Баъзан шукргузориҳои мо бар зараранд, вале вонамуд мекунем, ки аз ҷумлаи шокиронем

Ҷаноби Тоҳирӣ, ин моҳ як ҳафта дертар бозорӣ кардем. Яъне, бояд рӯзи якум мерафтам, вале рӯзи ҳаштум рафтем. Барои ин дер кардан, шефи хона ҳам хеле ғур-ғур кард. Хуллас, чун ҳар вақте ба бозори “Меҳргон” рафтем. Мо, ки танҳо бо маош зиндагӣ мекунем, “Меҳргон” меравему аз он ҷо харид намекунем, балки аз тарафи рости бозор роҳе аст ва он роҳ моро ба бозорамон мебарад. Дар он бозор ҳама чиз ҳаст ва иловатан арзонтар. Аз бодирингу помидор сар карда, то картошкаву пиёзу сабзӣ. Аз равғану гӯшт сар карда, то шакару ангуру себу нок. Кӯтоҳи сухан, пас аз харид, ароба киро кардем, то назди таксиҳо ва аз бозор баромадан замон ба ёдам омад, ки бояд ангур гирем. Нархи ангури чиликӣ аз 2,5-3 то 4 сомонӣ буд, вале чун ҳам мо ва ҳам соҳиби аробаамон саросема будем, нахаридем ва поён омадем. Дар назди даромадгоҳи “Меҳргон”, вақти таксишинӣ, боз хоҳиши ангурхарӣ пайдо шуд ва ба бозори асосӣ даромадем. Аз 7 ангурфурӯш нарх пурсидем. Ҳамон ангуре, ки дар боло аз 2,5 то 4 сомонӣ арзиш дошт, ин ҷо аз 15 то 25 сомонӣ буд. “Заҳр шавад” гуфта, хона омадем.

Ҷаноби Тоҳирӣ, масофа миёни ангурфурӯшони бозори боло ва асосӣ шояд 300-400 метр бошад, вале нарх то даҳ баробар гарон аст. Ин гуна нархгузорӣ ба 300-400 километр дур ҳам рост намеояд. Мо доимо ангурфурӯши поёни бинои истиқоматиамонро бад мегӯем, зеро ангури 4-5 сомонаи бозори “Сафариён”-ро ба 8-10 сомонӣ мефурӯшад, вале каме ҳам бошад, бадгӯиро кам мекунем, чунки фурӯшандаҳои “Меҳргон” рекордашро заданд.

Ҷаноби Тоҳирӣ, мо одат кардаем ба беинсофии бархе фурӯшандаҳо, вале ҳайрони онем, ки чаро касе назорат намекунад. Касеро парвое нест. Модоме ки дилхоҳ фурӯшанда дилхоҳ нархи мехостаашро ба маҳсулоташ монад, пас назораткунандагони бозорҳо чӣ лозиманд, дар ҳоле, ки худ ба назорат ниёз доранд?

Ҷаноби Тоҳирӣ, мо одат кардаем, ки ба ҳама чиз шукр кунем, вале бовар кун, баъзе шукронаҳоямон бар зарар ҳастанд. Тасаввур кун, ин тобистон 50 кило ордро 380 сомонӣ харидем ва дар назди ордфурӯш шукр кардем, ки қимматар нашудааст. Панҷ литр равғанро 140 сомонӣ харидем ва ба равғанфурӯш раҳмат гуфтем, ки 150 сомонӣ накардааст. Картошкаро 6 сомонию 50 дирам харидему ба картошкафурӯш ташаккур гуфта, селофанамонро бардошта рафтем. Пас аз ин ҳама, дар хона шукргузорӣ кардем, ки гарон ҳам бошад, боз қимматар нашавад. Ҳоло, ки панҷ литр равған 120 сомонӣ, 50 кило орд 340 сомонӣ ва 1 кило картошка 4 сомонию 50 дирам шудааст, шукргузориҳоямон даҳчанд гардидаанд.

Ҷаноби Тоҳирӣ, ҷойи шукр кардан дигар аст. Барои нафасҳои озод, барои саломатӣ, барои узвҳои солим, барои волидон ва ғайраҳо шабурӯз ҳам шукр кунем, кам аст, вале чаро мо ба беинсофии бархеҳо шукр мекунем ва ёфтаамонро ба даҳонашон медиҳем? Балки дар ин ҳол беҳтар нест, ки ба ҷойи шукр кардан, онҳоро ҷазо диҳем? Куҷоянд ҳамон назораткунандагон, ки ин беинсофиро бубинанда мувофиқи салоҳияти худ чора андешанд?

Ҳамин шукр карданҳои бефоида ва бар зарарамон ба мо чӣ медиҳанд? Баръакс, аз мо ҳама чизамонро гирифта истодаанд ва камбағалҳо камбағалтару бойҳо бойтар шуда мешаванд. Пас бояд калимаи зебои “шукр”-ро ба ҷойи ба худаш муносиб истифода барем. Ё не?

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь