Ё мусоҳиба бо нафари аз “илтиҳоби шуш” фавтида

Бо нафаре мусоҳиба доштам, ки чанде пеш тарки мо карда буд ва табибон сабаби маргашроилтиҳоби шуш” гуфта буданд. Чеҳраи хандон дошт, дар гулгашти атрофи маҳалли карантиншудааш бе ниқоб сайру гашт мекард. Аввал пофишорӣ кард, мусоҳиба намедиҳам гуфт, баъд аз исрорҳои зиёди ман ба мусоҳиба розӣ шуд, вале иҷоза надод, ки номашро зикр кунам. Ҳатто шӯхикунон гуфт: “Шумо рӯзноманигорон дар гӯр ҳам оромамон намегузоред”. Рӯ ба рӯ нишастему гуфтам:

Дуруд ва салавот ба Шумо аз зиндаҳо. Макони навро чӣ гуна дарёфтед?

– Сипосгузорам аз дуруд ва аз салавотатон. Феълан салавот ва фотеҳа чизест, ки мо ба он бештар ниёз дорем. Ҳанӯз то макони муайян нарасидаам. Қонунҳои инҷо сахттар будаанд ва моро ба муҳлати 40- рӯз карантин карданд. Эҳтимол баъди карантин ва муайян шудани сабаби фавт, вобаста ба гуноҳу савобҳоямон моро ба маконҳои муайян раҳнамоӣ кунанд.

Сабаби марги Шумо маълум ку, табибон дар варақаи бемориатон марги шуморо азилтиҳоби шуш” навиштаанд. Чӣ зарурияте барои карантини такрорӣ будааст ва боз ҳам дар он дунё?

– Инҷо ман танҳо нестам, мо садҳо нафарем,ки табибон  сабаби марги моро “пневмания”,  яъне “илтиҳоби шуш” гуфтанд. Инҷо дар карантин нигоҳ медоранд, ки мабодо куруно набошем.

Агар куруно бошед чӣ? Бозпас мефиристанд?

– Табассуме карду гуфт: Не албатта. Аз ин ҷо ҳеҷ касро бозпас намефиристанд, вале чӣ тавре медонем, аслан “илтиҳоби шуш” гузаранда нест, вале куруно сирояткунанда аст. Агар дар давоми 40- рӯз тасдиқ шавад, ки воқеан мо аз “илтиҳоби шуш” фавтидаем, ба макони таъиншуда мефиристанд, вале агар куруно бошем, чораҳои беҳдоштиро сахттар мекунанд.

Истед, истед, ман нафаҳмидам. Чӣ хел безараргардонӣ? Охир Шуморо баъд аз марг бо моддаҳои махсус пурра безарар гардонидабаъд ба инҷо фиристоданд ку. Шумо бояд дигар безарар бошед…

Бале, пеш аз марг мо беморони “илтиҳоби шуш”-ро низ, чун маризони куруно бо моддаҳои химиёӣ безарар гардонида, ба салафан печонида, бо риояи сахти қоидаҳои беҳдоштӣ ба хок супориданд, вале чун сабаби маргамонро “илтиҳоби шуш” гуфтаанд, масъулини инҷо ба ин шубҳа карданд.

Яъне ҳатто дар дунёи мурдаҳо ҳам ба маргу мири одамон аз “илтиҳоби шуш” бовар надоранд?

Бале, бовар надоранд. Ҳатто дар ҳаминҷо мегӯянд, ки то ҳол мо ин қадар шумораи зиёди ба охират сафаркардагонро аз “илтиҳоби шуш” надида будем. Фақат ҳамин сол ва аҷиб инки бештар аз Тоҷикистон чунин шумораи зиёди аз “илтиҳоби шуш” фавтидагонро қабул кардем.

Пеш аз марг Шуморо чӣ гуна табобат карданд? Муносибати духтурон бо Шумо чӣ гуна буд?

– Табибон ба ҳама беморони куруно дилсӯзона ва хеле эҳтиёткорона муносибат доштанд. Мо онҳоро ҳангоми ташхис ва гоҳо ҳангоми талаби доруҳо медидем. Дар дигар вақт, асосан ҳамшираҳои шафқат бо мо сару кор доштанд.

Ба духтурон ҳам душвор аст, зеро маҳз шумо барин беморониилтиҳоби шуш” даҳҳо нафари онҳоро аз пасатон овардед. Пас, чаро онҳо эҳтиёткорона муносибат накунанд?!

– Бале, бечора духтуронро мефаҳмам, вале аз онҳо дида бо мо бештар ҳамшираҳои шафқат сару кор доштанд ва бисёре аз онҳо ҳам аз паси мо омаданд ва ҳоло дар карантин қарор доранд. Барои онҳо ҷойгоҳи махсус ҷудо кардаанд.

Чӣ хел ҷойгоҳи махсус?

– Ҷойгоҳи махсус барои “фариштаҳои наҷот”. Охир, мо онҳоро “фариштаи наҷот” меномем ку?!

Онҳо воқеанфариштаҳои наҷотанд?”…

– Бале, табибон ва ҳамшираҳои шафқат воқеан “фариштаҳои наҷотанд”, вале дар назди куруно ҳама бечораем, ҳатто “фариштаҳои наҷот”. Бечора ба он хотир, ки ин курунои лаънатӣ табобат ва дору надорад. Агар бемор имунитет дошта бошаду худ шифо ёбад, хуб аст, агар не, сафари охират ягона роҳи табобати ӯ боқӣ мемонаду халос.

Мегӯянд табобат ройгон буд, оё ин рост аст?

– Шояд қисман ройгон бошад, вале доруҳои гарон пулакӣ аст.

Шумо барои табобат чанд сомонӣ харҷ кардед? Э бахшиш, барои табобат гуфтам. Барои он ки то ба инҷо бирасед, чӣ қадар хароҷот кардед?

– Доруҳо гаронанд ва хароҷот ҳам зиёд кардам. Шояд бештар аз 4-5 ҳазор сомонӣ барои доруворӣ харҷ карда бошам. Вале чизе барои мондан ёрӣ накард ва дар ниҳоят маро ба инҷо фиристонданд.

Табобати беморони куруно ройгон гуфта буданд, чаро аз шумо пул ситонданд?

– Гуфтам ку, ман куруно не, расман маризи “илтиҳоби шуш” будам. Агар бовар накунед, аз табибоне, ки маро беморбонӣ намуданд, бипурсед. Баъзеи онҳо ҳам бо “илтиҳоби шуш” бо ман омаданд.

Аксарияти ҳамҳуҷраҳотон мубталои “илтиҳоби шуш” буданд?

– Не, фақат ман мубталои “илтиҳоби шуш” будам.

Дигарон чӣ?

– Як нафар аз бронхит, як нафар бемории куҳнаи шуш будааст, ки табибон бо забони худашон “хронический” мегуфтанд ва ҳамагӣ як нафар мубталои куруно буд.

Магар шуморо аз бемори куруно ҷудо нигоҳ надоштанд? Мабодо ӯ шуморо сироят накарда бошад?

– Ӯ баръакс фикр мекард, ки мабодо аз мо сироят нашавад.

Чаро метарсид? Магар “илтиҳоби шуш” бадтар аз Куруност?

– Мебахшед, шумо мушоҳида накардед, ки сироятшавӣ ва марг аз “илтиҳоби шуш” бештар аст. Аксари фавтидаҳо, маҳз аз “илтиҳоби шуш” мурданд, на аз куруно. Дар ҳуҷраи мо фақат ман “илтиҳоби шуш” будам ва ҳазрати Азроил ҳам фақат маро бо худ овард. Агар дар кишвар дар 3-6 рӯз як нафар аз куруно фавтад,  аммо аз “илтиҳоби шуш” ҳар рӯз 3-4 нафар фавтида истодаанд. Бинобар ин, беморони куруно аз мо бештар метарсиданд, ки мабодо мо сирояташон накунем.

Ба назари Шумо агар муриш аз “илтиҳоби шуш” зиёд бошад, чаро дар мо фақат алайҳи куруно мубориза мебаранд? Барои чӣ бемори “илтиҳоби шуш”-ро низ ройгон табобат намекунанд ва онро мисли куруно ҷиддӣ намегиранд?

– Охир, ҳама мубориза барои пешгирӣ аз “Ковид- 19” рафта истодааст ку, на аз “илтиҳоби шуш”. Ҳатто Ситоди ҷумҳуриявӣ низ чунин ном дорад” “СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ БЕМОРИИ КОРОНАВИРУС- КОВИД-19”. Дидед, ҳама мубориза барои пешгирӣ аз Ковид-19 аст, на аз “илтиҳоби шуш”. Бинобар ин, табобати мо пулакӣ анҷом ёфт ва бо қарзи зиёд дунёи шуморо тарк кардем.

Аз хешу табор қарздор шудед, ё аз бонк?

– Бо ин ҳол ман ба бонк муроҷиат карда наметавонистам, аз ин рӯ, аз хешу табор қарз гирифтам.

Ин тавр бошад оромона хоб кунед, хушу табор бонк нестанд ку, ҳатман мебахшанд.

-Бале, ман ҳам чунин умед дорам.

Суоли асосӣ ин аст, ки оё Шумо боварӣ доред, ки маҳз азилтиҳоби шуш” фавтидед, на аз Ковид-19?

– То зинда буданам бовар карда будам, ки Ковид-19 нестам, вале вақте ҷонро ба ҳақ таслим кардам ва маро бо моддаҳои гуногун безарар гардонида, салафанпеч аз шифохона рост ба қабристон оварданд, баъд шубҳа кардам. Зеро чунин тарзи ба хок супоридан, танҳо барои аз Куруно фавтидагон пешбинӣ шуда буд. Маро ҳам мисли онҳое ба хок супориданд, ки аз Куруно фавтида буданд.

Ҳангоми табобат ва ё пеш аз марг, чӣ шуморо зиёд ба ташвиш меовард? Ва суоли дигар, пеш аз ҳама чӣ кор кардан мехостед, вале наметавонистед?

– Эҳсоси танҳоӣ мекашидам. На нафари наздике аз ҳолам хабар гирифта метавонист ва на дилбардориамон мекард. То мадор буд, бо телефон гоҳ- гоҳ бо наздикон суҳбат мекардам, вале чун мадор аз ман рафт, дигар куллан танҳо мондам. Бисёр мехостам фарзандонаму оилаам дар барам бошанду ҳадди ақал як пиёла чой диҳанд. Куҷоят дард мекунад гуфта, ҳолпурсӣ кунанд, дасташонро ба сарам монда, лаҳзае дардамро сабук кунанд. Муллое бошад, ки маро ёсинхонӣ кунад. Хеле мехостам пеш аз марг фарзандонамро дар оғӯш гирам, онҳоро дилбардорӣ кунам ва васият кунам, вале наметавонистам. Барои нафаре, ки дар сари сакарот аст ва аллакай рафтани худро эҳсос мекунад, вале дар наздаш касе аз наздикон нест, бадтарин лаҳза будааст. Бо лабони хушк калимаи шаҳодатро ҳам, ҳатто ба забон овардан душвор аст. Кӯшиш мекардам дар дил гӯям. Хеле мехоҳӣ садо барорӣ ва бо фарзандат хайру хуш кунӣ, аз оилаат ризоят бигирӣ, аз нафаре, ки қаҳрӣ ҳастӣ, узр пурсӣ ва сипас осуда сафар кунӣ, вале наметавонистам.

Чаро аз табибон ва ё ҳамшираҳои шафқат хоҳиш накардед, ки ба Шумо телефон биёранд ва Шумо занг зада ақаллан бо телефон васияти худро ба наздикон росонед?

– Шумо албатта, ин лаҳзаҳоро эҳсос намекунед ва дуо мекунам, ки ҳеч гоҳ эҳсос накунед. Ман ҳатто озодона нафас кашида наметавонистам, шумо бошед аз занг задану васият кардан ҳарф мезанед. Нафасҳои охирини маро дастгоҳи нафаскашӣ таъмин мекард ва ҳар нафасам ҳисоб дошт. Вақте эҳсос мекунӣ, ки на ту, балки дастгоҳ ба ҷоят нафас мекашад ва бо гирифтани дастгоҳ, дигар нафаскашии ту ҳам қатъ мешавад, аллакай ба мурдан омода мешавӣ. Мехоҳӣ касе ба ҳалқат об чаконад, вале чунин нафар нест.

Медонед чӣ? Шунида будам, ки бемор пеш марг хона рӯшан мекунад ва охирин бор чашмонаро пурра кушода ҳама атрофиёнашро як аз назар гузаронида буъд абадан чашмонашро мепӯшад, рост будааст. Ман ҳам пеш аз марг чашмонамро кушодам ва хона равшан шуд. Вале афсӯс, ки чашмони кушодаи ман, на наздикон, балки деворҳои ҳуҷраи беморхона, сӯзандору, дастгоҳи қатрачакониро диду халос. Лаҳзае ноумед шудам. Фақат ҳамшираи шафқатро дидам, ки ба ман сӯзандору мегузаронид, вале ман, на дарди сӯзан ва на дарди дигареро ҳис мекардам. Ин лаҳза хеле лаҳзаи дарднок буд, зеро дили ман мехост дар наздам ягон нафар аз наздикон бошанд, ки пеш аз маргам сарамро бардорад ва ман дар рӯи дастӣ ӯ ҷон диҳам, вале набуд.

Чашмонам пури об шуданд, тоқатам тоқ шуд ва ҳарчӣ зудтар мусоҳибаро ба анҷом расониданӣ шуда, мавзуи суолро тағйир дода, пурсидам:

Ба мардуме, ки бемор нашудаанд, чӣ тавсия доред?

– Пешниҳод мекунам, ки худро эҳтиёт кунанд, ки на ба куруно мубтало шаванду на ба илтиҳоби шуш.

Ба Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории короновирусКовид-19 ва ба масъулини Вазорати тандурустӣ чӣ пешниҳод доред?

– Ба масъулин тавсия медиҳам, ки пневманияро дар Тоҷикистон пандемия эълон кунанд ва барои пешгирии он ҳама чораҳоро андешанд. Зеро дар инҷо ба мо гуфтанд, ки “илтиҳоби шуши тоҷикӣ” хавфноктар аз Ковиди хитоӣ буда, амсолаш дар ҷаҳон нест. Агар бовар накунед, як ба ҳамраҳони ман нигаред ва аз онҳо низ пурсед. Миёни ҳамсафарони ман ҳамагӣ 81 нафар ҳастанд, ки “Ковид -19” боиси сафарашон гардидааст. Ҳазорҳо нафари дигар бошанд, маҳз аз “илтиҳоби шуш” фавтидаанд. Ана, ба он гӯша нигаред, фақат шумораи фариштаҳои наҷот бештар аз 100 нафар аст, ки “илтиҳоби шуш” онҳоро ҳамсафари мо карда.

Аз эҳсоси баланд, бе ихитиёр “дидор дар қиёмат. Хонаи охирататон обод ва биҳишти барин ҷойи ҳамешагиатон бошад, – гуфтам, вале нохост тарсидам ва ба рангу рӯи нуронии  ӯ нигариста илова кардам: -мо чи хел якҷо нишастем, ту мурдаву ман зинда? Ё ман ҳам ҳамроҳӣ туям?

Ҳанӯз ба ин суолам посух нагирифта, аз тарс бедор шудам. Бедор шудам, ки вуҷудамро арақ фаро гирифта, дасту поям меларзанд. Кӯшиши аз ҷой хестан кардам, аммо қувват надорам. Ба назарам чунин намуд ,ки ин ҳодисаро на дар хоб, балки пешорӯям дида бошам.Дар ин ҳангом садои даҳшатбори ин мусоҳибам ба гушам расид,ки мегуфт “гуфтаҳои маро аз ёд набароред ва хоҳишҳоямро низ зуд ба вазорату масъулони марбута расонед, вагарна дар Тоҷикистон ҳама аз илтиҳоби шуш чун ман мефавтанд ва ё ба ҷои дигар фирор мекунанд!“.

Фарзандам пиёлаи обро ба ман дароз карда, ба ёрии таъҷилӣ занг заданӣ шуд, ки гуфтам:

-На, на! Мехоҳам дар хона бимонам.

Ба суолҳои чаро ва барои чӣ ҷавобе надода, гӯшаи хонаро ихтиёр намудам, фотеҳае хонда ба арвоҳи гузаштагон бахшидам, нӯшдоруе зери забон монда, аз нав ба хоб рафтам.

Холиқи Муҳаммадназар

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь