– Аввалин рӯзномае, ки ман дар он кор кардам «Ҷавонони Тоҷикистон» буд. Дар он 2 сол, аз соли 1991 то 1993 фаъолият доштам. Баъд аз он дар ҳафтаномаи Вазорати фарҳанг – «Посух» (1993-1994) ба кор рафтам. Сипас солҳои 1995-1996 дар баробари кор дар шуъбаи мусиқии радиои «Тоҷикистон», дар нашрияи «Суруш», ки онро дӯсти ман Раҳматулло Давлатов таъсис дода буду умри дароз надид, кор кардам. Баъди таъсиси «Чархи гардун» 2 сол (1997-1998) бо даъвати шодравон Акбари Саттор дар он фаъолият доштам ва боз баргаштам ба «Ҷавонони Тоҷикистон». Дар замони роҳбарии Раҳим Сайдалиев дар «ҶТ», ҳамзамон кор дар Идораи гуфторҳои мусиқии радиои «Тоҷикистон», ҳамчун мудири шуъбаи сиёсӣ дар рӯзнома то соли 2001 фаъолият намуда, бо даъвати Шариф Ҳамдампур ба ҳайси ҷонишини сармуҳаррир ба «Тоҷикистон» (2001-2003) рафтам. Сипас дар «Рӯзи нав» ҷонишини аввали сармуҳаррир (2003-2004) ва сармуҳаррири «Зиндагӣ» (2004-2005) будам.

Сармуҳарририи «Фараж» ҳам то соли 2013 ба уҳдаи ман буд. Ҳоло муассис ва директори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистонам, ки чандин расонаҳои чопию электронӣ дорад.

Фасли аввал: Сарсухан

«Майли муболиға дар ҳамон вақт хубаст, ки одам ҳиссиёти худаш, орзуҳои романтикии худашро изҳор намояд».

Мирзо Турсунзода

Журналист будан маънои мухолиф буданро надорад.

Журналист будан маънои зид будан, дар ҳар ҷову ҳар чӣ садо баланд карданро надорад.

Журналист будан маънои бо халқ буданро дорад.

Журналист будан маънои танҳо мубориза барои пешрафти ҷомеа, оромиву осудагиро дорад.

Журналист будан маънои бар халқу миллати хеш содиқ будан, барои ҳифзи манфиатҳои миллии хеш ҷангиданро дорад.

Ва ҳар кӣ дар ин роҳ, ки дуввумин пешаи қадимӣ муаррифӣ мешавад, то охир буда наметавонад.

Ҳафтае қабл журналисти машҳур, публистист ва устоди насли ҷавони журналистикаи тоҷик Хуршед Атовулло ҷашни мавлуд доштанд. Ба ин муносибат бо эшон суҳбати ихтисосӣ гузаронидем.

Фасли сонӣ: Мусоҳибаи қабл аз мусоҳиба

-Хуршеди Атовуллоро мешиносед?

ДОНИШҶӮЕ: -муаллима гуфта буданд: Хуршед Атовулло журналист ва публистист аст!

Эшон дар журналистика чӣ саҳм доранд?

ЖУРНАЛИСТЕ:-аз коргоҳи устод беҳтарин журналистон баромадаанд!

-Он касро муаррифӣ кунед?

РАФИҚЕ: -ӯро муаррифӣ ниёз нест, ӯро ҳама мешиносанд!

Овони ҷавониву донишҷӯӣ чи гуна гузашт?

ҲАМСАБАҚЕ: -Ҳанӯз замони довталабӣ бархеҳо ӯро нишон додаву мегуфтанд: Хуршед Атовулло ҳам довталаб будааст, пас, вуруд ба ин гуруҳ осон нест!

-Журналистика ва Хуршеди Атовулло?

УСТОДЕ: -…журналистикаи имрӯзро бидуни Хуршед тасаввур кардан душвор аст!

Фасли саввум: Журналист

«Агар қиссаи зиндагиамро ба дарё нақл кунам, оби чашми дарё хушк хоҳад шуд».

(Аз дафтари хотираи як журналист)

Мухтасари қиссаи зиндагии Хуршед Атовулло?

– Замоне як тарона навишта будам ва фикр мекунам он посух ба суоли Шумо бошад. Зиндагиамро бо се вожа ҷамъбаст мекунам: танҳоӣ, орзу, марг. Мухтасари қиссаи зиндагии ман ҳамин аст.

Навиштанро аз 17-солагӣ оғоз кардаед. Чӣ  хотироте  монда аз он солҳо?

– Дар он солҳо мехостам ҳуқуқшинос шавам, вале ҳодисаеро дида як матлаб навиштам, ки он ҳам дар “Комсомоли Тоҷикистон” ва ҳам дар “Паёми Душанбе” ба чоп расид ва ин чиз маро ба журналистикаву ба навиштан ҷалб кард. Он замон бештар тарона менавиштам. Ва китобчаи аввалинам – “Зиндони зиндагӣ”, ки баъди 20-солагиам ба табъ расид, аслан навиштаҳои 17-19-солагиам буд.

– Шахсияте, ки идеали Шумост?

– Албатта, идеали воқеӣ наметавон ёфт, чун ягон идеал он гунае, ки мо мехоҳем, наметавонад бошад. Ҳатман, дар баробари ҳамаи хислатҳои мусбӣ, ягон камбудӣ ё хислате дорад, ки ба мо писанд нест.

Аммо, гарчанде ман дар идомаи роҳ аз бисёр устодон сабақ гирифтаам, ҷасорати Отахон Латифӣ, қалами Додоҷон Атовулло ва саводу фаҳмишу суханронии устод Иброҳим Усмонов маро ҳамеша ба худ ҷалб мекард ва мехостам мисли онҳо бошам. Шояд идеали ман дар зиндагӣ онҳо буданд.

-Чӣ чизи журналистика Шуморо то ба имрӯз дар ин ҷода доштааст?

Медонед, ман наметавонам журналистикаро тарк намоям. Ӯро тарк карда намешавад. Журналистика, аслан мисли як хонуми бевафоест, ки метавонад ҳар лаҳза одамро дилгир кунад, аз худ сер намояд, ба ҷон расонад. Ҳар лаҳза фикри тарки он, фикри фирор аз ӯ ба сар мезанад. Аммо намешавад! Наметавон!

Яъне, ошиқ ба журналистика ҳастед?

– Бале.

Ҳатто мешавад, ки ман моҳҳову солҳо чизе наменависам. Аммо вақте, ки нола то ба гулӯ расид, баъд онро сар медиҳӣ, фиғон мекашӣ. Ва боз руҷӯъ, боз баргашт.

Шуморо чӣ ба сари миз мешинонад: илҳом ё дард?

– Ба будани илҳом ман бовар надорам. Дар журналистикае, ки ман фаъолият кардам, масъулият дар аввал меистод. Масъулият маро водор мекард, ба сари миз нишинам, нависам, ба чоп расонам. Аммо агар ин масъулият олуда ба дард бошад, навиштан осонтар аст.

Фаъолияти Шумо дар 10 рӯзнома, аз хабарнигор, то сармуҳаррир ва муассис давом ёфтааст. Дар кадоме аз он нашрияҳо кор барои Шумо осон буд ва дар он «озод» будед?

– Аз «Ҷавонони Тоҷикистон»-и соли 1991 ва «Посух»-у «Суруш»-у «Чархи гардун» сар карда, то бозгашти дигар ба «ҶТ» ва ҷонишини сармуҳаррири «Тоҷикистон», сармуҳаррири «Зиндагӣ», муассиси «Фараж», «Ману ту» ва «Самак» дар ҳеч кадом кор осон набуд.

Вале мушкилтарини онро пурсед, «Фараж» буд. Мо дар «Фараж» зиёда аз бист суду судбозӣ доштем ва чандин журналистони мо ба маҳбас рафтанд.

Гарчанде, он «озодӣ»-и ишорати Шумо, дар «Фараж» ба ман буд, аммо бо худ масъулият дошт, масъулияти хеле вазнин.

– Фарқи дирӯзу имрӯзи журналистикаро дар чӣ мебинед?

-Дар озодии сухан. Замоне озодии сухан буд, сухан қадр дошт ва гӯшҳои шунаво пайдо мешуд…

Солҳое ҳам буданд, ки мо озодии сухан мегуфтему аз масъулият андеша намекардем. Имрӯз аввал аз масъулият меандешем, ки агар ҳамин матлабро ба чоп расонем, ба сари мо чӣ бало омаданаш мумкин, баъд аз озодии сухан меандешем. Ин тақозои замона аст.

– Ба фикри Шумо, мушкили рақами яки имрӯзи журналистика чист?

-Пеш аз ҳама масъалаи иқтисодӣ аст. Бо пайдо шудани интернет, ки хонандаҳои он чун диданд матлабро метавонанд дар интернет пайдо кунанд, аз баҳри хондани нашрияи чопӣ гузаштанд ва бо зиёд шудани суду судбозиҳову зиндонкуниҳо мардум аз журналистика дилсард шуд. Ин журналистикаро аз по афтонд.

Оё фардои журналистикаро рӯшан мебинед?

-Фардои журналистика ба насли нав вобаста аст. Бадбахтона, он чизе, ки насли нав карда истодааст, ба ман писанд нест.

Имрӯз тариқи Ютуб даромада 2-3 фоҳишаро бадномтар кардану нархи онҳоро пурсидан ё фақат дар бораи таҷовуз, задан, кӯфтан, сӯхтан, куштан сухан рондан, журналистика нест. Замоне инро “матбуоти зард” мегуфтанд, акнун мешавад, ки “Ютуби зард” ё “шабакаҳои иҷтимоии зард” гӯем. Ва мутаассифона, таваҷҷуҳи мардум ҳам ба ҳамин чиз бештар аст.

Фасли чорум: Эҷод

«Сухане бояд гӯем, ки худ бовар бар он дошта бошем. Агар, ки худ бовар накунем, пас ӯ ҳам бовар нахоҳад кард».

(Мазмуни гуфтори як нависанда)

Чӣ сабаб шуд, ки  ба детективнависӣ сар кардед?

-Баъзе чизҳое буданд, ки бояд тасвир мешуданд, аммо бар қолабе намеғунҷиданд. Бинобар ин, ҳар чизе ки бар қолаби мақола навишта намешуд, гуфтаниҳо зиёд буданду ҷой кам, онро ба қолаби детектив навиштам.

Пас, он образҳо воқеият доранд?

-Бале, аксарияташ ҳодисаҳоеанд, ки аз сари журналистон гузаштааст. Инро дар замони Шӯравӣ «типпикунонии образ» мегуфтанд, яъне дар образи як нафар зиндагиномаи як гуруҳ нишон дода мешуд. Дар образи як журналист ҳаёти як гуруҳи журналистон тасвир ёфт.

Дарвоқеъ, қиссаи “Марги журналист”-ро ба чандин журналисти шаҳид бахшидаед. Оё қаҳрамони асосӣОрифи Фарҳод дар байни онҳост?

-Ориф симои воқеии журналистони солҳои ҷанги шаҳрвандӣ фаъолият дошта буд. Бубинед, ки дар он солҳо танҳо 74 журналист шаҳид шуд ва қисмати аксарияти онҳо ба Ориф рост меомад. Аз ин сабаб, онро ба шахсе бахшидан, дуруст нест.

Қаҳрамони ягонаи Шумо, дар ҳисори андешаҳои худ аст: ғамгину бепарво, пурхандаву овора. Баъзан мешунавем, ки мегӯянд, «аз навиштаҳои Хуршеди Атовулло одам дилгир мешавад». Чаро маҳз қадам бар биёбони ғам мезанед?

-Ман барои сабук шудани худам менависам. Бовар кунед, вақте як детективро, ки дар дили ман пухта расидаасту дар андешаҳои ман ҷӯшидааст, навишта тамом кунам, мисле ки як куҳро аз гардан гирифта бошам, сабук мешавам. Пас, касеро, ки дилгир мекунад, бигзор нахонад.

Оё медонед, ки бо детективҳои худ дили чандин журналистшавро сард кардаед?

-Ё дилсард мекунад, ё ҷазб. Воқеияти журналистика ҳамин аст, хоҳед биёед, нахоҳед ихтиёр доред.

-Боре аз комедиянависӣ фикр кардаед?

-Не.

Фасли панҷум: Таърих ва сарнавишт

«Имрӯз ба дирӯзам сафар доштам: тифлиро ба гиря, наврасиро ба бозӣ, ҷавониро ба ишқ ва камолотро ба ғами зиндагӣ гузаронидаам. Ҳарчанд ҷустуҷӯ кардам, даме бе ғам наёфтам».

(Аз ногуфтаҳо)

Аз таърихи таъсиси рӯзномаҳои худ мегуфтед

-Мо соли 2005 Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистонро таъсис додем ва чун сармуҳаррири рӯзномаи «Зиндагӣ» будам, як сол Марказ бидуни рӯзнома пеш мерафт.

Баъдан, соли 2006 бо пешниҳод, дастгирӣ ва маблағгузории журналист Зафар Абдуллоев ман рӯзномаҳои «Овоза» ва «Фараж»-ро таъсис додам. Баъди судбозиҳо бо овозхон Райҳона Раҳимова, Зафар Абдуллоев рӯзномаи «Овоза»-ро баст ва «Фараж»-ро ба ихтиёри гуруҳи эҷодӣ гузошт.

Сипас, дар охири соли 2006 «Фараж»-ро ман ба моликияти Маркази тадқиқоти журналистӣ гузаронидам ва ба ҷои «Овоза» ҳафтаномаи «Ману ту»-ро таъсис додам.

Ҳамчунин, аввалин ҳафтаномаи варзишӣ – «Гол»-ро соли 2007 ташкил кардем, ки умри кутоҳ дида, баъди як соли фаъолият бо пайдо нашудани хонанда аз чоп монд.

Аммо рӯзномаи «Самак» бошад таърихи таъсиси ҷолиб дорад:

Соли 2006 як гуруҳ донишҷӯёни соли аввали факултети журналистика назди ман омаданд ва дар рафти суҳбат ман шӯхиомез гуфтам: кай вақте шумо аз уҳдаи идора ва пеш бурдани рӯзнома мебароед, биёед, ман барои шумо як рӯзнома таъсис медиҳам.

Ман фикр надоштам, ки онҳо ин гапро ҷиддӣ мегиранд, аммо баъди 5 сол онҳо бо дипломҳои худ омаданд ва бо ҳамин, ҳафтаномаи таърихӣ – тадқиқотии «Самак» соли 2011 таъсис ёфт.

Аз он гуруҳ ҳоло ягон кас ҳаст?

-Не. Ҳама чор тараф паҳн шуданд, парвозӣ шуданд, вале мавқеи хешро пайдо карданд.

«Фараж» дар аввал оҳномаи нотавонону оҷизон буд: касе маводи таърифӣ наменавишт, минбари танқид буд. Он маводҳоро чӣ гуна қабул мекарданд ва чӣ мушкилотро бо худ дошт?

-Дар «Фараж», ҳарчанд ки камтар аст, ҳоло ҳам матлаби танқидӣ чоп мешавад. Аммо сабаби кам шудани танқид бе сарпараст мондани рӯзномаҳои мустақил аст. Пештар барои рӯзномаҳо як дастгирӣ, ёрӣ ва гузашт буд. Ҳоло нест. Акнун ки обуна нест, харидор нест ва ягон ёрӣ ё гузашт аз ҷониби Ҳукумат нест, мо маҷбурем, ки таъриф карда рӯзнома фурӯшем.

Дар мавриди қабул кардани танқид, ашхосе ҳам пайдо мешуданд, ки ҳеч намехостанд фарқе байни танқид ва таҳқир гузоранд ва кори мо боз сӯи Суд мерафт…

-Зимнан, маводҳои қазияи судӣ дар оғози кори “Фараж” бениҳоят зиёд аст. Мушкилтарин қазияро дар ёд доред?

-Ёдмонтарин қазия ин зиндонӣ кардани хабарнигори Марказ Аминҷон Гулмуродзода буд, ки бо гуноҳи қалбакӣ кардани шаҳодатномаи таваллудаш дар синни шашсолагӣ 2 сол ҳукми маҳбас гирифту баъди хеле даву тозҳо як соли он кам гардид. Ин воқеан як туҳматнома буд ва он парванда ҳуқуқшиноси бетаҷрибаи соли аввалро ба хандидан водор мекард.

Аз Маркази тадқиқоти журналистӣ сухан гуфтед. Аксарияти насли нави журналистикаи тоҷик аз ин Марказ гузаштаанд. 15 соли фаъолият чӣ бурду бохтҳоро бо худ дошт?

-Мо аз соли 2005 инҷониб барои таъмини кадрҳои хуб дар оянда эълон медиҳем ва ҳамасола 4-5 нафар кадри хуби журналистӣ омода месозем. Дар ин солҳо мо ками кам 100 журналисти касбӣ тайёр кардаем. Ин албатта, бурди мост, лекин то ҳол кам аст.

Насиҳати ҳамешагии Шумо ба журналистони ҷавон чист?

-Сухани устод Пайванди Гулмуродзода: дар журналистика аввал ном, баъд нон ҷӯед!

Шумо дар рӯзе узви иттиҳодияи рӯзноманигорон шудаед, ки Муҳиддин Олимпур онро ба абад тарк гуфт. Ҳамасола ин рӯзро чигуна пешвоз мегиред?

-Дар охири умри устод ман бо эшон зиёд равуо доштам ва бо маслиҳату роҳнамоии он кас буд, ки чандин барномаҳоро, аз ҷумла дар бораи Аҳмад Зоҳир ва Фурӯғи Фаррухзод дар шуъбаи мусиқии радиои «Тоҷикистон» сабт кардам. Ин рӯзи ман ба ёди Олимпур мегузарад, аз ғами Олимпур месӯзам…

-Чаро сарнавишти журналист талх аст?

-Сарнавишти журналист ба дасти худи ӯст. Журналистоне ҳастанд, ки аз соати 8-и саҳар то 5-и бегоҳ дар идора менишинанду рӯзи худро гузаронида, маош мегиранд. Онҳоро касе намешиносад, боре ҳам мақолаи танқидӣ нанавиштаанд, парвое аз ҷомеа надоранд. Аммо журналистони пуркор ва воқеиро аксар вақт сарнавишти талх интизор аст. Агар андаке ба таърихи журналистика назар афканем, журналистонеро мебинем, ки ба авҷ расиданд ва бар «марги тадриҷӣ» зи олам рафтанд…

Таърих ҳамеша зи хас кас сохт ва касро ба хас дастнигар кард.

Фасли шашум: Имрӯз

«Рӯзномае, ки таъхир кард, ҳалок шуд. Рӯзнома бояд пешопеши ҳама равон бошад»

(В. И. Ленин)

Ба матбуоти мо имрӯз чӣ намерасад?

-Журналистони касбӣ ва ҷасур. Чаро? Вақте ҷасур аст, дарк мекунад, ки касбӣ бошад, ҳуқуқҳои худро донад. Журналисте, ки ҳуқуқҳои худро медонад, дар ҳар мавқеъ худро ҳимоя карда метавонад.

Як лаҳзаи фаромӯшнашавандаи 30 соли журналистиатон кадом аст?

-Чандин бор зери ҳамла қарор гирифтан ва аз 4-5 ҷарроҳию се инсулт зинда баромадан. Шояд инҳо лаҳзаҳои фаромӯшнашавандаи зиндагиам бошанд.

-Шунидем, ки ба тадқиқоти илмӣ даст задаед. Аз навиштани рисолаи илмӣ чӣ мехоҳед?

-Ба навиштани рисолаи илмӣ даст задани ман таъкид ва орзуи чандинсолаи устодам Иброҳим Усмонов аст. Ҳоло як бобашро ба итмом расонидам ва чанде дигар идома хоҳад ёфт. Ҳамин ки фурсат даст дод, онро ҳимоя мекунам. Танҳо ба хотири устод Усмонов, чун дидам ҳоли онҳоеро, ки номзади илм шуданду дар хобгоҳ зиндагӣ мекунанд…

Фасли ҳафтум: Ният ва ниҳоят

«Дирӯзро омӯзед, бар имрӯз қиёс кунед ва фардоро созед!»

(Панди маъруф)

Дӯстдоштатарин фасли сол бароятон кадом аст?

-Тирамоҳ.

-Шуморо чӣ механдонад ва чӣ ғамгин месозад?

-Ман бисёр механдам ва баланд механдам. Вақте аблаҳии ҳамсуҳбатамро мебинам, ба ғайри баланд хандидан, чорае намебинам.

Вақте ба касе бовар дораму мехоҳам чизеро ба ӯ фаҳмонам, аммо намефаҳмад ё фаҳмидан намехоҳад, бисёр дилгир мешавам.

Оҳангу суруди писандидаатон кадом аст?

-Кулли сурудаҳои Аҳмад Зоҳирро дӯст медорам ва аз ҳама беш суруди «Осиям дигар” – ро.

Китобе, ки батакрор  мехонед ва китобе, ки аз хонданаш пушаймон гаштаед?

-Китоби ба такрор мехондаам «Оҳанги шаҳри ишқ»-и устод Муҳаммадзамони Солеҳ аст, ки беҳтарин қиссааш ба Фаррухи Қосим бо номи «Ишқи актёри пир» бахшида шудааст. Ва ҳамзамон, ҳамеша детективҳои нависандаи англис Ҷеймс Хедли Чейзро ҳамеша варақ мезанам.

Аммо то ба ҳол китоберо нахондаам, ки аз хондани он пушаймон шуда бошам. Муҳаммадзамони Солеҳ мегуфтанд, «китоби бесаводтарин нависанда туро водор мекунад, ки хандӣ, яъне бефоида нахондаӣ».

Бори қалам чӣ  вазн дорад?

-Гарчанде бори қалам имрӯз бори клавиатура шудааст, аммо хеле вазнин аст. Вақте мо менависем, бояд эҳтиёткор бошем. Дар фаъолияти ман шудааст, ки навиштаҳои ман ба тақдири инсонҳо таъсири манфӣ ё мусбати худро расонидааст. Чандин касро аз зиндонҳо баргардондем ва чандин касро равонаи он сохтем. Бинобар ин, бо қалам ва қаламкаш шӯхӣ намешавад ва ҳар кас бори ин қаламро бардошта наметавонад.

Агар Хуршеди соли 1990 дубора ояд,  боз орзуи журналистшавӣ ба сар мепарварад?

-Чаро не? Албатта! Аммо чанд хатое, ки доштам, кӯшиш мекардам, ки такрор нашаванд.

Мусоҳиб:

Меҳрофарин НАҶЕВУЛЛОЕВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь