Чаро мардуми кишварҳои пешрафта нияти фатҳи кайҳон доранду тоҷикистониён ба ин боваранд, ки дар мо танҳо думболи алифбо мегарданд?

Агар ҳафтаи гузашта як ронандаи автобус дар пойтахт ба садама дучор намешуду ба 7 таксии ширкатҳои гуногун зарари ҷиддӣ намерасонд, гуфтан мумкин буд, ки баҳси рӯзҳои мо дигар буд. Воқеан, ин садама дар худ ҳикматҳо дошт. Як оилаи камбағал, ки он замон бо гиряву нолаи волидон намедонистанд, ки сесаду чанд ҳазор сомонии пули таъмири мошинҳоро аз куҷо ёбанд, акнун чанд мушкили дигари худро ҳам ҳал карданд. Мардуми хайрхоҳ он қадар пул ва маҳсулоти ниёзи аввал барояшон хайр карданд, ки акнун имкон доранд хонаи камбағалонаи якҳуҷрагии худро дар канори Варзоб ба як хонаи замонавии навсохт иваз кунанд.

Шукри мардуми дастбахайру баномус!

Аммо пеш аз ин “гапи ҳафта” дигар буд.

Чанд рӯз пеш вобаста ба як маъракаи Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон  сегменти бахши тоҷикии шабакаи Фейсбукро баҳси гарми дигар ба худ машғул дошт: Акнун аз алифбои тоҷикӣ ҳарфи Ъ –ро берун мекунанд!? Агар мекунанд, ин бечора чӣ гуноҳ дошт?

Баъд маълум шуд, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ як хабари пахшшуда дар сомонаи Маҷлиси намояндагон ва нашрияи парлумонии “Садои мардум” –ро нодуруст фаҳмидаанд.

Ин хабар рӯзи 1 апрел дар сомонаи расмии parlament.tj нашр гардид ва дар он ишора мешуд, ки дар як семенари машваратӣ бо кадоме аз кумитаҳои палатаи поёни парлумонии Тоҷикистон роҳбарияти Кумитаи забон ва истилоҳот мавзӯи ҳарфи “Ъ” –ро баррасӣ намудаанд. Ин хабар, ҳамон тавре гуфтем, ҳангомаи зиёдеро ба ин маънӣ ба по хезонд, ки акнун масъулин дар паи аз алифбо берун кардани ҳарфи Ъ шудаанд. Ин радду бадалҳо замоне бештар шуд, ки хабари мазкур аз сомонаи Маҷлиси намояндагон “ғайб” зад. Аммо маълум буд, ки дигар пеши роҳи баҳсҳои гармро бо нест кардани хабар гирифта намешавад. Ниҳоят раиси кумита маҷбур шуд бо журналистон сӯҳбат намуда, фаҳмонад, ки ин нишаст ба хотири аз алифбо нест кардани “ҳарфи бечораи” Ъ” набуд. Онҳо фақат тарзи истифодаи дурусти ин ҳарфро дар қонунгузорӣ баҳс намудаанд.

Таъкиди асосии раиси кумита ин буд, ки имлои забони тоҷикӣ ба тозагӣ иваз шудаву ҳоло нияти дигар кардани онро надоранд ва ҳарфи “Ъ” низ аз алифбо берун карда намешавад.

Аммо мардуми корбари шабакаҳои иҷтимоӣ чаро дар аввал бовар карданд, ки мақсад маҳз аз байн бурдани Ъ буд?

Гапи асосӣ ин аст, ки чунин баҳсҳо дар атрофи алифбои забони тоҷикӣ бори аввал пеш намеоянд…

Чанд сол пеш “масъалаи ҳарфи Ӯ” пеш омада буд. Агар ба хотир доред, солҳои 2012, 2016, 2017, 2018 ва 2019 низ масъулини акнун собиқ истифодаи ҳарфи ӯ -ро дар вожаҳои арабӣ  ва истифодаи онро пеш аз садонокҳои “ҳ” ва “ъ” “муҳимтарин тағйирот” ном бурда буданд. Ин дар ҳоле, ки донишмандони мӯътабару соҳибэҳтироми мо ин гуна қоидаи тозақабулшударо интиқод ва решаи онро ба маҳалгароӣ алоқаманд донистанд. Дар натиҷа, мардум, ҳатто зиёиён то кунун намедонанд, ки ин ҳарфро кай истифода бурдан мумкин асту дар кадом ҳолат не.

Дар маҷмӯъ, мардум дуруст мегуфтанд, ки имлоро он қадар зуд – зуд иваз мекунанд, ки намедонӣ, кадомаш охирин ва дуруст аст.

“Масъалаи Ъ” ҳам нав нест. Соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодатшо Матробиён ва собиқ муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳот дар як сӯҳбат ба журналистон мушкили дигари  ҳарфӣ “Ъ”- ро ба баҳс кашиданд.  Онҳо ба ин маъно гуфтанд: ҳастанд ашхосе, ки мехоҳанд Ъ-ро “ъе”   номгузорӣ намоянд, ки ғалат  аст, зеро “ъе” талаффузи ин ҳарф буда, дар чунин шакл онро  танҳо дар мавриди овонависӣ (транскрипсия) метавонем навишт, вале номи сакта будан дурусттар аст. Бо чунин ном он метавонад ифодакунандаи  ҳарфи айн ва аломати ҳамзаи калимаҳои иқтибосии забони арабӣ ва аломати сактаи калимаҳои иқтибосии забони русӣ бошад.

Хулоса, ташвиши мардум дар ин бора, ки боз ба ҳарфи Ъ “часпиданд” бесабаб набуд. Ғайр аз “ноором будани ҳарфҳои Ӯ ва Ъ” ҳамчунин боис ба ташвиши мардум масъалаи дигар аст. ЯЪне мардум бовар кардаанд, ки аслан масъулони Тоҷикистон ба корҳои майдачуйда машғул буда, думболи иқдомоти ҷиддӣ нестанд. МасЪалаи асосӣ, фикр мекунам ҳамин аст. ЯЪне гӯё мансабдорон ба “майдачуйдаҳо” ба он хотир машғул мешаванд, ки фикри мардумро аз масЪалаҳои асосии рӯзгор ва ҷомеЪа дуртар баранд. Инро дар забони русӣ “отвлекающий маневр» мегӯянд. Дар сиёсат махсусан кишварҳои абарқудрат аз ин усули корӣ зиёд истифода мебаранд, то ҳуши мардумро ба сӯи дигар бурда, худ масъалаҳои муҳими давлатиро ҳаллу фасл намоянд. Аммо кӣ бовар мекунад, ки масЪулони мо паи ҳалли масЪалаҳои муҳимманд?

Ба ин савол ҷавоби мусбат доданиед? Масъалаҳоро ҳал кунед, на масЪала пеш биёред!

Вагарна мардум амалкарди шуморо булЪаҷаб хоҳанд хонд.

Ё не?

Ҷамила Мирбозхонова

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь