Калонова Майсара Юлдошевна дар ш. Ваҳдат таваллуд шудааст. Майсара Юлдошевна фаъолияти меҳнатии худро дар замони СССР шурӯъ карда, солҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор кардааст. 1975-1980 дар комсомол кор карда, аввал котиби дуюм, баъд котиби якуми комитети марказиро ба уҳда дошт. Соли 1980 раиси ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон (ТОДКС) бо мамлакатҳои хориҷӣ буд. Вай барои мустаҳкам намудани сулҳу осоиш, дӯстӣ ва ҳамкории байни халқҳо бо ордениДӯстӣмукофоти ҳукуматӣ қадрдонӣ шудааст. Бо ҷойизаи давлатии Федератсияи Русиямедали Пушкин сарфароз шудааст. Аз моҳи июли соли 2007 дар нафақа мебошад.

-Дуруд ба Шумо муаллимаи азиз. Пеш аз ҳама ҷаҳони сипос аз онки суҳбат бо бандаро қабул намудед. Чун дар арафаи ҷашни зебои иди модарон қарор дорем, ба Шумо низ муаллимаи азиз рузи модаронро таҳният мегуям…

-Ташаккури зиёд, ба Шумо низ иди бонувон муборак бошад.

-Хуб мешуд суҳбатро аз замони тифлии Шумо оғоз мекардем. Тифлии Шумо чӣ гуна гузаштааст?

-Кӯдакиҳои ман дар ноҳияи собиқ Орҷеникидзеобод сипарӣ гаштааст. Ман ҳамонҷо таваллуд шуда, ба воя расидам. Мактаби миёнаро низ онҷо хонда ба итмом расонидам. Аз гузаштаи тифлиям пурсон шудед, тифливу наврасиву ҷавонии хуб доштам…

-Шумо дар собиқ ноҳияи Орҷеникидзеобод (ҳоло Ваҳдат) мактабиро хатм намудед ва баъдан ба донишкадаи политехникии Тоҷикистон дохил шуда, онро бо ихтисоси меъмор хатм кардед.

Роҳи Шумо чун як зан барои хизмат ба ҷомеа чӣ гуна боз шуд. Аз ҷараёни сохтанҳои худ ёд бикунед…

-Ман баъди хатми мактаби миёна, соли 1966 ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ дохил шудам, ки он замон Донишкадаи политехникии Тоҷикистон буд, соли 1971 хатм кардам. Баъди хатм, мо хатмкунандагонро, ки 25 нафар будем, ба Институти лоиҳакашӣ, ки ҳозира Душанбе-шаҳрсоз аст, равон карданд, онҷо дар вазифаи меъмори калон то соли 1975 кор кардам. Баъд дар як лоиҳа, ки бозсозии шаҳр ном мерафт, ман баромад кардам. Гулҷаҳон Бобосодиқовна, ки котиби якуми ҳизб буданд дар он ноҳия ва баъди баромад маро даъват карда, ба ман кори комсомолӣ пешниҳод карданд ва машғул шудан ба тарбияи ҷавонон ба вазифаи дуюм котиби ройком. Баъди як сол кор кардан, котиби аввал шудам, дар ноҳияи марказӣ, ки айни ҳол ноҳияи Фирдавсии шаҳр мебошад. Баъд аз кори комсомол ба ҳизби комитети марказӣ, партияи коммунистӣ дар шуъбаи фарҳанг ним сол кор кардам. Баъдан маро котиби ройкоми ноҳияи Октябр (ҳоло Исмоили Сомонӣ) пешниҳод карданд ва 6 сол онҷо кор кардам. Соли 1986 маро муовини раиси ҷамъияти Дӯстӣ ва алоқаи мадании Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ, ки вазифаи интихоботӣ буд, маро онҷо интихоб карданд. Соли 1990 ҳамчун раиси ин созмон ифои вазифа кардам. То соли 2007 дар ин вазифа кор кардам. Аз соли 2007 то инҷониб дар нафақаи меҳнатӣ қарор дорам.

-Атрофи модар ҳарф бизанед. Модар дар зиндагии Шумо чӣ нақш дошт?

-Модари ман маро таваллуд карда, тарбия карданд. Ман садҳо бор шукрона мекунам, ки чунин модар доштам. Мо ҳамроҳи модаркалон зиндагӣ мекардем. Нақши онҳо дар тарбияи ман бисёр калон аст. Вақте, ки аз мактаб бармегаштам, гирди сандалии модаркалон нишаста, китоб мехондам. Ман зиёд мутолиа мекардам. Модарам кор мекарданд. Ман фарзанди хурдии оила будам, се нафар будем. Бародари калон доштам хоҳарбузургам ва ман. Апаам, ки оиладор буданд, тамоми кори хона ба дӯши ман буд.

Тамоми муваффақиятамро аз мутолиаи зиёд мебинам.

-Шумо аз камтарин занҳое ҳастед, ки маҳбубият миёни ҷомеа доред ва умре хизмати халқ кардаед. Бароятон кадом марҳалаи зиндагӣ созанда буд?

-Ҳамон марҳалае, ки дар ҷамъияти “Дӯстӣ” фаъолият мекардам, чунки тамоми зиёиёни Тоҷикистон гирд меомаданд, гарчанде, ки он замон зиёд солҳои ҳассос буд. Тамоми коргоҳҳо баста буданд, аммо ҷамъияти мо дараш боз буд. Мо ҳамеша нақшаҳо мекашидем, мизи мудавварҳо мегузарондем. Бо аҳли ҳунару адаб равобит доштан, ин худ марҳилаи созанда буд. Фикр мекунам барои инсон хоксор будан маҳбубият меорад. Чун асоси инсоният хоксорӣ аст. Мақому мартаба гузаранда аст, инсон бояд ҳамеша инсон монад.

-Албатта, марҳалаҳои зиндагии оиладориро сипарӣ сохтаед, чун ҳам зани хизматчии давлатӣ будед ва ҳам бону дар оила. Бароятон чӣ гуна даст дод ҳам дар ину ҳам дар он муваффақ гаштан. Роҷеъ ба ҳаёти оиладории Шумо ва шавҳар донистан мехоҳем?

-Шавҳари ман Содиқҷон Калонов руҳашон шод бод, 8 сол мешавад, ки тарки дунё карданд, табиб буданд. Ман аз қисмат зиёд сипосмандам, ки чунон шавҳар доштам. Инсони бофаҳму хуб буданд. Дар тамоми марҳилаҳои умр дастгири ман буданд. Инсон дар он вақт муваффақ мешавад, ки аъзои оила дастгирӣ кунанд ва аз ҷониби шавҳар дастгирӣ ёбад. Хушбахтона, ман ин дастгириро доштам.

-Бароятон кӣ дар роҳи интихобнамуда, дар мушкилиҳо, дар сохтани Майсара Юлдошевна ёрӣ кардааст?

-Пеш аз ҳама модарам, дастгириҳои он кас ва шахсе, ки ман модари дуюм он касро эътироф кардаам Гулҷаҳон Бобосодиқова мебошанд. Модарам ҳамеша ба онкас мегуфтанд, ки ман Майсараро таваллуд кардам ва шумо тарбия ва дастгирӣ кардед. Ман ҳамеша аз он кас миннатпазирам.

-Чӣ чиз аст, ки то ба ҳол фаромуш намекунед ва пайваста дар зеҳнатон ҳаст?

-Вақте, ки нахустин бор духтарам маро модар гуфт, қадамҳои аввалинро монд. Бисёр шукргузор ва ифтихормандам, ки чунин фарзанди ғамхору дастгир дорам.

-Дар ҷавонони имрӯз чӣ мушкилотро мебинед?

-Ман ҷавононро танқид кардан намехоҳам. Онҳо миёни дуроҳа мондаанд. Аз як тараф, атрофиён, оила ва аз тарафи дигар, ин даргириҳои шабакаи иҷтимоӣ аст. Ва чизи дигаре, ки ҷавононро каме коста кардааст, мутолиаи ками онҳост. Қариб ки мутолиа надоранд ҷавонони имрӯз, дар ҳоле, ки инқадар шароитҳои хубро мо дорем имрӯз.

Китобхонаҳои зиёд имрӯз дорем ва лозим аст, ки инсон ҳадди ақал барои худтарбиякунӣ бояд китобҳои хубро мутолиа кунад. Солҳои пеш дар Донишгоҳи славянӣ дарс мегуфтам ва ҳайрон аз он мешудам, ки донишҷӯ аз Рӯдакӣ чор мисраъ шеър гуфта наметавонад. Ин боиси таассуф аст, мутаасифона. Суруду мусиқиҳои мазмуни пастдоштаро гуш мекунанд, наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аст, қариб ки аз ҷиҳати равонӣ ҷавононро коста кардааст. Умуман, сатҳи маънавиёт паст шудааст.

-Саодати зиндагиро дар чӣ мебинед?

-Саодати зиндагиро дар ҳалолу покиза кор кардан мебинам. Яъне тавонем, ки дар чашми мардум нигоҳ кунем. Номи нек дошта бошад инсон, вақте, ки номи нек аз худ боқӣ мемонӣ, саодати зиндагӣ ин аст.

-Аз зиндагие, ки сипарӣ намудаед, аз ин умри гузашта розӣ ҳастед? Оё худро хушбахт меҳисобед?

-Албатта, чаро не.

Ман заррае аз умри рафта пушаймон нестам. Аз касби доштаам. Аз дастам ҳар қадре, ки омад, хизмат ба ҷомеа кардам.

Акнун, чӣ гуна хизмат карданро халқ қазоват мекунад.

-Агар умр дубора баргардад?

-Ман зиёд модарамро дуст медоштам, таваҷҷуҳ зоҳир мекардам. Ҳоло аз он пушаймонам, ки ҷойи он ки назди модар каме зиёдтар нишинам, ба ҷойе рафтам ё кори дигарро болотар донистам.

Ин боиси таассуф аст ва агар умр дубора бар мегашт, ман лаҳзае зиёдтар мехостам назди модар бошам. Мо ҳама дар ин дунё меҳмонем. Он қадре хизмат кунем, ки пасон таассуф нахурем.

-Беҳтарин сухане, ки замоне бароятон гуфтаанду то ҳол дар хотираатон ҳифз шудааст?

-Як собиқадори меҳнат, ки ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд ва он кас ҳам замоне роҳбари ҷамъияти “Дӯстӣ” буданд, бароям як замоне гуфтанд, ки духтарам Майсараҷон, то чил-солагӣ ту барои обру кор мекунӣ, баъд аз чил солагӣ, обру барои ту кор мекунад ва ин беҳтарин сухане буд, ки шунидам. Баъдан худам ҳам ҳаминро эҳсос кардам, ки воқеан ҳам ҳамингуна будааст. Шояд мушкил дар он аст, ки ҷавонон моро намедонанд. Пайванди наслҳо коста шудааст. Бояд ин риштаи кандаро пайваст кунем. Бояд пайванди наслҳоро мустаҳкам кард.

-Имрӯз Майсара Юлдошевна чӣ ҳолу ҳавое доранд?

-Ман имрӯз хонашин ҳастам. Нафақаи меҳнатӣ барои хизматҳои кардаам мегирам. Бо дӯстон пайваста дар робита ҳастем. Ҳануз ҳам китобҳо мехонам. Соле як бор ба Маскав назди духтарам, ки онҷо ба сар мебарад, меравам ё ӯ меояд. Соҳиби ду набера ҳастам. Ба кӯча мебарояму агар бо даҳ кас салом гӯям, сад кас маро дида муаллима гуфта, салом мегӯяд. Ман ифтихор мекунам аз ин.

-Ташаккури зиёд муаллимаи азиз, барои як суҳбати самимиву самимӣ. Бароятон рӯзу рӯзгори саршор аз шодӣ, руҳу равони идона ва саломатии бардавомро таманно мекунам. Бори дигар идатон муборак!

Ба шумо низ ташаккур!

Мусоҳиб:

Муниса Мансурзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь