Баҳои зани муваффақ ҳамин миқдор аст?

Озмуни “100 зани муваффақи Тоҷикистон” чанд бонуро норозӣ кард. Дар назари аввал чунин менамояд, ки мо ин бор ба як мавзӯи куҳна рӯ меорем. Сабаб дорад. Аввалан, тайи чанд вақт натавонистем, ки бо ҷониби дигар суҳбат намоему назари онҳоро бигирем. Дуюм, дар ин миён шумораи норозиён, ки аввал як-ду нафар нафар буданд, афзоиш ёфтанд.

Мавзуъ ҳам дар аввал гӯё ҷиддӣ нест. Ҳар рӯз як озмун сурат мегирад ва албатта одамони розиву норозиро дар пай дорад. Аммо озмуни “100 зани муваффақи Тоҷикистон”, ки 5-уми июни соли равон дар толори меҳмонхонаи гаронарзиши «Ҳайат Реҷенсӣ» баргузор шуд, махсусиятҳо дошт. Он аз ҷумлаи озмунҳое буд, ки бо пардохти маблағ амалӣ мешуд. Албатта, чунин озмунҳо дар дунё ҳастанд, вале дар Тоҷикистон шояд якумин ба ҳисоб мерафт. Маблағи пардохтшуда ё сарфшуда низ андак набуд, аз ин ҷост, ки гумону шубҳаҳоро афзуд.

Озмунро ширкати начандон маъруфи «Идея», зери роҳбарии Фирӯза Носирова ва Полина Муниева дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон баргузор намуданд. Аввалин сабаби шубҳаҳо, ҳамон тавре ширкаткунандагони норозиаш мегӯянд, ин аст, ки қоида ва шартҳои озмун дар ягон ҷой нашр нагардид. Ҳамчунин, онҳо шикоят доранд, ки аксари ширкаткунандагон бо як занг аз ҷониби масъулони озмун интихоб ва ба озмун даъват гардидаанд.

Ҳамон тавре ишора шуд, баргузории чунин озмунҳо нав нест. Хоса озмуни «Топ 50» чанд сол аст, ки аз тарафи радиои “Ватан” гузаронида мешавад ва хеле маъруф ҳам ҳаст. Он аз озмуни «Идея» бо он фарқ мекунад, ки дар ин ҷо касе маблағ барои аъзо гардидан намесупорад.

Дар ҳамин ҳол, ширкати «Идея» беш аз 30 нафар занро қаблан барои аъзо гардидан ба ин озмун ҷалб намуда, аз онҳо ҳақи аъзогӣ ба маблағи 500 евро ҷамъ намудааст. Азбаски шарту қоидаҳои озмун нашр нашудааст, мо ҳам тартиби кори онро то охир нафаҳмидем.

Шикояткунандагон аз озмун на танҳо аз ин арз доранд. Бештар ба ҳамин нукта таваҷҷуҳ кардаанд, ки дар он фарқи байни масъулон ва ғолибон маълум набуд. Масалан Гулчеҳра Киябекова – директори генералии “Диамед” ҳам узви ширкати “Идея” ҳаст ва ҳам дар озмун ҳамчун зани муваффақ қадрдонӣ гардид. Бонувони норозӣ мегӯянд мисли Гулчеҳра занони дигар ҳам ҳастанд, ки ҳам ҳамкорӣ бо роҳбари “Идея” доранд ва ҳам дипломҳои озмун насибашон гашт. Ба қавле, хотирбинӣ…

Шикояти дигари бонувон аз вақти тӯлонии маърака аст: озмун беш аз панҷуним соат давом дошт, ки хеле хастакунанда буд.

Ба сатҳи ташкилии озмун ҳам баҳои баланд намедиҳанд. Ба ширкаткунандагон ҳатто даъватнома нафиристодаанд.

– Маро 1 моҳ пеш занг заданд, гуфтанд «1 сурату нусхаи шиносномаатонро фавран равон кунед, шумо яке аз соҳибҷоизаҳо ба ҳисоб меравед. Либоси сафед пӯшида биёед ва ҳатман кошонаи ҳусн рафта, ороиши хуб диҳед. Тарҷумаи ҳолатонро ҳам равон кунед, вақти ба саҳна баромаданатон аксатонро мемонем, то мардум шуморо бинанд». Ростӣ, интихоби ман аввал бароям ғайричамшдошт намуд ва хеле хурсанд ҳам шудам, ки маҳз маро миёни 100 нафар беҳтаринҳо лоиқ донистаанд. Хонаводаамро огоҳ кардам, бо ман ба мағозаҳо рафтанд, дар интихоби либос ба ман кумак карданд. Аммо панҷуним соати интизорӣ дар толори «Ҳайят Реҷенсӣ», номи на танҳо ман, чанд зани дигар садо надод. Мо худро хеле хиҷолатзада ҳис намудем. Мо чанд кас миёни издиҳом бо овози гиряолуд аз Полина пурсидем, ки чаро моро аҳмақ карда, миёни мардум даъват намудеду ҷоиза надодед? Алами мо аз он буд, ки бештари нафароне, ки ҷоизаро соҳиб мешуданд, нафарони

наздики Фирӯзаву Полина, яъне дугонаҳояшон буданд, ки аз табрики якдигар дар шабакаи «Фейсбук» маълум мегардад. Ҳатто ба модараш, дугонаву ҳамсоя ва хешу табораш низ ҷоиза дод. Магар ин аз рӯи адолат аст ва дар бораи шаффоф гузаштани озмун метавон чизе гуфт? Бар замми ин, Полина ба мо муносибати дағалона дошту гӯё чизе нашудааст, ки мегуфт: «Ҳич гап не, соли дигар номатонро менависам, ҳамаш айби Кумитаи занон асту ҳоло бо шумо вақти суҳбат надорам”,- шикоят намуд яке аз ширкаткунандагони ин озмун.

Мо ин шикоятҳоро ба Фирӯза Носирова расониданӣ ва назари ӯро фаҳмиданӣ шудем. Ҳамон тавре гуфтем, пас аз чанд рӯз ӯро пайдо намудем. Барои мо аҷиб буд, ки ӯ ин маълумотро бисёр асабӣ қабул намуд ва ҳатто моро тарсониданӣ шуд: “Шумо, агар дар бораи ин озмун нависед, медонед чӣ хел проблема мекунанд ба шумо? Шумо маро фаҳмидед ба фикрам? Ман огоҳ кардам, эҳтиёт шавед”.

Аммо дар идомаи суҳбат шояд фаҳмид, ки аз чунин бархӯрдҳо тарс надорем, каме оромтар шуда, изҳор намуд, то одамони норозӣ ба назди ӯ биёянд. Гуфтем, ки агар масъала бо муроҷиат ба шумо ҳал мешуд, шояд ба мо муроҷиат намекарданд. Оромтар шуд ва ба ҳасрат пардохт: «Озмунро бори аввал дар сатҳи ҷумҳуриявӣ гузаронидем, албатта бе камбудӣ намешавад. Соли оянда ба ин нафарон ҳатман ҷоизаро тақдим мекунем. Чаро онҳо назди ман наомаданд? Барои 1 камбудӣ наход корро расонаӣ кунанд? Вақте чунин ноадолатиро мебинам, мехоҳам тарки Тоҷикистон кунам. Шумо медонед, ки мо охирин насли ҳақиқии сокини Душанбе ҳастем, дигаронро мешавад гуфт Душанбегии аслӣ нестанд. Ман барои рушди шаҳрам озмун ташкил кардам, аммо бубинед, ки қафои ман чӣ мегӯянд?».

Фикр намекунем, ки асли масъала ин бошад. Мушкил дар он аст, ки бояд чунин маъракаҳо бо шаффофияти том анҷом шаванд. Хоса вақте гап дар бораи маблағҳои калон меравад. Аммо “душанбегии асил” ва “омад” мавзӯи мо нест. Бовар дорем, садҳо нафаре аз “насли омад” пайдо мешаванд, ки чунин озмунҳоро бисёр шаффоф ва бо ченаки адолат анҷом медиҳанд.

Бовар намекунед?

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь