Раҳматулло Ҳошимов, сарояндаи хушноми Фалак ва аз ҳунармандони машҳури кишвар мебошад. Ӯ дар оилаи фалаксарои номвари тоҷик ва аз поягузорони ин жанри мусиқӣ дар Тоҷикистон Одина Ҳошим таваллуд шудаву ба камол расидааст. Мо Раҳматулло Ҳошимовро дар ҳоле дарёфтем, ки барои ҷашнгирии Рӯзи Фалак тамрин мекард. Ин ҳунарманд қиссаи дирӯзу имрӯзи зиндагияшро бахшида ба Рӯзи Фалак ба “Фараж” ҳикоят кард.

“ФАЛАКХОНӢ БАРОИ МО МЕРОСӢ АСТ”

Фалак аз навъи сурудҳои қадимаи мардуми тоҷик буда, маънои гуногунро ифода мекунад. Розу ниёз ва ҳолатҳои равонии худро метавон бо ин навъи мусиқӣ бароварда сохт. Аслан, ин жанри мусиқӣ дар водиҳои Кӯлоб, Бадахшон, Қаротегин ва дар як қисми Зарафшону Ҳисор маъмул ҳаст. Вале хондани Фалак дар ҳар яке аз ин минтақаҳо бо сабку услуби ба худ хос сароида мешавад.

Раҳматулло Ҳошимов солҳои зиёд аст, ки дар жанри фалак суруд мехонад ва дар ин жанри мусиқии мардумӣ ба дараҷаи устодӣ расидааст. Ӯ аз солҳои 80-уми асри гузашта дар майдони санъат ва ҳунари тоҷик аст.

Мавсуф аз ин ифтихор менамояд, ки дар оилаи Ҳунарманди халқии СССР – Одина Ҳошим ба камол расидааст ва имрӯз роҳи падар ва бобояшро идома медиҳад.

“Аслан, меҳри санъатро падарам дар дилам бедор сохт. Бобоям – Ҳошими Қосим низ фалаксароӣ мекард ва аз сарояндагони номвари ин жанри мусиқии суннатӣ дар водии Кӯлоб буд. Агар гӯем, барои мо пешаи сурудхонӣ меросӣ ё авлодист, хато намекунем. Маҳз, ҳунари воло ва садои дилнишини қиблагоҳам маро ба майдони ҳунар ворид намуд”, – мегӯяд Раҳматулло Ҳошимов.

АЗ ҲАВАС ТО МУРОД

Раҳматулло Ҳошимов аз кӯдакӣ ҳамроҳи падар буд. Одина Ҳошим низ шавқ ва меҳри фарзандашро ба ҳунари мусиқӣ дида, ӯро ҳамвора ҳамроҳаш мегирифт ва ба базмҳои хурду бузург мебурд.

Ин ҳунарманд кӯдакии худро ба ёд оварда мегӯяд: “гоҳе давраи ширини кӯдакӣ пеши назарам меояд. Аз ҳамон ҳолатҳо гӯё бозичаҳои ман маҳз асбобҳои мусиқӣ – думбураю доира буданд. Чун падарам онҳоро истифода мебурд, албатта маро ҳайрон мекард. Калонтар шудам, баъдан ҳунари қиблагоҳамро сарфаҳм рафта, аз дунёи мусиқӣ огоҳӣ ёфтам”.

“Ба майдони ҳунар ҳамчун навозанда ворид шудам. Ҳамроҳи падарам ба базмҳои ҳамсояҳову ҳамдеҳаҳо рафта, шодишарикашон мешудем. Баъзан, суруд низ мехондам, вале дар ин давра бештар ба падари бузургворам тақлид менамудам. Аввалин сурудаҳоямро нағз дар ёд дорам, ки аз эҷодиёти падарам буданд”, – мегӯяд ӯ.

Раҳматулло Ҳошимов аз нахустин интихобҳои эҷодонаи худ ёдоварӣ намуда, тазаккур медиҳад, ки “бо гузашти вақт, кӯшиш намудам, ки худам шеър интихоб кунам, оҳанг бандам ва мустақилона суруд хонам”.

Ин жанри мусиқиро бо овози баланд ва форам бояд сароид. Раҳматулло Ҳошимов мегӯяд, ки ба шахси фалакхону фалаксаро маҳз овози баланду боқувват лозим аст: “нафаре аз ӯҳдаи фалакхонӣ мебарояд, ки садои қавӣ ва дилнишин дошта бошад. Талаботи аслии ин жанри мусиқӣ ҳамин аст”.

ФАЛАКЕ, КИ АЗ ДАРДУ РАНҶИ РӮЗГОР МЕГУФТ

Ин овозхони хушном ёдоварӣ мекунад, ки Одона Ҳошим дар даштҳои зодгоҳаш ва кӯҳҳои Дашти Ҷум танҳо бо як думбура ба сароиши Фалак машғул мешуд ва овози ин фалаксаро ба тамоми гӯшҳои хобу бедори атрофу акноф мерасид. Ӯ меафзояд, ки Фалак дар манотиқи кӯҳистонӣ пайдо шуд ва ба воситаи ин мусиқӣ мардуми бумӣ нолаву дарду ранҷи рӯзгорро месуруданд.

“Падарам мардуми деҳро ба гирдаш ҷамъ меовард ва соатҳо фалаксароӣ менамуд. Дар даштҳои фасеҳу ҳосилхези Дашти Ҷум мебаромаду бо тамоми овозаш ғазалҳои орифонаи шоирони классикро месароид. Овози ӯ тамоми атрофу акнофро фаро мегирифт ва ҳама дардҳои дили ранҷидаи худро аз байни сурудаҳои Одина Ҳошим мекофтанду меёфтанд”, – ба хотир овард Раҳматулло.

Мавсуф аз ин сурудаи Одина Ҳошим ёдоварӣ намуд, ки дар даштҳои зодгоҳаш бо садои зиндаву тоза сабт гардидааст:

Шунидам, ки сайёд дар марғзор,

Бурун рафт рӯзе ба азми шикор…

Одина Ҳошим бо ин мусиқии суннатӣ замоне тамоми Тоҷикистон ва Иттиҳоди Шӯравиро тасхир мекард ва Фалаки тоҷикро ба гӯши оламиён мерасонид.

ФАЛАК МАРДУМИ ХОРИҶАРО ҲАЙРОН МЕСОЗАД

Раҳматулло Ҳошимов аз саҳнаҳои хориҷ аз кишвар ёд оварда, мегӯяд, ки сурудҳои халқӣ ё суннатии мо барои мардуми кишвари дигар низ ҷолиб аст.

“Ба яке аз шаҳрҳои Олмон сафари ҳунарӣ доштем. Саҳнаи калоне барои мо омода намуда, мардуми зиёде низ ба тамошо ҳозир буданд. Ҳар вақте, ки мо суруд мехондем ва дар авҷи баланди фалак месароидем, тамошобинони зиёди толор ба рақс медаромаданд, хурсандӣ мекарданд. Ҳарчанд онҳо маънои сурудро намедонанд, вале оҳанги баланди ин мусиқӣ онҳоро ҳайрон месохт. Ҳамин чиз ба мо рӯҳия мебахшид, то касбамонро бештар дӯст дорему ба он дил бандем”, – ба шавқ нақл мекунад ӯ.

Ӯ ҳамин тавр мегӯяд, ки “дар кишварҳои ҳамзабони мо – Эрон ва Афғонистон ин дигаргуна аст. Онҳо гӯш мекунанд, мефаҳманд ва бо мо ҳамовозӣ низ мекунанд. Чун Фалаки мо аз осори паҳновари шоирони шӯҳратдори форсу тоҷик замина мегирад ва ғазалиёти бузургони адабро фарогир аст.

Раҳматулло Ҳошимов таъкид медорад, ки Фалакро дар маҳдудаи рубоиву дубайтӣ нигоҳ доштан хатост ва имрӯз он ба таври назаррас инкишоф ёфтааст.

МАКТАБИ УСТОДУ ШОГИРДӢ

Писарони Раҳматулло Ҳошимов ҳам ба бобою падарашон пайравӣ кардаанд. Ҳоло фарзандони ин ҳунарманд – Фирӯз навозандагӣ ва Фирдавс фалакхонӣ мекунанд.

Раҳматулло Ҳошимов мегӯяд, “падарам доимо панд медоданд, ки касби пешакардаатро хуб омӯз. Муваффақият аз заҳмату талошҳои паёпай ҳосил мешавад. То ҳол ин пандҳои қиблагоҳам дар гӯшам садо медиҳад. Ва ман низ ин насиҳатҳоро ба фарзандони худ, ки роҳи ҳунарро пеша кардаанд, мерасонам”.

Фирдавс, писари Раҳматулло Ҳошимов вобаста ба ҳунари авлодияшон меафзояд: “Ҳунари фалаксароӣ аз бобою бобокалони мо ба мо мерос монда аст. Имрӯз аз Одина Ҳошим ба некӣ ёд мешавад. Мо ҳам ба гузаштагони худ пайравӣ мекунем. Мехонем, месароем, то аз мо низ заррае ҳам бошад, чизе боқӣ монад.

ЯК АНДЕШАИ ҶАМЪБАСТӢ

Ҷашнгирии бошукӯҳи “Рӯзи Фалак” ва дохил шудани он ба феҳристи мероси фарҳангии башарият аз шаҳомати ин жанри мусиқии миллати тоҷик гувоҳӣ медиҳад. Раҳматулло Ҳошимов мегӯяд, қадрдонии фалак, фарзандон ва шогирдони зиёде, ки дорем, ба мо боварӣ мебахшанд, ки ин жанри мусиқии мардуми тоҷик поядаву пойдор ва ҳамқадами замон боқӣ мемонад.

Давлати АБДУЛЛО

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here