Абдувоҳид дуруд!

Номаатон ин бор тез расид. Дидед, агар Бек Сабур хоҳад, метавонад тезу зуд кор кунаду ману шуморо қойил намояд. Ё шояд ягон шикорчӣ дар Файзобод ба шикор набаромадааст ва алоқаро қатъ накардаасту мо то ба ин дам ҳама сангро ба сари бечора райиси Хадамоти алоқа мезанем? Аммо бо чашми сар мебинем, ки мешудааст-ку номаро мисли мактубҳои ба чопхонаи “Шарқи озод” меомада, солҳову моҳҳо нею дар кӯтоҳтарин фурсат дастрас кунем? Аз шикорчии файзободии Бек Сабур ёд кардаму шикори Шумо ба ёдам расид.

Як акси Шуморо дидам, ки дар китфатон камони шикорӣ ва дар даст харгӯши кушташуда доштед. Бовар кунед, намедонам чӣ гуна шоире, ки аз ҳазинтарин достони рӯзгор мегӯяду аз нозуктарин ҳиссиёти шоирона, метавонад ҷонеро беҷон кунад, хун резад? То ба ин дам фикр мекардам, ки шоир ба хуну хунрезӣ қодир нест, аммо акси Шуморо дида, дилам таҳ кашид. Пас шоир ҳам ба куштору ба хун рехтан қодир будааст, пас дигар метавон аз ҳар қишри ин замона ҳар чиро интизор шуд, пас шоири мо дигар куштаҳои беҷонашро ба маърази дидаҳо мегузораду аз ин “кайф” мекунад?

Замоне мегуфтанд, ки шаробу ҷонона ба шоир илҳом мебахшад, вале имрӯз мебинам, ки хуну ҷисми беҷон рӯҳ мебахшад… Ман бовар надорам, ки дар дилхоҳ кишвар шоир ба куштору хун қодир бошад. Ҳеч бовар намекунам, ки Есенину Маяковский, Хайёму Фирдавсӣ ба ин амал қодир бошанд. Баракс, бисёре аз онҳо қурбонии камонбадастону зимомдорони давр буданд. Ин аст ки Пушкинро куштанд, Лермонтовро куштанд, Махсум Олимиро куштанд, Адиб Собири Тирмизиро ба дарё андохтанд, Анвариро зинда ба зинда пӯст канданд. Ё шояд Шумо ба он хотир камон гирифтед, ки хешро аз камондорон ҳифз кунед? Ё шояд куҷое хондед, ки “хоҳӣ накушанд, бикуш?”. Намедонам. Аммо чашмони зиндагихоҳи харгӯши қурбонии Шумо дили маро ба дарду ғусса кашид, худро ногувор эҳсос кардам. Боз ҳамнишинони Шумо ба фикрам бераҳмтар, ҷаллодтар аз Шумо ҳастанд. Метарсам, ки Шумо харгӯш шикор кунед, шикори онҳо кабку оҳу аст. Ва ҳайфо, дареғо Шумо дасти онҳоро барои шикори бобарор мефишоред, аҳсан мегӯед. Орзу мекунед то рӯзе қотили оҳуи куҳӣ шавед то ба қобилияти Шумо чун шикорчӣ қоил шаванд, офарин хонанд. Баъд Шумо акси оҳуи сарбурида, кабки аз гулӯяш тирхӯрдаро ба саҳифаи Фейсбук монед то дигаронро дарси қотилӣ, ҷаллодӣ диҳеду даъво пеш оред ки “мо ҳам метавонем”. Наход чашмони барои абад пӯшидаи оҳуе, кабке, харгӯши нотавоне барои Шумо кайфият бахшад?

Хок бар сари ин тавонистану ин дағдаға Абдувоҳид…

Аз Шумо ин гуна умед надоштам.

 

 

Акси садо

Салом Хуршедшоҳ!

Гуфтаи як бузургвор ба хотирам расид, ки гуфтааст:

Ман нома ба номи кас накардам,

Инъоми касе ҳавас накардам.

Ҳамин ҳар гоҳу ногоҳ нома ба номи Шумои азиз навиштан ҳам аз ночорӣ буд. Гумон намекардам, ки номанависии мо ба шахсияти ҳардуямон расад. Қотилу қоил хонданатон маро ҳайрон накард. Чун Шумои азизро аз наздик мешиносам ва камбудию беҳбудиҳоятонро аз дигарон хубтару беҳтар медонам. Бисёр мехостам номанависиро ҳамчун як жанри азбайнрафтаистода зинда кунем ва дар ин номаҳо аз бурду бохт, камиву костӣ, шодиву ҳаҷр, пешравию пасмондагии ҷомеа сухан ронда бошем. Ба андешаи ман то ҷое ба ин муваффақ ҳам шудем. Аммо боке нест. Ҳар чи ба кӯҳ садо занед аксашро мешунавед.

Аз оне, ки номаи навбатии ман ба Шумои гиромӣ саривақт расидааст, шодам. Умед мекунам, ки ҳар ки номае ба номе менависад дар вақти зарурӣ бирасаду хостаҳояш бароварда гардад.

Ман худамро сафед карданӣ нестам. Агар ман сиёҳ ҳастам сиёҳ мемонаму агар сафед ҳастам сафед. Ҷойе гуфта будам, ки “Ман аминам ман ҳаминам, Эй худиҳо, нохудиҳо!”.

Аз хурдӣ табиат ва ҷонваронро дӯст медорам. Ин дӯстдорӣ то дараҷае дар ҷонам кора кардааст, ки ҷонварон ва дарахту гулу набототро аз инсонҳо болотару волотар медонам. Агар дар деҳа мемондаму ба шаҳр зиндагӣ ихтиёр намекардам, аминам ки боз ҳам ба шикор дил мебастам.

Шикор чист ва шикорчӣ кист? Шикор бо роҳҳои гуногун ба амал бароварда мешуд ва имрӯз ҳам мешавад. Яке аз роҳҳои он аъзои комилҳуқуқи Ҷамъияти шикорчиҳои кишвар шудану бо роҳи қонунӣ ба шикор машғул шудан аст, ки ман чунин кардаам. Роҳи дигараш ғайриқонунӣ камон ба даст овардану беиҷозат ба шикор машғул шудан аст. Дуруст мегӯед, ки вақте ҳатто хуки ваҳширо ҳам шикор кунӣ аз як тараф қотил мешавӣ, аммо ин қотилӣ аз одамкушию одамрабоию одамистисморкунӣ беҳтар аст.

Аз қадимулайём мардон ба шикор машғул мешуданду барои пеш бурдани зиндагияшон аз гӯшту пӯсту шоху дандони ҳайвонот ба нафъашон истифода мекарданд. Ва аз рӯйи шариат ва ҳам аз рӯйи қонунҳои ҷории дунявӣ шикор ҳиҷ ҷойи ғайришаръӣ ё ғайриқонунӣ надорад. Шумо сурати харгӯшро дидеду хуку гургу ҷайрарю рӯбоҳу дигар ҳайвоноти ба инсон ва зиндагии вай зараррасонандаро намебинед! Инҳо ба полези инсоният сар даровардан доранд, агар пеши роҳашонро нагиред аз ҳад мегузаронанд. Боғу роғро талаву торҷ мекунанд, полезҳоро валаву вайрон мекунанд ва хулоса ба инсоният зарар мерасонанд. Ҷойе хонда будам, ки “ҳар зараррасонанда ба инсонро маҳв бояд кард!”.

Ёд дорам чанд солаке пештар як нафари ношиносе аз шикор як оҳу оварда буд ва гӯшташро тақсим карда будем, Шумои азиз аз ҳама зиёдтар харида будед. Ҳоло аз нӯши ҷон кардани кабку бедона сухан нагӯям беҳтар, чун иштиҳоятон қозгир аст Хуршедҷон!

Қонунҳои ҷавонмардӣ тақозо мекунад, ки мардон дар ҳар ҳолат мард бимонанд. Ҳамун Есенину Маяковский, Хайёму Фирдавсие, ки ёдовар шудед, пеш аз ҳама аз рӯйи қонунҳои нонавиштаи ҷавонмардӣ рафтор мекарданд. Ҳам паҳлавонӣ мекарданду ҳам аспсаворию ҳам тирандозию шикору ҳам дар дуэлҳо ширкат меварзиданд. Ман ҳам пайрави ҳамунҳо ҳастам, дигар ҳеч!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь