Монолог
Арзишҳо ҳар гуна мешаванд. Ҳама чиз ҳусну қубҳи худро дорад. Аммо ҳоло хати баҳси мо арзиши инсонист.
Борҳо бо одамон, хусусан дар суҳбат бо ҳамсолони худ, вориди баҳсу мунозираҳо дар боби арзишмандӣ гаштаам, рафиқ Хоҷаев. Аҷабам меояд, вақте як нафар арзишҳои инсонеро паст мезанад, ки аз худи ӯ чанд мартаба болотар аст. Бо ин амал зарба ба ҷои нозуки инсон – арзиши ӯ зада мешавад. То ҳадде, ки мехоҳӣ ба гӯши он шахси зарбазада тамоми гапи дар дунё бударо «нармакак» карда бирасонӣ. Аммо баъди андаке мулоҳиза ба хулоса меоӣ, ки суханҳоят аз он одам чанд баробар боарзиштар ҳастанд ва дар сурати баён гардидан, барабас рафтаву ҳайф мешаванд.
Таърихшиноси рус Василий Осипович Ключевский мегӯяд: «Нафари арзишманд на он касест, ки камбудӣ надорад, балки он касест, ки арзиш дорад». Воқеан, аз нуқтаи назари амалия, ин гуфта сареҳ ва боварибахш аст. Зеро, то вақте ки шахс миёни гармову сармои таҷриба наафтад ва худрову дигаронро дар амал ташхис надиҳад, ҳаргиз арзиши худро нахоҳад фаҳмид. Мисли ин ҳикоят, ки:
Талҳакро (номи қаҳрамони фолклорӣ) бо муҳиме пеши Хоразмшоҳ фиристоданд. Муддате онҷо бимонд. Магар Хоразмшоҳ риояте, чунон ки ӯ мехост, намекард. Рӯзе пеши Хоразмшоҳ ҳикояти мурғон ва хосияти ҳар яке мегуфтанд.
Талҳак гуфт:
– Ҳеҷ мурғе аз лаклак зирактар нест.
Гуфтанд:
– Аз чӣ донӣ?
Гуфт:
– Аз баҳри он, ки ҳаргиз ба Хоразм намеояд.
Бубин, дӯстам Хоҷаев, он марди базлагӯ худро ба қадри назаррас паст фароварда, аммо бо танз арзиш надоштани Хоразмшоҳро гӯшрас кардааст. Шояд он замон ӯ мағрурии Хоразмшоҳро дар назар дошт ва ё дар боби нотавонбинии ӯ меандешид. Шояд киноя аз сиёҳии зоғ ё кӯрии чуғз (дар мисоли худаш) дар муқобили лаклак мезад. Аммо, ҳар чӣ ки набошад, дар рӯ ба рӯи нафари дигар ӯ худро шинохт, арзишҳояшро донист ва бебоку маҷозан чунин сухани барҷаставу оташинкунанда ба забон овард. Хуб ҳам кард! Зеро, ба ақидаи банда, ҳар касе, ки ҳадди худро намешиносад ва аз ҳад беш зиёдаравӣ мекунад, бояд пеши роҳаш гирифта ва суханаш ҷилав зада шавад.
Чӣ? Номаъқул кардам? Худат номаъқул кардӣ, ҷаноби Хоҷаев! Шояд ба ту мақбул бошад, ки ба хотири нишон додани арзиш бедона худро кабк ва майна худро товус вонамуд мекунад. Аммо назди ман арзиши ҳар кадоми онҳо намоён ва фарқкунанда аст. Шояд дар тасаввури ту ҳамсон тасвир кардани хирсу хару асп биғунҷад, аммо дар фикри ман намеғунҷад. Чун равғани хирсро ҳамчун давои қотили бисёр дардҳо, харро асосан баҳри борбарӣ ва аспро барои бузкашиву пойга истифода мебаранд. Яъне, ҳар кадоме аз ин махлуқҳо арзиши худро доранд. Шояд «мӯдҳо»-е аз қабили холкӯбӣ зери нофу ду тарафи охири сутунмуҳраи духтарон ва гӯшворандозии гӯши писарон ба ту писанд бошад, вале барои ман мояи нангу нафрат аст. Ва аз ҳама дардмандтарин нуқта ҳамин намунаи охир аст. Чаро? Ҳоло мегӯям.
Бадани инсон барояш арзишманд аст. Пас, чӣ лозим ҳамон холкӯбӣ, ки зикраш рафт? Чӣ зарурат дорад? Чизе аз чизе кам ва ё чизе ба чизе зам мекунад? Он нишонаи тиҳимағзии баъзе афроди холкӯб асту бас! Зеро, бо ин амали аз диди худашон «лозимиву саривақтиву мақбул» ахиран бадани худро ба нестӣ набошад ҳам, ба зиштӣ мерасонанд ва ба дунёи одамӣ бегона месозанд. Мизоҷони холкубӣ бо ин амали худ фикр мекунанд, ки теъдоди ҳаводоронашон меафзояд ва якеро банда кардаву дигаронро барои рӯзи мабодо, яъне «запас» мегузоранд. Хезанд, ки хобанд ва хобашонро ба об гӯянд!
Агар Худо лозим медонист, инсонро бо сару рӯю пасу пеши нақшин меофарид. Чун лозим надонист, пас зарурат набудааст. Ба кадом хотир? Ба он хотир, ки одамон арзишҳояшонро парастанду гиромӣ доранд ва худро аз ашё фарқ кунанд. Яъне, ба ҳавою ҳавасҳои осмониву иштибоҳӣ дода нашаванд.