Нобиғаи камонвари ҷаҳонӣ Зебуннисо Рустамова, ки 50 сол қабл бори нахуст дар таърихи варзиши миллӣ дар Интерлакени Швейсария қаҳрамони ҷаҳон, соле пас дар Монреали Канада соҳиби медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ шуда, баъдан қаҳрамони чандкаратаи Аврупо гашта, 8 рекорди ҷаҳонӣ гузоштааст, қуллаи 70-ро низ фатҳ намуд. Ба ифтихори ин синну санаи муборак мебоист ҳамчун шореҳи варзиш матлаби ҷолибе манзури ҳаводорони сершумораш мекардам. Аммо дар бораи рӯзгору комёбиҳои Зебуннисо бандаю дигар соҳибқаламон он қадар навиштаем, ки гуё дигар ногуфтае намондааст. Тагурӯ кардани файлҳои хотираи нимасра – аз давраи донишҷуӣ то имруз низ далели ҷолибе берун наовард. Ҳамаашро занги як ҳамкурсам ҳал кард, ки аз сафари ҳаҷ омадааст. Дар сарам фикре барқ зад, ки ба қалам овардани воқеаи ғайричашмдошти порсола айни муддао хоҳад шуд.

Тибқи анъанаи қариб нимасра соли гузашта низ 1-уми июл мо, ҳамкурсҳо-филологҳо, дар Душанбе назди Донишгоҳи давлатии педагогӣ, ки номи Шевченкоро дошту онро соли 1976 хатм карда будем, ҷамъ омадем. Беш аз 20 нафар шудем. Зимнан, ин ҳама муддат соле нашудааст, ки ба вохӯриямон 15-20 нафар наоянд. Бобою бибиҳои барнодил. Беҳуда нагуфтаанд, ки қавитарин дустӣ дӯстии давраи донишҷӯист.

Баъди ҳолпурсӣ ва чанд бор “бобою бибиҳо, боз каме интизор шавем, шояд ягон ҳамкурси дигарамон расида ояд” гуфтанҳо ба тарабхонае рафтем ва зимни суҳбат кадоме хабар дод, ки ҳамсабақамон Гулсун ҳаҷ рафта омадааст. Филҳол садоҳо баланд шуданд, ки баъди ин нишаст ҳамакаса ба хонааш табриккунӣ равем. Вай наздики шаҳр, дар ноҳияи Рудакӣ мезист. Ин лаҳза Зебуннисо Рустамова табассуми аҷибе карда, гуфт, ки “шояд аввал ба хонаи ман меравем?”. Баъд ба гӯши ман, ки дар паҳлуяш менишастам, пичиррос зад: “Мехоҳӣ ба ту як сирро кушоям? Ман чандин сол пеш, ҳанӯз зиёрати хонаи Худо чун имруза осону оммавӣ набуд, ҳаҷ рафта будам”. “Шухӣ дорӣ? – бовар накардам. – Не? Ин хел бошад, муборак шавад, Зебиҷон! Кай буд ин сафарат?” Ин вақт аз давра нидои “ана гӯшакӣ ҳам сар шуд” суҳбати моро бурид. Аз ин рӯ, хоҳишаш кардам, ки рӯзҳои наздик дар ягон ҷо вохӯрему ҳаҷравияшро батафсил нақл кунад. То он вақт бошад, аз ин хусус ба ягон ҳамкасби ман аз дигар рӯзномаҳо лаб намекушояд. Зебуннисо розӣ шуд.

Аз он вохӯрии ҳамкурсон вақти зиёде гузашт. Чанд бор занг задам, чун серташвиш буд, мусоҳиба ба таъхир меафтод. Дар ин миён дар Хуҷанд бо ширкати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кохи камонварӣ бо бинои зебою майдони муосир мавриди истифода қарор гирифт. Чанде баъд дар он нахустин мусобиқаи байналмилалии камонварон барои Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Ва ниҳоят ҳафтае пас Зебуннисо хабар дод, ки ба вохӯрии ваъдагӣ омода аст. Инак, фишурдаи ҳамон суҳбат.

 ҲАҶ КАРДАНАШРО КАС БОЯД РЕКЛАМА КУНАД?

– Зебуннисо, чаро аз сафаратон ба Макка се даҳсола гузашта бошад ҳам, касе хабар надорад? Ҳатто мо, журналистон.

– Магар ҳаҷ рафтанашро кас бояд реклама кунад?

Ҷавоби хуб, қабул. Аник кадом сол буд?

– Охирҳои соли 1994.

Як лаҳза. Агар хато накунам, он вақтҳо Шумо раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш будед ва дар соли гуфтаатон бо ҳайати расмӣ ба Кувайт сафар доштед. Дуруст?

– Бале.

– Пас сафари шумо ба Арабистони Саудӣ яъне ба Макка чӣ хел ба вуқуъ пайваст?

– Аниқтараш сафарам не, сафарамон. Охири соли 1994 бо даъвати президенти Шурои олимпии Осиё Шайх Аҳмад ал-Фаҳад ас-Сабаҳ ҳайати расмии варзиши Тоҷикистон озими пойтахти Кувайт шуд, зеро қароргоҳи Шурои олимпии Осиё он ҷост. Ба ҳайат президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Иброҳим Ҳасанов, ноиби президент, паҳлавони номии тоҷик Саидмуъмин Раҳимов, мудири шуъбаи равобити байналмилалии Кумитаи олимпӣ ва тарҷумон Абдусалом Раҷабов, сарвари Федератсияи таэквондо Мирсаид Яҳёев ва ман шомил будем. Зимнан, соле пеш Кумитаи миллии олимпии кишвари соҳибистиқлоли мо ба узвияти Шурои олимпии Осиё пазируфта шуда буду шомил шудан ба ин сохтори бонуфузи варзиши қоравӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ бо он барои рушди ҳаракати олимпӣ, ривоҷи намудҳои он дар мамлакатамон имконияти хубе фароҳам меовард.

Вақте ба Кувайт омадем, маълум гашт, ки намояндагони давлатхои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон ҳам даъват шудаанд. Ҳайати моро Шайх Аҳмад ал-Фаҳад ас-Сабаҳ, ки аз шахсиятҳои маъруфу муассири ҳам кишвар ва ҳам варзиши ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад, алоҳида ба ҳузур пазируфт. Зимни суҳбати тӯлонӣ, ки хеле самимӣ гузашт, сарвари ШОО даставвал аз ҳолати кунунии варзиши тоҷик ва мушкилоти он дар манзари вазъи муташанниҷи Тоҷикистон пурсон шуд. Баъдан мо аз ҳамкории минбаъда бо Шурои олимпӣ, дастгирии он ҷиҳати тақвияти намудҳои олимпии варзиш дар кишварамон, иштироки варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қоравӣ мубодилаи афкор намудем. Ҳамчунин ҷараёни татбиқи қарордодҳое мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, ки соли гузашта ба имзо расида буданд.

 ХОҲИШИ ҒАЙРИЧАШМДОШТ

– Зебуннисо, албатта ин ҳама, бешак, ҷолиб ва муҳим аст. Вале мо аз мавзуи асосӣ дур нашудем?

– Шумо журналистҳо аҷаб мардуми бетоқатед (механдад). Қисса кӯтоҳ, баъди мулоқот бо сарвари Шуро мо дар семинари байналмилалӣ иштирок намуда, бо иншооти варзишии пойтахти ин давлати араб, клубҳои варзишӣ шинос шуда, шаҳрро тамошо кардем. Бегоҳи рӯзи дигар президенти ШОО барои ҳайати мо зиёфати шоҳона орост, ки дар фазои ғайрирасмӣ хеле самимию гуворо гузашт. Дар фарҷоми он шайхи болидатабъ гуфт: “Дӯстони бисёр гаронқадри тоҷикам, ҳамкорӣ барои рушди ҳаракати олимпӣ дар қораи Осиё бо ситораҳои варзиши на танҳо Тоҷикистон, ҳамчунин ҷаҳон муҳтарам Иброҳим Ҳасанов, Саймуъмин Раҳимов ва Зебуннисо Рустамова бароям мояи ифтихор аст. Ҳамчунин банда аз дидору ин нишаст бо шумо ниҳоят шодам. Аз ин рӯ, ҳар хоҳишу таманное доред, бигӯед, бароятон то қадри тавон ба ҷо меорам, то ин сафаратон ба кишвари мо дар хотиратон нек нақш бандад”.

Инро гуфту аз чӣ бошад, ки ба ман нигарист. Ман бошам, ба ҳамроҳонам, ки аз ман калонсолтар буданд, нигоҳ кардам, ки чӣ хоҳише мекунанд. Аммо онҳо аз чӣ бошад, ки лаб накушоданду хомӯшӣ ба миён омад. Ҳол он ки дар ҷавоби лутфи дастархондори олиҳиммат бояд чизе мегуфт. Ман аз ҷой хеста, ба муҳтарам шайх барои пазироии олиҷаноб, мулоқоту суҳбатҳои судманди корӣ ва меҳмондории шоҳона изҳори сипос намудам. Баъд гуфтам, ки хоҳише дорам, аммо намедонам, гӯям ё на.

Ӯ аз сухани охиринам ҳайрон шуд:

– Хоҳиш мекунам, бидуни истиҳола ҳар чӣ мехоҳед, бифармоед, хонум Зебуннисо.

– Волоҳазрат, мову шумо, алҳамдулиллоҳ, мусалмонем ва ҳар фарди мусалмон дар дил орзуи зиёрати хонаи Худо дорад. Ман истисно нестам, ҳамроҳонам низ. Агар бароямон имкони сафари Маккаро фароҳам меовардед, ин некиятонро як умр фаромӯш намекардем.

– Барои шайх ин таманно ғайричашмдошт шуд?

– Мутлақо. Зеро мо баъди як рӯз бояд ба Душанбе бармегаштем. Шайх даме лол монду баъд гуфт:

– Хонум Зебуннисо, шумоён ҳамагӣ як рӯзи дигар инҷоед. Агар фурсате бештар мебуд, таҳияи раводид ба Арабистони Саудӣ ишколе надошт. Мутаассиф, дар ним рӯз ин кор имкон надорад.

– Барои ягон шахси қаторӣ ё ҳатто мансабдоре шояд. Аммо на барои Шумо, муҳтарам шайх.

Ӯ табассум кард. Шояд аз таъкиди абарқудратияш. Лекин чизе нагуфт.

– Зебуннисо, дар бораи аз пойтахти Кувайт баъдан ба Макка рафтан байни худ пешакӣ маслиҳат карда будед?

– Маслиҳати пешакӣ? Не, албатта. Мақсади сафари расмиамон тамоман дигар буд. Лекин медонед, аз шайх хоҳиши сафари Макка кардан барои худам ҳам ногаҳонӣ шуд. Шояд ин орзую ният солҳо дар умқи дилам буду ҳамон лаҳза Парвардигор ба забонам овард.

 “ШАЙХ БАРОЯТОН ТАЙЁРА ОМОДА КАРДАНД”

– Сукути мизбон аломати радди хоҳишатон буд?

– Ростӣ, мо ҳам чунин гумон кардем. Аммо шом дар меҳмонхона будем, ки намояндаи шайх ба мо либоси хосаи ҳаҷ овард ва гуфт, ки волоҳазрат бароямон тайёра фармудаанд ва пагоҳ ба Макка парвоз хоҳем кард.

Аз ин хабари хуш ва олиҳимматии шайхи Кувайт ниҳоят хурсанд шудем: мо ҳаҷ меравем! Ҳамроҳонамро намедонам, аммо ман дертар дар андеша мондам, ки маносики ҳаҷ, яъне тартибу қоидаи онро надониста чӣ хел ҳаҷ мекунам. Се – чор сурае, ки медонам, оё ба дард мехурад. Ба гумонам, бачаҳо низ дар чунин ҳолат буданд. Вақте аз ин хусус ба онҳо гуфтам, акаи Саймуъмин оромам кард: “Зебуннисо, дар Каъба аз паси ману Абдусалом омадан гирифта, ҳар гуфтаю амаламонро такрор мекунӣ. Чӣ кор карданро мо нишон медиҳем”.

Субҳи дигар парвоз кардем. Ҳанӯз бовар надоштем, ки сафари Макка насибамон гашта. Дар он ҷо зимни тавофи Каъба шайхе раҳнамоиямон кард ва мо ҳама маносикро ба ҷо овардем.

– Вақте дар хонаи Худо будед, чӣ эҳсосе фаро гирифт?

– Вуҷуди шахсро як ҳиссиёти аҷиби омехтаи ифтихор фаро мегирад, ки дар тасвираш сухан оҷиз аст. Онро бояд аз сар гузаронд. Аввал шахсан дар ман ҳисси тарс буд. Баъди дарки он ки ба орзу расида, дар хонаи Парвардигори кариму раҳимам, ончунон шод шудам, ки гуфтан надорад. Шукри беҳад Яздони покро!

 ДАР ОРЗУИ ҲАҶҶИ АКБАРАМ

– Аз хонаводаатон боз ягон нафарро чунин саодат насиб гаштааст?

– Ҳа, Нуриннисо бо духтараш Нигина ва наберааш Шерзод зиёрат рафта буд.

– Дар фикри ҳаҷи акбар ҳастед?

– Албатта. Кош Худованд дубора зиёрати хонаашро насиб гардонад.

Парвардигор ба муродатон расонад. Омин!

Мусоҳиб Хуршеди ҶОВИД

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь