Суҳбати ихтисосӣ бо сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Майнисо Ализода.
Муқаддимаи матлаб
Майнисо Ализода соли 1970 дар деҳаи Тагноби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дида ба ҷаҳони ҳастӣ кушодааст. Баъд аз таҳсилоти миёна бо назардошти идомаи илмомӯзӣ ба факултаи “Филологияи рус”-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳуҷҷат супорид ва ин боргоҳи донишомӯзиро соли 1991 бо сарфарозӣ хатм намуд. Соли 2014 соҳиби дипломи дуюм ва ихтисоси ҳуқуқшиносӣ гардид. Фаъолияти кориаш аз коргузори нотариуси давлатӣ ибтидо гирифта, баъдан дар вазифаҳои сардори шуъбаи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Ҷайҳун (аз соли 2014 то 2021) ва сардори шуъбаи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ (аз соли 2021 то соли 2024) кор кардааст. Акнун чор моҳ боз дар мақоми сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти пурмасъул дорад.
– Дуруд, муаллимаи гиромӣ!
– Дуруд бар шумо!
– Ба Душанбеи азиз, ба шаҳри ирфону маърифат ва қаламрави покию озодагӣ хуш омадед!
– Ташаккури зиёд, шумо ҳам ба Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи ҶТ, ки макони меҳрафзоӣ ва муҳаббати самимонаи инсонӣ ба хотири пайванди дилҳост, хуш омадед!
– Мавзуи суҳбати мо иртибот дорад ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ“. Соли 2024 аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардид. Ин тасмим аз нигоҳи шумо чӣ омили муҳим дар рушди ҷомеаи муосир буда метавонад ва ё ҳадафи асосии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин тадбир чӣ аст?
– Ташаккур! Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли гузаштаашон, аниқтараш 28-уми декабри соли 2023 қайд намуданд, ки дар шароити боз ҳам рушд бахшидани сатҳи рӯзгори аҳолӣ зарур аст, ки донишҳои ҳуқуқии сокинон баланд бардошта шавад. Ин, албатта, ҷиҳати эҳтиромпазирии қонунҳои мавҷуда, риояи бечунучарои қонунҳои конститутсионӣ, баланд бардоштани афкори ҳуқуқии шаҳрвандон ва арҷ гузоштан ба ҳуқуқҳои инсон мусоидати фаъол хоҳад кард. Дар заминаи тадбири навбатии роҳандозинамудаи Пешвои муаззами миллат Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша-чорабиниҳои таъминкунандаи рушди қонунгузориро тарҳрезӣ намуда, дар ҳама ниҳоди зерсохтори Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯйи зиёди чорабиниҳо тарҳрезӣ гардидааст.
Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сохтори муназзамбахши ҳуқуқҳои Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ маҳсуб меёбад, дар бартарият ба ҳама самтҳои асноди шаҳрвандӣ миёни шуъба ва раёсатҳои соҳа низомномаи раванди чорабиниҳои афзояндаи ҳуқуқҳои шаҳрвандиро таҳия ва пешниҳоду дастрас намудааст, ки мутобиқи он суҳбату вохӯриҳои гунонун бевосита бо сокинони маҳаллӣ баргузор карда мешавад.
– Мо низ шоҳид будем, ки Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён бо ҳидоятҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии мамлакат сафар доштанд ва дақиқан дар мавриди “Соли маърифати ҳуқуқӣ“, васеъ кардани донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон, масъалаҳои ҳуқуқии инсон дар рӯзҳои нахустини ба дунё омадан, баҳрабардорӣ аз ҳуқуқҳои мавҷуда, роҳ надодан ба ҳар гуна ифроту зиёдаравӣ ва муҳимтар аз ин ҳама ғуломи қонун будан суханҳои судовар изҳор медоштанд. Ба ниҳоди асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҷиҳати огоҳонидани мардум аз ҳуқуқҳояшон ҳамчун дастури корӣ чӣ масъулият вогузор шудааст?
– Дуруст ишора кардед. Бақайдгирии давлатии Асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз масъулияти асосии мо кормандони соҳа маҳсуб меёбад. Тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аснои суҳбату дидорҳои рӯ ба рӯ бо сокинон атрофи муроҷиати шаҳрвандон дар дастрасии шаҳодатномаи таваллуд то дигар асноди шаҳрвандӣ, донистани ҳуқуқҳои аҳолӣ зарур дониста мешавад, ки дар марҳилаҳои муайянкунандаи қонун ҳуҷҷати шаҳодатномаи таваллуди фарзандонро бетаъхиргузорӣ аз худ намоянд.
Ҳамзамон дар чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ донишҳои ҳуқуқии сокинон дар мавзуъҳои баҳсҳои судӣ миёни зану шавҳар, дастрасӣ ё рӯёнидани алимент, ҳимояи ҳуқуқҳои валодат ва тарбияи фарзанди хурдсол бо усулҳои фаҳмондадиҳӣ баланд бардошта мешавад.
– Доштани маърифати ҳуқуқӣ барои ҳар як инсон чӣ муҳиммият дорад?
– Албатта, воқиф будан аз ҳуқуқҳои худ дар ҳама ҷо метавонад ҷойгаҳи шахсро дақиқ созад ва инсон бо истифода аз маърифати ҳуқуқӣ хеш ва ҳуқуқҳои хешро инобату ҳифз намояд.
– Воқеан ҳам рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ тақозо мекунад, ки сокинонаш маърифати баланди ҳуқуқӣ дошта бошанд. Чӣ бояд кард, ки дар як соли эълон шудани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар пешгирии қонунвайронкуниҳо комгор гардем?
– Дар ин самт фаъолияти назарраси ҳама вазорату кумитаҳо зарур аст, ки бештар бо сокинон дидору вохӯриҳо дошта бошанд ва маҳз атрофи волоияти қонун, риояи ҳатмии қонунҳои амалкунанда, иштироки васеи шаҳрвандон дар баррасии паҳлӯҳои иқдоми навбатии Сарвари давлат фаъол гардонида шаванд. Дар ин сурат сокинон донишҳои мукаммали ҳуқуқӣ гирифта, аз ҳар гуна зиёдаравӣ ва амалҳои хилофи қонун худдорӣ мекунанд.
– Дар ниҳоди Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ доштани маърифати ҳуқуқӣ миёни сокинон чӣ афзалият хоҳад дошт?
– Ба ҳамагон аён аст, ки оила макони амну осоиш ва манбаи тарбияи ҳуқуқии инсон маҳсуб меёбад. Асоси пешрафти ҳар халқу кишвар аз оилаи солим ва тарбияи дурусти фарзандон сарчашма мегирад. Нахустин донишҳои ҳуқуқӣ ба фарзандон дар муҳити оила дода мешаванд ва маҳз ҳамин рисолати оилаҳои тоҷик садоқатмандона иҷро гардида, наслҳои сазовору арзандаи барои халқу ҷомеа муҳиму бонангу ор ба воя мерасанд. Аз ҳамин хотир ниҳоди Асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳамеша бар он мекӯшад, ки дар пойдорӣ ва устувории оилаҳои ҷавон, пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳои навбунёд корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода, рисолати муқаддаси хешро дар ҳифзи хонаводаҳои ҷавон ба сомон расонанд.
– Нақшаҳои шумо дар шаҳру вилоятҳо чӣ тавр амалӣ мешаванд ва аз натоиҷи корҳои анҷомёфта чӣ гуна огаҳӣ меёбед?
– Бо дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама шаҳру ноҳияҳои мамлакат сохтори соҳавӣ вазифадор шудаанд, ки дар “Соли маърифати ҳуқуқӣ” озмуну чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ, ҳуқуқӣ ва тарбиявиро роҳандозӣ намуда, бо истифода аз фурсатҳои муносиби бо мардум будан масъалаҳои донишҳои ҳуқуқӣ, риояи қонунҳои ҷорӣ, татбиқи қонунҳои миллӣ, тарбияи дурусти фарзандон дар роҳи худшиносии миллӣ, ҳифозат аз арзишҳои милливу давлатӣ, таҳсилоти олии духтарон, пешгирӣ аз фарҳанги бегонаи либоспӯшӣ, ҳунарвар тарбият кардани фарзандон ва дигар масоили рӯзгордорӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
– Сипос! Инак андаке назар меафканем ба зиндагии берун аз мақом будани шумо. Якбора ба мансаби баланд омадед, ин ҳисси ғуруру худхоҳиро дар вуҷуди шумо тавлид накард?
– Не, албатта! Фаъолият дар ҳар як мақому вазифа пеш аз ҳама хоксориву фурӯтаниро тақозо мекунад. Чи тавре ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, мо роҳбарон бояд ҳамеша бо мардум бошем. Онҳо набошанд, мо кӣ ҳастем?
– Модари чӣ фарзандони хушбахтед?
– Оилаи хубу меҳрубон дорам ва модари се фарзанди бомаърифату бибии чор набераи хушиқболам.
– Андешаи шумо дар мавриди ҳифзи фарҳанги либос, хоса миёни ҷавонон чӣ гуна аст?
– Либоси миллӣ ҷузъе аз фарҳанги ниёгони мост ва мо насли имрӯз масъулем, ки тарзи либосбабаркунии модару бибиҳои хешро ҳифз кунем ва ба насли ояндаи худ ба мерос бимонем. Қатъан хилофи либоспӯшии бегона ҳастам!
– Ба зиндагии дигарон кор мегиред, яъне ба касе эрод мегиред?
– Дақиқан, на! Дили инсон барои меҳр варзидан ва поку озода дар амри Яздон зистан аст, на барои кинаву бадбиниву хашму хасму эроди касе.
– Сипос, барои як суҳбати самимӣ!
– Ташаккур аз ташрифатон!
Мухбири “ФАРАЖ”