Муҳаммадҷавон Зариф, муовини роҳбурдии президенти Эрон бо даъвати дастандаркорони Форуми ҷаҳони иқтисодии Давос ба Шветсария рафт. Дар нишасти иқтисодӣ ва ҳошияи форум бо чеҳраҳои шинохта ва роҳбарони бархе кишварҳо дидору мулоқот кард. Мусоҳибаи ӯ бо журналисти шинохтаи ҷаҳонӣ Фарид Закриё нафақат дар Эрон, балки дар минтақа ва ҷаҳон баҳсангез воқеъ шуд.

Фарид Закриё: Меҳмони имрӯзи мо касест, ки ба муаррифӣ ниёз надорад. Бидуни шак, яке аз шинохтатарин чеҳраҳои Эрон дар се даҳаи гузашта аст, ки мардум бо он рӯ ба рӯ шудаанд. Вазири корҳои хориҷии Эрон, сафири Эрон дар СММ ва ҳоло муовини роҳбурдии президенти Эрон аст. Ҷаноби Муҳаммадҷавод Зариф хуш омадед!

Муҳаммадҷавод Зариф: Хушҳолам, ки бо Шумо ҳастам.

Фарид Закриё: Оё ин дуруст аст, ки Шумо дар мавқеияти бисёр заифтар қарор доред?

Муҳаммадҷавод Зариф: Иҷоза диҳед, чанд нуктаро матраҳ кунам. Мо бо Ироқ ҷангидем, замоне ки ҳич падофанди ҳавоӣ надоштем. Замоне, ки ҳич силоҳе надоштем. Замоне, ки Амрико ба Ироқ силоҳ медод, замоне, ки Фаронса ба Ироқ мушак ва ҷангандаҳои Мирож медод, замоне, ки Олмон ба Ироқ силоҳҳои химиявӣ медод, замоне, ки Британия ба Ироқ танк медод, замоне, ки Русия-Иттиҳоди Шӯравӣ дар он замон- ба Ироқ мигҳо ва мушакҳои скод медод, замоне, ки Чин дар он замон ба Ироқ мушак медод. Мо ҳич чизе надоштем. Мо ба муддати ҳашт сол дар баробари Ироқ истодем ва ҳатто як ваҷаб аз хоки худро вогузор накардаем. Ва дувум, ин ки мо алайҳи як артиш бо таҷҳизоти комил, ки тавассути ҳама таҷҳиз шуда буд, ҷангидем. Дар ҳоле, ки ҳич кас барои ҳашт сол ба мо силоҳе намедод. Ва мо ҳатто як ваҷаб аз хоки худро аз даст надодем.

Фарид Закриё: Амрико мегӯяд Эрон танҳо чанд ҳафта ё шояд чанд рӯз барои гурез ба силоҳи атомӣ фосила дорад. Оё ин дуруст аст ва оё қасд доред ин корро анҷом диҳед?

Муҳаммадҷавод Зариф: Агар мо мехостем силоҳи атомӣ бисозем, муддатҳо пеш метавонистем ин корро анҷом диҳем. Барномае, ки барои сохти силоҳи атомӣ бошад, шабоҳате ба барномаи мо надорад. Шумо силоҳи атомиро дар озмоишгоҳҳои пинҳонӣ месозед, ки таҳти баррасии байналмилалӣ қарор надошта бошанд! Касоне, ки нигарони барномаи атомии мо ҳастанд, мисли исроилиҳо мегӯянд, ки мо танҳо чанд рӯз то сохти силоҳи атомӣ фосила дорем. Пас чаро онҳо аз БАРҶОМ истиқбол накарданд? БАРҶОМ ҳатто дар бадтарин таҳлил Эронро ҳадди аққал ба муддати 15 сол аз дастёбӣ ба силоҳи атомӣ дур нигоҳ медошт. Пас касоне, ки мегӯянд, Эрон ба зӯдӣ силоҳи атомӣ хоҳад дошт, яъне Нетаняҳу аз соли 1994 ё 1996 гуфта, ки Эрон дар шаш моҳи оянда силоҳи атомӣ хоҳад дошт. Ҳоло ҳудудан сӣ сол аз он замон гузашта ва ҳанӯз чанд рӯз то силоҳи атомӣ фосила дорем!

Ин чизест, ки мо дар истилоҳи тахассусии худ ба он “амниятисозӣ” мегӯем, на амният. Ин таҳдиди амниятӣ нест. Бархе мехоҳанд Эронро ба унвони таҳдиди амниятӣ муаррифӣ кунанд. Эронҳаросӣ ва исломҳаросӣ абзорҳое ҳастанд барои иқдомоте монанди наслкушӣ дар Ғазза! Ҳамеша мегӯянд алайҳи Эрон вориди амал мешавем! Аммо шумо алайҳи кӯдакони Ғазза вориди амал шудаед!

Фарид Закриё: Дар мавриди мақолае, ки дар “Форин афрз” навиштаед, мепурсам. Шумо дар он ишора кардед, ки дар давраи Трамп мумкин аст фурсате барои як тавофуқ бо Эрон вуҷуд дошта бошад. Ман аз ин мавзуъ тааҷҷуб кардам, чун Трамп ҳамон касест, ки аз тавофуқи атомии Эрон хориҷ шуд. Чаро фикр мекунед, касе, ки аз БАРҶОМ хориҷ шуд, таҳримҳои Амрикоро дубора бар зидди Эрон барқарор кард ва гуфт, ки мехоҳад “фишори ҳаддиаксарӣ бар Эрон биёварад, метавонад як фурсат бошад?

Муҳаммадҷавод Зариф: Ҳамеша умед ҳаст, ки мардум ақлониятро интихоб кунанд. Аммо ҷиддитар иҷоза диҳед як раванди замонӣ ба Шумо ироа бидиҳам. Ҷон Болтон дар феврали соли 2017 ба Порис рафт.

Фарид Закриё: Замоне, ки мушовири амнияти миллии Трамп буд?

Муҳаммадҷавод Зариф: На! Ӯ мақолае дар авохири соли 2016 навишт, ки нақшаи роҳе барои Трамп барои хуруҷ аз БАРҶОМ ироа медод. Дар феврали соли 2017 ба Порис рафт ва дар як гирдиҳамоии “муҷоҳиддини халқ” (-мухолифони режим имрузии Эрон-шарҳи мо) суҳбат кард. Фикр мекунам, изҳоротномаи молиётии ӯ нишон медиҳад, ки барои ин кор 40 ҳазор доллар дарёфт карда буд. Ба ман гуфтаанд, ки ӯ дар изҳоротномаи молиётии худ дуруғ гуфта, бинобар ин мумкин аст бештар аз ин дарёфт карда бошад….

Фарид Закриё: Ин гуруҳ аз сарнагунии давлати Эрон ҳимоят мекунад.

Муҳаммадҷавод Зариф: Ин гуруҳ муддате дар феҳристи созмонҳои террористии Амрико қарор дошт. Ӯ дар ҳамон суханронӣ гуфт: “Дафъаи баъд, соли оянда, дар Теҳрон!”. Сипас дар апрел ба унвони мушовири амнияти миллӣ мансуб шуд! Пампео дар 26-уми апрел ба унвони вазири хориҷа таъйид шуд. Ӯ дар 29-уми апрел ба Исроил рафт ва аз Нетаняҳу хост, ки он намоиши музҳикро дар бораи “асноде”, ки аз Эрон кашф карда буданд, ба роҳ бияндозад. Трамп дар 8 моҳ аз тавофуқ хориҷ шуд. Агар ба ин силсилаи воқеаҳо нигоҳ кунед, ман далоиле дорам,- аз он чи ки аз раҳбарони кишварҳои дигар шунидам, ки нишон медиҳад онҳо Трампро ба ду чиз қонеъ карда буданд. Аввал ин ки Эрон дар ҳоли фурупошӣ буд ва хуруҷи ногаҳонӣ аз тавофуқ охирин мех бар тобути Эрон хоҳад буд. Дувум, ин ки бо ин асноди ҷаълӣ, ки Нетаняҳу нишон медод, ҳимояти байналмилалӣ аз Амрико барои хуруҷ аз тавофуқ ҳосил хоҳад шуд!

Пас умедворам, ки ин бор Трампи 2 ҷиддитар ва воқеъгаротар бошад. Бидонад, ки ин хуруҷӣ ба ӯ таҳмил шуд ва худаш ҳам гуфта, ки ин корро барои Исроил анҷом дод ва имрӯз мегӯяд, ки дигар барои ҳич кишвари дигаре ҳич коре нахоҳад кард. Ӯ инро дар маросими савгандаш гуфт.

Фарид Закриё: Дар Вашингтон афроде ҳастанд, ки дар бораи як тавофуқи ҷадид суҳбат мекунанд. Як тавофуқи атомии ҷадид бо Эрон, ки шомили тааҳҳуде аз сӯйи Эрон мабнӣ бар адами идомаи ҳимоят аз неруҳои ниёбатӣ ё

Муҳаммадҷавон Зариф: Мо ҳич гоҳ неруҳои ниёбатӣ надоштем. Бубинед! Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бар ин таъкид дошт, ки бояд тавофуқи минтақавӣ дошта бошем. Ҳоло мо як тавофуқи минтақавӣ дорем. Равобити хубе бо Арабистони Саудӣ дорем, равобити хубе бо Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дорем. Ман дар мақолае, ки ба тозагӣ дар “Экономист” навиштам, пешниҳод кардаам, ки бояд як тавофуқи ҷадид дар ин минтақа дошта бошем. Ман онро тарҳи “муваддат” номидам. Анҷумани гуфтугӯи Ғарби Осиё мухафафи он дар забони арабӣ “муваддат” аст. Яъне, дӯстӣ. Титри мақолаи “Экономист” “Муваддат ба ҷоий душманӣ” буд! Биёед мо пеш биравем. Мо ба ин ҷо расидаем.

Фарид Закриё: Манзур тааҳҳуд ба адами ҳимоят аз бозсозии онҳо аст. Оё Шумо чунин чизеро дар назар хоҳед гирифт?

Муҳаммадҷавод Зариф: Мушкил инҷост, ки адрес иштибоҳ аст! Адреси муқовимат дар минтақа дар Тел-авив аст. Дар наслкушии исроилӣ, ишғол, апортоид ва нақши ҳуқуқи фаластиниҳо аст. Адрес дар Теҳрон нест! Иёлоти Муттаҳида ва Исроил барои панҷоҳ соли оянда ҳам метавонанд Эронро таҳти фишор қарор диҳанд! Ин масъалаи Фаластинро ҳал нахоҳад кард.

Агар мехоҳед масъалаи Фаластин ҳал шавад, танҳо роҳи ҳал ва, ман фикр мекунам, ки ҳам касоне, ки дар Давос – 2025 суҳбат кардаанд, эҳтимолан ба ҷуз марде, ки дирӯз бо ӯ суҳбат кардед, бар ин таъкид кардаанд, ки танҳо роҳи ҳал ташкили як давлати фаластинии пойдор аст. Эрон ҳамеша аз муборизаи мардум барои ҳуқуқи инсониашон, барои ҳаққи таъйини сарнавишташон ҳимоят кардааст ва мо ба ин ҳимоят идома хоҳем дод. Аммо ин иллат нест! Бояд муборизае вуҷуд дошта бошад, то Шумо аз он ҳимоят кунед. Ҳимояти Шумо муборизаро эҷод намекунад. Мубориза вуҷуд дорад. Як далел барои муқовимат вуҷуд дорад, ки вобаста аз ишғол, таҷовуз ва нақзи ҳуқуқи башар аст. Магар ин роҳи ҳал ба даст ояд, муқовимат бештар хоҳад шуд, гуруҳҳои бештаре хоҳанд омад, бо ё бидуни кӯмаки Эрон.

Фарид Закриё: Ман дар соли гузашта чандин бор дар Арабистони Саудӣ будам. Занони Саудӣ ба ман омаданду гуфтанд, ки бисёр ифтихор мекунанд, ки ҳоло дар Арабистони Саудӣ занон ҳуқуқи бештаре нисбат ба Эрон доранд. Президенти ҷадид гуфтааст, ки қарор аст имкони инро фароҳам кунад, ки занон ҳар чизе, ки мехоҳанд, бипӯшанд. Ин ки дигар ниёзе ба пӯшидани русарӣ набошад ва аз он чи ки ман онро озори занон тавассути гашти иршод медонам, пешгирӣ шавад. Ин ҳанӯз ба назар намерасад, ки итифоқ уфтода бошад. Оё ин иттифоқ хоҳад уфтод?

Муҳаммадҷавод Зариф: Хуб, бубинед. Ман, ки дар шаклгирии ҳукумати Эрон нақше доштаам, ифтихор мекунам. Дар ҳукуматамон чаҳор зан дорем. Дар сатҳи вазорат.

Фарид Закриё: Оё ин занон метавонанд бидуни пӯшиши мӯ дар ҷаласаҳои ҳукумат зуҳур пайдо кунанд?

Муҳаммадҷавод Зариф: Хуб, онҳо интихоб кардаанд, ки ин корро накунанд, чун ба қонунҳои кишвар эҳтиром мегузоранд. Ҳоло, агар ба хиёбонҳои Теҳрон биравед, хоҳед дид, ки бисёре аз занон мӯйҳои худро намепӯшонанд. Ин хилофи қонун аст, аммо давлат тасмим гирифтааст, ки занонро таҳти фишор қарор надиҳад. Ин ваъдаҳое буд, ки президент Пизишкиён дод ва ин ваъда дар ҳоли иҷро аст. Ӯ иҷрои қонунро бо мувофиқати аркони низом боз дошт. Манзури ман раҳбарии кишвар нест. Манзур аркони кишвар аст, монанди раиси маҷлис, раиси қувваи қазоия, Шурои амнияти миллӣ ва дигарон. Пас мо дар масири дуруст ҳаракат мекунем. Барои аввалин бор ақалиятҳои қавмии мо ба унвони раиси вилоят дар Курдистони Эрон ва Балуҷистони Эрон мансуб шудаанд. Мо як узв аз аққалият дар ҳукумат дорем. Бинобар ин, масоиле ҳаст, ки президент Пизишкиён ба унвони фарди масъули ташкили ҳукумат ба онҳо ифтихор мекунад. Ман низ хеле ифтихор мекунам. Ин як гом дар масири дуруст аст.

Фарид Закриё: Оё ин талош муваффақ хоҳад буд ва муҳимтар аз он, оё ин нишон намедиҳад, ҳамон тавр ки президенти Исроил гуфтааст, ки тундравҳое, ки маъмулан ба унвони касоне, ки сиёсатҳои амниятии аслиро назорат мекунанд, шинохта мешаванд, ба афроде мисли Шумо эътимод надоранд? Онҳо мехоҳанд сиёсатгузорӣ кунанд ва он чи Шумо дар маконҳое мисли Давос мегӯед, барояшон аҳамияте надорад. Чун дар воқеъ онҳо ҳастанд, ки умурро мудирият мекунанд.

Муҳаммадҷавод Зариф: Дар воқеъ, ин тавр нест, чун ман ин ҷо ҳастам. Агар онҳо мудирияти корҳоро дар даст доштанд, тибқи дидгоҳашон, ман ҳатто иҷоза надоштам, дар хиёбонҳо қадам бизанам. На фақат хиёбонҳои Давос, балки ҳатто хиёбонҳои Теҳрон. Аммо ин нишон медиҳад, ки Эрон як ҷомеаи таксадоӣ нест. Мо садоҳо ва дидгоҳҳои мухталифе дорем ва наметавонем онҳоро саркуб кунем. Дар бархе ҷоҳо, замоне садоҳои пешрафтро хомӯш мекарданд, дар замони дигар, садоҳои суннатиро. Аммо мо ин корро намекунем!

Садоҳои пешрафт, садоҳое, – ман ин барчасбҳоро дӯст надорам, – аммо садоҳое, ки тарафдори сиёсатҳои бозтар ҳастанд, бисёр фаъоланд. Садоҳое, ки мухолифи мо ҳастанд, низ бисёр фаъоланд. Онҳо дар интихобот мебозанд, дар интихобот мебаранд. Дар охирин интихобот мо бохтем. Дар ин интихобот мо баранда шудем, аммо рақобати бисёр наздике буд. Барои аввалин бор дар зиндагиям кори “дохилӣ” анҷом додам. Дар ин корзори интихоботӣ буд. Ва маҷбур шудам аз шаҳре ба шаҳри дигар барои президент Пизишкиён таблиғ кунам. Як рақобати воқеӣ, бо як интихоби воқеӣ.

Фарид Закриё: Ҷаноби муовини президент, хушҳол шудам аз ҳузури Шумо!

Муҳаммадҷавод Зариф: Хуб аст, дубора шуморо дидам, Фарид.

Аз редаксия: Мусоҳиба ихтисоран нашр мешавад

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь