Суҳбати муаррихи маъруф ва хушноми тоҷик Намоз Ҳотамов перомуни рӯзгор, таърих, сарнавишти миллати тоҷик, хиёнати тоҷик ба тоҷик, забон ва ҷойивазкунии он ва масоиле дигар ба ифтихори солгарди умри мусоҳиб ба хонанда пешкаш мегардад.

Сароғоз

– Шумо то имрӯз мусоҳибае перомуни рӯзгор ва фаъолияти хеш надоред? Агар не, Чаро?

– Чаро, чанд мусоҳибаи телевизионӣ дорам. Аз ҷумла, дар Телевизиони “Сафина” чанд соли пеш суҳбате доштем. Вале ба таври катиба набуд ва дар ин бора фикр ҳам накардаам… Чунин будаст.

Оғӯши диёр

– Ба зинаи 75-уми умр қадам ниҳодед. Муборакатон бод! Вале ҳоло зодгоҳ, оила ва овони кӯдакиро чӣ тарз ёд мекунед?

– Бино бар ҳуҷҷатҳои зоднома, банда 1-уми сентябри соли 1946 ба дунё омадаам. Вале, дақиқтар гӯем, рӯзи таваллуди ман ба 26-уми августи ҳамон сол мувофиқ аст. Аммо шаҳодатномаи таваллуди маро раиси Шӯрои маҳаллаи ҳамонвақта Кенҷаев ба 1-уми сентябр, яъне оғози соли хониш тағйир додааст.

Зодгоҳам деҳаи Шоботӣ (аниқтараш Шавотӣ)-и ноҳияи Пешкӯи вилояти Бухоро аст, ки асли мардум аз ноҳияи Шовотии Хоразм буда, бо сабаби зулму ситам аз ҷониби қабилаи Явмути туркман дар асри XVII ба ин сарзамин кӯч бастаанд. Аҷдодони мо дар ин диёр ба деҳқонӣ машғул буданд. Падарам Босар Ҳотамов аз зумраи деҳқононе маҳсуб меёфтанд, ки дар ду ҷанг: ҷанги Давлати Шӯравӣ бо Финландия; ва Ҷанги бузурги Ватанӣ иштирок доштанд. Модарам Идимо Абдуллоева низ деҳқонзани ҳунарманд буданд, ки 7 соли дар хидмат ва ҷанг будани падар, мунтазири эшон мондаанд. Онҳо ҳарду мутаваллиди як сол буда, 68 сол умр диданд ва соли 1990 олами фониро падруд гуфтанд. Овони ҷавонии ман бошад, дар ҳамин деҳа ва дар оғӯши ҳамин падару модар гузашт.

Таърихи ду ном

Чаро Намоз ном ниҳодаанд?

– Воқеан, мо бо бародари оилаам, шодравон Ҳайит Ҷӯраев баробар таваллуд ёфтаем. Дар шабу рӯзи иди Шарифи Рамазон, ки бегоҳии пеш аз ид Ҳайит ба дунё омадаву пеш аз намоз – ман. Чун дар Бухоро бегоҳии идро ҳайит меноманд, ӯро Ҳайит ном ниҳоданд. Ва маро пеш аз намоз – Намоз.

– Даврони ҷавонӣ чӣ гуна сипарӣ мешуд?

– Кӯдакиву ҷавонии ман дар деҳа гузашт. Аввал мактаби ҳафтсолаи деҳаро хатм кардам ва баъд мактаби даҳсоларо. Баъди гирифтани номаи камол барои супоридани ҳуҷҷатҳо ва таҳсили ояндаам баъзе мамониатҳо пеш омад. Раиси колхоз шарт гузошт, ки “танҳо дар сурати ду соли кор дар колхоз справкаи иҷозаи таҳсилро медиҳам”. Хеле пойфишорӣ кардем. Ӯ гуфт: “охир ҳар кадоми шумоён гурехта рафтан гиред, дар колхоз кӣ кор мекунад? Рав! Ё ту зӯр мебароӣ, ё ман!”.

Таърихи олами таърих

– Пас омадан ба дунёи таърих чӣ таърихча дорад?

– Аслан, ман омӯзгор ё худ духтур шудан мехостам. Зеро дар колхози мо, ки аз деҳаҳои зиёд иборат аст, ягон нафар табиби соҳибмаълумот набуд. Чанд нафар танҳо омӯзишгоҳи тиббиро хатм намуда буданду бас. Ва касби омӯзгорӣ дар ин ҷо бештар зарур буд.

Камина бо кӯшишу талошҳои зиёд ва бисёр монеагузории раиси колхоз ҳуҷҷатҳоямро ба Институти омӯзгории Бухоро супоридам. Ба факултети агрономӣ. Вале баъди дидани заминҳои кишти Институт дилам аз таҳсил монд. Пас аз супоридани иншо ногаҳон чашмамон ба эълони нав афтод. Дар он таъкид мегардид, ки “Ба Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин барои таҳсил ба ихтисосҳои таърих, забон ва адабиёти тоҷик донишҷӯ қабул мекунанд!”.

Ба дидани чунин эълон хело шод гашта, аз аъзои комиссия пурсидам, ки “оё ман ҳуҷҷатҳоямро ба ихтисоси таърихи ҳамин Университет супорида метавонам?”. Ӯ гуфт: Мумкин!

Ҳуҷҷатҳоро бозпас ба факултаи таърихи Университети давлатии Тоҷикистон супорида, имтиҳоноти қабулро ҳам дар Бухоро гузаронида, ба сӯи олами таърих ба Душанбе омадам.

– Аз овони донишҷӯӣ лаҳзаи ширине дар ёд монда?

–  Мо дар гурӯҳ тахминан 27 нафар будем. Аммо ҳамагӣ 17 ё 19 нафар стипендия мегирифтем. Стипендия ҳамон вақт 21 сӯм буд. Касоне, ки дар хобгоҳ зиндагӣ мекарданд, аз он 1 сӯму 50 тин барои хобгоҳ месупориданд. Яъне, 19 сӯму 50 тин дар даст мемонд. Рӯзе дар “ҷаласаи гурӯҳ” таклиф шуд, шахсоне, ки стипендия мегиранд, 1 сӯму 50 тини дигарро ба фонди рафиқоне, ки стипендия намегиранд, ҷудо кунанд. Ба ғайр аз як нафар, дигар ҳама розӣ шуданд. Аҷоибаш он ки дар нимсола худи ҳамон шахс аз имтиҳон қарздор шуд ва аз стипендия афтид. Мувофиқи қоида, мо бояд ба ӯ аз стипендияи худ ҳисса ҷудо намекардем. Аммо ӯ “вазъи оилавии ман душвор аст…, қадри коллективро нав фаҳмидам!”, — гӯён қариб мегирист. Коллективи мо коллективи хуб буд, то охири таҳсил ба ҳамдигар кӯмак мерасониданд.

Аҷиб хотираи дигаре дорам: мо баъди дарс қариб ҳама ба китобхона мерафтем. Танҳо як нафар навбатдор истода, хонаро тоза мекард. Рӯзе навбати ман омад. Мехостам, аввал хонаро бо ҷорӯб рӯфта, баъд бо латта поккорӣ кунам. Аммо ҷорӯб пайдо нашуд. Аз рафиқони ҳамсоя пурсидам, онҳо ҳам надоштаанд. Ниҳоят, дареро кӯфтам, ки дар он духтарони русзабон зиндагӣ мекардаанд. Духтари рус кушода, албатта бо забони русӣ “что надо?” гуфт.

– Ҷорӯб есть?, – гуфта пурсидам. Зеро, ҷорӯб бо забони русӣ чӣ мешавад, намедонистам. Духтар ҳайрон шуда, ба ман нигариста истод.

Баъд аз дохили утоқи хобашон як духтари курси боло омада, бо забони тоҷикӣ пурсид, ки “чӣ даркор?”.

– Ман аз утоқи рақами 24, аммо имрӯз навбатдор, утоқи кориро бояд тоза кунам, ҷорӯб доштем, аммо намедонам кӣ бурдааст!, – худсафедкунӣ кардам ман.

Он духтар ҳозир гӯён, либосҳояшро пӯшида, ҷорӯб ва латтаи фаршшӯӣ оварда, чунон утоқи моро тоза кард, ки рафиқони ҳамхобгоҳ дар ҳайрат монданд. Баъди ин, ман он духтарро, ки аз Ванҷ буду дар курси 4-уми шӯъбаи забон ва адабиёти рус мехонд, ҳама вақт “апа” муроҷиат мекарда шудам. Вай ҳам маро “ука” мегуфт. Ҳангоми дарстайёркунӣ аз забони русӣ ба ман кӯмак мерасонид…

Анъанаи асри пеш: дипломи бесаводӣ?

– Мегӯянд, он замон донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон мактаби умеди тоҷикони бурунмарзӣ маҳсуб ёфта буданд ва ҳамзамон аксари ононе ба Тоҷикистон омадаанд, дониши хуб ҳам дошта ва мавқеи хешро пайдо низ намудаанд. Ба фикратон ҳоло чӣ гуна аст?

– Ҳоло ҳам довталабоне аз Самарқанду Бухоро ва дигар шаҳру навоҳии Узбекистон барои таҳсил меоянд. Вале аз ҷиҳати донишу маҳорату малака қариб фарқе миёни муқимиҳову батаҳсиломадаҳо нест. Аксари донишҷӯён бесаводанд. Баъзан ҳайрон мешавам, ки бо ин каллаю ин мағзу ин фаҳмиш чӣ гуна донишомӯз шудаанд?! Дар Донишкадаи соҳибкорӣ (Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, ҷои кори мусоҳиб, – М.Н.), хориҷиёне ҳам ҳастанд, ки чизеро намедонанд. Ояндаи онон чӣ мешавад, аз донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон чӣ мебаранд, чӣ гуна муаррифӣ мекунанд, чӣ хоҳад шуд, ояндаро намедонам…

– Чаро ононро хориҷ намекунанд: ё маблағи шартномаи месупоридаи ин ашхос аз саводашон дида муҳимтар аст?

– Дақиқан, гап дар сари ҳамин аст. Дар мактабҳои миёнаю олӣ ҷорӣ кардани низоми кредитӣ, якбора ҷавононро камсаводу бесавод намуд. Масалан, агар донишҷӯе, ки ба саволҳои тестӣ бо зер кардани тугмачаҳо холи баландтаринро гирад, пас аз ӯ пурсед, ки яке аз он саволҳоро шарҳ деҳ, ҷавоб дода наметавонад…

Ин аслан моли мардуми Ғарб аст, ки танҳо як фарзанд ба дунё меоваранду чун иқтисодиёт ва моликияти расанда ҳам доранд, барои вай ҳама гуна харҷро дареғ намедоранд. Дар ин боб аз профессор Анвар Шукуров (писари Муҳаммадҷон Шакурӣ), ки устоди донишгоҳи Англия аст, боре пурсон шудем, ӯ гуфт:

– Донишҷӯеро аз ҳисоби бесаводӣ се сол пайи ҳам аз курс афтондам. Лекин падараш маблағашро пардохта, боз дар курси нав барқарор кард. Дар соли сеюм барои халосӣ аз ӯ, ки ҳеҷ тағйир наёфт, баҳои се гузоштам, ки ба курси дигарӣ бигзарад. Вале ҳамон вақт падараш омада, ҷангҷол бардошт, ки “чаро писари ман ин фанро аз худ накардаасту онро ба курси дигар гузаронидед? Ба ман саводнокии писарам даркор аст, то молу мулки ҷамънамудаи маро саришта карда тавонад. Ба ман дипломи бесаводии ӯ лозим нест!”.

Вале мардуми мо, ки аксаран 4-5 фарзандӣ доранду ақаллан мебояд нисфи онҳоро хононанд ва инчунин имконияти молиявиашон кифояткунанда нест, ба системаи ҷоришуда мутобиқ шуданашон ҳоло сахту сангин аст. Бо ин роҳ ҷавонони бесаводе курсиҳои макотиби олии моро банд кардаанд. Медонед, замоне дар Русия ҳам ин низомро қабул карданӣ шуданд, вале огоҳон онро рад намуданд. Моро ҳам мебояд, дигарбора ба таври анъанавии қабули довталабонро ба роҳ бимонем.

Таҳхонаи таърих

– Дарвоқеъ, Шуморо ба ошкорбаёнӣ “гунаҳкор” мекунанд. Инро худатон чи гуна шарҳ медиҳед?

– Мо дар ҳамин гуна муҳит ба воя расидем ва ошкорбаёниро аз падар ба мерос гирифтем. Воқеан, падарам аз ҷиҳати сиёсӣ саводи хуб доштанд. Тамоми рӯзномаву маҷаллаҳоро бо забонҳои русӣ, ӯзбекӣ ва тоҷикӣ мутолиа мекарданд. Дар зимн, ҳама вақт ба хонишҳои ҳизбӣ, ки он вақтҳо бисёр буд, даъват мешуданд. Он кас низ гӯё бо саволҳои “беҷо”-яшон маърӯзачиёнро дар “ҳолатҳои ногувор” мемондаанд. Аммо ин лозим аст.

Ёд дорам, як бегоҳ дар чунин хониши ҳизбӣ маърӯзачии аз шаҳри Тошканд омада, дар бораи сиёсати фашистии Олмон маърӯза карда ва гуфт: “фашистон забони мо – забони ӯзбекиро аз байн бурда, худи моро ё ғулом ва ё нест кардан мехостанд”.

Ҳанӯз маърӯзачӣ суханашро ба итмом нарасонида, падарам гуфтанд: “Пас чаро Шумоён мактабҳои таълими тоҷикии ин ҷоро баста, ҳамаи моёнро дар ҳуҷҷат ӯзбек номнавис кардед? Ҳол он ки ҳамаи мардуми ин колхоз ва колхозҳои ҳамсоя тоҷиканд! Пас, фарқ дар чист?!”.

Ин суханҳо дар байни ҳозирин ғавғоро ба вуҷуд овард. Он шахси маърӯзачӣ, ки нисбатан калонсол буд, ҷавоб дода натавонист. Ин сухани падарам асос дошт. Ман ҳанӯз соли 1968, ҳангоми дар бойгонии ҳизбии шаҳри Москва барои рисолаи номзадиам мавод ҷамъ намуданам, шахси солхӯрдае, ки дар зали хониш хизмат мекард, ошно шудам, ки барои пайдо кардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ кӯмак расонд. Баъзе ҳуҷҷатҳоро, ки мӯҳри “махфӣ” доштанд, ҳамту нишон медод. Рӯзе 4-5 ҳуҷҷатҳоро овард, ки дар он рӯйхати мардуми вилояти Бухоро деҳа ба деҳа тартиб дода шудааст. Дар рӯйхат ҳамаро дар аввал “тоҷик” навиштаанд, аммо касе бо қалам аз болои онҳо “ӯзбек” навишта, гӯё “ислоҳ” кардааст.

Он шахси масъули бойгонӣ ба ман рухсат надод, ки ақаллан ном ва рақами он ҳуҷҷатҳоро навишта гирам. Ӯ таъкид намуд, ки: “дар масъалаи шикоятҳо агар дар ҷойи аввал Қарабоғи Кӯҳӣ бошад, дар ҷойи дуюм Бухорою Самарқанд меистад. Яъне, шикоятҳо хело зиёданд”. Маълум мешавад, ки дар баъзеи он шикоятҳо падарам ҳам имзо гузоштаанд.

– Чун муаррих гуфта метавонед, ки тоҷикон дар тӯли таърих чӣ бурду бохтҳоро доштанд?

– Миллати тоҷик таъриху тамаддуни бой ва ғанӣ дошту дорад, вале замона дар ҳар асру сол мушкилотеро бар китфаш ниҳода, ки суду зиёни хешро доштанд.

Пас аз ҳазор сол

– Ташкили давлате пас аз 1000 соли Сомониён ба тоҷикон осон даст надод. Ва таваҷҷӯҳи адибон ва таърихнигорон дар ин давраи ташаккули нав хеле зиёд буду ҳаст. Шумо низ аз таърихи Аморати Бухоро, ташкили ҳаракати ҷадидия, Инқилоб, давлатдории тоҷикон дар замони Шӯравӣ ва дигар соярӯшаниҳои вақт таҳқиқу пажӯҳиш ва қаламфарсоии беш анҷом додаед. Мухтасар ин давраи таърихи тоҷиконро чи гуна эзоҳ медиҳед ва ин даврро барои миллат чи андоза сарнавиштсоз медонед?

– Бубинед, ташкили Тоҷикистон пас аз ҳазор соли Сомониён назари лутфбори илоҳӣ бар миллати тоҷик буд. Вале бо он ки мо номи миллати хешро бо Курушу Ардашер, Деваштичу Спитамену Исмоил, Рӯдакиву Фирдавсӣ, Ҳофизу Бедилу Мавлоно дар тӯли таърих сабткунон омаданд, аммо дар ҳамин ҳол ташкили давлат бароямон монеаҳоеро эҷод кард ва саҳл наёмад ташкили давлате ба исми Тоҷикистон. Ва сахттар аз ин, дар ин давра тоҷикро бар зидди миллати худ шӯрониданд.

– Воқеан, як муаррих дар ҳоли печидатар шудани сиёсатҳо ва пеш омадани манофеъ дар саросари олам, бояд чӣ амалро барои иҷрои рисолаташ анҷом бидиҳад?

– Рисолати ҳар як муаррих навиштани ҳакикати таърих аст. Дар ҳамин ҳол, ҳақиқат бисёри вақт талх мешавад. Бубинед, дар соли 1924 нисбат ба миллати тоҷик ягон нафар ӯзбек хиёнат накард. Ҳамаашон тоҷикон буданд: Файзулло Хоҷаев аз Бухоро ё ҳамин гуна Абдурауфи Фитрат ва ё Абдулло Раҳимбоев аз Хуҷанд. Ё аз ин ҷумла Абдуқодир Муҳиддинов аз Бухоро, ки худ баъдан бо мазмуни “мо ба забон ва миллати худ хиёнат кардем” гӯён узрнома ба чоп расонидааст.

– Дар омади гап, Абдурауфи Фитратро низ пушаймоншуда таҷаллӣ мекунанд…

– Фитрат то замони ба Туркия сафар карданаш худро тоҷик муаррифӣ мекард ва ба забони тоҷикӣ қаламкашӣ менамуд, аммо пас аз он ки ба он лагер пайваст, забон ва миллати тоҷикро инкор кард ва ҳатто дар замони раисии худ истифодаашро манъ намуд. Муҳаққиқон ӯро пушаймоншуда меноманд, вале бо кадом далел, инро намедонам. Ман бо ягон факти собиткунанда во нахӯрдам, ки Фитрат аз кори кардааш пушаймонӣ карда бошад.

Ҷавонбухор ва пантуркист

– Ҳаракати ҷадидия аз пантуркист бо чӣ фарқ мекунад?

– Ин нуктаи хеле муҳим аст ва аз ҳамдигар фарқияти зиёд дорад:

– ҳаракати ҷадидия ин идома фаъолияти маорифпарварон аст, ки онон мехостанд бо роҳи дигар кардани афкор зиндагии маиширо дар Аморати Бухоро дигар созанд. Дар садри ин гурӯҳ Аҳмади Дониш қарор дорад ва раванди он танҳо ба маърифатнокии инсонӣ равона мешавад. Дуруст аст, ки ин гурӯҳ дар амал коре карда натавонистанд, вале наслеро тарбият сохтанд, ки ормонҳояшонро идома дода тавонист. Аввалин мактабҳои нав ва рӯзномаи маорифпарварона маҳз бо талошҳои ҳамин афроди баркамол таъсис ёфтанд ва эшон барои татбиқи ақоидашон тамоми роҳу усулу имконоти хешро истифода намуданд. Таъсирашон ба афкори халқ низ маврид ба қайд аст ва, медонед, аслан вожаи “ҷадид” низ ба онон ҳамчун таҳқир аз ҷониби душманон гузошта шудааст ва чунин ном бурдан низ хатост. Ин гурӯҳ худро “ҷавонон”, “ҷавонфикрон”, “ҷавонбухориён”, “тараққихоҳон”, “тараққипарварон” ном мебурданд;

– пантуркистон гурӯҳе аз афроди лаёқатманди фиребхӯрдаи минтақа буданд, ки мавҷудияти на танҳо миллати тоҷикро, балки миллатҳои ӯзбеку қазоқу қирғизро низ инкор мекарданд ва ҳамаро турк ва турктабор таҷаллӣ менамуданд. Ин гурӯҳ ҳатто дар Осиёи Марказӣ хоҳони ташкили Ҷумҳурии халқҳои Турк буданд. Аз он ҷумла, халқҳои тоҷик, ӯзбек, кенагаз, қирғиз ва дигар миллатҳои муқими Бухорову Самарқандро аз рӯи барномаи “Ҳизби ҷавонбухориёни инқилобчӣ” қабилаҳои хурди аз таборони турк пайдошуда ва бо гузашти таърих забони ғайрро пазируфта меҳисобиданд, ки бояд ба аслашон, яъне ба миллати турк бармегаштанд. Ин гурӯҳ ҳатто мактабҳои тоҷикиро дар манотиқ баста, дар баъзеяш (аз он ҷумла дар Помир) нидои гимни туркии Отатуркро талаб мекарданд. Онон миллатгарои ашадӣ буданд ва дар манотиқ нафарони хосро “шустушӯи мағзӣ” медоданд. Дар ин давраи ҳассоси таърихӣ тоҷикон лидере надоштанд, ки миллатро аз паси худ бибарад ва аз ин рӯ ҳам бисёре аз ашхоси хушзеҳни миллат ба осонӣ ба “чанги туркгароӣ” гирифтон гаштанд.

– Воқеан, Шумо бойгонии Маскаву Санкт-Петербургро дар ин боб тагурӯ кардаед: ин ду махзан дар бораи ҷавонбухориён чӣ мегӯянд?

– Ҳамаи таърих дар бораи маорифпарварони Бухоро дар ин махзанҳо ҳифз шудааст. Лекин аз “Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро”-и устод Айнӣ равшантар инъикос наёфта. Устод Айнӣ яке аз сарварони ин ҳаракат маҳсуб меёфтанд ва дар ҳамаи ин воқеот иштирок доштанд ва шоҳиди бевосита буданд. Барои огаҳии таърихнигорон ва шавқмандони таърих ҳамин чиз кифоят мекунад.

Аммо, дар ҳамин ҳол, дар махзанҳо ҷонибдорон ва мухолифони маорифпарварони Бухоро бо ҳамаи “сиёҳу сафедкунӣ”-яшон сабт гардидааст. Аз он ҷумла, дар бойгониҳо омада, Икромча ном муфтӣ, ки то дараҷаи аълам дар Аморати Бухоро расидааст, гарчанде ошкоро ба ҷавонбухориён напайвастааст, ба таври пӯшида аз ин гурӯҳ ҷонибдорӣ менамояд:

Агенти махфии ҳукумати Русия дар ҳуҷҷатҳо қайд карда, ки муфтӣ Икромча дар тӯйе аз ба тадриҷ кам шудани зиёиёни Аморати Бухоро луқма партофта, дар идома ин коҳиши маънавиро ба мактабҳои кӯҳна рабт медиҳад ва ҳамзамон пешниҳод мекунад, агар макотиби тарзи нав дар Бухоро ташкил шаванд, қишри саводноки ҷамъият ба маротиб меафзояд ва ин ҳам ба баланд рафтани мавқеи Бухоро ва бухороиён замима мегузорад.

Асоснок кардани суханони муфтӣ Икромча, ҳатто бузургтарин душмани ашадии ин гурӯҳ, Қозикалони Бухоро – Бурҳониддинро қонеъ мекунонад, ки ӯ мегӯяд, “агар чунин бошад, ман амирро огоҳ мекунам, ки ба ҷадидон дигар кор нагирад!”.

– Таърихнигории мо ҷавонбухориёнро чӣ гуна шинохтааст: ҳамчун ғолиб ё мағлуб?

– Он чизе ки онон мехостанд, ба сомон расонида натавонистанд. Мутаассифона, таърих ҷавонбухориёнро ҳамчун шикастхӯрда ёд мекунад.

– Мегӯянд, ки дар дунё ҳеҷ вақт адолатӣ иҷтимоӣ набуд ва нест. Инро қабул доред?

– Ҳақиқати мутлақ дар олам набудаву нест, он ҳамеша нисбист. Адолат низ ҳамсони ҳақиқат аст. Ин ду дар афсонаҳо комил буда метавонаду бас.

Гуфтаҳо ва ногуфтаҳо

– Аксар журналистон бар ин боваранд, ки “сарнавишти 100 соли ахири тоҷикон дар таърих ва адабиёти ин давр пурра инъикос ва сабт нагардидааст ва бисёр соярӯшанҳое дар забони мардум ҳаст, ки то ҳол дар қолаби ҳақиқатнигорӣ дарҷ намегардад”. Шумо бар кадом боваред?

– Бале, суханони мегуфтаи таърих ногуфта мондааст. Масалан, кӣ дар бораи тоҷикони Ӯзбекистон ва вазъи зиндагӣ, забон, илм, фарҳанг ва адабиёти ин давр мукаммал чизе навишта? Ва ё перомуни тоҷикони Афғонистон? Мегуфтаҳо бисёранд. Вале муҳимтаринҳояш сабт гардидаанд.

– Омили “Инъикоси Инқилоби Бухоро дар асарҳои Садриддин Айнӣ”-ро мавзӯи рисолаи номзадӣ қарор доданатон чӣ буд: аз он ки зодаи Ғиждувону Бухоро ҳастед ва муҳитро хуб медонед ва ё сабаби дигаре буд?

– Не, таърих таваҷҷӯҳи маро ба худ ҷалб карда буд: сарнавишти аз сар гузаштаи як насли бузургтар.

– Дар воқеъ, дар оғоз бо номи “инқилоби халқии шӯравии Бухоро” рисола ҳимоя намудед, вале дар солҳои баъд онро рад мекунед. Чаро?

– Бале, дар Бухоро инқилобе рух надодааст. Аслан, инқилоб он аст, ки афроди як ҷамъият якбора низомеро тағйир дода, аз ҳоле ба ҳоли дигар мегузаранд. Аммо шахсан ман бо далелу ҳуҷҷат ва шоҳидони бевосита рӯ ба рӯ шудаву дақиқ сохтам, ки аз оғоз, то фирори амир Олимхон ягон бухорӣ дар ин инқилоб ширкат наварзидааст. Буда, ки Партияи комунистии Бухоро ва Партияи ҷавонбухориён ташкил мешаваду ҳатто отреадҳои мусаллаҳ гирд меоваранд, вале ин инқилобчиён аз имтиҳони комиссияи Фрунзе намегузаранд ва ягон нафар аз аҳолии мулкӣ ва инқилобчиён дар ҳаракати амалиёти ҷангии аскарони Сурх иштирок ҳаққи иштирок пайдо намекунанд. Дар натиҷа, Бухоро комилан аз ҷониби аскарони Сурх ғасб мегардад. Пас дар ин ҳол инқилобе ҳам буда наметавонад.

– Ҳамчун бухорошинос гуфта метавонед, ки бо кадом сабабҳо Бухоро аз ҳудуди Тоҷикистони имрӯза берун монд?

– Бубинед, вақте Инқилоби Октябр ба вуқӯъ пайвасту баъдан Осиёи Миёна зери тобеият қарор гирифт, Ленин масъалаҳои ҳудудӣ-марзии мамоликро пеш овард. Файзулло Хоҷаев дар феврали соли 1924 пеш аз ҳама пешниҳод кард, то кишвари Ӯзбекистон ташкил шаваду Бухоро пойтахти он бошад ва дар ҳамин баробар аз заминҳои Масчоҳи кӯҳӣ ва Қаротегин ҶМШС Тоҷикистон дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон ташкил гардад. Бухоро, ки маркази фарҳанги тоҷикон эътироф мегашт, аз даст рафт. Абдураҳим Ҳоҷибоев, раҳбари зеркомиссияи тоҷикон дар Комиссияи тақсимоти ҳудудҳои миллии Осиёи Миёна дар соли 1924 буд, Самарқандро низ барои пойтахти ҶМШС Тоҷикистон дархост нанамуд. Агар барои хидматҳояш дар соли 1929 – 1933 чун нахустин раиси Шӯрои нозирони халқ (сарвазир)-и ҶШС Тоҷикистон, ба ӯ унвони қаҳрамонӣ диҳем, арзандааш аст. Вале агар жарфтар дар тақсимоти соли 1924 назар афканем, бо сабабҳои дахолат кардан ва накардани ӯ шаҳрҳои бузурги тоҷикон аз ҳудуди Тоҷикистон берун монданд. Хидматҳои ӯ қобили қадр ҳастанд ва шахсияти таъсиргузоре дар таърихи тоҷикон буду ҳаст, вале дар ҳамин баробар ин нуқсонҳои барҷастаи таърихро наметавон сарфи назар кард ва Самарқанду Бухоро барин марказҳои бузурги илму фарҳангу адабро ба муфт аз даст бидод.

– Аз зумраи зиёиёни охирини Бухоро дар Душанбе ҳисоб меёбад. Фарҳанги Бухороро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

– Фарҳанги Бухоро фарҳанги ҳазорсолаи миллати тоҷик аст, ки бар Душанбе мунтақил шуд ва ин ҷо нигаҳдорӣ мешавад. Аммо бӯи Бухоро медиҳад.

Забон: тоҷикӣ ё ӯзбекӣ?

– Нигарониҳост, ки забони тоҷикӣ дар Бухоро коста мегардад… Воқеият дорад?

– Забони тоҷикӣ дар Ӯзбекистон ба фаромӯшӣ рафтааст; макотиби тоҷикӣ хеле ва хеле каманд; китобҳо дар замони Шӯравӣ камӣ мекарданд, имрӯз на китобнавис боқӣ монда ва на китобхон; забони гуфтугӯи тоҷикӣ тобишу оҳанги ӯзбекӣ пайдо намуда ва ҳамин раванд идома ёбад, бим дорам, ба фаромӯшхонаи таърих меравад…

– Фардоро чӣ гуна пешбинӣ менамоед?

– Фардо тоҷикони Ӯзбекистон ӯзбек мешаванд; ӯзбекони Тоҷикистон – тоҷик. Вале тоҷикон миллати ӯзбекро қабул мекунанд, ӯзбекон миллати тоҷикро ба осонӣ қабул нахоҳанд кард.

– Шарҳ медиҳед?

– Ман охирон бор моҳи феврал ба Ӯзбекистон сафар доштам: ҷавонон дар он ҷой дигар забони тоҷикиро намедонанд…

Вале чанд моҳи пеш ба Турсунзода рафта будам: то ҳол ӯзбекони ин ҷой забони тоҷикиро намефаҳманд…

15 кг ва 1000 саҳифа

– Воқеан, вазъи иқтисодии миёна ва баъзан поинтар аз миёна аксарияти мардуми қаламкашро азият медиҳад. Вале Шумо аз сармоядорӣ, таърихи бонкҳо, корхонаҳои саноатӣ ва соҳибкорӣ қаламкашии мадиде кардаед, ҳатто “Мавқеи сармояи бонкӣ дар инкишофи иҷтимоиёт ва иқтисодиёти Осиёи Миёна (аз солҳои 90 – уми асри Х1Х то соли 1917)” мавзӯи рисолаи докториатон аст. Чаро? Ва ё манфиате дар пай дошт?

– Мавзӯи рисолаи номзадии камина “Инъикоси инқилоби халқии шӯравии Бухоро дар асарҳои Садриддин Айнӣ” буд. Моҳи октябри соли 1976 маро ба курси такмили ихтисос ба шаҳри Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург), ба Университети давлатии ба номи Жданов фиристоданд. Мебоист ҳуҷҷати зарурӣ дар бораи шахсияти Қорӣ Исматро пайдо кунам. Чун мувофиқи маълумотҳои устод Айнӣ, Қорӣ Исмат шахси таърихӣ буд ва бо бонкҳои русиягӣ алоқаи зич дошт, ба мавзӯи «Эволютсияи ҷадидизми Осиёи Миёна» таҳқиқ рабт мегирифт.

Рӯзе аз доктори илми таърих, профессор Анапич Барис Василевич, ки дар бораи фаъолияти бонкҳои русиягӣ лексия мехонд, пурсидам, «оё маводҳои ташкилотҳои Осиёи Миёнаи бонкҳоро пайдо кардан мумкин аст?». Анапич Б.В. бинои Бойгонии давлатии таърихии ИҶШС-ро нишонам дод, ки дар он қариб тамоми ҳуҷҷатҳои асосии бонкҳои русиягӣ мавқуф буданд. Банда рӯзи дигар ба ҳамон бойгонӣ омадам. Он ҷо сараввал рӯйхати ҳуҷҷатҳои Бонки давлатии Руссияро баъди тахминан 1-2 соат бо аробача 2- ҳуҷҷатро оварданд, ки  ҳар кадоми онҳо тахминан 1000 саҳифа ва муқоваи сахт, вазнашон тахминан 10-15 кг буданд. Ҳуҷҷатҳои нодир маҳсуб меёфтанд.

Рӯзе дар асоси маводҳои ҷамъ намудаам, фишурдаеро омода намуда, ба назди профессор Ананич Борис Василович рафтам. Ананич Б.В аз маводҳои ман ба завқ омада «Намозбой! Мавзӯи ҷадидизмро дигар вақт кор мекунед. Маводҳое, ки ҳоло ҷамъ кардаед ва минбаъд ҷамъ мекунед, барои рисолаи доктори басанда аст!

Давра ба давра шавқу ҳаваси ман барои таҳқиқ кардани мавзуи фаъолияти бонкҳои дар шароити Осиёи Миёна бештар мешуд. Зеро, бовари ҳосил кардам, ки ин мавзуъро касе таҳқиқ накардааст, аз ҳамин сабаб чизи нав гуфтан мумкин. Аммо дар шароити ҳамон вақтаи факултет ин корро анҷом додан ғайри имкон буд…

Бозгашт ба таърих

– Ба андешаи Шумо бузургтарин хато, ки аҷдодои мо дар тӯли таърих содир кардаанд, кадом аст? Ва оё онро имрӯз мешавад ислоҳ кард?

– Тақсимоти миллӣ-марзӣ, ки дигар ислоҳшуданӣ нест.

– Мегӯянд, тоҷикон бо қаламкашиашон хокашонро аз даст доданд. Рост?

– Чунин андеша ҳаст. Вале, бубинед, Спитамен кӣ буд? Темурмалик кӣ? Абӯмуслим, Муқаннаъ, Маҳмуди Торобӣ, Восеъ?

– Аммо ҳама шикаст хӯрданд…

– Барои он ки муттаҳид набуданд…

– Дар қаламкашӣ коре карда будед, ки ҳоло аз он изҳори пушаймонӣ мекунед?

– Не. Барои таърихнавис чизеру гуфтану боз пас рад намудан, сангин аст.

– Бар воқеоти имрӯзи Афғонистон чӣ назар доред?

– Дар олам чархи гардун ба ақиб рафтанӣ нест, вале онон мехоҳанд кори намешуда ва аз тавонашон болобударо анҷом диҳанд.

– Имрӯз ба чӣ кор машғулед?

– Барои навишти “Таърихи дувоздаҳҷилдаи тоҷикон” дасту оринҷ бар задаем.

Мусоҳиб:

Меҳрофарин НАҶИБӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь