Шуруъ аз соли 1995, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамасола 18 август, рӯзи мавлуди яке аз фарзандони фарзонаи халқи тоҷик шайхурраис Абӯалӣ Ибни Сино, ҳамчун Рузи кормандони соҳаи тиб ҷашн гирифта мешавад. Ба муносибати ин санаи муборак мо бо Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, доктори илмҳои тиб, профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ суҳбат оростем.

 Муҳтарам Маҳмадшо Қурбоналӣ, расо се сол қабл дар Рӯзи табибон, дар авҷи бемории фарогири куруно, дар мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор дошта буданд: “Шумо бояд доим дар хотир дошта бошед, ки пайравони Синои бузург мебошед. Ин алломаи замон дар вазнинтарин рӯзҳои сахти мардум аз байни одамон ҷудо нагардид, тамоми донишу таҷриба ва маҳорату малакаи хешро барои шифои беморон сарф намуд ва умедаш ҳамеша тандурустии инсон буд”…

– Бале, бо ин суханон Ҷаноби Олӣ бори дигар таъкид карданд, ки дар назди мо, табибони тоҷик чӣ масъулияте меистад. Воқеан, ворисони Бӯалӣ Сино будан на танҳо шарафу ифтихор аст, балки низ масъулияти бузурге дар пай дорад.

Дар ҳамон мулоқот Пешвои миллат зикр намуданд, ки “беҳбудии сифати хизматрасониҳои тиббӣ аз бисёр ҷиҳат ба сатҳу сифати омода кардани кадрҳо вобаста мебошад”. Бигӯед, ки ҳоло дар донишгоҳ аз рӯи кадом ихтисосҳо кадрҳо омода карда мешаванд?

– Cараввал мехоҳам хотиррасон шавам, ки Донишгоҳи мо аз бонуфузтарин муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар омода намудани муттахассисони баландихтисоси соҳаи тандурустӣ, рушди илми тиб ва таҳким бахшидани вазъи солимии ҷомеа нақши калидӣ мебозад. Ин даргоҳи муқаддас бо кадрҳои маъруф, анъанаҳои арзишманд, мактабҳои соҳавӣ, дастовардҳои таълимӣ, илмиву эҷодӣ ва табобатии худ боиси ифтихори миллати тоҷик гардидааст. Он соли 1939 ҳамчун Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ба фаъолият пардохта, бо шарофати Истиқлоли давлатӣ соли 1992 ба донишгоҳ табдил дода шуд.

Донишгоҳ барои муассисаҳои тандурустии мамлакат мутахассисони ҳушманду соҳибмалака тайёр карда, пойгоҳи асосии таълимӣ, илмӣ – методии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино дар асоси Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти тиббию фармасевтӣ аз рӯи 5 ихтисос: «Кори табобатӣ», «Педиатрия», «Ташкили ҳифзи саломатии ҷомеа», «Стоматология» ва «Фарматсия» мутахассис омода менамояд.

Низоми таълим дар донишгоҳ чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

– Ба туфайли таваҷҷуҳ ва дастгирии пайвастаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ имкониятҳои муосири таълим бо назардошти технологияи ба талаботи замони нав ҷавобгӯ таъмин гардида, рӯз аз рӯз сатҳи донишандӯзӣ ва фаъолияти самараноки омӯзгорон боло меравад. Бо назардошти ҷаҳонишавии таҳсилот, ҷараёни рушди илм ва талаботи имрӯза ба раванди таҳсилот «Стратегияи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино то соли 2025»  тасдиқ шуда, мавриди амал қарор дорад. Баҳри таъмини таҳсилоти босифат ҷиҳати ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии таълимдиҳӣ дар ҷараёни таҳсилот тадбирҳои иловагӣ андешида шуданд. Дар донишгоҳ гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ стандарт ва барномаҳои таълимӣ аз рӯи 5 ихтисосе, ки номбар кардам, мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуданд. Бо назардошти принсипҳои асосии Стандарти таҳсилоти умумиҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ Барномаи таълимӣ аз рӯи ихтисосҳо мукаммал карда шуданд.

Соли 2019 донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмиллалии институтсионалӣ (донишгоҳӣ) ва 3 барномаи таълимии он аз ихтисосҳои «Кори табобатӣ», «Стоматология», «Ташкили ҳифзи саломатии ҷомеа» дар ҷумҳурӣ яке аз аввалинҳо шуда, аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштанд. Соли 2022 боқимонда се барномаи таълимии ихтисосҳои «Педиатрия», «Фарматсия» ва «Кори табобатӣ» (барои донишҷӯёни хориҷӣ) аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, аз ҷониби Ташкилоти мустақили аккредитатсионӣ ва рейтингӣ – НААР, ки шомили Ассотсиатсияи аврупоии кафолати сифат мебошад, ба муассисаи таълимии мо сертификатҳои мутобиқат дода шуд.

Дар баробари татбиқи тадбирҳои муайян оид ба супоридани имтиҳонҳо имрӯз дар ҳамаи факултетҳои донишгоҳ низоми кредитии таълим бо муваффақият амалӣ шуда истодааст. Бо мақсади татбиқи низоми мазкур дар Маркази ягонаи тестии донишгоҳ системаи омодакунии саволномаҳои (билетҳои) тестию хаттии санҷишу имтиҳонҳо ва баҳодиҳӣ ба дониши донишҷуён  роҳандозӣ шудааст.

– Дар омади гап, беҳбуд бахшидани сифати хизматрасонии тиббӣ яке аз самтҳои асосии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мебошад, дуруст аст?

Бале. Беҳдошти хизматрасонии тиббӣ аз кадрҳои баландихтисос вобаста аст. Ҷиҳати тақвият бахшидани корҳо дар ин самт се сол пеш бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2020 таҳти №702 “Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои давраи то соли 2030” қабул карда шуд, ки татбиқи он бевосита ба рушди соҳаи тандурустӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ сохтани онҳо мусоидат хоҳад кард.

Аз ҷумла, тибқи ин барнома тайёр кардани мутахассисон дар хориҷи кишвар аз рӯи ихтисосҳои барои ҷумҳурӣ ниҳоят зарур, аз қабили вирусология, эпидемиология, реаниматология, токсикология, ба курсҳои омӯзишӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ҷалб намудани табибон ҷиҳати баҳрабардорӣ аз таҷриба ва усулҳои нави пешгирӣ ва табобати бемориҳо, ташкили системаи тайёр кардани мутахассисон барои кор бо таҷҳизоти нави тиббӣ тавассути таҳвилгарони таҷҳизот ва ғайра дар назар дошта шудааст.

– Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино солҳои 80-уми асри гузашта аз беҳтарин муассисаҳои олии тиббии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ арзёбӣ мешуд ва имрӯз низ дар қаламрави пасошуравӣ аз нуфузу эътибори баланд бархурдор аст, ки ин ҳама бидуни пойгоҳи мустаҳками таълимӣ ва моддӣ-техникӣ ғайри имкон аст…

– Албатта, ин табиист, махсусан дар замони нав, ки асри технология аст, рушди ягон соҳа бе муҷаҳҳаз будан бо технологияи муосир имконнопазир аст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ, хоса, даҳсолаи охир ҷиҳати таъмини донишгоҳ бо дастгоҳҳову технологияи муосири тиббӣ ва рушду таҳкими пойгоҳи моддию техникӣ тадбирҳои муҳим амалӣ карда шуданд. Муҳимтар аз ҳама, соли 2022 баҳри беҳтар кардани шароити таҳсилот дар донишгоҳ як қатор корҳои сохтмонӣ, таъмирӣ ва созандагию ободонӣ анҷом дода шуданд. Бо иқдоми созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 апрели соли 2017 барои бунёди бинои маъмурӣ ва таълимӣ дар ҳудуди Маҷмааи нави таълимии шаҳраки “Шифобахш” санги асос гузошта шуда, сохтмони он бо сифати аъло анҷом ёфт ва 1 сентябри соли 2022 Сарвари давлат дар “Рӯзи дониш” ва “Дарси сулҳ” бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ин биноро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои таълимию маъмурии навбунёди донишгоҳ аз бинои нави марказии 10-қабата ва ду бинои 4-қабата аз канорҳои чапу рости он иборат буда, барои фаъолияти маъмурият ва таълими донишҷӯён пешбинӣ шудааст. Дар бинои маъмурӣ ва таълимии навбунёд толори калони маҷлисӣ бо 1 ҳазору 600 ҷойи нишаст сохта шудааст. Бино аз 62 синфхонаи таълимии барҳаво, толори компютерӣ, 90 ҳуҷраи корӣ, 26 нуқтаи ёрирасон, 2 толори лексионӣ ва 4 озмоишгоҳи таълимӣ барои омӯзиши нозукиҳои илми тиб иборат мебошад. Дар синфхонаҳо, толорҳо ва озмоишгоҳҳо 2262 ҷойи нишасти иловагӣ ташкил карда шуд. Дар ошёнаҳои 1 – 3 ҳуҷраҳои маъмурии сохторҳои Раёсати Донишгоҳ ва Маркази омӯзиши симулиятсионӣ ҷойгир буда, бо таҷҳизот ва мизу курсиҳои муосир ҷиҳозонида шудааст. Дар ошёнаҳои 4 – 9 – ум 6 кафедра ҷойгир карда шудааст, ки аз синфхонаҳои кушоду барҳаво ва озмоишгоҳҳои замонавӣ иборат мебошанд. Маркази омӯзиши симулятсионӣ  дорои таҷҳизотҳои муосиртарини тиббии симулятсионӣ ва аз 10 ҳуҷраи махсусгардонидашуда иборат буда, дар он вобаста ба салоҳияти асосии табибон барои муоинаи беморон, расонидани кӯмаки таъҷилии тиббӣ, реаниматсияи дилу шуши калонсолон, наврасон ва навзодон шароити мусоид фароҳам мебошад. Дар Марказ автомашинаи ёрии таъҷилӣ насб карда шудааст, ки тариқи он донишҷӯён ҳолати расонидани кӯмаки аввалияи тиббиро меомӯзанд. Дар баробари ин, дар  қабати якуми бинои мазкур студияи махсус барои сабти маводи таълимии видеоӣ, видеолексияҳо, мустақиман баргузор намудани вохӯрӣ ва ҳамоишҳо тариқи фосилавӣ таъсис дода шудааст.

Дар бинои Маркази таълимӣ, илмӣ ва клиникии “Стоматология” барои таъсиси Маркази омӯзиши малакаҳои стоматологӣ 10 адад курсии муосири стоматологӣ, муляжу манекени дандонҳо, ҷоғҳо, маводи хароҷотӣ, асбобҳои стоматологӣ ва дигар маводҳо харидорӣ ва насб карда шудаанд. Ҳамаи кафедраҳо ва сохторҳои донишгоҳ бо компютер, тахтаҳои электронӣ, асбоби мултимедӣ, экранҳои интерактивӣ ва шабакаи интернетӣ таъмин буда, коргузории байни кафедра ва сохторҳо ба таври электронӣ ба роҳ монда шудааст. Соли 2022 дар донишгоҳ 2804 адад ҷойи нишаст зиёд карда шуд.

Ҳамкориҳои Донишгоҳи тиббӣ бо муассисаҳои олии тиббии  давлатҳои хориҷӣ дар кадом сатҳ қарор дорад? Айни замон дар донишгоҳ чӣ қадар донишҷӯёни хориҷӣ таҳсил мекунанд?

– Донишгоҳ айни ҳол бо зиёда аз 72 муассисаи илмию таълимии Русия, Белоруссия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озорбойҷон, Ҳиндустон, Малдова, Чин, Туркия, Италия, Шоҳигарии Австрия, Олмон, Швейтсария, Канада, Британияи Кабир, Литва, Эстония, Франсия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Корея ҳамкориҳои зич дорад.

Мо қабули шаҳрвандони хориҷиро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудани шаҳрвандони хориҷӣ”, қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми ҶТ, №7/18 аз 29 апрели соли 2014 дар бораи “Қоидаҳои қабули довталабон-шаҳрвандони хориҷӣ ба муассисаҳои таҳсилоти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Оинномаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мондаем. Дар баробари донишҷӯёни ватанӣ, донишҷӯёни хориҷӣ низ дар донишгоҳ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар донишгоҳ соли  гузашта 1949 нафар ҷавонписарону духтарон аз 24 давлати дунё таҳсил карданд, ки ин назар ба як соли пеш 437 нафар зиёд аст. Соли 2021 дар донишгоҳ 1495 нафар донишҷӯён аз 16 кишвари ҷаҳон таҳсил мекарданд.

– Расонаҳо хабар доданд, ки баъзе муассисаҳои олӣ имсол нақшаи қабули довталабонро иҷро накарданд. Қабули довталабон дар донишгоҳ чӣ гуна сурат гирифт?

– Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар сатҳи миллию минтақавӣ ва байналмилалӣ нуфузи баланд пайдо намудааст. Хоҳишмандони таҳсил дар донишгоҳ хеле зиёд аст. Доваталабон тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил дар донишгоҳ роҳхат ёфта, пешниҳод ва қабул карда мешаванд. Ҳамасола нақшаи қабули довталабон ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино 100% иҷро мегардад.

Оё донишҷӯён пас аз хатми донишгоҳ соҳиби ҷойи кор мешаванд?

– Вазифаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино омода кардани кардҳои босалоҳият ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мебошад. Дар донишгоҳ мутахассисону табибон омода карда мешаванд ва таъмин бо ҷойи кор ба салоҳияти ниҳоди ваколатдори давлатӣ мебошад.

Хатмкардагони донишгоҳ вобаста аз талаботи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ бо роҳхати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон комилан бо ҷои кор таъмин карда мешаванд. Қобили тазаккур аст, ки ҳангоми тақсимоти муҳассилин ба ихтисосҳо, ки аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад, пеш аз ҳама бо назардошти эҳтиёҷот афзалият ба хатмкардагони навоҳии дурдасти ҷумҳурӣ дода мешавад.

Дар ин баробар гуфта метавонам, ки ин даргоҳи муқаддас бо кадрҳои маъруф, анъанаҳои арзишманд, мактабҳои соҳавӣ, дастовардҳои таълимӣ, илмиву эҷодӣ ва табобатии худ боиси ифтихори миллати тоҷик гардидааст. Имрӯз Роҳбарияти донишгоҳ бо такя ба сиёсати дурандешонаву некбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мутахассисони ҷавони соҳаи тиб шароити хуби таълиму касбомӯзӣ ва азхуднамоии таҷрибаи пешқадами тибби ҷаҳониро фароҳам овардааст ва умед аст, ки таълимгирандагони донишгоҳ дар оянда бо дастовардҳои беназири соҳаи тиб ва корҳои илмию тадқиқотӣ илми тибби тоҷикро рушд дода, ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд ва дар самти солимии миллат саҳми арзишманди хешро мегузоранд.

Бояд гуфт, ки илми тиб барои гузаштагони мо касбу пешаи пурифтихоре буд, шахсиятҳои ҷаҳониеро ба мисли Муҳаммад Закариёи Розӣ, Абӯалӣ ибни Сино ва дигарон ба миён овард, бузургмардон дар рушди тибби ҷаҳонӣ саҳми босазое гузошта, осори гаронмоя ва шеваву усулҳои дармонбахшии онҳо садсолаҳо ҷиҳати таълиму тадриси табибон дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон мавриди омӯзишу мутолиа қарор гирифтаанд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ табибони тоҷик дар даҳҳо кишвари ҷаҳон кору фаъолият намуда, шуҳрати тибби тоҷикро ба он кишварҳо расонидаанд. Табибони тоҷик ҳамеша дар қасами ёдкардаи хеш ва арҷгузорӣ ба заҳматҳои устодон устувор монда, барояшон арзиши инсоният ва наҷоти ҳаёти одамон аз ҳама чизи дигар болост, ки ин қобили таҳсину ифтихор аст. Табибони мушфиқи тоҷик ҳамчун ворисони воқеии Синои бузург афкору андеша ва маҳорати касбии ин чеҳраи нотакрори Шарқро идома дода истодаанд ва дар ҳамаи дармонгоҳҳои кишвар содиқонаю софдилона ба аҳолӣ хизмат расонида истодаанд.

Мусоҳиб Шервони УМРИДДИН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь