Наворбардорӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти телевизион ба шумор меравад, ки тасвирҳоро сабт мекунанд ва рӯи эфири телевизион меравад. Маҳрами Хол аз зумраи наворбардорони ҷавону бомаҳорати соҳаи хеш мебошад. Мавсуф соли 2013 баъди хатми МТМУ №41-и ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба курси аввали факултети театри бадеӣ, шӯъбаи актёрӣ, драмма ва кинои Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуда, пас аз се соли таҳсил бо сабаби бемор шудан тарки донишгоҳ мекунад, то худро муолиҷа намояд. Баъд аз як соли табобат дубора омада, ба шӯъбаи журналистикаи ҳамон донишкада дохил шуда, бо муваффақият донишгоҳи мазкурро хатм мекунад. Ҳанӯз дар даврони донишҷӯӣ дар ТВ “Сафина” ба ҳайси ёвари коргардон кор кардааст. Ҳамчунин, Маҳрами Хол дар телевизиони “Пойтахт” (имрӯза “Душанбе”) , шабакаҳои “ Ҷаҳоннамо” ва “Варзиш”, МД “Тоҷикфилм”  фаъолияти пурсамар карда, таҷрибаи ғанӣ дорад. Сӯҳбати сарироҳие бо Маҳрами Хол доштем, ки фишурдаи онро рӯи авроқ меорем.

 Чӣ сабаб шуд, ки соҳаи наворбардориро интихоб кардед? На журналист шудед ва на актёру коргардон…

– Ман ҳанӯз дар даврони донишҷӯӣ дар телевизиони “Сафина” минҳайси ёвари коргардон кор мекардам ва дар он ҷо устоди ман коргардони муваффақи соҳаи телевизион Зиёвиддин Сафаров буд. Ҳамчунин, дар он ҷо ман боз бо бисёр коргардонҳои ҳирфаии кино сарукор доштам, чун Абдулҳайр Зокиров – яке аз коргардонҳои муваффақи синамои тоҷик дар он ҷо бо мо буд. Дар асл, бо пешниҳоди Абдулҳайр Зокиров, ки ба камина ҳақи устодӣ дорад, соҳаи наворбардориро интихоб кардам ва ба ин ҷода раҳсипор гардидам.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Мегӯянд баъзе аз амалҳои инсонӣ эҳсоси пушаймонӣ доранд. Оё боре Маҳрами Хол тасмими аз касбаш даст кашиданро карда бошад?

– Чунин ҳолатҳо зиёд буданд, чунки дар телевизион кор дастаҷамъӣ аст. Масалан, вақте ки сабт меравӣ, аз панҷ як рукн кор накунад, пас ҳамаи кор ба дӯши наворбардор меафтад, ки одам асабӣ мешавад… Дар ин гуна ҳолатҳо ба худ мегуфтам, ки ба ман чӣ лозим аст? Ягон соҳаи дигарро пеша кунам, хуб нест? Аммо чизе дар умқи қалбам ҳаст, ки маро намемонад касбамро тарк кунам. Шояд ин дӯстории касб аст, виҷдон аст ё дӯстории Ватани хеш аст, ки маро водор ба касбам мекунад.

– Чандин филмҳоро наворбардорӣ кардаед. Дар ин маврид чӣ гуфтаниҳо доред?

– Ман дар мактаби “Хома” давоми 5 сол курси такмили ихтисос хондам ва имрӯз дар он ҷо низ фаъолият мекунам. Дар он ҷо ман бо яке аз коргардонҳо ва наворбардорони машҳур – Зайнуллобиддини Мӯсо шиносоӣ пайдо кардам. Он кас моро сабақ доданд ва маро ба шогирдӣ қабул карданд. Мушоҳида кардам, ки дар ин соҳа дониши амиқу ғанӣ  доранд ва ман ҳам аз домани устод сахт қапидам, то аз нозукиҳои соҳа бархӯрдор шавам. Шукр, ки ҳамин тавр ҳам шуд ва ман аз устод зиёд чизҳоро омӯхтам. Устод маро ҳамчун кинонаворбардор омода карданд ва бо навор бардоштани чандин филм боз ҳам ҳунару маҳорати хешро сайқал додам. Филмҳое, ки ман ҳамчун сарнаворбардор ба тасвир бардоштаам, то имрӯз аз ҷониби тамошобин хуб қабул шудаанд.

Бояд бигӯям, ки санъати филмбардорӣ осонтар аз санъати наворбардорӣ дар телевизион аст. Чунки дар телевизион чӣ рух медиҳад, шумо намедонед. Шумо барои сабт рафтед ва намедонед, ки дар пеш чӣ аст ва шумо чиро ба навор мегиред. Дар кино (синамо) ҳама чиз тахайюлӣ аст ва аллакай ҳама чиз тайёр асту ҳамин тавр, сенария ҳасту коргардон онро ҷобаҷогузорӣ кардааст. Яъне шумо аз гуфтаи коргардон берун баромада кор карда наметавонед. Дар он ҷо ягон чизи тасодуфӣ нест, ҳама чиз тайёр аст. Телевизионро забонаш мушкил аст. Ҳар лаҳза ягон чиз шуданаш мумкин аст.

– Дар мактаби “Хома” корҳо чӣ гуна аст? Оё шогирдони муваффақи хешро номбар карда метавонед?

– Аслан, чуноне, ки гуфтам, ман худ хатмкардаи “Хома” ҳастам. Камина пас аз хатми донишкада, дар ин даргоҳи бузург аз бисёр нозукиҳои соҳа бархӯрдор гаштам. Бо гузашти 7 сол маро дар онҷо борҳо имтиҳон карданд ва минҳайси устод шинохтанд. Падари ман омӯзгор буд. Дар вақти ҷанги шаҳрвандӣ қариб ки ҳамаи муаллимон фаъолияташонро хотима дода, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд. Зиндагӣ мушкил буд. Мо дар оила 7 фарзанд будем. Падари ман ба касбаш содиқ монду бо ҳамон маоши ночизи омӯзгорӣ моро ба воя расонд ва то имрӯз ба шогирдон дарс мегӯяду онҳоро ба роҳи ватандӯстию меҳаншиносӣ ҳидояту тарбият мекунад. Ҳамин замина шуд, ки дар бунёди ман шавқу ҳавас ва меҳри устодӣ пайдо шуд. Маҳз ҳамин пайроҳаи падар буд, ки давоми чаҳор сол боз дар “Хома” минҳайси муаллим фаъолият мекунам. Ман ҳама вақт бо шогирдонам ифтихор мекунам. Вақте ки ба телевизион ворид мешавӣ, ин як бузургӣ аст ва чун касе устод гуфта садо мекунаду дастгоҳи наворбардориатро бардошта мебарад, худро дар ҷаҳони дигар, дар табақаи дигар эҳсос мекунӣ… Қариб ки дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ дар шӯъбаву факултетҳои журналистика ба наворбардорону рӯзноманигорон дарс гуфтаам. Аз тамоми нафароне, ки аз ман заррае ҳам бошад, ягон чиз омӯхтаанд, ифтихор мекунам, чунки шогирдони ман, ба фикри худам, беҳтарини беҳтаринҳо мебошанд. Дар мавриди номгир карданашон бошад, шояд ягон нафарро гӯем ва дигареро не ва аз мо хафа шаванд. Агар касе аз шогирдон ин сӯҳбатро мутолиа мекунад, бидонад, ки мо ҳамаро дӯст медорем.

– Шумо ҳунари коргардонӣ низ доред? Ягон маротиба шудааст, ки дар вақти сабт аз гуфти коргардонҳо сарпечӣ карда бошед?

– Не, ягон вақт чунин накардаам. Ман кори коргардонро ҳама вақт қадр мекунам. Агар ягон маротиба чизе гуфта бошам ҳам, ба хотири пешрафти кори коргардон аст. Вақте ки шахс ба телевизион меояд, дар он ҷо вай дар умқи қалби хеш, дар замираш чизе дорад, ки ба телевизион меояд ва агар надошта бошад, фаъолияти вай дар телевизион на он қадар тӯлонӣ хоҳад буд. Чунки коргардон аст, наворбардор аст, рӯзноманигор аст, яъне вай чизе дар худ дорад , ки телевизион ӯро хостаасту гирифтааст.

Дар кадом шабака фаъолият кардан бароятон хотирмон буд?

– Фикр мекунам, ки шабакаи “Ҷаҳоннамо” буд. Чунки ин шабака ба фаъолияти кории ман таконе бахшид. Ба ҳамагон маълум аст, шабакаи “Ҷаҳоннамо” – ин шабакаи иттилоотист ва мо қариб ки дар ҳама жанрҳо мавод омода мекардем. Аз ҳама хотирмонаш ин буд, ки вақте аз ҷониби шабака ба сафари хизматӣ рафтем, ман бо ҳамсари ояндаи худ шинос ва бо гузашти вақт оиладор шудам. Ҳамчунин, бисёр мактаби мардонагиро ман аз шабакаи “Ҷаҳоннамо” омӯхтам.

– Филм, филми мустанад ва ё барнома. Шумо сабт кардани кадоме аз инҳоро бештар меписандед?

– Аз ҳама бештар сабти филмҳои мустанадро дӯст медорам. Чунки филми мутанад – ин нақл аст ва аз ҷониби бинанда низ хуш қабул мешавад. Сабти филм бошад, боз ҳаловати дигар дорад, чунки ҳар шабака имкони сабти филмро надорад. Ҳамчунин, сабти филми мустанад кори душвор мебошад, ки на ҳар наворбардор аз ӯҳдааш баромада метавонад.

Ягон маротиба дар самти коргардонӣ ва журналистика маҳорати хешро санҷидаед?

– Дар овони донишҷӯӣ чандин маротиба сужа карда будам. Дар самти коргардонӣ барномаҳои хоси худро дар шабакаҳои “Сафина” ва “Ҷаҳоннамо” доштам. Ин гуна ҳолатҳо зиёд буд. Ман фикр мекунам, ки аз самти коргардонию рӯзноманигорӣ дида, дар соҳаи наворбардорӣ муваффақ шудаам.Чунки дар ин самт бисёр филмҳо, барномаҳоро наворбардорӣ кардаам ва журналистон низ кори маро ҳама вақт қадр кардаанд.

– Агар наворбардорони бонуфузи BBC-ро бо шабакаи “Варзиш” қиёс кунем, ба маҳорати наворбардории кадоме аз ин шабакаҳо баҳои баланд медиҳед?

– Албатта ба шабакаи “Варзиш”. Медонед барои чӣ? Чунки BBC як шабакаи хабарӣ аст ва бештар аз ҳаводиси олам матлаб таҳия мекунад. Шабакаи “Варзиш” шабакаи варзишӣ аст. Дар варзиш ҳар он чӣ, ки наворбардор мекунад, ин ҳаракат аст, ин динамика аст. Дар телевизиони “Варзиш” барои наворбардор кор бисёр мушкил аст. BBC, чуноне ки гуфтем, шабакаи хабарӣ аст ва забони хабар “Чӣ?  Кай? Дар куҷо?” буда, инҳоро метавон бо чаҳор зовия ба аудитория расонид. Албатта, шабакаи BBC низ ҳамто надорад, лек ман гуфта метавонам, ки наворбардорони шабакаи “Варзиш” бемуҳобо аз онҳо заррае ҳам бошад, пешгомтаранд. Барои мусобиқаҳои варзиширо ба навор гирифтан бояд наворбардор ҳофизаи қавӣ дошта бошад, ки пасон зовияи дар ҳаракат бударо бо кадом тарз ба тасвир гирад.

Ба андешаи шумо, ба формати нави тасвирбардорӣ гузаштани телевизионҳои кишварро наворбардорон чӣ гуна қабул карданд?

– Он чиро, ки аз касет линений мегӯянд ба CD-корт гузаштан, ин аллакай як қаҳрамонӣ буд, чунки масалан як касет то ҳаҷми 45 дақиқа сабт мекард ва ҳоло бошад, дар як CD-корт мо метавонем 350 дақиқа сабт кунем. Шумо ин фарқиятро бинед ва фикр кунед, ки то чӣ андоза кори наворбардорону журналистон осон гардидааст. Ғайр аз андозаи 16:9 худи формат ҳам калон шуд, ки ин навигарӣ буд. Вақте ки формат калон мешавад ва наворбардор такмил накунад, садо дигар мешавад, андозаро наметавонад гирифта ва ин албатта, табаддулоти техникӣ дар соҳаи телевизиони тоҷик буд. Мо қариб ки бисёр дастгоҳи наворбардориро аз даст додем, сабтҳое, ки пеш карда будем, аллакай паси парда монданд, хазина шуданд, чунки ба андозаи формати нав дуруст намегирад. Ин гуна мушкилиҳо буданд ва ҳоло ҳам ҳастанд. Вақте ки андозаҳо сол ба сол иваз шуда истодаанд, мо кӯшиш мекунем, ки дар форматҳои баъдӣ ҳам хазина кунем, чунки баъди чанд сол боз форматҳои баландтар роиҷ мегарданд ва мо бояд аз ҳозир омода бошем. Масалан, дар Ҷопон соли 1978 формати HD эфир медоданд ва ин бо гузаро шудани чандин солҳо ба кишвари мо омад ва вақте ки омад, дар мо такмил дода шуд ин  формат. Ман фикр мекунам, ки ба формати нав гузаштанро наворбардорони мо хуб қабул карданд ва худро то ҳол дар ин самт такмил медиҳанд, меомӯзанд ва ин то ҷое боз ҳам кори онҳоро осонтар кардааст.

Мавриди зикр аст, ки шабакаи “Варзиш” аз ҷиҳати техникаи наворбардорӣ миёни дигар шабакаҳои кишвар як қадам пешгом аст ва дар он ин самт бисёр фарох мебошад.

Маҳрами Хол барои оянда чӣ нақшаҳо дорад?

– “Аслан омӯзгор шахсе мешавад, ки нияти пок дошта бошад. То қалби тоза набошад, мо омӯзгор шуда наметавонем…”. Ин суханони падарам аст, ки то ба ҳол дар гӯшам садо медиҳанд. Ман мехоҳам дар оянда аз илме, ки дорам дар соҳаи хеш, заррае ҳам бошад, ба шогирдон талқин кунам.

– Ташаккури зиёд барои сӯҳбати самимӣ!

– Саломат бошед!

Мусоҳиб: Фаридун САФАРЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here