Беҳрӯз чӣ тавр маърифати ҳуқуқии мардумро баланд мебардорад?

Намояндагони насли ҷавон ҳам як-як бо идеяҳои ҷолибу нафърасонашон дар фазои маҷозӣ падид омада истодаанд, ки аз ҳар ҷиҳат сифати шабакаҳои иҷтимоии моро беҳтар мекунанд. Яке аз чунин ҷавонон, ки сабаби аслии истифодабарии Instagram ва Youtube-ро дар кумак расонидан ба мардум медонад, Беҳрӯз Султонов ном дорад.

Беҳрӯз дар Instagram (зиёда аз 67 ҳазор обуначӣ) ва Youtube (зиёда аз 19 ҳазор обуначӣ) саҳифаҳои махсуси ҳуқуқии худро дорад, ки ба мардум маслиҳатҳои ройгони ҳуқуқӣ медиҳад. Ӯ дар суҳбат бо мо дар бобати таъсис, пешбурд ва ояндаи саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт.

– Саҳифаи ҳоло овозадори “Qonun.tj” чӣ гуна пайдо шуд?

Давоми матн пас аз блоки реклама

– Ман дар курси дуюмии худ, вақте ки коронавирус дар кишвар авҷ гирифту ҳамагон ба таътилу карантин фаро гирифта шуданд, яке аз корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ будам. Чун медидам, ки аксари саҳифаҳо дар Instagram ва Youtube мазмуни ҳаҷвӣ доранд, фикр кардам, ки беҳтар мешавад саҳифаи ҳуқуқие фаъол намоям ва ҳама донишҳои андухтаи худро дар амалия ба мардум фаҳмонам. Ҳамин тавр, бо тавсия ва роҳнамоии бародарам соли 2020 дар Instagram саҳифаи худро бо номи “Qonun.tj” боз кардам.

– Сабаби таъсиси “Qonun.tj” ин набудани саҳифае ба ин мазмун буд, бигӯед, ки мақсад чӣ буд ва оё ба он расидед?

– Мақсади мо аз таъсиси ин саҳифа баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии мардум мебошад. Фикр карда баромадам, ки аз сабаби паст будани маърифати ҳуқуқӣ дар кишвар мардум барои ҳар нофаҳмияшон ҳам пул ва ҳам вақт харҷ мекунанд, вале ин корро мо имкон дорем ройгон ва бо сарфи вақти кам иҷро кунем.

– Маслиҳати ҳуқуқиро Шумо дар ду шакл медиҳед: мавзӯъҳои муҳимро худатон интихоб карда, суҳбат мекунед ва дуюм, ба саволҳои обуначиҳоятон посух мегӯед. Лутфан, бигӯед, ки ин кор бароятон мушкил нест?

– Ман аз корам ҳаловат мебарам ва бо ин сабаб ҳеҷ мушкилиеро пайхас намекунам. Барои интихоби мавзӯъҳо ва ҷавоб ба саволҳои обуначиҳоям ба китобҳо муроҷиат мекунам ва ҳар муаммое, ки дар ёфтанаш мушкил пеш ояд, аз устодону шиносҳоям дар мақомоти марбута мепурсам.

– Дар майдоне, ки аксар корбаронаш суруду ҳаҷв ҷустуҷӯ мекунанд, кор кардан барои Шумо душвор нест?

– Ростӣ, умуман душвор нест. Иловатан, бояд бигӯям, ки ҳамагӣ дар ду-се рӯзи аввали фаъол кардани саҳифа шумораи обуначиҳои саҳифаам аз 2 ҳазор нафар гузашт. Мардум аз нофаҳмиҳои худ, муаммоҳои худ, дарди худ бисёр мегуфтанд ва дар ин баробар ман ҳам то қадри имкон кӯшиш мекардам, ки кӯмаке расонида тавонам.

– Мешавад ҳолате, ки ба саволи касе ҷавоб гӯед, вале қонеъ нашавад?

Бале, ин гуна ҳолат мешавад ва сабабаш кам будани саводи ҳуқуқии мардум аст.

– Чаро ҳоло аксарият ба Шумо дар паёми шахсӣ муроҷиат карда наметавонанд?

– Ростӣ, аз меъёр зиёд саволҳо меомаданд ва аксарият бо як мазмун буданд. Мо барои вақти худрову мардумро беҳуда нагузаронидан, фикр кардем, ки беҳтар аст обуначиҳо танҳо дар шарҳи наворҳо саволҳои худро пешниҳод кунанд.

– Ба унвони Шумо саволҳое меоянд, ки дар ҷавоб додан мушкил кашед, ё умуман посух дода натавонед?

– Бале, чунон саволҳо меоянд ва ман то қадри имкон ба дигар ҳуқуқшиносони ҳирфаӣ тавсия медиҳам.

– Шумо ҳоло донишҷӯ ҳастед, пеш бурдани саҳифаи “Qonun.tj” ба дарсҳоятон халал намерасонад?

– Не, ин кор баръакс маро ба амалияи касбам зиёдтар шинос мекунад ва барои он ки дар мавзӯе суҳбат кунам, ё ба саволе посух гӯям, хеле ҷустуҷӯ мекунам, ки ин ҳама ба фоидаи касбии ман аст.

– Мешавад ҳолате, ки ба ҷойи омода кардани дарсҳои донишгоҳ, Шумо ба таҳияи наворҳо вақтатонро сарф кунед?

– Не, то ҳол ин хел нашудааст, зеро барои дарсҳо ва таҳияи наворҳо ман вақтамро ҷудо кардаам.

– Шумо ҳамчунин дар Youtube саҳифаи худро бо номи “Ҳуқуқи шумо” доред, бигӯед, ки наворҳои он ҷо аз Instagram чӣ фарқ доранд?

– Ин вобаста аст ба аудитория. Дар Youtube бисёртар доир ба масоили муҳоҷирон наворҳо таҳия мекунам ва ҳамчунин ба саволҳои мардум ҷавоб медиҳам. Дар Instagram бошад, масъалаҳоеро баррасӣ мекунам, ки фикр мекунам барои аудиорияам ҷолиб ҳастанд.

– Мардум ба Шумо аз мушкилоти ҳуқуқии худ мегӯянд, бигӯед, ки зиёдтар доир ба кадом масъалаҳо муроҷиат мекунанд?

Аз ҳама зиёд мардуми мо дар бобати масъалаҳои гражданӣ муроҷиат мекунанд. Масалан, соҳибкорӣ, манзил, оила ва ғайраҳо.

– Дар як шабонарӯз чанд соати вақти худро ба ин кор сарф мекунед?

– Тақрибан 4-5 соат.

– Масъалаи техникиро ҳам худатон ҳал мекунед?

Бале, ин корро танҳо худам анҷом медиҳам ва бароям ҳеҷ мушкил нест.

– Шумо ҳоло расман дар ягон ҷо кор мекунед?

Не, ҷое кор намекунам.

– Дар Youtube ва Instagram реклама мефурӯшед?

– Ман баъзе саҳифаҳои фоидаоварро тарғиб мекунам, вале бар ивази пул реклама накардаам ва намекунам.

– Дар умум фоидаи моддӣ мегиред?

– То ҳол нагирифтаам ва иловатан бояд бигӯям, ки ин корро ман барои пул анҷом намедиҳам, балки мақсадам танҳо хизмат кардан ба мардум аст.

– Ба ин фикри Шумо, яъне бе пул кор кардан аҳли оила чӣ назар доранд?

– Волидони ман ҳамеша дастгирам ҳастанд ва пайваста талқин мекунанд, ки корамро хубу босифат анҷом диҳам, зеро медонанд, ки кори бад накарда истодаам.

– Аз тарафи мақомоти дахлдор ба Шумо чӣ гуна муносибат мекунанд?

– Бисёриҳо маро хуб мешиносанд ва бархе ба таҷрибаомӯзиву кор даъват мекунанд.

– Шумо худатон пас аз хатми донишгоҳ дар куҷо фаъолият карданӣ ҳастед?

– Тибқи тарҳи нави қонун “Дар бораи хизмати ҳарбӣ ва уҳдадориҳои ҳарбӣ” ҳар донишҷӯе, ки равияи ҳуқуқшиносиро хатм мекунад, бояд ҳатман як сол хизмати аскариро анҷом диҳад, вагарна дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият карда наметавонад. Аз ин сабаб, ният дорам баъди хатми донишгоҳ ба хизмати ҳатмии яксола рафта, сарбаландона онро адо кунам, пасон ба мақомоти прокуратура ба кор пардозам.

– Як сол дар хизмат бошед, тақдири саҳифаҳоятон чӣ мешавад?

– Ростӣ, то ҳол аниқ намедонам, вале яқин, ки дар ин кор танаффус намешавад. Дар ҳоли ҳозир ду вариант дорам: агар масъулини қисми низомӣ иҷозат диҳанд, ҳафтае як маротиба навор таҳия мекунам ва агар не, ба бародарам ё каси дигар медиҳам, ки пеш барад.

– Ният надоред, ки ба зинаи магистратура дохил шавед ва ба роҳи илм равед?

– Албатта, ният ҳаст ва ин ҳамаро пас аз хизмати ҳарбӣ анҷом медиҳам.

Шудааст ҳолате, ки хоста бошед ин корро тарк кунед?

Бале, дар аввали кор чунин ҳолат буд, зеро мардум суханони қабеҳ менавиштанд. Вале ҳоло бисёр хуб аст.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here