Ид нархҳои осмониро боз болотар бурд?

Иди Қурбон иди пур аз ҳикматҳо ҳам фаро расид. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таърихи дақиқи баргузории Иди Қурбонро эълон кард ва он ҳам ба 9 июл рост омад. Ин тасмим бар асоси хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Фарҳангистони миллии улуми Тоҷикистон гирифта шудааст.

Ҳоло дар бозорҳо чун анъана нархи маҳсулоти озуқа, сабзавот шириниҳо дандоншикан гардид. Нахустин шикоятҳо аз “пачкаи тухм дар гармои 45 дараҷа ба 40 сомонӣ расид” – нашр гардид. Инсофи идона канӣ, мепурсанд мардум? Воқеан агар мардум нахаранд тухм вайрон мешавад, аммо бубинед, ки дастархони идонаро пас чӣ гуна бе пухту пази хонагӣ пур мекунем? Ё нахӯрем? Ё накунем? Намешаваддд!

Аммо ду соли ахир ёд доред, ки мардум ба хонаҳои якдигар рафтан наметавонист ва агар хонаҳоро тақ-тақ ҳам мекарданд, тарси коронавирус онҳоро меларзонд. Ҳатто бисёриҳо он замон либоси нави идона хариданд, аммо дар дохили хона. Ҳатто бе рафтан ба сари мазори гузаштагон идро ҷашн гирифта будем. Ҳатто смс-пайёмҳое “хона наёёд” ва “ман ҳам ба хонаи шумо намеравам” иваз гардид.

Бовуҷуд мардум мегӯянд, ки масъулин дар танзими нархҳо дар бозорҳо саҳм доранд, чаро соҳибкорон онҳоро гӯш намекунанд? Аммо бояд қайд кунем, ки солҳост, ки соҳибкороне, ки нархҳоро худсарона баланд мекунанд, албатта, кам нестанд онҳое низ ки ҷарима мешаванд. Чандин гурӯҳи корӣ низ ташкил карда мешавад, нархро назорат мекунанд, аммо… Натиҷа камтар аст.

Соли қабл мо ҳатто даҳшатноктарин хабар аз хабари коронавирус ва баланд гардидани нархи озуқаро маҳз дар ид шунида будем, ки он ҳам дар бораи тирандозии марзбонони Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон буд.

Бовуҷуд волидайн дар ин иди пур аз баракоту хайр бояд фарзандонашонро назорат кунанд, аққалан 1 рӯз. Медонед чаро? Маҳз дар арафаи ид кӯдакон гум мешаванд, ҳатто чанд ҳолати дар об ғарқшавии кӯдакон ба қайд гирифта шуд. Падару модар масъулият ҳис кунанд. Аз фатвои бузургон то тавсияҳои вазорати илм ва маориф ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти волидайнро иҷро кунанд.

Инчунин мардум суол мегузоранд, ки бовуҷуд қурби 1 доллар ба 83 рубл расидааст, чаро нархҳои сӯзишвории дизелӣ якбора баланд гардид? Ин ҳам таъсири ид бошад? Боғдорони тоҷик ҳам, хушбахтона, аз ҳосили имсолаи боғҳояшон хеле розиянд. Чунки имсол барояшон соли фаровонӣ омад. Аммо харидорон шикоят мекунанд, ки нарх ҳамоно боло аст.

Маъмулан Иди Қурбон пас аз 70 рӯзи иди Рамазон ҷашн гирифта мешавад. Ҷашни идҳои мазҳабии мусулмонон ҳамасола дар рӯзҳои гуногун аз моҳи июн то сентябр ҷашн гирифта мешавад.

Муштариён гарчанде аз болоравии нархҳо норозианд, бовуҷуд оростани дастархони идонаро, ки ба яке аз суннатҳои аслии мардум табдил ёфтааст, ҳатман таҳия мекунанд ва он ҳам хеле зебову бомазза ороста мешавад.

Аммо ҳамаи рӯзҳо мегузаранд, вале ҳар яки мо бояд дар назди виҷдон ҷавоб гӯем, ҳамин хел не?

Ҷамила Мирбозхонова,

“ФАРАЖ”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here