Ваҳҳоби Латиф зодаи ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ буда, дар оилаи “Аълочии маорифи СССР” Латиф Одинаи падроғӣ (руҳаш шод бод), ки маҷмӯаи шеърҳояш бо номи “Дилгармӣ” чоп шудааст, ба дунё омада, пас аз хатми мактаби миёнаи №6-и ноҳияи Мастчоҳ ва факултети филологияи Институти давлатии педагогии ба номи Т. Г. Шевченко (имрӯза ба номи С. Айнӣ) омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷику котиби озоди ташкилоти комсомолии мактаби №14-и имрӯза шаҳраки Шарораи шаҳри Ҳисор, муҳаррири шуъбаи адабиёти нашриёти “Ирфон”-у “Адиб”, мудири шуъбаи адабиёти нашриёти Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (имрӯза “Шарқи озод”), ҷонишини сарвари генералии Маркази ҷумҳуриявии корҳои тарбиявии беруназмактабии Вазорати маориф, муовини аввали Лоиқ Шералӣ (ёдаш ба хайр) дар Бунёди забони форсӣ-тоҷикӣ, муҳаррири моҳномаи “Дониш”-у чандин китобҳои олимони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, ҷонишини сармуҳаррири ҳафтаномаи “Неруи сухан”, ходими шуъбаи фарҳанги ҳафтаномаҳои “Тоҷикистон”, “Нигоҳ”-у “Пайкон” буд. Ваҳҳоби Латиф ҳамон Ваҳҳоб Одинаеаст, ки муаллифи китобҳои “Заҳрханда”, “Шикасти албастӣ”, “Ҳафтод лаҳзаи баҳор”, “Хоҷамастон – ҳамчу бӯстон”, “Донишгоҳи аграрӣ – кони илму ҳунар” ва “Роҳбари муборакқадам” буда, “Дили модар”, “ Меҳри падар”, “Наврӯз муборак” (панҷ сол пайи ҳам), “Баҳодурон”, “Риштаборон”, “Сад рубоӣ” (аз Умари Хайём), “Нешу нӯш”, “Боз омадам”, “Лутфи латиф” барин китобҳоро мураттаб намуда, романи нависандаи белорус Эдуард Скобелев “Фалокат” ва қиссаи Шароф Рашидов (котиби КМ ПК Ӯзбекистон) “Нур ва зулмот”-ро аз русӣ ва ӯзбекӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума карда, дастраси хонандагон гардонида, осори бисёр адибони хориҷиро тарҷума ва чоп намудаасту маҳсули қалами худаш низ берун аз ҷумҳурӣ интишор шудаанд.

– Устод, ба кори табъу нашр ва олами фарҳанг кай ва бо мадади киҳо ворид шудед?

– Ба олами фарҳанг бо бӯи коғазу ранг ва “навозиш”-и дастгоҳи матбаа то ба синфи якум рафтанам тавассути падарам Латиф Одина, ки ходими адабии нашрияи ноҳиявии “Машъал” буданд, қарин гашта, ҳангоми дар синфи 4-ум хондан хабарчаҳоям дар он чоп мешуданд. Баъдан китобхонаи калону базмҳои фарҳангии падар бо адибони ноҳия ва шаҳри Хуҷанд – Мулло Боқӣ, Усмон Олиму Раҳим Ҷалил, Абдуҷалил Воситзода, Озод Аминоваю фарҳангпарвароне чун Қутбӣ Киром, Мастон Шералӣ, Лоиқ Шералӣ, Баҳром Фирӯз, Анора Остонова, Воҳид Иброҳимов (руҳашон шод, манзили охираташон обод бод) ва Муҳтарам Ҳотаму Саидалӣ Маъмур маро дар майдони адаб ваҷаб ба ваҷаб парвариш доданд.

– “Заҳрханда” ва “Шикасти албастӣ ном китобҳоятон аз латифаю ҳикояҳои хандарез иборатанд. Дар хурдсолӣ шӯх будед, ё намунаи дигарон?

– Аз шӯхҳо шӯхтар будаму танҳо дар хондан намуна. Рӯзе набуд, ки аз ҳамсолон, устодону ҳамсояҳо падарам шикоят нашунаванд. Масалан, рӯзе бонкаҳои зиёди “тушёнка”-ро аз сим гузаронида, баъд онҳоро чун тирдонҳои маллоҳони Инқилоби Октябр ба саге овехтаму онро задам. Саг чун гурехт, бонкаҳо ҷангур – ҷунгур садо бароварданд. Саги “бастакор” аз ин “оҳанг”-и “эҷодкарда”-аш мурданивор худро халос карданӣ шуда, тирвор медавиду ҳаллос мезад. “Мусиқӣ”-и бонкаҳо баландтар мешуду кам не. Сагҳои дигари аз олами “мусиқӣ” бехабар аз дидани чунин як ҳайвони “навзот” бадхашмона ба вай дарафтиданд. Оқибати кор он шуд, ки мардуми як маҳалла субҳи рӯзи якшанбе хобашонро ҳаром карда, сарлучу побараҳна ба кӯча рехтанд, то сабаби ин “маҳшар”-ро фаҳманд…

Омӯзгоре ба ёд меорад, ки пас аз анҷоми нишасти аҳли адаб дар хонаамон мани шашсола аз падарам пурсидаам:

– Ҷомӣ шоир буд?

– Бале,- посух додаанд падар.

– Ӯ зинда аст?

– Не…

Сипас Рӯдакию Фирдавсӣ, Бедилу Навоиро ҳам ба ин минвол пурсида, чун ҷавоб шунидаам, ки онҳо низ зинда нестанд, бо ҳайрат аз падар пурсидаам:

– Шумо ҳам шоиред, пас чаро зиндаед?

Муаллифи китоб будан осон аст ё мураттиби он?

– Ҳарду кор осон нест. Ин ду амал меҳнати пурмашаққату ҷиддӣ талаб мекунанд. Мураттиб чун муаллиф мавзӯеро интихоб карда, дар мавриди муносиб китобро тайёр мекунад. Масалан, баъди чоп кардани “Дили модар” фикр кардам, ки ҳурмати падар низ воҷиб аст. Аз ин боис аз шоирони классик ва муосир шеърҳоро дар васфи падар ҷамъ карда, ба китоб “Меҳри падар” ном монда, назди сармуҳаррири нашриёти “Ирфон”, тарҷумони шинохта, зани фариштахӯ ва парирӯ Анора Остонова даромадам. Он кас саволнамо ба ман нигаристанд.

– Муаллима, “Дили модар” бе “Меҳри падар” мубталои сакта намешавад?,- пурсидам бо шӯхӣ.

Чун дидам, ки он кас ба мақсадам сарфаҳм нарафтанд, шарҳ додам:

– “Меҳри падар” ном китобро дар васфи падар ба чоп тайёр кардаам…

– Шафтолуи гапро хайрият, ки гуфтед,- гӯён бо табассум илова карданд: “Дар бораи модар нашриётҳои зиёд китоб баровардаанд, лекин “Меҳри падар”-и шумо шояд дар СССР ва ҳатто дар ҷаҳон нахустин китоб дар васфи падар бошад. Офарин, зуд ба шуъбаи истеҳсолӣ супоред…”.

Ин китоб берун аз нақшаи чопи асарҳои нашриёт бо теъдоди 5 ҳазор нусха чоп шуд.

Нақшаи чопи китобҳои нашриёт магар зарур буд?

– Бале. Дар ин нақшаи чоп асарҳое дохил мешуданд, ки хеле муҳим буданд, чӣ аз ҷиҳати ғоя ва чӣ аз барои аҳамияти иқтисодӣ. То солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон нашриёти “Ирфон”, “Маориф”, “Дониш” ва “Адиб” ҳар сол дар шакли китобча “Нақшаи чоп”-и худро тартиб дода, баъди тасдиқи Кумитаи давлатии табъу нашри СССР (Москва) чопи номгӯи асарҳоро қатъиян риоя мекарданд. Ба истиснои “Меҳри падар” барин китобҳо. Замоне, ки Михаил Горбачёв дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба сари қудрат омад, бар зидди шароб ва шаробхорӣ муборизаи беамон сар кард – шишаҳои шаробро шикастанду токзорҳоро решакан карданд. Аз шоирони гузашта байту шеърҳоро дар мазаммати шароб ва оқибатҳои майпарастӣ ҷамъ карда, ба адибони муосир рӯ оварда, барои танқиди шароб “девона шудӣ магар”-ро шунида бошам ҳам, китоберо бо номи “Неши нӯш” мураттаб намуда, назди сарвари нашриёти “Ирфон” шоир Абдуҷалил Воситзода даромадам. Он кас маҷмӯаро пасу пеш варақ зада, дар охир гуфтанд:

– Абдуваҳҳоб, аз рӯи шунидаҳо ва дидаи худам, худатон аз шароб ҳеҷ гоҳ рӯ намегардонед. Пас чӣ хел шуд, ки ба муқобили он китоб тайёр кунед?

– Устод, аввалан, ин супориши КМ ҲК СССР аст, баъдан, ман зидди шароб нестам. Шумо ба чопаш имзо монед, ҳаққи қаламро, ки гирифтам, бо дигар муаллифон шароб менӯшем.

Сарвари нашриёт аз таҳти дил хандида, барои чоп дар гӯшаи дастхат имзо гузошта, баъд ба китфам меҳрубонона панҷа зада, насиҳат доданд:

Андоза нигаҳ дор, ки андоза накӯст,

Ҳам лоиқи душман асту ҳам лоиқи дӯст.

“Неши нӯш” ҳам берун аз нақша бо усули тезиҷрои “Барқ” (Молния) дар 4 рӯз бо 7 ҳазор нусха аз чоп баромад…

Ҳамин хел, ҳар китоби чопкардаам қиссае дорад дароз чун “Ҳазору як шаб” .

– Солҳои охир баромадатон тариқи нашриёту ҳафтаномаҳо ба назар намерасад. Магар ба пирӣ тан додед?

– Не. Ҳоло ҳам чусту чолокам ва аз соли 2014 то ин дам китобҳои “Қалампайванд” (оид ба адибону рӯзноманигорон), ки пайванди авлодӣ (Ашӯр Сафар + Гурез Сафар + Файз Сафар ва Фарзонаю Озарахш) доранд, “Қаламдастон – қаламқошон” (оид ба бонуҳои қаламкаш) ва “Сурудхона”-ро (аз як кунда баромадани чанд санъаткор – Кароматулло Қурбонов + Муҳаммадрафӣ + Исматулло + Нигора Холовҳо) тайёр кардаам ва бояд онҳоро нашриёти “Кайҳон” чоп кунад. Агар умр вафо кунад, “Мастчоҳ: аз Меҳрон то Бӯстон” ном китоби мукаммалро оид ба таърихи ноҳияи Мастчоҳ ва “Хотираҳои аҷиб – аз “Ирфон” то “Адиб”-ро, ки дар боло аз он чанд намуна овардам, тайёр карда истодаам, ки чоп хоҳад шуд.

Мусоҳиб:

Фазлиддин АСОЗОДА

 S.Ин суҳбатамонро оид ба олами табъу нашри китобу рӯзномаҳо бо адиб ва рӯзноманигор Ваҳҳоби Латиф дар арафаи зодрӯзашон бо кабоб, бо рубоб ва бе шароб чун як кори савоб ба ташнагони фарҳанг мисли гулоб пешкаш карда, орзумандем, ки умрашон ба сад расад ва дар “дег”-и илҳомашон китобҳои нав “пазанд”, то ки хонандагон ангушти ҳайрат газанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь