Монолог

Аз ҷавонмардӣ то номардӣ хело фурсати кам, шояд ба андозаи як маротиба мижа таҳу боло кардан бошад.

Чаро фурсати камеро гӯшзад кардам? Барои чӣ фосилаи наздик гузоштам миёни ҷавонмардӣ ва номардӣ? Суолҳои мантиқиянд воқеан, ҷаноби Хоҷаев!

Пеш аз он, ки ба таҳлилу баррасии мавзуи ҷавонмардӣ пардозам, нахуст мепурсам: Ба фикри ту, ҷавонмард кист ва номардӣ чист? Наёфтӣ? Сарфаҳм нарафтӣ? Ё худро ба нодонӣ мезанӣ?

Дӯсти азиз, вақте ки ба дарки мавзуъ пурра қодирӣ ва онро аз паҳлуҳои мухталиф шарҳ дода метавонӣ, истиҳола накун. Беҳтар он аст, ки фикратро кушоду равшан ба мухотаб, масалан ба ман, ӯ, ё онҳо бигӯӣ. Зеро, пинҳон доштани андешаи асл, ки ҳамеша дар майнаи сар мечархад ва ибрози фикре, ки сохтаю дурӯғин аст, худ аз оини ҷавонмардӣ нест.

Худат ҳам хуб медонӣ ва борҳо ба гӯши хештан шунидаӣ, ки ҷавонмард бояд гапашро дар рӯи шахс бигӯяд, на ин ки фурсат биҷӯяд ва аз пушти як нафар лофу газофу ғайбат бубандад. Аммо, ҳон, ин як тараф! Дигар паҳлуи масъала ин ки, ҷавонмардиву номардӣ ҳам дар сухан зоҳир мешавад, ҳам дар амал. Дар боби ҷавонмардӣ бо сухан гуфтам. Акнун таваҷҷуҳ намо ба номардӣ дар амал. Ҷое ҳикояти кӯтоҳи ниҳоят тасхиркунандаро вохӯрда будам, ки онро нусхабардорӣ намудам. Ҳикоят айнан чунин аст: «Аспсаворе дар сафар мардеро дид, ки дар гармои офтоб аз ташнагӣ азоб мекашад. Ӯро аз оби доштааш нӯшонид. Қасди ӯро бо худ бар асп савор кардан намуд, аммо он мард гуфт:

– Ман аспсавор нестам, аз ин сабаб худам наметавонам савори асп шавам.

Аспсавор аз аспи худ поён фаромад ва ӯро бар асп савор кард. Он мард ҳамон лаҳза аспро тозиду гурехт. Соҳиби асп фарёд карду гуфт:

– Ай нокас! Аз ин ҳодиса ба касе чизе нагӯӣ!

Дузд гуфт:

– Ту дар ҳоли марг қарор дорӣ, вале аз шармандагӣ метарсӣ?

Соҳиби асп гуфт:

– Не, ман аз он метарсам, ки ин воқеа байни мардум паҳн шавад ва ҷавонмардӣ аз байн биравад».

Ана акнун дарк кардӣ, ки барои чӣ ҷавонмардиву номардиро паҳлуи ҳам гузоштам, рафиқ Хоҷаев!? Барои он, ки дар як ҳолат метавонӣ ба ду тарз муносибат намоӣ. Масалан, метавонӣ бо чанд нафар авбош, ки дар пайи таҳқиру иҳонати нафаре бенавою дастнигар ҳастанд, дарафтӣ ва ӯро аз шарри онҳо раҳонӣ. Боз, метавонӣ аз канори чунин як мазҳака беэътино гузарӣ ва худро чунон вонамуд созӣ, ки бебасариву чашмонат касеву чизеро надидаанд. Медонам, шояд бар он меандешӣ, ки имрӯзҳо рафтору кирдори ағлаби одамон вожгуна аст. Яъне, вақте аз рӯи ҷавонмардӣ ба фарёди шахсе ниёзманд мерасӣ, атрофиён ба ҷои дастгирӣ аз ту рӯй метобанд ва ба қавле «ҳамқадами замон бош» гӯён, баръакс, накуҳишат мекунанд, ки «эй аҳмақ, ба харе бор надорӣ, чӣ кор дорӣ!?». Аммо аз ин минвол андешаҳо набояд дар ташвишу музтариб буд. Зеро ҳар нафар ҷавонмардиро аз диди худ баҳо медиҳад. Яке, вақте дид, ки зери офтоби сӯзон бечораҳол афтодаиву гармӣ ба ҷисмат таъсир мекунад, бо фикри дар канорат гармо нахӯрдан, худро ҷойи салқину роҳат мекашад. Дигар тоифа низ ҳастанд, ки охирин қатраи обашонро ба ту менӯшонанд ва талош мекунанд аз гармӣ зери соя бубарандат. Лиҳозо, ин тоифа ҷавонмарданд. Ин қабил мардон ҷавонмардиро қарзи виҷдонӣ медонанд ва барои омӯзиш ба дигарон талқин мекунанд. Мисли он, ки бузургвор Абдураҳмонӣ Ҷомӣ мегӯяд:

Ҷавонмардо, ҷавонмардӣ биёмӯз,

Зи мардони ҷаҳон мардӣ биёмӯз.

Ё аз қавли Саъдии Шерозӣ, ки гуфтааст:

Ҷавонмарду хушхулқу бахшанда бош,

Чу Ҳақ бар ту пошад, ту бар халқ пош!

Файласуфи машҳур Конфутсий ҳам чунин изҳори назар кардааст, ки «шахси ҷавонмард дар ҷои аввал қарзро мегузорад. Аввал қарзро адо мекунад, баъдан аз пайи фоида мешавад ва барои ҳамин, фоидаи ӯ одамонро дилгир намесозад». Яъне, ба назари мавсуф, он касе, ки баҳри манфиати худ мекӯшад, аз қанори ҷавонмардӣ канор меафтад.

Вале ман бо як чиз ҳеҷ муросо карда натавонистам, дӯстам Хоҷаев! Бо он, ки нависандаи фаронсавӣ Жан Ростан гуфтааст: «Барои ҷавонмард будан бояд хеле доро бошӣ ва ё чизе надошта бошӣ». Фикр мекунам, ки ин ақида ноқис аст. Чун дилхоҳ нафар бояд аз оини ҷавонмардӣ бархӯрдор бошад, чи бой, чи камбағал ва чи шахси миёнаҳол. Зеро ҷавонмардӣ яке аз арзишҳои асоситарини инсон аст.

 

Фазлиддин АСОЗОДА, «ФАРАЖ»

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь