Ба таваҷҷуҳи Вазорати фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон Иттифоқи бастакорони Тоҷикистон

Дар олами санъати мусиқии мардумии касбӣ чеҳраҳои тобнокеро пайдо месозед, ки бо осори гаронарзиши ба ояндагон ба мерос гузоштаашон дар арсаи таърих номашон абадан сабт гардидааст. Хушбахтона теъдоди абармардони ин ҷабҳа хело зиёданду мояи ифтихори мо ҳастанд…

Яке аз симоҳои санъати сарояндагии касбии мардумии мо Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, мақомдону мақомхони муваффақи замон, овозхони нотакрори соҳибсабку услуби хоса, зиндаёд Олимҷон Бобоев мебошад. Роҷеъ ба ҳаёту фаъолияти ҳунарӣ, дастовардҳо, саҳми ӯ дар раванди рушди санъати мусиқии касбӣ, иҷрои осори классикии мо ва хотираҳои ҷолибу шавқангези ҳаётӣ мақолаву гузоришҳо дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ, барномаҳои телевизионию радиоӣ, филмҳо ва ғайра интишор ёфтаанд. Дар бештари онҳо сухан дар бораи сурудҳои иҷронамуда, ғолибият дар озмуну ҷашнвораҳо, мавқеи ӯ дар майдонҳои ҳунарӣ, бардоштҳо аз маҳорати баланди иҷроияш дар барномаҳои гуногун ва амсоли инҳо меравад.

Ин ҷо мехоҳем аз яке аз дастоварди бузурги Олимҷон дар самти сарояндагии ҳирфавӣ андешаронӣ кунем. Ин ҳам бошад андешаҳову хотираҳо дар атрофи иҷрои сурудҳои композитор Қудратулло Яҳёзода дар намоишномаи “Ғуруби Аҷам”-и Ҷумъа Қуддус дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ мебошад. Роҷеъ ба ин самти фаъолияти О.Бобоев муаллифони мақолаҳо кам таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд ва ё умуман ҳарфе нагуфтаанд. Барои муфассалу саҳеҳ гардидани ин матлаб зарур шуморидем, ки онро аз забони худи композитор Яҳёзода Қ.С. ба хонандаи азиз баён дошта бошем.

 -Муҳтарам Қудратулло Яҳёзода, сӯҳбати ман бо шумо дар атрофи ҳамкориҳоятон бо сарояндагони сурудҳои драмаи мусиқӣфоҷеавииҒуруби Аҷам”, аз ҷумла Олимҷон Бобоев сурат мегирад. Чаро Олимҷон?, Чаро Муазззама Иброҳимова ва Шамсиддин МуҳиддиновВа ҳамчунин чаро шумо аз ин хусус, хоса аз раванди пазируфтани шумо ҳамчун ороишгари мусиқии ин намоиши ҷашнӣ дар суҳбатҳои телевизионию радиоӣ ва интервюҳои рӯзномавӣ ками кам ёд кардаед?

-Дар ҳақиқат, эродҳоятон ҷой доранд. Аз он оғоз менамоям, ки соли 1989 тараддудҳо оиди дар соли 1990 сазовор ҷашн гирифтани 1400 солагии бунёдгузори санъати касбии ниёгонамон Борбади Марвазӣ дар ҳамаи самтҳои зарурӣ роҳандозӣ мегаштанд. Вазорати фарҳанги ҷумҳуриямон таҳияи драмаи мусиқӣ-фоҷиавии Ҷумъа Қуддус “Ғуруби Аҷам”-ро ба нақша гирифта буд. Коргардони таҳиягари ин асар Баҳодур Миралибеков оиди интихоби ман барои эҷоди мусиқӣ ва сурудҳои ин намоиши ҷашнӣ  замоне ибрози ақида намуд, ки ҳолати басо ҳузнангезе доштам. Ба дилам чизе намеғунҷид. Зеро азизтарин ва ноёбтарин гавҳари зиндагиям – ҷигарбандам, духтарҷони ягонаам Фотимаҷони ғурамаргро аз даст дода будам. Ба Баҳодур узр пеш овардаму хоҳишашро ба ин сабаб рад кардам. Ӯ бо исрор гуфт: “Қудратулло ана дар ҳамин ҳолат ту дарди Борбад, садои қалби ӯро, набзи замони пурталотуми зиндагии ӯро эҳсос менамоиву дар суруду мусиқиҳо инъикос карда метавонӣ. Асарро як хонда бин. Дониста бош. Композитораш фақат ту…”

Ҳамин тавр ман пас аз мутолиаи матлаби Ҷумъа Қуддус дар ҳамбастагӣ бо муаллиф ва олими таърихшиноси тоҷик, муҳаққиқи барҷастаи зиндагинома ва осори Борбад Аскаралӣ Раҷабов раванди омӯзиши осори мусиқии борбадӣ, сабку усулҳои иҷроии он замонро сар кардам. Доктор Аскаралӣ ба ман як нусхаи нотавии чакомаҳои Борбадро, ки аз муҳаққиқони Аврупоӣ дастрас намуда буд, эҳдо намуд. Дар он намунаҳои осори мусиқии он замона дар шаклҳои мусиқии бе андозаҳои маъмули суруду навоҳо дарҷ гардида буданд. Онҳо шакли эҷоду иҷрои яккаро доштанд. Маҳсули эҷодии ман бошад, бо риояи андозаҳои мушаххас дар шакли иҷрои ансамблӣ омода шуданд.

Ҳангоми итмоми маводҳои мусиқӣ маро андешаи интихоби сарояндагони сурудҳо пеш омад. Мехостам барои иҷро Аҳмад Бобоқулов, Зафар Нозим, Ҷӯрабек Муродов, Нуқра Раҳматова ва Мастона Эргашеваро даъват кунам, аммо ҷуръат накардам. Ҳамчунин масъалаи пешниҳоди сурудҳо аз ҷониби актёрони театр, ки фосилаи овозашон нисбатан хурд буд,  маро ба ташвиш оварда буд. Ҳолати ногуворе маро афсун карда буд. Ба хулосае омадам, ки садои овозхонони машҳури зикри номашон рафта, ба ҳамагон маълум аст ва дарҳол маълум мешавад, ки кӣ онро сароидааст. Бояд онҳоеро интихоб намоям, ки овозашон ҳам қавӣ бошаду ҳам ба мардум на он қадар ошно. Ва актёрҳо низ тавонанд ба осонӣ вориди образҳои мусиқӣ шаванд. Олимҷону Муаззама Иброҳимова ва Шамсиддин Муҳиддиновро, ки сабки сарояндагиашон ба якдигар наздик буд дар варианти аввал қарор додам. Бо дарназардошти ҳунару маҳорати баланди иҷроии Сафарбегим Тошхӯҷаева ва  Тағоймурод Хушвақтов неруи ин ҳар ду ҳам истифода кардам. Ман, ки бо Олимҷон дӯст будам, имкониятҳои фаровони неруи иҷроияшро медонистам, аз диапозони калони овози ширадораш метавонистам бештар истифода барам, ҳунари иҷроии ӯро дар мадди аввал гузоштам. Ҳамчунин дар мавриди сарояндагони дигар низ паҳлуҳои васеъи ҳунару истеъдоди онҳоро низ дар назари эътибор гирифта будам. Ҷараёни кори мо аз ибтидо то интиҳо шаш моҳ идома ёфт. Сурудҳо дар ду дубл иҷро ва сабт шуданд. Якум дар иҷрои Олимҷону Муаззамаю Шамсиддину хор ва дуюмашро Сафарбегим Тошхӯҷаеваю Тағоймурод Хушвахтов. Аъзоёни Шӯрои бадеии театру вазорат  аввалиро пазируфтанду дар намоишҳои ҷашнӣ ва минбаъд онҳо садо медоданд. Бо коргардони намоиш Баҳодур Миралибеков маслиҳат камуда, ба қароре омадем, ки сурудҳо дар иҷрои ҳар яке аз ин ҳайатҳои иҷроӣ дар намоишҳо пай дар пай бояд садо диҳанд, яъне дар як намоиш бо овози Олимҷону Муаззамаю Шамсиддин ва дар дигараш бо садои Сафарбегиму Тағоймурод. Ҳамин тавр ҳам шуда буд. Аммо афсӯс,  касофатиҳои воқеаҳои нангини солҳои навадум ба фаъолияти рӯзмарраву босуботи ҳамаи навъҳои санъати саҳнавӣ таъсири манфии худро расониданду бештари намоишҳо аз репертуари театрҳо  бардошта шуданд, аз ҷумла “Ғуруби Аҷам” ҳам.

-Бармегардем ба замони эҷод ва сабти мусиқиҳои он. Бо кадом ромишгарон ҳамкориҳо кардаед?

– Агар аҳамият дода бошед, сохтори лаҳзаҳои зиёди мусиқӣ дар чорчӯбаҳои андозаҳои гуногуни мусиқӣ эҷод шудаанд.  Ромишгарон Алмос Абдуллоев дар чангу қонун, Роман Норкаллаев дар ғиҷҷак, Насриддин Алиев дар уду рубоб, Муборакшо Ҷумъаев дар рубоби бадахшонӣ ва дафнавоз Ёқуб Аълоев дар тамрину иҷро ва сабти навоҳою таронаҳо саҳми назаррас гузоштаанд.

-Дар ҳақиқат драмаи Ғуруби Аҷам” як саҳифаи тоза ва бозёфти нодири санъати театрии мо буд. Умуман дар сатҳи баланди ташкиливу эҷодиву иҷроӣ баргузор гардидани силсилачорабиниҳои ҷашни 1400 солагии Борбади Марвазӣ   як воқеаи беназири таърихӣ буд ва ҳаст. Ба мероси гаронбаҳо ва сабку услуби Борбадӣ рӯ овардани олимону муҳаққиқон ва композиторону санъаткорони мо аз он шаҳодат медиҳад, ки омӯзишу пажуҳиш ва дар репертуарашон ҷой додани суруду мусиқиҳои ин сабку усули иҷроӣ манфиатҳою муваффақиятҳои калонро ба бор меоранд. Андешаи шумо аз ин раванд чист?

Рӯй овардан, омӯхтан ва идома додани анъанаҳои беҳтарини шеърию мусиқии ниёгон кори басо ифтихорангез аст. Рӯҳи бузургон ҳамеша моро раҳнамою мададгоранд. Ба ёд меорем суруди аввалини композитор Дамир Дӯстмуҳаммадов бар ғазали Ҳофизи Лисонулғайб “Муғаннӣ”-ро дар сабки Хусравонии Борбадӣ. Онро Устод Ҷӯрабек Муродов хело ҳирфавӣ сароидаву муваффақ гаштаанд. Суруди дуюми ин самти Д.Дӯстмуҳаммадов “Садои Борбад” низ дар иҷрои Ҷӯрабек Муродов ба  истиқболи баланд сазовор гардидааст. Муҳимтараш он аст, ки ин асарҳо сабку услуби хосаи эҷодию иҷроӣ доранд, ифодагари набзи он замонанд. Хушбахтона дар Эрон то кунун анъанаҳои эҷоду иҷроии навоҳои Борбадӣ мавқеъи меҳварӣ доранду ҳунарнамоиҳои овозхони машҳури дунё Устод Муҳаммадризо Шаҷариён намунаи беҳтарини ин самти сарояндагист.

-Дар ҷараёни таҷлили бошукӯҳи 1400 солагии Борбад “Ҷоизаи Борбад” таъсис дода шуда, заҳматҳои  устодони забардасти санъат Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов ва АкаШариф Ҷӯраев ба ин ҷоиза қадрдонӣ шудандБархе аз дастандаркорони  ҳамоиши байналмилалии бузургдошти 1400 солагии Борбади Марвазӣ низ пас аз анҷоми муваффақи он бо унвонҳо ва мукофоти давлатӣ сазовор гардонида шуданд. Сабаб чӣ буд, ки то кунун заҳмати шумо ва Фаттоҳ Одина, ки дар ороиши мусиқии аввалин намоишҳои театрӣ бахшида ба рӯзгори Борбад, ки кори басо арзишмандро ба сомон расонидаед, осори Дамир Дӯстмуҳаммадов ва маҳорати иҷроии Ҷӯрабек Муродов, Олимҷон Бобоев, Муаззама Иброҳимова, Шамсиддин Муҳиддинов, Сафарбегим Тошхӯҷаеваю Тағоймурод Хушвахтов, заҳматҳои Сангинбой Қурбонов, ки муассиси Иттиҳодияи эҷодии “Борбад”, бунёдгузори ансамбли созию овозии сабки Борбадӣ ва иҷрокунандаи беҳтарин навоҳои ин самти санъати ниёгон мебошадниз аз назари эътибор дур монданд? Чаро? Ҳол он ки нафарони зиёди ба ин мақом сазовор гардида  осорашон  бӯйе аз Борбад надорад. Боз чаро?

-Ба ин пурсиши шумо беҳтараш роҳбарони вақт ва кунунии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон посух диҳанд. На ман, на Дамирака, на Ҷӯрабекакою Олимҷону дигар санъаткорони ин раванд ҳаргиз дар андешаи ба хотири сазовор гардидан ба ин ё он ҷоиза ба кори эҷодию иҷроӣ даст назадаем.

-Умедворем, имсол дар остонаи таҷлили 1435 солагии Борбади Марвазӣ намоиши Ғуруби Аҷам” боз рӯйи саҳнаҳоро бубинад.

-Умедворем.

Ману шумо, дӯстони арҷмандамон Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Салимҷон Бурҳонзода, Артисти хизматнишондодаии РСС Тоҷикистон Сайдулло Убайдуллоев, рӯзноманигорони шинохта Хуршеди Атовуллою Одили Нозир ва Фарҳодака Низомӣ ҳоло дар сари хони зиёфати азизони Панҷакентӣ ба муносибати 65 солагии Олимҷон Бобоев қарор дорем ва меҳвари суҳбати мо дар атрофи номи неку осори пурмояи он сурат гирифта истодааст, боз ягон воқеаи хотирмонро аз ӯ бароямон нақл кунед.

-Бале, лаҳзаҳои хотирмон хело зиёданд. Ман яктояшро ба шумоён қисса мекунам. Як нисфирӯзе Олимҷон ба дафтари кории ман дар Хонаи Радио сар халонду гуфт:

-Тиллоака! Рафтем бо ман.

Гумон кардам, ки вақти хӯроки нисфирӯзӣ асту дар ягон тарабхона бо ҳам хӯрок мехӯрем. Кайҳо пазмони дидораш будаму зуд розӣ шудам. Ба мошинаш нишастаму пурсидам. Куҷо меравем? Гуфт: “Парво накунед, шумо хурсанд мешавед”. Мошинро дар назди ҳавлии Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, актёри театру кино, овозхони машҳур Борисака Наматиев қарор дод. Ман аз ин нияти ӯ бехабар ва ҳайратзада шудам. Ӯ бепарво буд. Чеҳрааш мешукуфт. Вориди ҳавлӣ шудем. Борисака моро хуш пазируфтанд. Ба сари хон даъват карданд. Зиёфати хубе доданд. Хушҳолиашонро аз ташрифи мо иброз намуда, сабаб пурсиданд. Ман намедонистам чӣ гӯям. Олимҷон лаҷоми суханро ба даст гирифта, гуфт: “Устоди арҷуманд, чандест маро иҷрои суруди “Зулфи парешон”-и Ҳоҷӣ Абдулазиз аз ҷониби шумо шефта кардаву ором намегузорад. Агар шумо лутф намоеду иҷозат диҳед, ман онро тамрин намояму сабт кунам”. Аз ин қарори Олимҷон Борисака хурсанд шуданду ба ӯ фотеҳаи нек доданд. Ман ба ин амали ҷавонмардонаи Олимҷон бори дигар тан додаму ба худ меандешидам. “Ин чи қадар ӯ арҷ мегузорад ба заҳмати устодону ҳампешагонаш”. Ҳамин тавр ӯ суруди “Зулфи парешон”-ро бо як маҳорати олӣ, хело устодона, бо як ҷаҳон сӯзу гудози хоса иҷро ва сабт намуд. Пас аз анҷоми кори сабт Борисакаро ба студия даъват кардему дар ҳузурашон сабтро шунавонидем. Хушҳолии Борисака ҳадду канор надошт. Олимҷонро ба оғӯш гирифтанду аҳсан хонданд. Умуман иҷрои ин суруд аз ҷониби ин ҳар ду овозхони қависадо басо олиҷаноб манзури алоқамандони санъати сарояндагӣ гардидааст.

-Боз чӣ гуфтаниҳо доред? Таасуротатон аз ин ҳамоиши фарҳангӣ?

– Бо шарофати ин ҳамоиш аз абармардони зиёде ёд кардем, ки ному осору пайкорашон бароямон хело азизанд. Рӯҳашон шоду манзили охираташон обод бошад. Ман ба ҳамаи дастандаркорони ин чорабиниҳои таърихӣ, ки ба ифтихори 65 солагии санъаткори маъруф Олимҷон Бобоев анҷом дода шуд, изҳори сипос менамоям. Хоса, ин ҷо заҳмату талошҳои раиси муҳтарами шаҳр Абдухолиқ Холиқзодаро махсус қайд карданиам. Аз суҳбату маърӯзаҳояшон бармеояд, ки рӯзгору осори Олимҷонро хело амиқ омӯхта, ба мақому ҷойгоҳи ӯ дар майдони ҳунари сарояндагӣ арҷ гузошта, барои абадӣ гардонидани номи он талошҳои зиёде намудаанд. Ин амали ҷавонмардонаю олиҳимматонаи ин марди накуному хайрхоҳ дар саҳифаҳои таърихи фарҳанг бо хатҳои заррин дарҷ хоҳад шуд.

-Ба шумо барои як сӯҳбати хотирмон изҳори сипос менамоему бароятон саломатӣ ва комёбиҳои эҷодӣ таманно дорем.

-Ташаккур.

Сӯҳбаторо Зиё Олимӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь