менамояд, вале дар ботинаш ҳарфҳои зиёд дорад ва вай бо худ меҷангад”, чунин ибрози андеша кардаед: “Медонӣ ин нишонаи чист? Ба андешаи ман, нишонаи он аст ки ту ҳанӯз андешаи мустақилонаи хешро сари мафҳумҳое чун виҷдону номусу нангу маҳалгароию ситораҳои ин ё он соҳа, тӯфонҳои бешумори замона, чуну чароҳои зиндагӣ надорӣ. Аз ин рӯ, дар баёни андеша таҳаммул мекунӣ, аз ранҷидани ин ё он нафар меандешӣ, аз тамғаҳои бешуморе, ки метавонанд дар ин рӯзгор зананд ( ба мисли “хоин”, “душман”, “мулло”, “кофир” ва дигарҳо) меандешӣ”.

Шояд шумо ҳақ бошед. Медонед, ман дар мавриди “тӯфонҳои бешумори замона” шояд камтар фикр кунам, аммо перомуни “чуну чароҳои зиндагӣ” дақиқан ки бисёр меандешам. Маро бештар пурсишҳо дар заминаи фалсафаи зиндагӣ ва шинохти худ “нороҳат” мекунад. Мехоҳам “ман”-и хешро дарёфта бошам. Масоили дигар бароям дувумдараҷа ҳастанд. Дарвоқеъ, ҷустуҷӯи “ман”-и худ ҳатто дар таронаҳоям (агар тарона гуфтан мумкин бошад) эҳсос мешавад:

Зи пӯиши худам бас ранҷ дидам,

Ки андар соя соя мебинам боз.

Шумо дар идомаи номаатон бо навишта кардани ёддоште кӯшидаед тафовут миёни ишқи замони ҷавонии худ ва замони ҷавонии моро нишон диҳед. Ба пиндори ман, чӣ дар рӯзгори шумо ва чӣ дар рӯзгори мо теъдоди “пиртаваллудшудагон” (сухани Лоиқи бузургвор) зиёд нестанд. Аммо ин вожаи сохтаи устод Лоиқ маро ба суроғи хотироти наврасӣ бурд. Ёдам ҳаст, ки пас аз таҳсил дар синфи 9-умӣ бо ҳамсолони худ забон ёфта наметавонистам, зеро мавзӯъҳои мавриди писандам ба дарди онҳо намехӯрд. Аз ин рӯ ночор будам, ки ҳамнишинҳои худро аз миёни калонсолон интихоб кунам. Дарзимн, мавзӯъҳои баҳси мо сарнавишти аллома Айнӣ, хидмат ва хиёнати Абдуррауфи Фитрат, адабиёти ҷадидия, саҳми рӯшанфикрони оғози садаи бист дар бедории миллӣ, зарару зиёни пантуркизм дар сарнавишти тоҷикон ва амсоли ин буд. Ҷолиб аст, не?

Ҳамакнун меистаму фикр мекунам, ки ин оё ба таъсири муҳит буд ва ё ман воқеъан, ба гуфтаи шумо, “пиртаваллудшуда”-ам?

Бо арҷи фаровон, Ардашер Пайванд

Соя дар  соя

Дуруд Ардашер!

Номаат расид. Бо вуҷуди он ки диданиҳо дар Туркия зиёд аст, (аз Анталияи ҳушбаранда сар карда то ба оромгоҳи Мавлоно дар Қуния) аммо ҳушу хаёлат дар Тоҷикистон аст. Андешаҳоят ҳам тағйир нахӯрдаанд ва сари мафҳумҳои абадие, чун хотира, виҷдон, миллат, нанг, ватандорӣ меандешӣ. Ин хуб аст ё бад? Чаро вақте ҷое меравӣ, андешаҳоятро бо худат мебарӣ? Ин маънои лаҷом задани эҳсосро надорад, балки мебинию намебинӣ, мешунавию намешунавиро дорад. Албатта “сафар кардан ҷаҳон дидан аст”, аммо мо дар Ватани хеш ҳамаро дидаем, шунидаем, донистаем? Ман боре бо ҳасрат дар ҳамин ҳафтаномаи “Фараж” навишта будам:

“  … Ба андешаи ман, барои тоҷик сафари Порису Лондон, Маскаву Ҳинд, Туркияю Чин ва ҳатто Антарктида боиси ифтихору фахр набояд бошад! Тоҷике, ки боре дар соҳили Сарез набудааст, мақбараи Рӯдакию Туғралу Хоҷа Муҳаммади Башороро зиёрат накардааст, Ҳафткӯлу Искандаркӯлу Гармчашмаю Чилучорчашма, зебоиҳои Ховалингу Балҷувонро дар симою тасвир дидааст, дараи Фонро аз қиссаҳои бибиаш шунидааст, аз чашмаи Носири Хусрав об нанӯшидааст, наметавонад доди ватандорӣ ва бештар аз ин, лофи донистани таъриху фарҳанги миллат кунад!

Ман аниқ медонам, ки масъалаи молӣ дар ин қазия дурӯғе беш нест ва наметавонад ошиқи кенгуруи Австралияю хирси Сибиру истироҳатгоҳҳои Анталияю Сочиро сафед кунад. Қимати танҳо чиптаи, масалан, Дубай имкон медиҳад, ки хоки ватанро ба қавли устод Қаноат «зи сару бар қадам занед».

Нафаре, ки ёдгориҳои Саразмро бо чашм надидаасту аз навиштаи бостоншиносони хориҷӣ хондааст, нафаре, ки боқимондаи қалъаҳои таърихии Ҳисору Муғу Хуҷандро дар аксҳо дидааст, вале имконе дорад, ки давоми як шабонарӯз ба дилхоҳ гӯшаи кишвар равад, чӣ гуна метавонад аз таърихи миллату фарҳанги он кафки даҳон парронад?

Баҳри Худо, боре мансабдорону зиёиёни моро дар толоре ҷамъ ореду савол диҳед, ки кадоме аз эшон Туркияю Дубай рафтаанд ва кадоме аз эшон  мақбараи Рӯдакӣ ё қалъаи Ҳулбукро зиёрат кардаанд? Бовар дорам, гурӯҳи аввал аксарро ташкил медиҳанд.

Кадоме аз онҳое, ки имкони молӣ доранд, истироҳат дар Баҳористону Хоҷаобигармро аз истироҳат дар Майами ё Малайзия боло донистаанд?

Пас, ин қадар чир-чиру пар-пар аз меҳри Ватану лофи садоқат ба обу хоки ин сарзамин аз чист?

Қавли устод Лоиқ, «ту напурс, ҷони бобо, ту напурсу ман нагӯям».

Албатта, ин аламфарёдҳо ба ту камтар дахл дорад. Чун ҳамеша аз нигоштани ин сатрҳо намак пошидан ба қалбҳое аст, ки бо шиорҳои дурӯғини ватанпарварӣ даст ба сина мезананду рӯшон сиёҳ, барои дидани Сарезу Ҳафткӯл пойҳои нозукашон дард мекунад.

Ту навиштаӣ, ки дар ҷустуҷӯи “Ман” – и хеш саргумӣ, саволҳои беҷавобат сари “чуну чаро” – и зиндагӣ бешумор аст, мисоли Маҷнуни биёбоннаварде ҳастӣ, ки Лайлии хешро дар саҳро мекобад. Суол медиҳӣ, ки аз зумраи “пиртаваллудшудагон” ҳастӣ ё не. Боз ҳам ин саволат маро ба гузаштаҳои дур мебарад, ки замоне ман ҳам аз ҷамъи ҳамсолон мегурехтаму бештар мехостам дар сӯҳбати бузургсолон нишинам. Аз ин нишастҳо хотираҳои зиёде дорам, ки насиб дар номаи оянда ёдоварӣ хоҳам кард.

Худо ҳофиз!

Хуршед

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь