Авазмурод Шоймардонов, дойранавози шинохтаи кишвар шасти камолотро пур мекунад. Ӯ 10-уми январи соли 1961 дар ноҳияи Шаҳринав (собиқ ноҳияи Ҳисор) дар оилаи ҳунарманд ба валодат расида, пас аз хатми мактаби миёнаи деҳааш озими роҳи ҳунар шудааст. Шоймардонов фориғуттаҳсили бахши мусиқӣ ва суруди факултаи корҳои маданӣ-маърифатӣ дар Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода (1978-1982) аст.
Ӯ пас аз хатми донишкада дар ин даргоҳ ба кор ҷалб мешавад ва пеш аз 4 даҳсола мешавад, ки чун устоди дойранавоз ба муҳассилини боргоҳ дарси ҳунар меомӯзонад. Дар ин муддат бисёр шогирдонро тарбия намуда, ки ҳоло дар муассисаҳои кишвар, дар дастаҳои ҳунарӣ ва дар ансамблҳои давлатӣ кор ва фаъолият мебаранд.
Мавсуф аз ибтидои солҳои 1980-ум муаррифигари ин навъи ҳунари миллии тоҷикон дар мамолики хориҷ ҳаст ва дар ансамбл ва фестивалҳои гуногуни олам сазовори диплому мукофотҳо гардидааст. Махсусан, дар фестивали VII-уми дӯстии ҷавонони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Олмон дар шаҳри Гера, соли 1988 дар фестивали V-уми дӯстии ҷавонони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Юнон дар шаҳри Москва, соли 1993 дар фестивали “Наврӯз-93” дар шаҳри Ашқобод, соли 1994 дар фестивали Ҷумҳурии исломии Эрон иштирок карда, сазовори мукофотҳо, грамотаҳои фахрӣ ва дипломҳо гардидааст.
Авазмурод Шоймардонов дар мусоҳибаи ихтисосии муаллифи ҳафтавори “Самак” иброз дошт, ки ин касб бар ӯ мерос омада ва худро меросбари гузаштагонаш медонад. Ӯ аз бори ин мерос ба мо қисса кард, ки фишурдаи сӯҳбатро манзури хонандаи азиз мегардонем:
-Чи сабаб шуд, ки Шумо касби доиранавозиро интихоб намудед?
-Хушбахтона, ман аз хурди бо дуои падар ин касбро ба худ интихоб кардам, чунки мо авлодан доиранавозем, бобоям, падарам доиранавози моҳири замони худ буданд ва бародаронам ҳам ин ҳунарро аз худ кардаанд. Ман доиранавозии бародаронамро дида, илҳомам меомад ва таҳти роҳбарии бародари калониам Ниёзмуроди Шоҳимардон ба омухтан шурӯъ кардам ва пасон ба ман Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалим Сангин ҳунари доиранавозиро омӯзонданд. Камина ба хотири омузиши доира аз деҳот ба шаҳр назди устод Ҳалим Сангин меомадам. Ин талошҳоро танҳо ба хотири муваффақ гардиданам анҷом медодам. Аз ин лиҳоз, самимона аз устоди аввалини худ миннадорам.
Соли 1978 бо маслиҳати устод Ҳалим Сангин ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шудам ва сарбаландона донишкадаи мазкурро хатм кардам.
-Чаро баъд аз хатми донишкада ба ҳайси омӯзгор мондед?
-Дар тӯли чор соли хонданамон донишҷуйҳое, ки болаёқат буданд, як гуруҳ шуда, рафта дар назди пахтакорҳо, коргарон, заводу фабрикаҳо ҳунарнамоӣ мекарданд, дар он қатор ман ҳам будам. Устодон медидан, ки кадом донишҷӯ чи гуна кор мекард. Соли 1982 банда донишкадаро бо баҳои хубу аъло хатм кардам ва худи ҳамон сол ба ман роҳхат доданд ба хонаи фарҳангӣ Ҳисор. Як рӯз дар хона нишаста будам, мактуб омад, ки шумо ҳар чи метавонед тезтар ба иниститут оед. Ман ба иниститут омадам. Дар он замон ректори донишкарда устоди азиз Меҳрубон Назаров буданд (равонашон шод бод). Дар қабулгоҳашон маро қабул карданд ва гуфтанд, ки “писарам дар бораи Шумо бисёр устодон суханони нек карданд. Шумо мехоҳед, ки дар ин донишкада ҳамроҳи мо кор кунед?”. Он вақт ҷавон будам, ба устод гуфтам, устод ман ҷавонам, метарсам бо ин устодони бузург кор карда метавониста бошам… Дар он вақт устодон як сӯ, мо аз муаллими одӣ метарсидем, барои он ки ҳурмати муаллим баланд буд. Ҳамон сол устоди муҳтарам, ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон прафессор Азиза Азимова мудири кафедраи хореография буданд. Меҳрубон Назаров он касро даъват карда, гуфтанд, ки ана ҳамин писарро тарбия мекунед. Аз ҳамон замон то инҷониб дар кафедраи хореография ба ҳайси устоди дойранавоз фаъолиятменамоям.
-Шогирдонатонро ба кадом пайроҳа раҳнамоӣ мекунед?
-Шогирдоро тарбия мекунем то дар самти интихоб кардаашон муваффақ шаванд. Вақте ин касбро интихоб намудӣ пайроҳаи ту низ ҳамин мешавад. Дар давоми фаъолияти кориам бисёр шогирдонро тарбия кардам, аз ҷумлаи онҳо Фахриддин Қурбонов, Ҷамшед Муҳсиддинов, Нуралӣ Саидов, Анвар Назаров, Диловар Орипов, Давлатмурод Бегмуродов, Дилмурод Носиров, Шуҳрат Фозилов ва дигаронро метавон ном бурд. Як шогирдам дар Ҷумҳурии Қазоқистон Ёқубҷон Ҷабинов дар ҳамин соҳа кор ва фаъолият мекунад.
-Шумо сафарҳои ҳунарӣ зиёд анҷом додаед. Аз он сафарҳои зиёд чӣ хотироте дар зеҳанатон нақш бастааст?
-Дар давоми солҳои кориам ба чандин ҷумҳуриҳои хориҷӣ сафари ҳунарӣ кардаам. Аз ҷумла, соли 1980 бо ансамбли рақсии “Бунафша” таҳти роҳбарии прафессор А. Азимова дар сафарҳои ҳунари ба шаҳрҳои Москва ,Санг-Петербург, Куйбешев, Толяти ,Умяновск ва дигар шаҳрҳои Русия сафар кардам. Соли 1983 бо барномаҳои консерти ба Сурия, соли 1987 дар фестивали 7-уми дустии ҷавонони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Юнон сафарҳои ҳунарӣ доштем. Ҳамчунин, дар шаҳри Москав соли 1993, дар Фестивали “Наврӯз-93” дар шаҳри Ашқобод ҳунарнамоӣ намудем. Соли 1994 дар фестивал-озмуни Ҷумҳурии исломии Эрон иштирок карда, сазовори мукофотҳо, грамотаҳои фахрӣ ва дипломҳо гардидам. Инчунин, дар Ҳиндустон, Покистон, Туркия, Дубай ва Чин сафарҳои ҳунарӣ кардаам.
-Барои дойранавоз шудан чи бояд кард?
-Агар шумо завқ надошта бошед ин касбро омухта наметавонед, барои он ки ин касби осон нест. Баъзеҳо мегӯянд “ин як касби дойранавозӣ-да”. Аммо бехабаранд, ки ин пеша одӣ нест. Барои ин пешаро азхуд намудан бояд шабу рӯз меҳнат кард то ба ягон чиз муваффақ шавӣ.
Ҳар кас наметавонад дойранавоз шавад ва дойранавозӣ ба осонӣ ба даст намеояд. Кор бояд карду меҳру ишқ дошт.
-Фарқи дойранавози касбӣ аз доранавози таҳсилнодида дар чист?
-Касе, ки мехонад аз рӯи нота дарс мегузарад, маълумоти касбӣ мегирад.
Вақте шумо маълумоти касбӣ мегиред, албатта, аз оне ки чун ҳаваскор азхуд кардааст, миёни шумо тафовут хеле зиёд аст. Аз ин рӯ, дойранавози касбӣ метавонад дар мактабҳои мусиқӣ рафта дарс гӯяд, дар куҷое набошад аз рӯи нота менавозад. Ва лабтта, касе, ки устод мебинад, вай аллакай дигар кас аст.
-Агар бори дигар ҷавон мешудед, ҳунари дойранавозиро интихоб мекардед?
-Бале, интихоб мекардам. Бовар кунед, аз нав ҷавон мешудам, аз пештара боз нағзтар меомӯхтам. Зеро ин касб сабаб шуд, ки банда ними дунёро гаштам, бо одамони бузург ҳамнишин гардидам. Аз ин касб ҳам обруву ҳам нон ёфтам. Кош боз ҷавон мешудаму ин пешара жарфтар азхуд мекардам.
Зоҳири САЙФУЛЛО,
Шаҳзоди ЗАФАРҶОН