Карина Комил зодаи Русия аст, вале худро тоҷик мегӯяд, зеро кӯдакияш дар Душанбе сипарӣ гардидааст. Ҳоло дар Арабистони Саудӣ кору зиндагӣ дорад. Ӯ аз рӯи ихтисос ҳуқуқшинос буда, вале ҳеч гоҳ аз рӯи тахассуси худ фаъолият накардааст. Карина Комил муддате дар ҳайати студияи театри «Падида» мерақсид, муддате ба ҳайси стюардесса (хидматпарвоз) кор кард, муддати мадиде ба сурудхонӣ машғул буд ва ҳоло бошад бизнес-модал аст.

Halva.tj бо Карина доир ба раққосӣ, фаъолият дар авиатсия, овозхонӣ, моделсозӣ, зиндагӣ дар кишварҳои гуногун ва нақшаву ҳадафҳои минбаъдааш суҳбат намуд.

ПАЙРАҲАИ УМР

– Дар бораи Шумо бисёр навиштаанду менависанд, вале чаро дар баъзе матлабҳо Шуморо зодаи Душанбе ва дар бархеи дигар зодаи Русия мегӯянд?

– Ман дар Русия таваллуд шудаам. Вале дар Душанбе калон шуда, худро тоҷик мешуморам.

– Шумо нафаре ҳастед, ки бо фарҳангҳои гуногун шиноседу зиндагӣ кардаед, бигӯед, ки кадом фарҳанг бештар ба Шумо писанд аст?

– Фикр мекунам фарҳанги шарқӣ ба ман наздиктар аст, зеро қисмати зиёди ҳаётам дар кишварҳои Шарқӣ гузаштааст.

– Шуморо “духтари дунё” мегӯянд, бигӯед, ки кадом давлатҳои дунёро дидаву кору зиндагӣ кардаед?

– Осонтар аст, бигӯем, ки дар кадом давлатҳо набудам, зеро дар бисёр кишварҳои дунё будам ва аз зиндагиву кори онҳо бохабарам. Ин ҳама дар доираи корам дар авиатсия буд, ки ба ман имкон дод, дунёро бубинам ва ҷаҳонбиниямро зиёд кунам.

– Шумо дар кӯдакӣ бисёр озод будед, рақс мекардед, суруд мехондед, асбоби мусиқӣ менавохтед, ин қадар озодиро кӣ дода буд ва озодӣ додан ба кӯдак чӣ хубиҳо дорад?

– Ҳар чизе, ки ба кӯдак дода мешавад, ӯ ҳамон хел ба воя мерасад. Ва ҳар чизе, ки омӯзонида мешавад, барои ӯ дар оянда кӯмакрасон мегарданд. Ба ман аҳли оилаам озодии беохир дода буданд. Тамоми шароитро бароям муҳайё карда, танҳо роҳнамоӣ мекарданд ва ба ҳар чизе, ки дилам мехост монеа намешуданд.

– Шумо ҳоло дар Арабистони Саудӣ кору зиндагӣ мекунед, бигӯед, ки кай ва чӣ тавр ба онҷо рафтед?

– Ба ман барои ҳамкорӣ шартномаи хуб пешниҳод карданд ва қабул кардам. Инак, 6 сол мешавад, ки дар Арабистони Саудӣ кору зиндагӣ мекунам. Аз кору зиндагӣ дар ин ҷо хеле хушнудам.

ЧАНД ҲУНАР

– Шумо аз рӯи ихтисос ҳуқуқшинос ҳастед, чаро ҳамчун ҳуқуқшинос кор накардед?

– Бале, маълумоти асосиро дар ҳуқуқшиносӣ ба даст овардаам, вале дар ин соҳа кор накардаам. Ростӣ, то ҳол сабаби кор накарданамро намедонам, вале дониши гирифтаам дар соҳаи ҳуқуқ ҳамеша кӯмакрасонам буда.

– Шумо стюардесса шуда низ кор кардаед, вале дар ин бора маълумоти зиёд нест, чаро?

– Ман дар як ширкати хусусӣ ҳамчун стюардесса фаъолият мекардам ва корам хуб буд. Вале мувофиқи шартномаи тарафай дар бораи он корам аз ин зиёд чизе гуфта наметавонам.

– Шумо дар ансамбли “Падида” фаъолият доштед, оё корҳои бузург дар ин самт буданд?

– Дар кӯдакӣ дар ансамбли “Падида” рақс мекардам. Ёдам ҳаст, ки дар консерти Андӣ бисёр хуб баромад карда будем.

– Шумо бизнес-модел ҳам ҳастед, бигӯед, ки чӣ гуна ба дунёи муд омадед?

– Ин ҳамааш тасодуфӣ шуд. Як дугонаам суратгириро оғоз кард ва аввалин шуда маро даъват намуд. Суратҳоям зебо буданд ва ҳамин тавр моделӣ ва бизнес-моделиям оғоз шуд.

– Шумо борҳо дар озмунҳои гуногуни зебоӣ ширкат кардаед, аз ин озмунҳо чӣ хотироти ҷолибе доред?

– Бале, ман дар озмунҳои гуногуни зебоӣ ширкат карда, Русия ва Тоҷикистонро дар хориҷ аз кишвар муаррифӣ кардаам. Аз ҷумла, дар World Next Top Model 2016, Miss Union 2016, Miss СССР — 2016, Miss HP Company. Ҳамчунин, муваффақияти бузургам ин ҷой гирифтан дар муқоваи нашрияҳои машҳури ҷаҳони муд, аз қабили Vogue Arabia, маҷаллаи Hia, Arab News ва Zahrat Khaleeji буд. Хотираҳои ҷолиб ҳамон шиносоиҳо, табодули таҷриба, огаҳ шудан аз фарҳангу муносибату муоширати сокинони дигар давлатҳо ва ғайраҳо мебошанд. Воқеан ҳам, он озмунҳо таҷрибаҳои зиёд додаанд.

Суратҳои Шумо дар муқоваи нашрияҳои машҳури ҷаҳонии муд, аз қабили Vogue Arabia, маҷаллаи Hia, Arab News ва Zahrat Khaleeji, Glamour Bulgarian ҷой ёфтааст ва соли 2020 ҳатто чеҳраи коллексияи дебютии тарроҳи араб Нура Сулаймон шудед. Бигӯед, ки ба ин муваффақият чӣ гуна ноил гаштед?

– Ин ҳама кор, кор ва боз кор мехоҳад, ки солҳои зиёд сарф шудаанд. Бояд ба худ бовар кард, қадамҳои устувор гузошт ва аз роҳ нагашт. Ҳамааш мешавад.

Аз ин соҳа чӣ гуна пул кор кардан мумкин аст ва оё пули калон ёфтан низ ёимкон дорад?

– Дар ИДМ ва Шарқи Наздик дар хусуси пули зиёд ёфтан бо касби моделӣ фикр кардану чизе гуфтан каме душвор аст ва бояд дилхоҳ модел касбу кори дигаре дошта бошад. Вале боз ҳамааш аз худи шахс низ вобастагӣ дорад, ки корашро чӣ гуна ва чӣ қадар анҷом медиҳад.

– Шумо кадом забонҳои хориҷиро медонед?

– Забонҳои русӣ, тоҷикӣ, англисӣ, туркӣ ва арабиро медонам.

– Замоне мехостед озмуни “Мисс Тоҷикистон” ташкил кунед, чаро накардед?

– Сабабаш, набудани вақт буд. Идея ҳоло ҳам ҳаст, вале вақтам ниҳоят кам аст.

– Дар як мусоҳибае гуфтед, ки аз маҷаллаи “Playboy” таклифи ҳамкорӣ карданд, рад кардед, чаро?

– Худамро то он ҳад озод ҳис намекунам, зеро фарҳангу фаҳмиши шарқӣ бо ман аст ва он иҷозат намедиҳад, ки дар чунин маҷаллаҳо суратҳои урёнамро гузорам.

ОВОЗХОНӢ

 – Шумо овозхон ҳам будед, чӣ гуна шавқи ин касб дар дилатон пайдо шуд?

– Ҷавобам анъанавию обшуста ҳам барояд, бояд бигӯям, ки аз даврони кӯдакӣ шавқ доштам.

– Як замон бо Руслан Умарзод дует месароидед ва махсусияти коратон ҳамин буд, ки сурудҳои кӯҳнаро коркард карда, иҷро мекардед. Идеяҳо аз кӣ буданд ва чаро дигар давом надодед?

– Идеяҳо аз Руслан буданд. Ӯ дӯсти ман ва дар соҳаи овозхонӣ муҳаррики маро ба кор медаровард. Идея медод, менавишт, месохт, меофарид.

– Дар фаъолияти сарояндагиятон шаби эҷодӣ доштед, оё консерти яккаи худро ҳам доштед?

– Дар шаҳри Маскав шаби эҷодӣ ва консерти якка ҳам доштам. Ман бисёр дӯст медоштаму медорам, вале корам имкон надод, ки овозхониро идома диҳам. Вале ҳамааш ба тақдиру насиб вобаста аст ва Худо хоҳад пешравиҳо дар оянда хоҳанд шуд.

– Аз овозхонӣ чӣ фоидаҳову чӣ зарарҳо дидед?

– Зарар надидаам. Фоидааш бошад мардуми зиёд маро шинохтанд ва аз ин корам ҳаловат мебурдам.

БЛИТС

– Агар имкон шавад, ки ба дилхоҳ нафар мулоқот дошта бошед, ӯ кӣ хоҳад буд?

– Ман бо бисёр одамон мехоҳам дидор дошта бошам. Масалан, бибию бобоям, дӯстонам ва ғайраҳо.

– Ҳаст нафаре, ки Шумо барои бо ӯ суҳбат кардан, аввал суханонатонро омода кунед, баъд суҳбат намоед?

– Албатта, пеш аз саҳна баромадан, пеш аз вохӯриҳо бо шахсони баруманд ва ғайраҳо.

– Мо ба дигарон раҳмат мегӯем, шудааст ҳолате, ки ба худатон раҳмат гуфта бошед?

– Бале ва аксаран дар симои худам ба Худо ва модарам раҳмат мегӯям, ки дар ҳастии ман саҳм доранд.

– Дар телефонатон ҳаст барномае, ки бароятон сахт муҳим бошад?

– Бале, “камера”. Ман суратгириро бисёр дӯст медорам.

– Ҳоло бисёриҳо мехоҳанд аз Шумо мусоҳиба гиранд, оё ҳаст нафаре, ки худатон хоҳед махсус ба ӯ мусоҳиба диҳед?

– Аз ман бисёриҳо мусоҳиба гирифтаанд ва ба наздикӣ шабакаи “Arab-News” мусоҳиба гирифт, ки бисёр хушҳол шудам.

– Ҳафт муъҷизаи олам аст, агар аз Шумо хоҳиш кунанд, ҳаштумашро муайян кунед, чиро номбар мекунед?

– Ба фикри ман ин Макка аст. Онро бояд ҳар мусалмон бинад.

 Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь