Рушди иқтисоди Тоҷикистон дар семоҳаи авали соли ҷорӣ 8,3 фоизро ташкил дод. Ин маънои онро дорад, ки иқтисодиёти мо дар соҳаҳои асосӣ динамикаи мусбиро пеша намудааст.
Аллакай аз рӯйи тамоюлҳои мавҷуда тибқи таҳлилҳои Бонки Рушди АвруОсиё (ЕАБР) дар назар аст, ки иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2024 то 7,3 фоиз афзоиш меёбад. Ин дар ҳолест, ки тибқи дурнамои бауҳдагирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ то охири соли ҷорӣ афзоиши
Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ на кам аз 8 фоиз дар назар аст.
Тайи солҳои охир иқтисоди Тоҷикистон рушди мунтазами босуботро нишон дода, мавриди стратегияи дурусти рушд ва эътимоднокии шарикон муаррифӣ мегардад. Яке аз иқдомҳое неке, ки имрӯз кишвари мо пеша намудааст, ин рушди инноватсионӣ, технологияи оммавӣ ва рақамикунонии иқтисодиёт мебошад.
Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030, ки айни замон мавриди татбиқ қарор дорад, қисми таркибии онро рушди инноватсионӣ ва рақамикунонии иқтисодиёт ташкил медиҳад.
Дар замони муосир инноватсия ва рақамисозӣ барои ҳар як давлат раванди муҳимтарин ба ҳисоб меравад.
Он ба вусъат бахшидани равандҳои тиҷоратӣ, паст кардани арзиш, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат мусоидат мекунад, инчунин, ба мо имкон медиҳад, ки ба хидматҳои муосири технологӣ дастрасӣ ва имкониятҳои нав ба нав пайдо кунем.
Тибқи таҷрибаи ҷаҳонӣ, рақамикунонии иқтисодиёт ба афзоиши Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ то 10-15% дар як сол мусоидат мекунад.
Дар ҳошияи рушди иқтисодии кишвар ва аз нигоҳи илми иқтисод таҳлилу таҳқиқи ин риштаи воқеан ҳам, муайянкунандаи ояндаи дурахшони кишвар, дар партави Паёми навбатии Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ ва вохӯрии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодии Шанхай дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон нашрияи “Минбари халқ” тасмим гирифт, ки бо донишмандону мутахассисони риштаи иқтисоди кишвар суҳбатҳои тахассусиро роҳандозӣ намояд.
Чунин суҳбати тахассусиро бо мутахассиси варзидаи соҳаи иқтисод, номзади илми иқтисод, собиқ мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ дар солҳои 2002-2006, намояндаи доимӣ ва ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия дар солҳои 2006-2013 Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина, ҳамзамон, аз солҳои 2017 то 2021 Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова ва аз соли 2022 то инҷониб ходими пешбари илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Файзулло Холбобоевро манзури хонандагон мегардонем.
-Муҳтарам Файзулло Самадович, тайи ду соли охир Шумо дар шарҳи паёмҳои Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ фикру мулоҳизаҳои худро баён менамоед. Шумо дар Паёми навбатии Роҳбари давлат дар соли оянда кадом самтҳои афзалиятноки навро дидан мехоҳед?
-Бояд зикр намуд, ки бо саъю кушишҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари мо сол то сол рӯ ба тараққӣ ниҳода, устувории иқтисодии худро бо дастовардҳои нав ба нав таъмин карда истодааст.
Ҷаҳони имрӯза бо ҳар гуна таҳдиду даъватҳои нав моро водор месозад, ки сиёсату иқтисодиёти кишвари худро ба ин шароитҳо тобовар созем ва барои ҳар гуна тағйирёбии глобалӣ чӣ дар миқёси ҷаҳонӣ ва чӣ дар миқёси минтақавӣ[i] ҳамаҷониба омода бошем.
Бо дарназардошти талаботи замон ва хусусияти иқтисодиёти Тоҷикистон, инчунин, тамоюлҳои ҷаҳонӣ дар Паёми соли оянда самтҳои зерини ояндадорро ҷудо кардан мумкин аст:
Дигаргунсозӣ (трансформация)-и рақамӣ ва иқтисоди инноватсионӣ
Таъмини рушди устувор дар раванди тавсеаи иқтисоди “сабз”
Инноватсия, рушди технологӣ ва сармояи инсонӣ
Таъмини амнияти иқтисодӣ ва тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ
Рушди соҳаҳои хоси авлавиятноки иқтисодиёти Тоҷикистон
Айни замон Тоҷикистон дар марҳилаи аввали рақамисозии иқтисодиёт қарор дорад. Новобаста аз ин, кишвар дар ин самт натиҷаҳои назарраси мусбӣ нишон медиҳад ва пайваста аҳаммияти рушди инноватсиониро эътироф мекунад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди иқтисоди рақамӣ чораҳо меандешад, дар рушди инфрасохтор, ҷорӣ кардани хидматҳои электронӣ ва рақамисозии бахшҳои алоҳида муваффақ мешавад.
Қобили қайд аст, ки дар ин самт имрӯз дар кишвар ба баъзе дастовардҳои асосӣ ноил гаштем ва онҳо хусусияти калидӣ доранд, аз ҷумла:
Рушди инфрасохтор: тавсеаи дастрасӣ ба интернет, аз ҷумла дар деҳот, рушди алоқаи мобилӣ.
Ҳукумати электронӣ: татбиқи хидматҳои электронӣ барои шаҳрвандон ва тиҷорат, сода кардани расмиёти маъмурӣ.
Рақамикунонии бахшҳои алоҳида: рушди тиҷорати электронӣ, пардохтҳои мобилӣ, технологияҳои рақамӣ дар соҳаи маориф ва тандурустӣ.
Аммо, дар назди кишвар мушкилоти марбут ба саводнокии пасти рақамии аҳолӣ, дастрасии маҳдуд ба маблағгузорӣ ва номукаммалии қонунгузорӣ мавҷуд мебошанд.
Барои табдили бомуваффақияти рақамӣ стратегияи миллии рушди иқтисоди рақамӣ, рушди сармояи инсонӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва такмили қонунгузорӣ зарур аст.
Татбиқи ин тадбирҳо ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки иқтидори марҳилаи рақамиро барои рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ пурра истифода барад.
Мавриди таъмини рушди устувор дар раванди тавсеаи иқтисоди “сабз”
Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бойи табиист, аҳаммияти рушди устуворро ба пуррагӣ дарк мекунад ва имрӯз ба иқтисодиёти “сабз” ҳамчун роҳи шукуфоӣ ҳамаҷониба такя мекунад.
Кишвар бо истифода аз иқтидори гидроэнергетикӣ, таҳияи стратегияҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва рушди экотуризм ва кишоварзии органикӣ принсипҳои масъулияти экологиро ба сиёсати иқтисодии худ фаъолона татбиқ мекунад.
Бо вуҷуди ин, дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилоти марбут ба норасоии сармоягузорӣ, маҳдудиятҳои технологӣ ва зарурати баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар бораи принсипҳои рушди устувор қарор доранд.
Барои рафъи ин монеаҳо бояд кумакҳои берунии байналмилалӣ ҷалб карда шаванд, қонунгузорӣ такмил дода шавад, шарикии давлатӣ ва хусусӣ дар ҳама лоиҳаҳои муштарак рушд ёбанд.
Татбиқи ин тадбирҳо ба мо имкон медиҳад, ки рушди устувори иқтисодиро дар кишвар таъмин намоем ва дараҷаи некуаҳволии аҳолиро як дараҷа баланд бардорем.
Бояд зикр намуд, ки рушди устувор ва иқтисоди “сабз” барои Тоҷикистон авлавияти бечунучаро дорад. Татбиқи тадбирҳои дар боло зикршуда имкон медиҳад, ки рушди устувори иқтисодӣ, сатҳи зиндагӣ ва дараҷаи некуаҳволии аҳолии мардуми Тоҷикистон дар дурнамои наздик таъмин карда шаванд.
Мавриди инноватсия, рушди технологӣ ва сармояи инсонӣ
Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир бо мушкилоти навоварӣ, рушди технологӣ ва сармояи инсонӣ рӯ ба рӯ аст. Сатҳи пасти фаъолияти инноватсионӣ, ақибмонии технологӣ ва мушкилот дар соҳаи сармояи инсонӣ рушди иқтисодии кишварро бозмедорад. Новобаста аз ин, барои бартараф кардани ин мушкилот ва истифодаи иқтидори мавҷуда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кушишҳо ба харҷ дода мешаванд.
Барои ноил шудан ба рушди устувор, ҳавасмандгардонии фаъолияти инноватсионӣ, рушди соҳаҳои асосии иқтисодиёт бо истифода аз технологияҳои муосир, фаъолона ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва сармоягузорӣ ба мо сармояи муосири инсонӣ зарур аст.
Аз ин лиҳоз, бояд барои ҷалби сармоягузорӣ, технологияҳои пешрафта ва таҷриба дар соҳаи рушди сармояи инсонӣ бо вусъати рушди шарикии давлатӣ, хусусӣ ва ҳамкории байналмилалӣ диққати махсус дода шавад. Татбиқи ин тадбирҳо ба мо имкон медиҳад, ки ба рушди устувори иқтисодӣ суръат бахшем. Инчунин, ба инобат гирифта шавад, ки дар рушди инноватсия, технология ва сармояи инсонӣ шарикии давлатӣ-хусусӣ, ташкили механизмҳои самараноки ҳамкории давлат ва тиҷорат дар соҳаи инноватсия ва рушди технологӣ дар ҳамкории байналмилалӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, технологияҳои пешрафта ва таҷриба дар соҳаи рушди сармояи инсонӣ нақши муҳимро мебозад:
“Дар шароити кунунӣ рушди инноватсия, технология ва сармояи инсонӣ яке аз шартҳои зарурии рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии аҳолии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад”.
Тақозои замон нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ба мисли дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мавриди барангезии ҳаргуна чолишҳои сиёсӣ ва буҳронҳои молиявии иқтисодӣ бо мушкилоти ҷиддии амнияти иқтисодӣ рӯ ба рӯ мешавад. Бояд қайд кард, ки ҳар гуна хавфу таҳдидҳо, аз ҷумла хавфҳои қарзи беруна, вобастагӣ аз интиқоли пул, сохтори танги содирот, мушкилоти истифодаи об ва амнияти энергетикӣ, инчунин, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва экстремизм ба рушди устувори кишвар пайваста таҳдид мекунанд.
Бо вуҷуди ин, Тоҷикистон барои рафъи ин мушкилотҳо пайваста чораҳои зарури андешида, аз иқтидори ҳамкории минтақавӣ низ фаъолона истифода мебарад.
Таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва истифодаи об, инчунин, муборизаи муштарак бо таҳдидҳои фаромиллӣ ба баланд бардоштани амнияти иқтисодӣ ва рушди устувори минтақа мусоидат мекунад.
Майдонҳои асосии ҳамкории минтақавӣ, ба монанди Ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар доираи барномаҳои мувофиқашуда ва ҳамкории мутақобилан судманд замина фароҳам меоранд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки густариши ҳамкориҳои минтақавӣ барои таъмини амнияти иқтисодии Тоҷикистон аҳаммияти ҳалкунанда дорад. Таҳкими эътимод, рушди вобастагии иқтисодӣ ва вокуниши муштарак ба мушкилот ва таҳдидҳо ба рушди устувори тамоми кишварҳои минтақа мусоидат хоҳад кард.
-Дар ин робита, дар мавриди иштироки Тоҷикистон дар иттиҳодияҳои минтақавӣ, аз ҷумла ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки ба наздикӣ, санаи 4-уми июли соли ҷорӣ дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон доир шуд, чӣ назар доред?
-Иштироки Тоҷикистон дар иттиҳодияҳои ҳамгироии минтақавӣ, аз қабили Ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ нақши калидӣ дорад. Чунки иштироки Тоҷикистон дар ин иттиҳодияҳои ҳамгироии минтақавӣ ба кишвари мо имконият медиҳад ки Тоҷикистон ба бозорҳои нав дастрасӣ пайдо кунад, ба навсозии инфрасохтор, ҷалби сармояи хориҷӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар заминаи мусоид фароҳам орад.
Узвият дар ин созмонҳо, инчунин, амнияти кишварро таъмин намуда, ба муборизаи муштарак бар зидди терроризм ва таҳкими суботи минтақавӣ мусоидат мекунад. Ғайр аз ҳамкориҳои иқтисодӣ ва низомӣ иштирок дар созмонҳои байналмилалӣ нуфузи байналмилалии Тоҷикистонро баланд мебардорад ва имкон медиҳад, ки дар якҷоягӣ бо дигар кишварҳо мушкилоти глобалӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ғайраро ҳаллу фасл намояд.
Дар маҷмуъ, иштирок дар ин созмонҳо омили стратегии рушди устувори Тоҷикистон мебошад.
Санаи 4-уми июл дар шаҳри Останаи Қазоқистон ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар он намояндагони кишварҳои иштирокчӣ як қатор ҳуҷҷатҳои асосиро имзо карданд, ки онҳо самтҳои асосии ҳамкории созмонро инъикос менамоянд.
Дар маркази таваҷҷуҳ таҳкими тартиботи байналмилалӣ аст, ки ба принсипҳои адолат ва рушд асос ефтааст.
Созмони ҳамкории Шанхай ҷонибдори сулҳи бисёрқутбӣ буда, дахолат ба корҳои дохилии давлатҳо ва таҳримҳои якҷонибаро рад мекунад. Созмон ба муқовимат бо терроризм, экстремизм ва идеологияҳои радикалӣ равона шуда, аҳаммияти эҳтироми соҳибихтиёрии давлатӣ ва тамомияти ҳудудиро таъкид мекунад.
Созмони ҳамкории Шанхай, инчунин, дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, рушди устувор, пешгирии мусобиқаи силоҳ дар кайҳон ва таъмини сулҳ дар Афғонистон мавқеи фаъол дорад.
Дар маҷмуъ, ин нишаст уҳдадории Созмони ҳамкории Шанхай ба ташкили ҷаҳони одилона ва таъмини амнияти бехатариро бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи кишварҳо тасдиқ намуд.
-Ёдовар мешавем, ки раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзҳои 4-6-уми июл бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Шумо аз натиҷаҳои ин сафар чиро интизоред?
-Зикр бояд кард, ки зимни ин сафар мулоқоти сарони давлатҳо ва гуфтушуниди ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Чин дар сатҳи олӣ баргузор гардида, аз рӯйи натиҷаҳои он 29 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи минбаъд амиқтар гардонидани муносибатҳои ҳамаҷонибаи стратегӣ дар марҳилаи нав ба имзо расид.
Сафари Си Ҷинпин ба Тоҷикистон барои кишвари мо яке аз рӯйдодҳои муҳим ба ҳисоб рафта, барои марҳилаи нави муносибатҳои дуҷониба заминаи таърихӣ мегузорад.
Имзои Изҳороти муштарак дар бораи рушди шарикии стратегӣ ва созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун – аз саноат то сайёҳӣ аз ҷониби ҳарду кишвар барои амиқтар гардидани ҳамкориҳо дар оянда шаҳодат медиҳад.
Аснои мулоқот таваҷҷуҳи махсус ба лоиҳаҳои инфрасохторӣ, ба монанди навсозии роҳи оҳан ва рушди долонҳои нақлиётӣ, ки имкониятҳои нави рушди иқтисодӣ ва тиҷоратиро васеъ менамоянд, дода шуд.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки муҳокимаи амалҳои муштарак оид ба мубориза бо терроризм ва экстремизм, рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ ва барномаҳои таълимӣ имкон медиҳад, ки муносибатҳо ва ҳамкориҳои дуҷониба ҳам ба кишвари Чин ва ҳам ба Тоҷикистон дар оянда манфиати зиёд хоҳанд овард.
Мавриди рушди соҳаҳои хоси авлавиятноки иқтисодиёти Тоҷикистон
Ҳамзамон, Ҷумҳурии Тоҷикистон мекӯшад, ки иқтисодиёти худро ҳамаҷониба диверсификатсия кунад ва рушди устуворро бо истифода аз иқтидори як қатор соҳаҳои ояндадор ба ғайр аз бахшҳои анъанавӣ, аз қабили гидроэнергетика ва истихроҷи алюминий таъмин намояд.
Дар байни самтҳои афзалиятнок: саноати пахта ва бофандагӣ, сайёҳӣ, истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ва нӯшокиҳо, инчунин, саноати кӯҳӣ дар иқтисодиети миллӣ мавқеи хосаи худро пайдо мекунад.
Ҳар яке аз ин соҳаҳо барои рушди ояндаи иқтисоди кишвар дорои иқтидори назаррас буда барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ шароит муҳайе месозад. Вале мушкилоти марбут ба набудани сармоягузорӣ, набудани технологияҳои муосир ва норасоии кадрҳои баландихтисос дар назди кишвар вазифаҳои нав ба миён мегузорад.
Татбиқи имкониятҳои зикргардида аз ҷониби мо амалҳои фаъолро барои фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, рушди сармояи инсонӣ, ҷорӣ намудани навовариҳо ва технологияҳои муосир ва ҳамкории муассир бо шарикони байналмилалӣ талаб менамояд.
Муваффақият дар ин самтҳо ба кишвари мо имкон медиҳад, ки вобастагии худро аз шумораи маҳдуди молҳои содиротӣ коҳиш дода, ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳад, сатҳи зиндагии аҳолиро баланд бардорад ва рушди ояндаи устувори иқтисодиро дар кишвар таъмин намояд.
-Президенти кишвар дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ моҳи декабри соли 2023 дар мавриди нақш ва мавқеи илму маориф дар рушди ояндаи кишвар ва инчунин, дастгирии он дар оянда вазифаҳои зиёдеро пешорӯйи онҳо гузоштанд, ки ин дар раванди таҷдиди илм ва истеҳсолот хеле бамаврид ва саривақтӣ буд. Шумо дар ин самт чӣ гуфтаниед?
-Дар ҳақиқат, рушди илму маориф калиди пешрафт дар ҳама соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмини ояндаи устувори давлат ва ҷомеа мебошад. Президенти мамлакат дар Паёми солонаи худ аҳаммияти рушди илм ва таҳқиқоти илмиро чунин қайд намуданд: “Дастгирии тадқиқоти илмӣ тавассути баланд бардоштани сатҳи маблағгузорӣ, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда муҳим ҳисобида мешавад”.
Дар робита ба ин, Роҳбари давлат дар Паём ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки оид ба маблағгузорӣ, таҳким ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муассир андешад.
Дар ҳошияи ин раванд рӯзи 30-юми майи соли равон мулоқоти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар баргузор гардид
Бояд гуфт, ки вохӯрии мазкур шоҳиди он аст, ки имрӯз Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешрафти илму фарҳангу маърифат бетараф набуда пайваста барои пешрафти он ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.
Ҳамзамон Ҷаноби Оли дар маърӯзаи худ таъкид намуданд, ки сарфи назар аз дастгирӣ ва таваҷҷӯҳи доимии давлат ва Ҳукумат, натиҷаҳои кори олимон ва сохторҳо дар соҳаи илм ба талаботи замон ҷавобгӯ нест. Имрӯз саҳми илми ватанӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ҳамагӣ 0,1 % – ро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда моро қонеъ карда наметавонад. Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки фаъолияти самарабахшро дар соҳаи илм талаб намояд ва иҷрои чорабиниҳои ба ин мақсад равонашударо қатъиян назорат намояд. Дар робита ба ин, таъкид намуданд, ки зарурати ислоҳоти ҷиддӣ, аз ҷумла таҷдиди сохтори академияи миллии илмҳо ва институтҳои илмию тадқиқотии он ба миен омадааст.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат бояд бо таъсиси комиссияи салоҳиятдор фаъолияти ҳамаи воҳидҳои Академияи миллии илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзиро, аз ҷумла объектҳо ва заминҳои аз давраи гузашта дар тавозуни ин сохторҳо боқимондаро ҳамаҷониба таҳлил намояд.
Пешниҳодҳои мушаххас бояд барои таъмини кори самаранок, аз ҷумла тавассути кам кардани хароҷоти нигоҳдории таҷҳизоти нолозим ва аз ин рӯ, таъмини лабораторияҳои мавҷуда бо технологияҳои муосир ва навсозии пойгоҳи иттилоотии таҳқиқоти илмӣ пешниҳод карда шаванд. Инчунин таъкид намуданд, ки яке аз мушкилоти ташвишовар дар соҳаи илми кишвар сатҳи нисбатан пасти самаранокии фаъолияти кормандони академияи миллии илмҳо мебошад.
Президенти кишвар қайд намуданд, ки яке аз сабабҳои ин падидаи ташвишовар набудани таҳияи ҳуҷҷати дахлдор аз рӯи меъерҳои арзебии самаранокии фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва кормандони онҳо мебошад. Аз ин рӯ, ба Вазорати маориф ва илм, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Академияи Миллии Илмҳо, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Комиссияи олии аттестатсионӣ ва дигар сохторҳои дахлдор супориш дода шуд, ки дар муддати се моҳ оид ба ин масъала бо таъсиси гурӯҳи корӣ пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд.
-Муҳтарам Файзулло Самадович вақтҳои охир дар мавриди рушди босуръат ва самараноки илми иқтисод дар истеҳсолоти кишвар ва тиҷоратикунонии илм баҳсҳои зиёде ба миён омада, аст ки иддае аз мардум тиҷораткунонии илмро дуруст нафаҳмидаанд. Хеле хуб ва бомаврид мебуд, ки Шумо онро ҳамчун мутахассис шарҳ медодед…
-Чи тавре ки ба Шумо маълум аст ҳануз соли 2022 мо Қонунро “Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмӣ-техникӣ” қабул кардем, ки қабули Қонуни мазкур метавонад яке аз омилҳои асосии рушди инноватсионии кишвар бо роҳи ҳавасмандгардонии таҳқиқоти илмӣ, таъсиси соҳаҳои нав ва ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ ва ҷолибияти сармоягузорӣ дар рушди илм шавад.
Тиҷоратикунонии илм раванди табдил додани тадқиқот ва рушди илмӣ ба маҳсулот, хидматҳо ва технологияҳои аз ҷиҳати тиҷоратӣ муваффақ мебошад. Оддӣ карда гӯем: Олимон кашфиет ва ихтироот мекунанд ва тиҷоратикунонӣ ба ин кашфиетҳо кӯмак мекунад, ки яъне кашфиетҳо ба маводҳое табдил меебанд, ки ба бозор пешниҳод карда мешаванд (масалан, доруҳо, барномахо, маводу маҳсулотҳои нав ва ғ).
Мисол: Тасаввур кунед, ки шумо як навъи нави батареяро ихтироъ кардаед, ки нисбат ба батареяҳои муқаррарӣ 10 маротиба зиедтар энергияро нигоҳ медорад.
Тиҷоратикунонӣ раванди табдил додани ин ихтироъ ба маҳсулоти воқеӣ мебошад:
- Гирифтани патент: ҳифзи ихтирооти шумо аз нусхабардорӣ.
- Ҷустуҷӯи сармоягузорон: дарефти пул барои истеҳсол ва маркетинг.
- Прототип: сохтани модели кории батарея.
- Миқеси истеҳсолот: Ташкили истеҳсоли батареяҳои кофӣ барои фурӯш.
- Маркетинг ва фурӯш: фурӯши батареяҳо ба истеъмолкунандагон.
Дар шароити имрӯза тиҷоратикунонии илм муҳим аст, зеро он
– Кашфиети илмиро ба неъматҳои воқеӣ табдил медиҳад ба мисли доруи нави саратон, ҳуҷайраи офтобии самараноктар, маводи мустаҳкамтар ва дигар кашфиетҳо.
– Ҷойҳои нави корӣ эҷод мекунад: Истеҳсол, маркетинг, фурӯш кормандони зиедеро талаб мекунад.
– Рушди иқтисодиро ҳавасманд мекунад: маҳсулот ва технологияҳои муосир бозорҳои нав пайдо мешаванд ва ҳосилнокӣ меафзояд, устувории иқтисодӣ таъмин мегардад.
Мисол: Маҳз тавассути тиҷоратикунонии таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи генетика боиси пайдоиши доруҳо ва усулҳои нави ташхиси бемориҳо гардид.
Дар маҷмӯъ, қабули Қонун “дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмӣ-техникӣ” ин имконияти нав дар роҳи рушди инноватсионии кишвар мебошад. Аммо, барои муваффақ шудан, мушкилоти зиёдеро ҳал кардан лозим аст, аз ҷумла набудани маблағгузорӣ, набудани инфрасохтор ва набудани кадрҳои баландихтисос ва ғ.
-Дар ин ҷода, ба фикри Шумо барои таъмини рушди самараноки илми иқтисод дар Тоҷикистон кадом корҳоро бояд ба анҷом расонид?
-Айни замон, барои рушди босуръат ва самараноки илми иқтисодӣ дар Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба тиҷоратикунонӣ бояд дар якчанд самтҳои асосӣ амал карда шавад, аз ҷумла:
- Эҷоди талабот ба рушди илм:
Дастгирии давлатии инноватсия: Ҷорӣ намудани механизмҳои шарикии давлатӣ-хусусӣ барои маблағгузории тадқиқоти амалӣ дар соҳаи иқтисодиёт, ки вазифаҳои барои кишвар муҳимро ҳал мекунанд.
Ҳавасмандгардонии тиҷорат: Додани имтиезҳои андоз ба ширкатҳое, ки навоварӣ мекунанд ва натиҷаҳои таҳқиқоти илмии олимони иқтисоддони тоҷикро истифода мебаранд.
Ташаккули фарҳанги инноватсионӣ: Тарғиби дастовардҳои илмӣ дар иқтисодиёт дар байни соҳибкорон ва ҷомеа, баргузории конфронсҳо ва форумҳо бо иштироки соҳибкорон ва олимон
- Тақвияти иқтидори илмӣ:
Ҷалб ва дастгирии кадрҳои боистеъдод: Фароҳам овардани шароити рақобатпазир барои ҷалб ва нигоҳ доштани иқтисоддонҳои боистеъдод дар кишвар, додани грантҳо барои таҳқиқот.
Рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ: ҳавасмандгардонии иштироки олимони тоҷик дар конфронсҳо, лоиҳаҳо ва барномаҳои тадқиқотӣ оид ба иқтисодиёт.
Навсозии инфрасохтор: Таъмини дастрасӣ ба маҳзани маълумоти муосир, таъминоти барномасозӣ ва дигар захираҳои зарурӣ барои гузаронидани тадқиқот.
- Тамаркуз(фокусирование)ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои илмӣ:
Таъсиси марказҳои интиқоли технологӣ: Ташаккули сохторҳое, ки ба олимон дар патент кардани ихтирооти худ, пайдо кардани сармоягузорон ва ба бозор баровардани маҳсулоти илмӣ кӯмак мерасонанд.
Рушди машварат: ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби иштироки олимони иқтисодӣ дар лоиҳаҳои машваратӣ барои тиҷорат ва сохторҳои давлатӣ.
Ҳавасмандгардонии ташкили стартапҳо: дастгирии олимоне, ки омодаанд рушди илмии худро тавассути таъсиси ширкатҳои худ тиҷоратӣ кунанд.
- Тағйир додани равандҳо дар таълим:
Тамаркуз(фокусирование) ба амалия: Ҷорӣ намудани барномаҳои амалии таълимӣ, таҷрибаомӯзӣ дар ширкатҳо ва дигар шаклҳои таълим, ки ба рушди малакаҳои амалӣ дар иқтисоддонҳои оянда нигаронида шудаанд.
Рушди малакаҳои соҳибкорӣ: Ҷорӣ намудани курсҳо оид ба асосҳои тиҷорат, навоварӣ ва тиҷоратикунонӣ барои донишҷӯёни ихтисосҳои иқтисодӣ.
Татбиқи ин тадбирҳо дар маҷмуъ имкон медиҳанд, ки дар муддати кӯтоҳтарин илми иқтисодӣ дар Тоҷикистон бештар амалӣ, серталаб ва ба рушди устувори иқтисодии кишвар мусоидат намояд.
-Чи тавре ки ба ҳамагон маълум аст, имрӯз дар бисёр кишварҳо барои пешрафти муосири технологӣ, водиҳои силиконӣ бомуваффақият амал намуда дар як муддати кутоҳ рушди кишвари худро аз ҷиҳати технологияи муосир таъмин менамоянд. Дар ин раванд Шумо чӣ гуфта метавонед: Оё мо метавонем аз Тоҷикистони азизамон – кишвари муосири технологӣ «водии силикон» созем?
-Дар ҳақиқат ҷаҳони имрӯза пур аз минтакаҳои муосири технологӣ “водиҳои силикон” аст, ки ба марказҳои рушди технологӣ ва инноватсия табдил ефтаанд. Ба мисли Водии силикон дар Калифорнияи ИМА ки марказу ватани саноати азимҷуссаи IT, ба монанди Google, Apple ва Facebook табдил ефтааст. Муваффақияти он ба шумораи бениҳоят стартапҳо, пайдоиши доимии технологияҳои нав ва ҷалби сармоягузории азим асос ефтааст. Қувваи кории баландихтисос, ки аз ақлҳои беҳтарини илм, муҳандисӣ ва барномасозӣ иборат аст, инчунин дар муваффақияти Водии Силикон нақши калидӣ дорад.
Дар дигар кишварҳо низ “водиҳои силикон” – и хусусиятҳои беназири худро доранд. Водии Шэнчжэн дар Чин бо истеҳсоли электроника ва Бангалор дар Ҳиндустон бо аутсорсинг ва таҳияи барномаҳои таъмини компютерӣ маъруф аст. Водии Тел-Авив дар Исроил пешсаф дар стартапҳо ва технологияҳои инноватсионӣ ва Торонто дар Канада маркази технологияҳои молиявӣ ва зеҳни сунъӣ мебошад.
Муваффақияти ҳар яке аз ин минтақаҳо аз омилҳои гуногун, аз ҷумла сифати таҳсилот, муҳити сармоягузорӣ, сиесати ҳукумат ва фарҳанги инноватсионӣ вобаста аст.
Аз ин рӯ, мо бе ягон шубҳа гуфта метавонем ки имконияту шароитҳо дар кишвари мо ҳамаҷониба мавҷуданд ва вобаста аз раванду вазифаю мақсадҳои дар пешгузошта мо метавонем дар як муддати кутоҳ аз Тоҷикистон – кишвари муосири технологӣ «водии силикон» созем.
Бояд қайд намуд, ки Тоҷикистон, кишвари дорои тамаддуну таърихи бой, табиати беназир, ва дорои иқтидори назарраси иқтисодӣ мебошад, ки метавонад дар минтақаи Осиеи Марказӣ дар як муддати кутоҳ ба як бозигари калидӣ табдил ёбад. Ҷойгиршавии стратегӣ дар Осиеи Марказӣ, захираҳои фаровони обӣ, захираҳои маъданӣ, замини ҳосилхез ва манзараҳои ҷолиби сайеҳӣ барои рушди устувори иқтисодӣ заминаи хуб фароҳам меоранд.
Инчунин яке аз захираҳои асосии ин раванд фарҳангу таърихи бой бо генофонди ғании зеҳнии мо миллати соҳибтамаддуни Ориёӣ мебошад. Захираҳои зеҳнии мо тоҷикон ҳазорсолаҳо дар хидмати ҷаҳони мутамаддин буда, шоирону, олимону файласуфони машҳур ба мисли Рудаки Фирдавсӣ Абу Али ибни Сино, Хаёму Берунӣ, Румию Хофизу Саъди Шоҳину, Айнию Турсунзода, Бобоҷон Гафурову Лоик Шералию Бозор Собиру Ашур Сафар ва даҳҳои дигар пурарзиштарин ганҷинаи зеҳнии башарият қарор гирифтаанд.
Инро бояд фаромуш накард ки миллати тоҷик аз қадим миллати илмдуст, донишпараст бофарҳанг ва дорои қобилияти васеъи зеҳнӣ муарифӣ меёбад.
Дар баробари ин яке аз захираҳои бойтарине ки ҳамчун нишондиҳандаи пешрафти миллат ба ҳисоб меравад, ин неруҳои зеҳнии ҷавонон буда 47% ахолии то синни 18 сола мебошад, ки маҳз ин нишондиҳанда яке аз қувваҳои пешбаранда ва ояндаи давлату миллат мобошад.
Дар баробари ин, кишвар дорои иқтидори назаррас барои рушди гидроэнергетика, диверсификатсияи иқтисодиёт, ҷалби сармоягузорӣ ва баланд бардоштани сифати сармояи инсонӣ мебошад, ки ин неруи созандаи пурарзиш ба кишвари мо имкон медиҳад, ки дар бозори ҷаҳонӣ ҷойгоҳи боэътимод дошта бошем ва шукуфоии кишварро таъмин намоем.
Тоҷикистон, ки дорои иқтидори назаррас дар соҳаи гидроэнергетика, мавқеи стратегӣ ва аҳолии ҷавон мебошад, имконияти воқеӣ дорад, ки дар як муддати кӯтоҳ ба минтақаи муосири технологӣ табдил ебад.
Дар ҳақиқат таъсиси “Водии Силикон” дар кишвар ин як ҳадафи шӯҳратпарастест ки равиши ҳамаҷониба ва талошҳои дарозмуддатро талаб мекунад, ва метавонад иқтисоди Тоҷикистонро дигаргун созад ва нақши онро дар бозори ҷаҳонӣ баланд бардорад.
Аммо, барои амалӣ намудани ин ташаббус, пеш аз ҳама иродаи қавии сиёсӣ,аз ҷониби роҳьарияти двлат, равиши ҳамаҷониба ва стратегияи дарозмуддат дар асоси сармоягузорӣ ба маориф, рушди инфрасохтор, фароҳам овардани шароити мусоид барои тиҷорат ва пешбурди Тоҷикистон ҳамчун маркази технологӣ, қадамҳои устувор бо иродаи бечунучаро зарур аст, аз ҷумла,
Қадамҳои асосӣ:
- Сохтани экосистемаи мусоид барои навоварӣ:
Содда кардани тиҷорат: кам кардани бюрократия, кам кардани монеаҳои маъмурӣ барои стартапҳо ва ширкатҳои технологӣ.
Имтиёзҳо ва кафолатҳои андоз: таъмини имтиезҳои назарраси андоз ва дастгирии грантӣ барои лоиҳаҳои инноватсионӣ.
Рушди маблағгузории венчурӣ: Бунед кардани фондҳо ва механизмҳо барои ҷалби сармоягузории венчурӣ ба стартапҳои ояндадор.
- Рушди инфрасохтор:
Интернети баландсуръат: таъмини интернети дастрас ва босифат дар саросари кишвар барои пешбурди рушди рақамӣ.
Паркҳо ва инкубаторҳои технологӣ: Барои дастгирии стартапҳо ва рушди муҳити инноватсионӣ боғҳо ва инкубаторҳои махсуси технологӣ бояд таъсис дода шавад.
Дастрасӣ ба технологияҳои муосир: дастрасӣ ба хидматҳои технологӣ, компютерҳои баландсифат ва дигар технологияҳои заруриро бояд таъмин кард.
- Сармоягузорӣ ба маориф ва сармояи инсонӣ:
Рушди таҳсилоти STEM (science, technology, engineering, math): Тамаркуз ба барномаҳои таҳсилоти босифат дар самтҳои: илм, технология, муҳандисӣ ва математика (STEM).
Барномаҳои такмили ихтисос: Марказҳои такмили ихтисоси кадрҳо, ки ба технологияҳои муосир ва соҳаи IT нигаронида шудаанд, бояд таъсис дода шавад.
Ҷалби коршиносон: Ташкили таҷрибаомӯзӣ ва табодули таҷриба бо мутахассисони пешбари марказҳои технологии ҷаҳонӣ.
- Тамаркуз ба самтҳои мушаххас:
Энергияи барқароршаванда: Истифодаи иқтидори гидроэнергетикӣ барои рушди технологияҳои “сабз” ва ҷалби сармоягузорӣ ба ин соҳа.
Технологияҳои кишоварзӣ (AgTech): таҳия ва татбиқи технология дар соҳаи кишоварзӣ барои баланд бардоштани самаранокӣ ва рақобатпазирии соҳа.
Технологияҳои рақамӣ дар соҳаи маориф ва тандурустӣ: Сармоягузорӣ ба таҳия ва татбиқи нақшаҳои онлайнӣ
- Ҳамкории байналмилалӣ:
Ҷалби сармоягузории хориҷӣ: бо ширкатҳо ва фондҳои байналмилалӣ фаъолона ҳамкорӣ намуда, сармоягузорӣ ва таҷрибаи онҳоро ҷалб намояд.
Иштирок дар барномаҳои байналмилалӣ: Ҳамроҳ шудан ба ассотсиатсияҳои байналмилалӣ ва иштирок дар барномаҳое, ки ба рушди инноватсия ва технология нигаронида шудаанд.
Бо вуҷуди ин, дар назди Тоҷикистон як қатор чолишҳо вобаста ба инфрасохтори рушднашуда, нарасидани кадрҳои баландихтисос ва ноустувории таҳдидҳои сиёсӣ – минтақавӣ ҷой доранд.
Бояд қайд ва дарк намуд, ки табдили кишвар ба маркази муосири технологӣ, таъсиси “Водии Силикон” ин як сухани холӣ нест ин як иқдомест, ки пеш аз ҳама иродаи сиёсӣ, вақт, захираҳо ва саъйю кушиши доимиро талаб мекунад.
Хеле муҳим аст, ки дар ин муддат барои шахсони боистеъдод, сармоягузорон ва соҳибкорон шароити ҷолиб фароҳам оварда шавад, То онҳо дар дар заминаи ин платформа амалӣ намудани идея ва ғояҳои шӯҳратпарастии худро бараъло бубинанд, боварӣ ҳосил намоянд ва дар амал тадбиқ кунанд.
Барои як чунин суҳбати самимии тахассуси аз Шумо ташаккур намуда, умед бар он дорем, ки ин суҳбати самимии Шумо дар рушди иқтисод ва шукуфоии ояндаи кишвар саҳми пурарзиши худро хоҳад гузошт.
Суҳбаторо Ҷумъахон Темурзода