Монолог

“Тамоми ҳавасмандии ҳаётии худро ман ба дарёфти лаззат равона кардам ва барои ин назди касе узрхоҳӣ намекунам”.

Марсел Жуандо

Ин носири фаронсавӣ аз таҳти дили ман сухан гуфтааст, ҷаноби Хоҷаев. Бандаи ганда низ чунин назар, иштиёқ ва фаросатмандӣ дорам. Агар гӯӣ, ки роҳам хатост, кори туст. Чун бо коса гуфтани ту пиёла коса намешавад ва ришта ба ресмон табдил намеёбад. Ҳавасмандӣ моли ман ва ҳазорҳо чун ман аст, ки дар роҳи расидан ба орзуву омоли худ субҳи содиқ ба шоми торик ва шом ба субҳ мубаддал мекунанд. Шояд забон ба истеҳзо кушоӣ, ки “во, аҳмақҳо, ба чизе ғарраву шайдову лайло шудаанд, ки интиҳояш норӯшан аст”. Воқеист хаёлат, ҳам аз лиҳози равонӣ ва ҳам аз ҷиҳати реализми муосир. Зеро, дар ҳақиқат, ҳар он кас пойбанди ҳавасмандӣ мегардад, дар қалб як дунё андешаҳои руъёӣ дорад, гарчанде фисади зиёд ба воқеият тоб намеоранд ва зеру забун мешаванд. Ба ҳар сурат, нуктаи ҷолиб ва лоиқи ситоиш ин аст, ки чунин тоифа дар банди асорати ҳавасмандӣ афтодаанд. Ку бубинем, ҳавасмандӣ онҳоро то ба куҷо мерасонад… Ва чанд савол: Оё онҳо дар роҳи интихобкардаи хеш дақиқан ҳавасманданд? Магар мафҳуми ҳавасмандиро дар мавриди хеш фаҳм кардаанд ё на? Агар меваи ҳавасмандияшон норасиву кирмхӯрдаву сармо ва гармозада барояд, саманди андешаи худ куҷо метозанд ё ба сӯйи нокуҷо?!

Айни навҷавонӣ як ҷавони хеле шармгин, аммо адолатхоҳ будам, дӯстам Хоҷаев. Барои он, ки донишҷӯён ҳавасманди пешаи интихобкардаи хеш гарданд, онҳоро устодон ба идораҳои нашрияҳо баҳри коромӯзӣ мефиристоданд. Маро ҳам насиб будааст, ки ба яке аз идораҳои машҳури нашриявӣ роҳхат гирифтам, аммо кадом нашрия буд, ҳоло пинҳон медорам. Намехоҳам ту огаҳ бошӣ ва дигарон низ воқиф гарданд, ки ҳаваси бисёр донишҷӯёнро маҳз баъзе идораҳои нашрияҳо бӯғӣ мекунанд, мекушанд. Вохӯриам бо масъули идораи нашрия хеле сард ва дилбазан буд. Берӯ, бидуни истиҳола гуфт, ки “ман вақт надорам, бирав хонатон, як моҳ пас биё, ба дафтарчаи таҷрибаомӯзиат имзо мегузорам”. Дилам монд. Аз утоқи кориаш баромадам, рост ба идораи дигар нашрия рафтаму арзи ҳол кардам ва роҳбари таҷрибаомӯзӣ аз донишгоҳро низ воқиф сохтам. Бо хушнудӣ пазируфтандам ва то замони хатми донишгоҳ таҷрибаомӯзиам дар он идора гузашт.

Ҳамин ҷо як лаҳзаи дигар ба хотирам омад. Замоне ду духтарак ва як писари ҳамкорамон дар як утоқи корӣ менишастанд. Рӯзе вориди ҳуҷраи кориашон шудам. Бинам, аҷаб дастархоне оростаанд, мисли хони тӯёна. Шӯхӣ кардам, ки “мумкин аст мо ҳам ба ташкилӣ шарик шавем?”. Нафаре аз духтарҳо бо ҷавоби лутфомез гуфт: “Не, мумкин нест, инҷо дарс рафта истодааст”. Дар ҳақиқат, ба назар мерасид, ки тахта гузошта ва рӯи он чанд ибораву ҷумлаи русиро навиштаанд. Боз ҳам мароқи бештар зоҳир шуд ва шӯхиро идома додам: “Албатта, бо чунин ҳавасмандӣ ман ҳам мехоҳам шогирди ин маҳфили забономӯзӣ бошам”. Аммо не. Духтаре, ки зоҳиран маълум буд вазифаи омӯзгорӣ бар уҳдааш аст, гуфт: “Намешавад. Мо аллакай шогирдонамонро интихоб кардем”.

Ман бошам, оҳистаяк дарро аз берун пӯшидам. Баъди чанд рӯз боз кунҷковона сар ба ҳуҷраи кориашон халондам. Ҳар кас дар ҷои худ паси худкораш менишаст. Тахта пок буд ва лабҳои “шогирдон” кулӯх молидагӣ. Маълум шуд, ки “ташкилӣ” қатъ шудааст ва дарсхонӣ ҳам.

Ба ҳамин монанд эпизоди дигар бо худи ман рух дода буд. Вақте дар мактаби миёна таҳсил мекардем, падарам ба ҳама фарзандон ваъда медод, ки ҳар касе хуб хонад, дар охири соли таҳсил ӯро ба шаҳри Душанбе тамошо мебарад. Ин ваъда ва ҳавасмандӣ корашро нисбати банда кард. Имтиҳонҳои тобистонаро бо баҳои хубу аъло супоридам ва ба тамошои Душанбешаҳр муваффақ шудам.

Аммо ҳоло ин ҳама саҳнаҳоро муқоиса кардаву боз ҳам атрофи ақидаи Марсел Жуандо меандешам. Дар ин ҳол, фикри нав пайдо мешавад, ки аҷабо, чаро одамон мехоҳанд барои иҷрои коре, ки натиҷаи он ба манфиати худашон аст, боз манфиат ҷӯянд!?

Пӯсткандаи гап ҳамин ки, рафиқ Хоҷаев, вақте ҳадафу роҳ муайян ҳастанд, бояд интихоби худро кард, интихоби дуруст. Ва шояд шогирдони маҳфили русихонии ҳамкорони ман интихоби дуруст карданд? Шояд пешакӣ ба хулоса омаданд, ки аз интиҳои талошҳояшон барои забономӯзӣ лаззатеро интизор шудан дар гумон аст? Намедонам…

Фазлиддин АСОЗОДА, “ФАРАЖ”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь