Наврӯз дар масири таърихи беш аз шашҳазорсолаи худ марҳалаҳои бисёр мушкилу пурпечутобро аз сар гузаронидааст. Аммо аҷдоди шарафманди мо бо вуҷуди монеаву мушкилоти зиёд Наврӯзро на танҳо мероси муқаддаси гузаштагони худ ҳифз кардаанд, балки онро ба сифати ойини башардӯстонаву офаринанда ба дигар халқҳои дунё ба таври шоиста муаррифӣ намудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Наврӯз ҳамчун фарҳанги зиндаи тоҷикон аз қаъри таърих то ба ин рӯз гарчанд бо қисматҳои талху забунӣ рӯ ба рӯ шуда бошад ҳам, вале тавонистааст дар набардҳои нобихрадонаи таасубзадаҳо пояндаву паёғомдиҳандаи пайки умеду шодмонӣ боқӣ бимонад. Яке аз саҳмгузорони асосии ҷумбишҳои бедории эҳёи фарҳанги миллӣ дар мисоли Соли нави тоҷикон- Наврӯзи Аҷам дар замони Шӯравӣ Бӯриннисо Бердиева мебошад, ки имрӯз, мутаассифона, хидматҳои ӯ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтааст. Дар он замон бештари кормандони ҳизбии шӯравӣ, олимон, равшанфикрон аз мерос ва арзишҳои гузаштаи миллии худ тағофул мекарданд. Ҳарчанд ки Наврӯз марбути ҳеҷ кадом дину ойин набуд, вале сохти коммунистии Шӯравӣ онро ҷашни динӣ ҷилва дода, мехостанд таҷлили онро мамнуъ эълон намоянд. Ва ҳатто он қадар хурдагирӣ менамуданд, ки агар вожаҳои «Наврӯз», «миллат», «Авасто» ва «Зардушт» дар навиштаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо ба чашмашон бармехӯрд аз нашр кардан боз медоштанд. Ба ин ҳама зиддият нигоҳ накарда, бори аввал соли 1964 Бӯриннисо Бердиева, сармуҳаррири рӯзномаи «Маориф ва маданият», як шумораи рӯзномаро пурра ба Наврӯз бахшид. Иқдоми нотарсона ва ватандӯстона дар роҳи суннатҳои Аҷам ба бедории миллии тоҷикон, хусусан ҷавонон мусоидат мекард. Аз тарафи дигар, он ҳама боиси рашку хусумати қаламзанони нотавонбин ва хашму ғазаби масъулиятгурезони болонишин мегардид. Барои «худсарона» таблиғи ҷашни Наврӯз бисёр муассисаҳои бонуфуз, мансабдорони калон ва ҳатто Иттифоқи нависандагон дандон тез карда буданд. Дар Кумитаи марказӣ шӯре бархоста Бердиеваро фавран даъват карда, ба ҷои таҳсину офарин азобу шиканҷа медиҳанд, ҳатто тарсониданӣ шуда мегӯянд: – Шумо бо роҳи хато равонед!

Аммо ӯ аз ин роҳ барнагашт ва минбаъд ҳар сол 21-уми март шумораи махсуси наврӯзӣ ба нашр мерасонд ва халқро ба худшиносии миллӣ даъват мекард. Роҳбарони онвақтаи ҷумҳурӣ Наврӯзро «боқимондаи ҳурофоти феодалӣ», «иди зараровари динӣ» медонистанд ва таҷлили расмии онро манъ мекарданд. Дар ҳоле, ки соли 1965 мақомот иди наве бо номи «Иди меҳнат»-ро эълон карданд, ки бояд ҷойгузини Наврӯз мешуд, дар таърихи 21-уми март шумораи вижаи «Маориф ва маданият» нашр шуд, ки саропо наврӯзӣ буд. Аз рӯи нақли кормандони вақти рӯзнома, «вақте аз Кумитаи марказӣ мегуфтанд, ки макети шумораи бахшида ба Иди меҳнатро ба мо оред, Бӯриннисо Бердиева мебурд, онҳо медиданд ва қабул мекарданд. Баъди иҷозаи нашр, Бердиева онро комилан дигар ва Иди меҳнатро бо Наврӯз иваз мекард.баъд онҳо ба кофтани Бердиева сар мекарданд. Бердиева ҳамон рӯз гум мешуду мегуфт, «агар маро пурсанд, гӯед, ки дар Кумитаи марказист. Онҳо вақте занг мезаданд ва мо чунин мегуфтем, қаҳрашон меомад, ки охир мо аз Кумитаи марказӣ ӯро мекобем, ин ҷо нест. Ҳар сол аҳвол ҳамин буд».

Ин шумораи вижа, ки ба ҷашни Наврӯз бахшида шуда буд, аввалин инъикоси муфассали ин ҷашни бостонӣ дар матбуоти даврии замони Шӯравӣ буд. Бозор Собир, шоири шинохтаи мо дар бораи Бӯринисо Бердиева чунин гуфтааст:

«Наврӯзро ба минбари расмӣ аслан ӯ нишонд. Имрӯз қаҳрамони Наврӯз пуропур аст, ҳар кас дағдағаи Наврӯз мекунад ва аз наврӯз лоф мезанад. Дигар касе Бердиеваро намедонад, ки ин корҳоро ӯ карда буд. Бердиева ҳатто фаромӯш шудааст. Дар миёни ин ҳама дағдағаҳои наврӯзӣ ман боре номи ӯро нашунидам».

Имрӯз Наврӯз дар Тоҷикистон ба таври расмӣ таҷлил мешавад ва аз ҷаҳонишавиаш 13 сол пур мешавад, дар бобати арзишҳояш ва аҳамияти ҷашни башарият буданаш рисолаву пажуҳишҳо эҷоду нашр гардидаанду мегарданд, вале мо бояд аз рӯи адолату инсоф иқрор бишавем, ки талошу заҳматҳо ва ҷоннисориҳои Буриннисо Бердиева буд, ки имрӯз Наврӯз мақоми азалии хешро касб кард ва дар ҳар таҷлили ҷашни Наврӯз боястӣ исми Буриннисо Бердиева бо чунин ифода «қаҳрамони Наврӯз, эҳёгари Наврӯз-Буриннисо Бердиева, ёду номат ҷовидон бод!», навишту номи бузургбонуи миллатро пос бидорем, то наслҳои оянда низ аз ин дарс бигиранд, ки агар аз самими дил ва содиқона ба миллату давлатат хидмат намудӣ, исмату шахсиятат ҷовидона хоҳад монд!

Бибиҷон АШӮРОВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь