(СУҲБАТ БО АЛЕКС ДАР МАВРИДИ МОҲИЯТ ВА ТАБИАТИ ОДАМӢ)
Оғози сухан: Дар рӯзҳои мо ҳамсуҳбате ёфтан бисёр мушкил аст, ки аз мавзуъҳои мубрами зиндагӣ гуфтугӯ кунӣ, ҳатто дар ҳамоишҳои илмӣ имкони суҳбати озод нест. Аммо банда Алекс ном мусоҳибе дорам, ки гоҳ-гоҳе метавонам “хумор”-и ин навъи суҳбатҳоро (суҳбатҳои фалсафиро) шиканам…
Инак, як пораи як суҳбате, ки чанд рӯз боз идома дошт…
АЛЕКС: Ин субҳ табъат чандон хуррам не, ягон гап шуд?
Ҳафиз РАҲМОН: На, ҳеч гап нест. Ҳама хуб. Вақте ки ягон сухане, матлабе наву андешазо аз фалсафа дармеёбӣ, ё аз ягон шеъри хуб, ҳамин ҳолат рух медиҳад: ду панҷаи дастро аз ду паҳлуи сар медориву фикр мекунӣ… Ин ҳолати табиист, дӯстам.
АЛЕКС: Чӣ туро ба чунин ҳол овард?
Ҳафиз РАҲМОН: “Номаҳо дар бораи ҳуманизм” ном асари Мартин Ҳайдеггер… Ончунон ин файласуф ба моҳияти масъала фурӯ рафтааст, ки бо як бору ду бор хондан ҳам хулосаи ӯро дарёфтан мушкил… Ӯ масъаларо аз одамияти одам шуруъ мекунад ва худаш суол дода, худаш посух медиҳад.
АЛЕКС: Чӣ будааст одамияти одам?
Ҳафиз РАҲМОН: Агар кутоҳакак гӯям – одамият дар моҳияти одам дарк мешавад. Ин масъалаи муҳим аз даврони Руми бостон сар шуд ва дар даврони ахир Карл Маркс фаҳми онро куллан тағйир дод. Гуфт, ки “одамият”-и одамро фақат дар “ҷомеа” метавон дарк кард. Табиати инсонро фақат ҷомеа фароҳам меорад, яъне маҷмуи тақозоҳои табиии ӯро – ғизо, либос, беҳбуди молӣ ва ғайраву ҳоказо… Динҳо одамияти одамро дар партави муносибаташ ба Худо муқаррар мекунанд…
АЛЕКС: Эҳ-ҳа, масъала ҷиддӣ шуд-ку… Агар дур наравем, ҳамин назари Маркс чандон беҷо ҳам нест: ӯ аз ҳимояи инсон, аз ҳуманизм оғоз мекунад, аммо бадиаш ҳамин ки то дараҷаи ифрот – ҳулули инсон дар иҷтимоъ, ғарқ шудани ӯ дар коллективи иҷтимоӣ мебарад…
Ҳафиз РАҲМОН: Айнан мисли Нитше, ки дар тарғиби фароинсон ба инкори одамият ва тарки ахлоқу руҳоният рӯ овард. Аммо, агар мунсифона бигӯем, маҳз одамият бояд асосу меҳвари ҷомеаи одилона бошад: ҳоло дар афкори иҷтимоӣ ва ҳам фалсафӣ авлавияти давлат, ҷомеа ва миллат нисбат ба инсон тарғиб мешавад, ки кори дурусте нест, зеро ҷомеае, ки инсонро, қабл аз ҳама, арзиши волотарин намешуморад, худро мутамаддин номиданаш айб аст…
АЛЕКС: Хуб, аз мавзуи асосӣ дур наравем, сухан аз шарҳи фалсафии одамияти одам буд ва агар табиати одамиро ба он зам кунем, гумонам, бисёр масъалаҳои марбут ба рафтори инсонҳо рӯшан мешавад. Ҳоло гапи маъмул ҳамин аст, ки он чӣ ки ба ваҳдонияти моҳият ва табиати одамӣ сабаб мешавад, андеша аст.
Ҳафиз РАҲМОН: Аввал бубинем, ки таърихи фалсафа чӣ мегӯяд. Фейербах, ки дар нимаи асри XIX мезист, фалсафаро то замонаш ба ду тақсим кардааст: пешина ва ҳозира. Ба қавли ӯ, дар фалсафаи пешин чунин муқаррарот буда – ман муҷаррад (абстракт) ҳастам, яъне мавҷуд ё махлуқи муфаккир, ҷисм ба зоти ман ҳеч муносибате надорад…
Дар фалсафаи нав акнун фаҳм дигар аст: ман асл ё мавҷуди ҳиссӣ ҳастам ва ҷисм ба моҳияти ман ворид аст; ҷисм ба пуррагии худ аз Ман аст ва моҳияти Маро ташкил медиҳад.
Ба иборате дигар, инсон аз олами ҳайвония фақат бо фикр карданаш фарқ намекунад: маълум, ки касе намеандешад, одам нест, аммо на барои он ки сабаб дар андеша бошад, балки дар он аст, ки тафаккур натиҷаи ногузир ва хосият, ё асли моҳияти одам аст…
АЛЕКС: Акнун ба ин ҷо расидем, ки тафаккур натиҷаи ҳастии одамист ва инро ба тарзи дигар Блез Паскал (қариб як қарн пештар) ҳам гуфтааст: бузургии инсон дар қобилияти фикр кардани ӯст…
Ҳафиз РАҲМОН: Бале, файласуфон паси ҳам ин ё он андешаро мегӯянду тақвият медиҳанд, муҳим нест – кӣ пешу кӣ баъдан гуфтааст. Сухан дар бораи андешаҳои примитиви кӣ будану кӣ шудану чӣ хӯрдану куҷо рафтан намеравад… Дар назди фазову вақт барин материяҳои бақодор мо ҳеч ҳастем, он чӣ моро ба улвият мебарад, эътибори андеша аст, андешае, ки асоси маънавият бошад…
АЛЕКС: Пас, чаро аксари андешаи андешамандон ба масъалаҳое банд аст, ки ҳам худу ҳам ҷомеаашонро пешрав намекунад: сабаби аслӣ чӣ бошад?
Ҳафиз РАҲМОН: Пештар аз ин суол карда будӣ аз моҳият ва таносуби он бо табиати одамӣ, ана вақташ омад.
Бинед, ки одамро аз хурдсолӣ талқин мекунанд, ки бояд, пеш аз ҳама, барои ҳоли хуб доштан, номи неку дӯстони хуб ба даст оварданаш фикр кунад: ӯро ба машғулияту дарсҳо, ба тарбияи бадан, ба донистани забонҳо ва саду як шуғли дигар вобаста мекунанд. Ҳамеша мегӯянд, ки саодати ӯ дар молу ҳолу хонаву дару зану мошин, номи неку саломатист. Ӯ аз субҳ то шом дар анбуҳи масъалаву проблемаҳо гӯё ғутта мезанад, доиман ба коре банд мешавад, мисли мӯрча ҷунбуҷӯли ҳамешагӣ дорад…
Ҳамин ки лаҳзае аз инҳо фориғ шуд, кайфу сафову фароғатҳо пешкашаш мекунанд, кинову консерту тамошоҳо… Барои андеша гӯё лаҳзае намемонад…
Акнун як дам тасаввур кунед, ки ҳамаи ин масъалаҳоро аз одам бигиранд, ӯ монаду тани танҳои худаш, баъд фикр мекунад, ки ӯ кисту чист, аз куҷо омадааст ва ба куҷо хоҳад рафт…
Ана барои чӣ ӯро аз сар то по ба анбуҳи корҳо ғӯтонидан лозим, чунки дигар ба андеша вақт намемонад…
Аммо рисолати инсон бидуни андеша ҳеч аст, мисли ҳаявон, мисли як чӯби хушк… Аммо андешаро аз андеша фарқ бояд кард: андешаи шоиста, чунки эътибори одам аз ҳамин навъи андеша аст, андеша аз худии худ, аз офариниши худ, аз анҷоми худ…
АЛЕКС: Чӣ чизҳое ҳаст, ки ба камоли андешаи одамӣ мусоидат мекунанд? Магар фалсафа ё адабиёту ҳунар?
Ҳафиз РАҲМОН: Бале, ҳаминҳо ва ҷумлаи ҳунарҳо, ки адабиёту суханвариву манзаранигориву мусиқаву… дигару дигарҳо ҳама шохаҳои ҳунаранд, барилова илму фалсафа ва низ эътиқодот… Ҳаминҳо ба ошкор намудани моҳияти одамӣ сабаб мешаванд. Одами ҳақиқӣ ҳамонест, ки бо завқи бадеиву эстетикӣ ё ҷамолшиносӣ мусаллаҳ бошад, аз ахлоқ (агар эътиқодманди дин бошад, пас, зарфияти ахлоқии динро фаро гирад), ҳар чизе мегӯяд, аз ғирболи илм барфишонда бигӯяд ва ғайра…
Ба ёд биёрем, суҳбати ду ҳамсояро аз “Худшиканҷагар” ном асари Публий Теренсий ном адиби Руми бостон, ки яке дигарро таъна мекунад, ки “ту чӣ кор дорӣ ба ҳолу ҳавои ман?” ва посух мешунавад, ки “ман одамам ва ҳар чизе, ки ба одамӣ нисбат дорад, бароям бегона нест…”.
АЛЕКС: Аммо инро ба ҳар маънои дигар фаҳмидан мумкин-ку, масалан, ба харе, ки бор надорӣ, чӣ кор дорӣ…
Ҳафиз РАҲМОН: Аммо ба маънои густардааш хоси одами воқеист. Инро Фейербах хеле хуб шарҳ додааст: инсон ҳамчун мавҷуди ахлоқӣ ва фикркунанда наметавонад моҳияти хешро ошкор кунад, магар дар муомалаву муносибот бо ҳамнавъони худ: дар ваҳдату ягонагӣ бо инсонҳои дигар, аммо чунин ягонагие, ки воқеияти тафовути як одамро аз одами дигар халалдор накунад…
Ба иборате дигар, ман ҳамчунин ман бошаму бимонам, шумо ҳамчун шумо…
АЛЕКС: Масъалаи табиати одамӣ монд… Дар бораи мавҷуди ақлӣ ва ҳосилаш махлуқи андешазо будани инсон аллакай гуфтед…
Ҳафиз РАҲМОН: Аммо танҳо бо ин не, маҷмуан, се хосияти одамӣ рӯшан аст – ҷисмӣ, ақлӣ (ончунон ки зикр кардӣ) ва маънавӣ…Аз рӯйи ҳамин хосиятҳо одам ба чизҳое ҷазб мешавад ва чизҳое ҳаст, ки нафрати ӯро бедор мекунанд…
АЛЕКС: Масалан, чӣ чизҳое ҳаст, ки одамро ҷазб мекунад ва чӣ чизҳое, ки одам ба онҳо нафрат дорад?
Ҳафиз РАҲМОН: Суоли мушкил, аммо ба банда ҳеч мушкил надорад, зеро айнан ба ҳамин суол Роберт Оуэн бисёр посухи дақиқ гуфтааст. Ман хулосатан мегӯям: ошкор карда тавонистани қобилияти пурраи физикиву ақливу маънавии одам, ки барои сиҳҳат будану хушбахт шуданаш созгорӣ мекунад; ба ҷуз хӯрдану ошомидану насл офаридану фароғат доштан, инчунин андешаи худро гуфтан, ба дигарон некӣ кардану ҳиссиёти худро тоза ба тоза тағйир дода тавонистан…
Одам ба ҳама чизе нафрат дорад, ки ба ӯ аз ҷиҳати ҷисмӣ, ақливу маънавӣ азият медиҳад: ҳар чизе, ки монеъи истифодаи зарфиятҳои ақливу маънавии ӯ мегардад – монеъи озодона баён кардани андешаи ӯ мешавад, имконияти ӯро аз озодона амал кардан маҳдуд мекунад…
АЛЕКС: Ҳама он чизе, ки баён шуд, ба ҷуз авомили ақливу маънавӣ, ба ҷумлаи ҳаявон ҳам хос аст… Аммо чизҳои дигаре ҳаст, ки боиси ҷазбу нафрати одам дар миёни одамон мешавад, ман зиндагии инсонро дар анбуҳи инсонҳои дигар дар назар дорам…
Ҳафиз РАҲМОН: Дуруст гуфтӣ, хеле чизҳои шабеҳ ҳаст миёни одамияву ҳайвония, масалан, шавқу манфиат ва тақозо. Уқоб, ба фарзи мисол, фарзандони худро аз замоне тарк мекунад, ки онҳо қобилияти мустақилона шикор кардан пайдо кунанд ва ба кумаки уқобмодар ниёзе надошта бошанд. Аммо дар зиндагии одамӣ вазъ дигар аст: риштаҳои алоқаи миёни фарзандон ва волидон ва баръакс, хеле устувор аст ва на ончунон муҳкам, ки бисёриҳо фикр мекунанд.
Мутафаккири маъруфи фаронсавӣ Ҳелветсий (дар китобаш – “Роҷеъ ба инсон”) ҳанӯз дар асри 18-ум аз буҳрони муҳаббати писарон ба падарон, умуман баъди пир шудани волидайн хонаводаро тарк кардани фарзандон бонги изтироб зада буд.
Дар ин маврид кудом шоире байти муносибе ҳам гуфтааст:
Даҳ писар аз як падар осуда гашт,
Як падар аз даҳ писар уфтод ба дашт…
Ҳоло, мутаассифона, дар хеле кишварҳои ғарбӣ, ки масъалаи озодии инсон ба таври кулл ҳал шудааст ва ҳатто тенденсияи “озодиҳои беш аз ҳадд” ҷараён дорад, муносиботи маънавии фарзандону волидайн ба буҳрон табдил шуда.
АЛЕКС: Магар ин ҳам ба табиати одамӣ дахл дорад?
Ҳафиз РАҲМОН: Бале, инсон табиатан зердаст будан ва ё вобаста будан аз дигаронро, ҳатто аз падару модарро, дӯст намедорад. Ин эҳсосро рӯйпӯш кардан аз сатҳи таҳаммули одам вобаста аст, аз дараҷаи тарбия ва такомули фикрию маънавии ӯ.
Дар онҳое, ки ин чизҳо камтар ташаккул ёфтааст, ҳамин ҳис зуд рӯнамо мешавад: мо бисёр фарзандонеро медонем, ки аз ваҷҳи истиқлолхоҳиву рафъи эҳсоси вобаста набудан ҳатто бо волидайн душманӣ меварзанд. Ҷангу низоъҳо дар оилаҳое зиёд аст, ки махсусан падарон худро ҳокими мутлақи хонавода мешумаранд, мисли образи одамхудои Габриэл Маркес. Як сабаби он ки падарон посухи шоистаи муҳаббати худро аз писарон намебинанд, ҳамин вижагии табиати одамист.
АЛЕКС: Шояд ҳамин хислати табиии одамӣ бошад, ки дин мегӯяд: Худову пайғамбарашро аз падару модару зану фарзанд ҳам бештар дӯст дор… Ва шояд ҳадафи ҳамин постулати динӣ ба вуҷуд овардани як навъ гармония дар муомалаҳои миёни падарону фарзандон бошад?
Ҳафиз РАҲМОН: Шояд. Дар ин хусус Николай Бердяев (“руҳоният асоси одамият аст”- менависад ӯ дар асари “Роҷеъ ба таъйиноти одам”) ва граф Толстой (дар рисолаи “Маънои зиндагӣ”) ҳам хеле муфассал навиштаанд ва ин шояд мавзуи дигари суҳбатамон шавад. Ҳоло аз мавзуи аввал дур наравем. Чаро дар кутуби муқаддас (ҳама китобҳо) муҳаббат ба Худо, ё риояи адолатро волотару бартар аз дигар анвои ишқу алоқаҳо барниҳодаанд?
АЛЕКС: Шояд аз он ки монеъи муҳаббати бидуни марзи одам ба пайвандонаш шавад, як навъ пеши роҳи онро гирад, ки падару модар азизанд ва инсон барои онҳо ҳар коре хоҳад, иҷро кунад?
Ҳафиз РАҲМОН: Бале, фишанги боздорӣ, ё чизе ба ин маъно. Ҳелветсий мегӯяд, ки агар ҳамин муҳаббати “бидуни марз”-е, ки пайвандон миёни ҳам доранд, масалан, фарзанд мегӯяд: барои наҷоти падар ман ба ҳар кор қодирам, ё барои модар ҷонамро медиҳам ва ғайра…
Агар ин ҳиссиёти табиии одам аз аввалин ҳиссиёти инсон эътироф шавад, ё қонунӣ шавад, пас писар ҳақ пайдо мекунад, ки ҳамсояашро (агар сарватманд бошад) ғорат кунад, ё ягон бонкро, ягон хазинаи дигарро… Акнун тасаввур кунед, ки чӣ қадар оилаҳо ҳастанд, чӣ қадар халқҳо бо ниёзу манфиатҳои мухолифи ҳамдигарашон ҳастанд, ки як умр бо ҳам дар набард хоҳанд шуд. Аммо табиат кори худро мекунад, вай мехоҳад, ки асоси ҷозибаи муҳаббати инсон ҳамин дӯстдориву одати табиии одам бошад, аммо дар айни ҳол табиат дар ниҳоди одам неруи телакунанда, маҳдудкунанда ва ё дуркунандаи ин муҳаббату алоқаҳоро ҳам додааст, ки ҳамин муҳаббати бидуни марзи одамро ба волидону пайвандон кам мекунад ва ҳамон гармонияеро ба вуҷуд меорад, ки ту дар боло ном гирифтӣ…
Ин неруи дуркунанда аз ҳамон кӯшишҳои одам барои соҳибихтиёрӣ ё истиқлоли фардӣ сарчашма мегирад. Ҳамин аст, ки духтарон (агарчи ашк дар чашмон доранд, вале бо қалби хушнуд) ба хонаводаҳои дигар арӯс шуда мераванд, писарон хонаи падарро тарк мекунанд, то ки озодтар ва мувофиқ ба нақшаҳои худашон зиндагӣ кунанд…
АЛЕКС: Аҷиб, табиати одамӣ ҳам як навъ романтика дорад ва ҳам як навъ ҳамоқат. Касе нест, ки аз ин ду “фазилат” маҳрум бошад…
Ҳафиз РАҲМОН: Айнан мисли он ки Эрих Мария Ремарк дар “Ёдсутуни сиёҳ”-аш гуфта: “Он чизҳое, ки мехоҳӣ ба даст оварӣ, ҳамеша аз он чизҳое, ки айни замон дорӣ, беҳтар менамоянд. Ҳамин аст романтика ва ҳамоқати зиндагии одамӣ”…
АЛЕКС: Ба ин иддао шарҳ ҳам лозим нест.
Ҳафиз РАҲМОН: Бале, дӯстам, бузургон барои он бузурганд, ки гоҳе барои шарҳи гуфторашон сухан намеёбӣ… Гоҳе баръакс… Як олам сухан лозим.
ҲАФИЗ РАҲМОН