Одина Ҳошим, аз фалаксароёни номвар ва Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, умр вафояш мекард, 13-уми июн, 84 сола мешуд. Ӯ аз мардумитарин ҳофизоне буд, ки дар синни ҷавонӣ ном пайдо кард ва дар сар то сари Тоҷикистон овозаш танинандоз шуд. Ба ашъори шоирони классики форсу тоҷик оҳанг мебаст ва ғазалиёт, қасоид ва достонҳои назмии шоиронро бо сабки ба худ хос месуруд. Матнҳои сурудаи ҳофиз вазни баланд ва мазмуни ирфониву инқилобӣ доштанд. Муддати мадиде сипарӣ нашуда, шӯҳрати ӯ дар мамолики форсизабон ва Иттиҳоди Шӯравиро паҳн гашт. Пас аз ин, Одинаи Ҳошим муаррифигари миллати тоҷик дар саросари олам шуд.
Аммо ҳунарманд зиндагонии пуршӯру гудозе пушти сар кард. Раҳматулло Ҳошим, писарбузурги ҳофиз, дар ин мусоҳиба бештар аз дардҳои ин ҳунарманди миллиандешу саршиноси олами мусиқӣ гуфт.
Раҳматулло мегӯяд, падараш дар чаҳорчӯби сензураи ҳукумати Шӯравӣ намегунҷид ва мушкилотеро бар садди роҳаш овард: “Аз баъзе базму маҳофил сурудаҳои ирфониву исломии падарамро сабт мекарданд ва ба Ҳизби комунисту Кумитаи амнияти вақт мефиристоданд. Аз мақомот хеле бисёр даъваташ мекарданд ва мегуфтанд, фалон сурудҳоро нахонед”.
Ӯ аз чандин боздошти Одина Ҳошим ва саргузашти пурдарди ин фалаксарои шаҳир, сафарҳои ҳунарии ӯ аз Париж то ба Теҳрон, таҳлилу андешаву ҳарфҳои ногуфтаи ҳофиз ва аз як дӯст то ду душмани Одина Ҳошим дар ин сӯҳбат гуфт. Дар ибтидо аз ӯ пурсон шудем, ки таърихи таваллуди ҳофиз дар ҳама манобеъ ва расонаҳо соли 1937 зикр ёфта, вале сари марқадаш дар Лучоб 1938 ҳаккокӣ мешавад, чаро?

Хатое, ки гузашт
Раҳматулло Ҳошим: — Падарам дар як чорабинӣ дар Душанбе ҳамаи ҳуҷҷатҳояшро гум кард, аз ҷумла шиносномаашро. Ин соли 1987 буд. Ӯ маҷбур шуд, ки ҳамаи онҳоро аз нав созад. Дар ҳамин вақт соли таваллудашро дар баъзе ҷойҳо 1937 қайд карданд ва ин хато паҳн шуд. Дар асл бошад, рӯзи таваллудаш 13-уми июни соли 1938 аст, дар шиносномааш, дар сари қабраш ҳамин сана дарҷ гардидааст ва мо ҳам бо ин таърихи таваллуд ҳамасола зодрӯзашро ҷашн мегирем.
…арзиши оҳангро надорад!
— Устод Одина Ҳошимро таъсири падар ба сӯи ҳунар овардааст. Аммо ба ҷуз ҳофизӣ боз ба чӣ корҳое даст мезаданд ва дар муҳити хонавода чӣ гуна падаре буданд?
Раҳматулло Ҳошим: — Дар хона бисёр падари сахтгир, вале хеле меҳрубон буд. Лекин фикру хаёли падарам танҳо ба шеъру оҳангу мусиқӣ банд мешуд. Доимо дар ҷустуҷӯи шеъру ғазале буд, ки дар он шоҳбайтҳо нуҳуфта бошанд. Хотираи хеле мустаҳкам дошт, ғазали интихобкардаашро аз чаҳор маротиба беш намехонд ва дар ҳамин байн азбар мекард. Ҳатман онро ба дафтари баёзи худ бо рангҳои гуногун мекӯчонд ва ба зудӣ оҳангаш мебаст. Вале ӯ шеъру ғазали камарзишу пастмазмунро, агарчи сад маротиба бихонад, азбар карда наметавонист.
Бо ин ҳама шӯҳрати доштааш, дар маҳфиле ба ном як шоир аз падарам хоҳиш мекунад, ки ба як шеъри ӯ оҳанг бандад. Ӯ тамоми вожабозиҳои шоири навро хонд, ба азоби зиёд аз чанд китоб як шеърашро ҷудо кард ва оҳанг баст. Лекин ҳеч азёд карда наметавонист. Дигар илоҷе намонд, он шеърро дар варақе сабт кард ва дар саҳна аз рӯи қоғаз сурудро хонд. Ман дар паси саҳна будам ва ин азоби ӯро медидам. Оҳангро то ба охир иҷро кард, дар толор кафкӯбии баланде шуд, вале аз саҳна баромадан замон шеъри дар қоғаз навиштаашро даронид ва ба замин зад.
— Чӣ шуд?, — пурсидам ман.
— Ин шеър нест, ин сафсата аст, — гуфт ӯ, — арзиши оҳангро надорад!, — ва дигар ҳеч гоҳ ҳамон сурудро бозхонӣ накард.

Дардҳое, ки рӯзе интишор мешаванд
— Шумо ҳамеша дар канорашон будед. Чӣ ногуфтаҳое доштанд? Аз муҳит ва вазъи кишвар, санъат, ҳунар, фарҳанг чӣ мегуфтанд? Шикоят мекарданд?
Раҳматулло Ҳошим: — Падарам рӯзгори ғайриинтизореро аз сар гузаронид. Гардиши айём ӯро дар ҷавонӣ пир кард.
Вай ҳангоме, ки 55 сол умр дошт, дар наворҳои ахираш, ки дар “Боғи Фирдавсӣ” сабт шудааст, бубинед, ба мӯйсафедони 70-80-сола монанд буд. Чеҳрааш аз он умре, ки дошт, хеле солмандтар нишонаш медод.
Падари ман, Одина Ҳошим, қалби бузург ва хоси худро дошт. Бо як сухани нек хурсанд мешуд, ҳафтаҳо бар лабонаш табассум медамид. Аммо бо як нигоҳ, танҳо бо нигоҳи нописанде, муддатҳои мадид ғамгин мегашт ва он таъсираш мекард.
Вале аксари суханҳояшро дар саҳнаҳову базмҳову тӯйҳо бепардапӯшона мегуфт. Баъзе дардҳои хосашро дар базму маҳфилу шабнишиниҳо қисса мекард. Пас аз ин, мо дар тӯли 12 соли ахири умраш дар 48 фита (касета) ҳамаи суруд ва баъзе ҳарфҳои дилашро сабт кардем. Ҳамаи суруду суханҳои устод Одина Ҳошим, бо муруди замон, ҳатман ба гӯшҳо хоҳанд расид…

Маъруфияте, ки варо ба мансаб расонид
— Ба ин мавзӯъ бар хоҳем гашт, вале, аз ин пештар, Одина Ҳошимро дар ҷомеа чун ҳофизи халқӣ мешиносанд ва аз сарвари театр буданашон кам огаҳӣ доранд. Чӣ шуда, ки кори сарварӣ дар театр як сӯ мондаву ҳофизӣ ба эшон ном овардааст?
Раҳматулло Ҳошим: — Бале, падар бештар аз 30 сол дар театр фаъолият кардааст ва солҳо дар мақоми сарварии ин даргоҳ буд, вале ӯро садову ҳунари овозхониаш маъруф кард ва танҳо маъруфияташ варо ба ин симмат расонид.
— Аз режисёрӣ дар театри ноҳияи Москва фаъолиятро шурӯъ карданд, ин ҳам дар ҳоле ки Омӯзишгоҳи мусиқиро дар Душанбе хатм мекунанд. Шарҳаш медиҳед?
Раҳматулло Ҳошим: — Ин соли 1959 буд ва пас аз хатми Омӯзишгоҳи мусиқӣ Одина Ҳошими ҷавон, вале маъруфиятдоштаро ба Театри халқии ноҳияи Маскав (имрӯза ноҳияи Ҳамадонӣ) ба кор даъват мекунанд. Барои пурра иҷро намудани нақша (план)-и театри ноҳиявӣ. Падарам ном дошт ва ҳама мехостанд, ки бо ӯ кор кунанд. Одина Ҳошим дар муддати хеле кӯтоҳ дар ин театр ҷавонони боистеъдодеро гирд овард ва муҳити солимеро барои эҷод таъмин сохт. Театрро коргардон обод кард.
Ин масъулиятшиносии падарам ӯро ба Театри драммаи мусиқии шаҳри Кӯлоб расонид, аммо ба маҷбурӣ варо ба сарварии ин боргоҳ таъйин карданд. Худаш намехост. Одина Ҳошим ҳамеша дар сафарҳои ҳунарии дохилу хориҷ буд ва намехост, ки дар як ҷой банд бимонад. Аз соли 1975 то 1981, бештар аз 6 сол, ба ин даргоҳ сарварӣ кард. Борҳо дар ин муддат аризаашро навишта буд, қабулаш накарданд, вале ахиран ин сол исрор варзида, аз сарварии театр даст кашид ва то соли 1991 ба сифати солист дар он ҷой монд.

Вале дар ҳама сурат ба раванди фаъолияти театр таъсиргузор буд ва барои кору ҳамкорӣ бо театри музофотӣ чеҳраҳои ҳунарӣ ва истеъдодҳои ҷавонро ҷамъ меовард. Вақте ба вазифаи сарварии Театри Кӯлоб омада буд, ин ҷой 50 коргар дошт, танҳо соле, ки аз сарварии театр мерафт, беш аз 120 ҷавонони боистеъдодро ҷамъ оварда буд ва муҳити солими эҷодиро таъмин мекард.
— Аз дунёи овозхонӣ ба ҳунару театр қаробат пайдо кардан ва беш аз 30 сол дар ин самт фаъолият кардани Одина Ҳошимро чӣ гуна фаҳмем?
Раҳматулло Ҳошим: — Ҳама корҳои эҷодӣ ба ҳамдигар наздикӣ доранд ва як фазои созгорро талаб мекунанд, ки дар он эҷодкор озод фаъолият карда тавонад. Ин корро Одина Ҳошим карда метавонист. Ӯ дар муҳити эҷодӣ ба камол расид, дунёи мусиқиро омӯхт, филолог ҳам буд, аз ин рӯ, мушкиле барои дар театр кор кардан надошт.
— Яъне, фикр мекунед, овозхонӣ ва фаъолияти театр ба ҳамдигар қувват мебахшиданд?
Раҳматулло Ҳошим: — Албатта, як роҳ барои эҷодкор муҳим аст ва ӯро ба қуллаи муродаш мерасонад. Падарам инро хеле хуб медонист ва ҳеч гоҳ намехост, ки дар ҷое банд бимонад. Аз ин рӯ, роҳи Фалакро пеш гириф ва то бар фалак овозаш расид.
— Дар зимн, чаро бо ин қадар шӯҳратёрӣ дар тӯли се даҳсола аз Театри Кӯлоб ба дигар мақом нарафтанд?
Раҳматулло Ҳошим: — Одина Ҳошим марди ҳунарвар буд ва ҳунару эҷод ҳамеша бар муқобили мансабу курсӣ меистод. Ману падар ҳамеша дар сафари ҳунарӣ будем: имрӯз дар Душанбе, як ҳафта дар Кӯлоб, як моҳ дар кӯҳистони Бадахшону ноҳияҳои гуногуни водии Зарафшон. Пас аз ин, то 6 моҳ дар сафари мамолики Шӯравӣ, Шарқ ва Ғарб. Аз ин рӯ, дигар ба мансабе ниёз ҳам надошту қатл кардани ҳунарашро ҳам намехост.

Истиқболи Одина Ҳошим
— Воқеан, аз сафарҳоятон бо устод имрӯз чиро ба ёд меоваред?
Раҳматулло Ҳошим: — Падарамро дар тамоми минтақаи Тоҷикистон гарм истиқбол мекарданд. Ёд дорам, вақте ба ноҳияи Куйбишев, имрӯза ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сафар доштем, истиқболи сокинони он ҷой падарамро дар ҳайрат гузошта буд: бештар аз 200 метр дар ду ҷониби роҳ аҳолӣ бо гулу гулдаста барои пешвозӣ Одина Ҳошим баромада буданд ва чӣ шӯру шавқе доштанд. Бидуни ист кафкӯбӣ мекарданду нидои хушҳолӣ мебароварданд. Дар роҳрав бошад, ҳатто атласи зебое ниҳода буданд. Падар аз ин самимият хеле хушҳол гардида буд ва барои ин иззати додааш ҳар замон шукри Худовандро мегуфт. Ҳамин лаҳза ба чеҳраи ӯ менигаристам: ин ҳама шодиро бо оби дида истиқбол мекард ва ашконаш шашқатор мерехтанд.
Ба ин хеле монанад, дар сафари шаҳри Панҷакент падарам ба тааҷҷуб афтода буд: маъмулан, дар водии Зарафшон ва шимоли Тоҷикистон ба шашмақом майлу рағбат доранд ва бештар ин навъи мусиқиро гӯш меандозанд.
Дар сафари аввалини падар аҳолии Панҷакент чӣ гуна истиқболи гарме доштанд, сурудҳои ӯро ҳамовоз шуда месароиданд, баробари ӯ мегиристанд, механдиданд, фарёд мебароварданд. Ӯ ин ҳама рӯҳияву пазироиро дида, рӯи курсӣ нишасту гиряи шодиёнае кард ва гуфт, “кош даҳсолаҳо пеш ба ин ҷой меомадам”.
Дар ҳар сафари Бадахшон то 20 шабонарӯз, бемуҳобо, ҳатто дар як рӯз ду маротиба базм меорост: рӯзона 2 соат ва шабона гоҳо 3 то 4 соати дигар. Ин мардум хеле нуктасанҷ ва маънифаҳм буданд ва падарам инро дӯст медошт.
Пазироии Париж
— Аз саҳнаҳои бузурги ҷаҳонӣ чӣ дар хотиратон нақш бастааст, аз сафарҳои бурунмарзӣ?
Раҳматулло Ҳошим: — Дар Париж ману падарам се консерт додем. Ҳамаи форсизабонони ин шаҳр ҷамъ омада буданд ва толор моломоли мухлисонаш буд. Падари ман дар дасташ танҳо як дутор дошт ва ман бошам, як таблаки танҳо. Ҳар се консерт, бубинед, танҳо бо ду асбоб, яку ним соатӣ давом кард ва Одина Ҳошим бидуни танаффус аз ашъори Ҳофизу Бедилу Сайидо суруд мехонду аз толор мухлисонаш гоҳо сукут ихтиёр мекарданд ва гоҳи дигар ҳамнаво шудаву замзамаҳо доштанд. Ин ҳол ӯро ором намегузошт ва ба шавқи эҷодӣ расонида буд.

Тафсилоти ду сафари Эрон
— Устод аз нахустин ҳофизони тоҷике буданд, ки дар замони ҳокимияти Шӯравӣ ба Эрон сафари ҳунарӣ доштанд. Ин дар ҳини сардии муносибатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ бо кишвари Эрон ба он кас чӣ тарз муяссар гашт ва чӣ гуна сипарӣ шуд?
Раҳматулло Ҳошим: — Падарам дар солҳои 1970-1973, се сол пайи ҳам, аз ҷониби худи иттиҳод ба 16 кишварҳои арабӣ, Яман, Ироқ, Миср, Қувайт, Ҳиндустон, Афғонистон, Покистон, Туркия, Фаронса ва соири дигар мамолики олам сафари ҳунарӣ дошт. Аз ҷумла, дар ҳамин сафарҳои расмӣ бо ансамбили ҳунарии шаҳри Масква ба Эрон рафта буд.
Бале, муносибатҳои дуҷонибаи ҳукуматҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва Эрон сард буд ва ҳангоми ворид шудани ҳунармандони иттиҳод ба Теҳрон аз онҳо барномаи консертӣ талаб мекунанд. Ин каме ҳам бошад, ба ҳунармандони маъруфи иттиҳодия бад мерасад, вале ба ҳар гузинае барномаро пешниҳод мекунанд.
Дар ростои номи падари ман намояндаи Эрон кадом шеъри Ҳофизро мебинад ва аз ӯ мепурсад:
— Шумо ин шеъри Ҳофизро балад ҳастед?
— Чӣ гуна балад ҳастам?!, — ғазаболуд мешавад падарам, — “Қуллиёт”-и Ҳофизро ман азбар медонам, ӯ шоири миллатам аст!
Ин сухани ӯ то ба гӯши сарвари вақти Эрон Ризошоҳи Паҳлавӣ мерасад, ки “марде аз Шӯравӣ омадааст ва сурудҳои Ҳофизро ин бегоҳ месарояд”.
— Соати 20:10-дақиқаи шомгоҳон навбати иҷрои ман мерасид, ки ба саҳна баромадам, — мегуфтанд падарам, — дар ҳамин баробар Ризошоҳи Паҳлавӣ вориди толор шуд. Ман чанд суруди Ҳофизро сурудам, ӯ ба диққат гӯш дод ва бисёр писандаш омад. Мо аз рӯи нақша мебоист танҳо 15 рӯз дар Эрон мебудем ва бо ҳамин ҷамъбаст кардаву мерафтем. Аммо Ризошоҳ ҳар бегоҳӣ барои шунидани сурудҳои Ҳофиз меомад ва моро бозмедошт. Аз ин лиҳоз, ҳамаи ансамбли ҳунарии шаҳри Масква 3 моҳи пурра дар Эрон таваққуф карданд ва ба ин васила ба гӯшаву канори ин кишвар сафарҳо доштанд.

— Шумо низ дар як сафари Эрон устод Одина Ҳошимро ҳамраҳӣ мекардед. Ин сафар бо чӣ анҷомид ва дар кул ягон мушкилеро дар пай дошт ва ё на?
Раҳматулло Ҳошим: — Не, он сафари солҳои 70-ум аз ҷониби ҳукумати вақти Шӯравӣ ба тариқи расмӣ гузашта буд, баъдан мо пас аз истиқлоли Тоҷикистон ва муносибатҳои нав шаклмегирифтаи ҷонибайн дар соли 1991 ба Эрон рафта будем.
Бурди падари ман ин буд, ки бисёр рамузфаҳм буд ва медонист, ки дар куҷо – чӣ бихонад ва дар куҷои дигар – худдорӣ кунад ва истиҳола варзад. Дар шаби аввали ин сафари Эрон дар соли 1991 дар толори “Рӯдакӣ” аҳли зиёи эронзамин ба тамошои консерт омаданд ва устод сурудҳои пурвазну маъниро аз Ҳофизу Бедилу Сайидо мехонд. Шаби баъдӣ дар толори “Озодӣ” консерти дигаре мебоист, ки гузарад, падар ба аҳли толор нигарист, ҳама мардуми оддиянд ва дар гумон аст, ки паёми сурудаҳои ӯро дарк кунанду бифаҳманд. Аз рӯи барномаи мо ин гуна тарҳрезӣ набуд, вале ба ман як ишора карду ба сурудан даромад:
Рӯзе, ки бар забонам номи Муҳаммад омад,
Оҳ аз ҷигар кашидам, дуд аз даҳон баромад…
Ин сурудро устод мехонду тамоми аҳли толор мегирист. Оҳанг ба анҷом расид, падарам исте кард, ҳама хомӯш шуданд, сукут лангар андохт. Баъди як фурсате аҳли толор ба по хестанд ва кафкӯбиву офаринхонӣ мекарданд.
Пас аз ин эрониён дархости дигарбора сароидани ин қиссаро карданд, вале падар “Қиёмат дар замини Карбало шуд”, ки ҳодисаи марги ҳазрати Ҳусайнро баён мекард, ба замзама даровард. Ин ба эҳсоси кулли шунавандагон расид ва ҳамаро ба шӯру шавқ оварду ба пой хестанд. Гиряҳову доду фиғонашон ба само баромад ва фазои аҷиберо ба вуҷуд овард. Он шаб, ёдам ҳаст, эрониён то зонуи падарам гул чиданд ва таҳсину офаринҳо мехонданд.
Ин ҳама бо чанд камера ба навор гирифта мешуд, вале онро ба мо надоданд. Аз ин саҳна чанд дақиқаро мо дастрас кардем, вале сабти комилашро онҳо 60 ҳазор доллар нархгузорӣ карданд.
Аз таҳлил то нигаронӣ
— Хондан ва ба дарки мазмуни шеъру ғазалиёти Ҳофизу Саъдӣ, Камолу Ҳилолӣ, Сайидову Бедил, Мавлавӣ ва Соиби Табрезӣ расидан ва ба шунаванда расонидан кори саҳле нест. Устод аз ин бора чӣ меандешиданд?
Раҳматулло Ҳошим: — Аз ин нигоҳ хеле андеша мекард ва ҳамеша мехост, ки шунавандааш паёми сурудаҳояшро гирифта бошад. Ҳама сурудҳоро пеш ва ё пас аз иҷрояш ҳатман шарҳ медод ва мегуфт, ки ин матн чӣ маъниву чӣ паёме дорад.
Аз нигоҳи дигар, падарам бо Мирзо Бурҳон ва Сомеъ Одиназода, ки таҳсилоти мадрасаҳои Бухороро гирифта буданд, ҳама гуна шеъру ғазалро рӯзҳои панҷшанбе ба таҳлил мекашиданд ва дар байни худ хулосаҳое мабароварданд. Аз ояндаи миллат хеле нигарон буданд.
— Устод дар баробари ашъори Турсунзода, Раҳимзода, Муъмин Қаноат ва Лоиқу Бозору Гулрухсор, аз эҷодиёти шоирони форсизабон дар Эрону Афғонистон низ чандин сурудҳое сурудаанд. Дар миёни онҳо чӣ пайвандие дарёфта бошанд?
Раҳматулло Ҳошим: — Бале, устод аз ашъори шоирони муосири ду кишвари ҳамҷавору ҳамкешу ҳамзабон сурудаҳо зиёд дорад. Бисёр мехост, ин се кишвар бо ҳам бародар бошанду баъзе монеаҳои гузоштаи Шӯравиро яксӯ кунанд ва даст ба даст бидиҳанд. Инро ҳаргиз фаромӯш набояд кард, ки таъриху адабиёти мо яксону якрешаанд ва ҳеч чизеро сарфи назар карда намешавад.
— Одина Ҳошим сурудҳои шӯху рақсӣ кам насароидаанд, вале бо гузашти вақт ҳузну ғамгинӣ дар маънои сурудаҳои эшон бештар мушоҳида мешавад… Ин таъсири умр бошад ва ё айём?
Раҳматулло Ҳошим:
-Ин таъсири замон ва ҳолати равонии Одина Ҳошим аст. Ҳар он чизе ки мехонд, ба ҳолати рӯҳонии ӯ вобастагӣ дошт ва қиссаи ҳаёти ӯро мекард.
Ҳунарманде, ки сензуранописанд буд
— Боз ҳам Одина Ҳошим матнҳоеро дар таронаҳои худ интихоб кардаанд, ки мазмуни баланди ахлоқиву ирфонӣ дорад. Ин дар чаҳорчӯби сензураи замони Шӯравӣ меғунҷид ва ё гуфтумоне ҳам ин ҷо буд?
Раҳматулло Ҳошим: — Албатта, дар чаҳорчӯби сензураи Шӯравӣ намеғунҷид ва мушкилотеро бар садди роҳаш оварда буд.
Аз баъзе базму маҳофил сурудаҳои ирфониву исломии падарамро сабт мекарданд ва ба Ҳизби комунисту Кумитаи амнияти вақт мефиристоданд. Аз мақомот хеле бисёр даъваташ мекарданд ва мегуфтанд, фалон сурудҳоро нахонед. Вале ӯ гӯш намекард ва ҳар он чӣ ки дилаш мехост, месароид. Ба чаҳорчӯбаи замон ҳеч ворид нашуд ва болобудаҳо ҳам мавқеи Одина Ҳошимро медонистанд ва аз меъёри худашон зиёда намегузаштанд.
— Кадом сурудҳои оҳангбастаи устод боиси даъваташон ба ин ниҳодҳо шуда буд? Ҳамчунин, ҳамеша як истеъдодеро як пуштибоне буд, вале дар чунин ҳолатҳо такягоҳи Одина Ҳошим чӣ касоне буданд?
Раҳматулло Ҳошим: — Ӯ бисёр қисса медонист ва дар фурсатҳои муносиб ва макону замонаш онҳоро месароид. Вале нафароне буданд, ки “қарзи шаҳрвандиашонро иҷро мекарданд”. Сурудаҳои “Хоб дидани Муҳаммад-Паёмбар”, “Дашти Карбало”, “Калаи пӯсида”, “Сангтарош”, “Ғарибӣ”, “Гӯштингирии Паёмбар”, “Вафоти Бибӣ-Фотима” ва даҳҳои дигарро сабт намудаву бар муқобили Одина Ҳошим иғвоҳое бардошта буданд.
Вале устод ҳамеша ба Худованд умед дошт ва ба ҳеч касе дасти ниёз дароз намекард. Ин одатро надошт. Дар кул бузургоне чун Турсунзода, Раҳимзода, Латифӣ, Осимӣ ва Аҳмад Бобоқулов буданд, ки ҳамеша ба сӯи падарам меомаданд ва пуштибонии ӯро мекарданд.

“Ӯро аз ин ҷойҳо бубар…”
— Ба дигар сурудҳо чӣ? Одина Ҳошим ба шеъри “Ё ҳар ду”-и устод Лоҳутӣ ҳам оҳанг баставу сурудаанд. Ин кор дар замони худсензурии Шӯравӣ мушкилеро пеш наоварда буд?
Раҳматулло Ҳошим: — Чунин моҷароҳое буд…
Суруди “Ё ҳар ду”-и устод Лоҳутиро дар як чорабиние хонда буданд ва хеле зуд хабараш ба боло расид. Аз мақомот омада, устодро бо худ бурданд. Онҳо гуфтаанд, “Одина Ҳошим фалак месарояд ва фалак ҳам мазҳабӣ аст, боз бар ин илова, ду шеъри Лоҳутӣ — “Ё ҳар ду” ва “Зиндагӣ охир сарояд”-ро дар байни ҷомеа месарояд. Ин мард чӣ мехоҳад?”. Ба ин қазия устод Отахон Латифӣ ва Аҳмад Бобоқулов дахолат карданд ва падарам озод гардид.
Бори дигар ӯ дар Беморхонаи рақами 4 дар пойтахт бистарӣ буд. Рӯзе нафаре ба ман занг зад ва гуфт:
— Лаҳзае пеш нафароне омаданду устодро ба Беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ интиқол доданд…
Баъзе нафарон инро барқасдона карданд. Дар фурсати хеле кам ин хабар паҳн шуд. Устод Аҳмад Бобоқулов огаҳ шуданд ва аз ин кор хеле асабонӣ гардиданд.
Бо ҳам ба ҳамон беморхона рафтем. Дари оҳанине дошт он ҷо. Устод бо мушт ба дар мезаданд, бо ғазаби зиёд ҳамаро яксӯ мекарданд. Падарамро ёфтанд. Аз беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ бароварданд, ба мошин савор карданд ва гуфтанд: ӯро аз ин ҷойҳо бубар…
Вале ин ҳодиса хеле вахим гузашт ва ба рӯҳияи устод таъсири манфие расонида буд.
— Сурудҳое ба мисли “Куҳандиёро” ва ё “Гардиши айём” ба рӯҳияи устод чӣ вобастагие дошт?
Раҳматулло Ҳошим: — Аз гузариши зиндагонии падарам ба оҳанг даромадаанд…
— Бо даргузашти устодон Мирзо Турсунзода, Муҳаммадҷон Воҳид ва Фазлиддин Муҳаммадиев — Одина Ҳошим чанд марсия сурудаанд. Аз гузашти рӯзгори худ чӣ гуна ёд мекарданд ва аз фардо нигароние доштанд?
Раҳматулло Ҳошим: — Аз даргузашти истеъдодҳо нигаронии амиқ доштанд. Ин нафарон дар баробари истеъдод будан, боз истеъдодпарвар буданд. Марги истеъдод ва истеъдодпарварон барои падарам марги миллат буд ва марсияҳое бар сӯги онон месурурданд. Ин ҳама аз қалби падарам бурун омада буд.

Аз як дӯст то ду душмани Одина Ҳошим
— Вале… дар тӯли умри устод борҳо овоза мешавад, ки “Одинаи Ҳошим даргузашт”. Инро Шумову устод мешунидед, чӣ гуна қабул мекардед ва паҳнкунандаи он ба шумо маълум буд?
Раҳматулло Ҳошим: — Ҳар нафаре, ки дар ҷомеа ному мавқеъ меёбад, як дӯст, вале ду душман пайдо мекунад. Ин гуна хабарҳо борҳо паҳн шуда буданд. Дардовар он аст, ки аз ҷониби баъзе дӯстон буд. Мо ҳамаро ба Худованд супоридем.
Ҷанги шаҳрвандӣ: миллатро ба нестӣ мебарад!
— Устод пеш аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ аз тариқи телевизион паёми “ин ҳама мухолифат ба муноқиша мебарад” — ро ҳам дода будаанд. Эшон кашокашҳову сангарбапокуниҳои оғози солҳои 90-умро чӣ гуна таҳаммул мекарданд?
Раҳматулло Ҳошим:
— Падарам хеле дурбин буд. Дар солҳои 88-ум мегуфт, Иттиҳоди Шӯравӣ пош мехӯрад. Ин чиз шуд. Пас аз ин, дар ибтидои солҳои 90-ум гуфт, ин майдонгириҳо ба ҷанг мебарад. Ин ҳам шуд. Баъдан гуфт, дар ду даҳсолаи меомада одамони беномусу бенанг ба воя мерасанд, ки холӣ аз маърифатанд ва зарари инро ҳам насли шумо хаҳед кашид. Инро ҳам то ҷое мо дидем.
Аз ин бозиҳои рӯзгор бисёр нигарон буд. Ҳеч намехост, ки як тоҷик ба сӯи як ҳамватани худаш бо нигоҳи гирифта назар кунад. Аммо мегуфт, ин сангаргириҳо миллатро ба нестӣ мебарад ва тору пудашро мебезонад.
Фарҷоми ҷигарсӯз
— Вале дар ҳамин айёми ҷанг, соли 1993, аз ноҳияи Москва (ҳоло Ҳамадонӣ) ба Душанбе кӯч бастанд. Чаро, ин ҷо чӣ ҳодисае рӯй дода буд?
Раҳматулло Ҳошим: — Ду ҳодиса рӯй дода буд: соли 1992, замоне, ки мо аз Душанбе ҷониби Ҳамадонӣ равон будем, дар Кӯлоб Тоҳир ном нафаре аз Фронти халқӣ мошини моро боздошт ва 12 соат бозпурсӣ кард. Падари ман дар Душанбе дар беморхона буд, вале ӯ бо дӯғу пӯписа мегуфт “мо дар ин ҷо гуруснаву шумо дар Душанбе базм меороед?!”. Гӯиё ӯ ин ҳодисотро мехоста бошад ва аз дарди миллат ранҷ намекашида. Аз ин ҷо бо дахолати нафаре, ки аслан намешинохтем, озод шудем.
Вале боз пас аз ин дар Ҳамадонӣ баъзе нохалафон ба муқобили падарам баромаданд ва оинаи мошинро шикастанд. Ин рӯзҳо ҳам гузаштанд, вале ба рӯҳияи устод бисёр таъсир карда буд. Ду моҳ пас аз гузашти ин ҳодиса, дар моҳи январи соли 1993, падарам бо Ҳамза ном рафиқаш ба Душанбе омад ва дигар барнагашт. Ман аз пасаш омадам ва гуфтам:
— Падар, чӣ кунем, хона намеойӣ?
— На, — гуфт ӯ, — дигар дар Душанбе мемонем, ба ин ҷо меоем…
Ин хеле сахт буд. Мо 28-уми августи соли 1993 аз Душабе хона гирифтем ва пурра кӯч бастем. Дигар падарам ба Ҳамадонӣ нарафт…

— Одина Ҳошим, ин марди дардошно, чӣ гуна аз дунё реҳлат кард?
Раҳматулло Ҳошим: — Танҳо се моҳ дар Душанбе, дар хонаи нав умр ба сар бурд. Рӯзи 16-уми ноябр ҳама дар хона нишаста будем, сӯҳбат доштем, ӯ ҳам хеле хуб ба назар мерасид. Як ҳангом гуфт, “аз дастам бигир, ки мазаам гурехт”. Падарамро бардошта рӯйи кат хобонидам, лаҳзае пас ӯ аз ҳуш рафт. Ба беморхонаи маъруф ба номи “1-ум Советский” бурдам, аммо дер шуда буд… Ӯро дарди миллат кушт…
Мусоҳиб:
Меҳрофарин НАҶИБӢ