Устод Баҳманёрро дар замони туфулият мешинохтаму осорашро мутолиа мекардам, вале ҳақиқати ҳолро бигӯям, ки он замон фаҳмам ба умқи офаридаҳои устод намерасид. Аммо бештар навиштаҳои устод Баҳманёр писандам буд. Ҳоло фикр мекунам, ки барои чӣ офаридаҳои устод Баҳманёр бештар писандам буд, аз куҷое садо меояд, ки навиштаҳои устод боназму мисли дарё равону дилнишин буданд ва ба ин хотир дӯст медоштаам. Азбаски хурд будам, образу мавзуъро аҳамият намедодам ва танҳо дар сабки навиштан диққат медодам, ҳамин сабаб гардида буд, ки сабки устод писандам буду асарҳояшонро мехондам.
Дар тасаввуротам устод як мардеро мемонд, ки бузургҷусса бо риши расидаву ғурурманд. Аҷобатро бинед, ки бори нахуст, ки устод Баҳманёрро дар рӯ ба рӯ дидам, анқариб ончунон, ки тасаввур мекардам, буд. Вақте навори суҳбатро дар ютуб гузоштем, аксарияти онҳое, ки устодро азназдик мешиносанд, ришмонии устодро дида, ситоишу зебанда мегуфтанд ва банда аз он гуфтаҳо бардошт кардам, ки устод Баҳманёр маълум, ки бештари вақт риши худро мегирифтаанду танҳо дар навори суҳбати мо мардум он касро бо риш дидаанд…
Қиссаи мусоҳибаи мо ин тур буд, румони”Сармаддеҳ”-и устод Баҳманёр дар Эрон бори нахуст ба табъ расид ва ин хабарро нахустин шуда, устод Сафар Абдуллоҳ расонаӣ намуданд. Баъдан устод Сафар дар Фейсбук бо ман дар ин бобат суҳбат карданду супориш доданд, ки биравам бо устод Баҳманёр ба ин муносибат мусоҳиба анҷом диҳам. Банда низ аз паси ин супориш шудам ва нахуст рақамҳои устод Баҳманёрро аз устод Абдуқодир Рустам хоҳиш намуда, гирифтам. Ба устод Баҳманёр занг задаму худро муаррифӣ кардам, мақсадамро ҳам баён доштам. Нахуст, устод Баҳманёр гуфтанд, ин хабарро аз кӣ шунидӣ? Посух додам, ки аз устод Сафар Абдулло. Баъди шунидани посух, гуфтанд, Сафар боз дурӯғ нагуфта бошад (аз рӯи нақли устод Баҳманёр романи зикргардида, мебоист хеле барвақттар дар Эрон чоп шавад, вале бо сабабҳои маълуму номаълум, чопи роман ба таъхир уфтодааст, аз ин рӯ, боварашон наомад ва гуфтанд ин боз шухии навбатии Сафар аст.)? Бо ҷиддият ба устод гуфтам, ки на, устод, рост аст ва ин хабар расонаӣ ҳам шуд. Андаке фикр карданду гуфтанд, хуб, ин тур бошад, агар омаданӣ бошӣ Иттиҳодияи нависандагон биё, маро дар он ҷо меёбӣ. Дар ин гуфтугӯи телефонӣ рӯзи суҳбатро бо устод Баҳманёр муайян карда, хайрухуш намудем.
Баъди ин гуфтугӯ ба устод Сафар Абдуллоҳ дар Фейсбук навиштам, устод Баҳманёр бовар намекунанд, ки румон чоп шуда бошад, дар ҷавоб устод Сафар гуфтанд, ки мо бо ӯ бисёр дӯстони наздик ҳастем, аз ин хотир, гумон дорад, ки ман шухӣ дорам, румон дар ҳақиқат чоп шудааст, рав суҳубатро анҷом деҳ. Ва ҳамзамон, устод Сафар чанд суол равон карданд ва гуфтанд, ин суолҳоро ҳам ба ӯ деҳ. Банда ҳам як чанд суоли дигар илова кардам ва рӯзи 5. 07.2020 ба назди устод рафтам.
Дари дафтари кории устод боз буд, дохили дафтар мисли як гӯшаи табиати зиндаро мемонд. Ростӣ, ҳисоб карда намешуд, ки чӣ миқдор навъҳои гул дар дафтар гузошта шудааст. Ва устод миёни анбуҳи гулҳо нишаста, дастхатеро мехонду ислоҳ мекард.
Дуруд устоди азиз,-гуфтаму худро шинос кардам ва устод иҷозаи вориди дафтар доданд. Хуб, чой ё қаҳва менушӣ?-пешниҳод намуд устод. Узр устод, мехоҳам аввал суҳбатро анҷом диҳем,-посух додам. Суолҳоят тайёр ҳастанд?-суол дод устод. Бале,-ҷавоби камина.
Камераро оператор рушан кард ва баъдан камераро дар чор тарафи дафтар санҷид, дар ниҳоят оператор гуфт, ин ҷо сабт карда намешавад, илоҷаш бошад, берун бароем? Ба устод рӯ оварда, гуфтам, устод берун мебароед? Ҳарчанд дар чеҳраашон хонда мешуд, ки не, аммо бо дили нохоҳам устод хуб гуфт ва ҳамроҳ ба майдони назди Иттиҳодияи нависандагон баромада, сари суҳбат нишастем…
Зимнан, зикр намоям, ки ин мусоҳиба мутаассифона, охирин мусоҳибаи устод мебошад. Камбахтона, пас аз чанд муддат, ба таври мармуз устод Баҳманёр аз дунё даргузаштанд… Ёду номи устод гиромӣ ва ҷовидон бод!
Ва инак, суҳбати мо бо устод Баҳманёрро хонандаи азиз, мутолиа бикун ва таманно мекунам, ки аз ин суҳбат манфиате бардорӣ.
Нашри аввали китоби “Сармаддеҳ”, ки дар Эрон чоп шуд, табрик мегӯям.
-Ташаккур
Вақте чунин китоб дар кишвари ҳамзабону ҳамтабори мо ба нашр мерасад, муаллифи он чӣ эҳсос дорад?
-Албата, чопи китоб чӣ дар дохил, чӣ дар берун боиси сарбаландии муаллиф аст. Боз хусусан ин китоб дар ҷое чоп шавад, ки туро дар асл мехонанд, ба мисли Афғонистону Эрон. Хуб, қаблан ҳам кушишҳое шуда буд, ки китоб дар Эрон ба табъ расад, лек ба чи хотире ба таъхир афтод ва ҳоло хеле шодам, ки ба табъ расидааст ва онро рӯзҳои наздик рунамо мекун.
Лутфан, Шумо беҳтар аст, аз вижагиҳои кори худ дар офаридани румонҳои “Шоҳаншоҳ” ва “Сармаддеҳ” сӯхан бигӯед…
-Аввалин ҳикояе, ки ман навиштам “Ишқи Саёд” ном дошт ва баъдан чан ҳикояҳое, ки ба табъ расид, дар рӯзномаю маҷалаҳо дидам, ки дар як мавзӯъ баҳс мекунанд. Он вақт дар сари ман фикре пайдо шуд, ки чи мешавад, ки ин мавзӯъҳо як макон, замони муаян дошта бошанд ва ҳамин хел пайдо шуд фикри навиштани романи “Сармаддеҳ”, ки дар се муҷаллад фароҳам меояд, ҷилди якум ба табъ расид, ҷилди дуюм мухтасаран чоп шуд ва гумон мекунам, ки солҳои наздик ҷилди дуюм комилан чоп мешавад ва ҷилди сеюмро агар умр боқӣ бошад, солҳои минбаъд ба интиҳо мерасонам. Хуб, навиштани достонҳо чи тур ба сар меояд, достонҳо яке ин тур мешавад, дигаре ба таври дигар навишта мешавад. Достонҳои ман бештар тахаюлианд, яъне он образу он қаҳрамонҳое, ки ман месозам, ё тасвир мекунам, инҳо ҳама маҳсули хаёли мананд, дар зиндагӣ вуҷуд надоранд. Деҳам, он номҳои маҳалу куҳу дараву кулу рӯду дигар чизҳо ҳамааш маҳсули хаёли мананд. Яъне ягон чизи канкрет нест, дар хариттаи ҷуғорфия деҳе ба номи “Сармаддеҳ” вуҷуд надорад. Ин ҳақиқат дар сари манаст ва он қаҳрамонҳое, ки ман офаридам, ҳамаш бофтаю сохтаи ман. Аз зиндагӣ бештар ҷузъиёт мегирам, яъне храктери яккасро дидам, дар яккас чизеро мушоҳида кардам ва баъдан инҳоро истифода мебарам, лекин фабула, яъне хати сужара худам мебофам ва худам месозам ва он қаҳрамонро худам интихоб мекунам ва худам ба ҳаркат меорам, яъне ин ба мисли он аст, ки дирижёр оне ки оркесторро идора мекунад. Тасаввур кунед, ки як деҳе, ки сернуфуз аст ва хонаҳо яке паиҳам, мисли хонаҳои баландошёнаи Ню-Йорк сохта шуданд. Яъне боми хона, саҳни ҳотаи як нафари дигар аст, ҳамин хел рафтааст. Ман ҳамчун як муаллиф дар болотарин бом нишаста ва ҳамаи инро тамошо мекунам ва аз он нусха мебардорам, мисли дирижёре, ки оркесторро идора мекунад.
Румони “Сармаддеҳ” ва “Шоҳаншоҳ” хеле ҳам дар байнӣ хонандагон шуҳратёр гардид ва ҳамчунин, хуб пазируфтанд. Шумо ваъда карда будед, ки китоби нави худро эҷод мекунед, яъне ба мисли ҳамон румонҳои беназиратон. Он кай рӯйи чопро мебинад?
– Романи “Сармаддеҳ”, қаблан ҳам гуфтам, ин се муҷалад хоҳад шуд. Якум чоп шуд, дуюм омодаи чоп аст. Аммо он романе, ки Шумо гуфтед – “Шоҳаншоҳ” каме фарқ мекунад, ба он хотир, ки ду замонро дар бар гирифтааст: яке то замони исломӣ ва дигарӣ солҳои 80-и асри бист, яъне замони Шӯравӣ.
Ин романе, ки ман ҳоло рӯи он кор дорам, романи дигараст, мавзӯаш дигар, фалсафааш дигар, қаҳрамонҳояш дигар. Ин роман, ба фикрам солҳои наздик тамом мешавад ва ба дасти хонандагон мерасад, ҳамин тур умед дорам.
То ҷое хабар дорем, Шумо романи “Ғӯтаях” худро сӯзонидаед…
– Не, насӯзондам, партофтам.
Аз баҳраш баромадед?
– Не, ин тур аст, як мудате буд, ки ман хеле шаробӣ будам. Он романро тамом карда будам. Баъдан вақти мастӣ онро хондам, хуш наомад, яъне дар пояи “Шоҳаншоҳ”-у “Сармаддеҳ” набуд ва ман онро ба зуволадон партофам. Зуволадонро бурдаву ба дигар ҷо партофтанд, яъне билкул аз байн рафт.
Магар ба барқарор кардан талош наварзидед?
– Вайро барқарор карда намешавад, акнун мо чӣ гӯем, дар он синну солем, ки хотира заиф шудаст ва наметавонем он чизе навишта будем, аз нав барқарор кунем. Хуб, баъзе лаҳзаҳояшро мешавад барқарор кард, вале китобро комилан барқарор кардан имкон надорад.
Бармегардем ба замоне, ки Шумо дар он замон ишқи мутолиаи китоб, хома ба даст гирифтан ва ниҳоят нависандагӣ дар дилатон зуҳур намуд…
-Ман вақте бача будам, китоби дӯст доштаам “Гулистон”-и Саъдӣ буду “Ҳазору як шаб”. Ман “Гулистон”-ро қариб азёд медонистам, “Ҳазору як шаб”-ро гаштаю баргашта мехондам. Ин ду китобҳои хонданӣ буданд.
“Ҳазору як шаб” ва “Гулистон” ба ман хеле таъсир карданд. Ҳамзамон, мавзӯъ ҳам, агар аҳмият дода бошед, дар адабиёт як раванде ҳаст, ки реализми ҷодуӣ мегӯянд, вайро нисбат медиҳан ба адабиёт амрикои лотинӣ. Лекин дар асл нишонаҳои онро метавон дар адабиёти худамон пайдо кард. Масалан, дар “Ҳазору як шаб” ё дар афсонаҳои қадима худи он, ки дар Ғарб ҳамчун китоби арабӣ қабул шудаасту дар асл бошад аз ҳазор афсонаи форсӣ гирифта шуда, паҳлавӣ навишта шуда буд. Онро Ибни Муқаффаъ ба арабӣ гардонду баъд дар Миср аз нав коркарданду ба шакли “Ҳазору як шаб” машҳури дунё гашт. Ба он реализми ҷодуӣ мегӯянд, он реализм дар асоси устураҳои ҳам форсӣ, ҳам арабӣ, ҳам ҳиндӣ ва дигар кишварҳо масалан, Амрикои Лотинӣ аслан ҳиндуҳо зиндаги мекарданд, ки ҳиндуҳои сурхпуст, ки онро Колумб кашф карду гумон кард қитъаи Ҳидустонро кашф кард, лекин дар асл қитъаи навро кашф карда буд. Дар онҷо ҳиндуҳо зиндагӣ мекарданд, ки асотири худро дошатанд, вале дар қитъаи Амрикои Лотинӣ ҳамаи ин устураҳо ба ҳам омехта шуданд, арабӣ, форсӣ, ҳидӣ ва дигару дагарҳо ва аз ин як гардише дар адабиёт пайдо шуд, ки онро реализми ҷодуӣ гуфтанд, дар мо реализми сотсиалистӣ буд. Баъдан, ки мо ошноӣ пайдо кардем, давраҳои бозсозии Горбачёв бо бисёр адабиёти ғарб мо фаҳмидем, ки дар онҷо Кафка, Марсел Пурист ва дигару дигарҳо ҳастанд, ки дар мо камтар чоп мекарданд. Масалан, Кафкаро чоп мекарданд, лекин интихобан чоп мекарданд. Баъдан комил чоп карданд. Пуристам ҳамчунин, хуб, бисёр нависандаҳои дигар ҳам чунин, ки ҳозир ба хотирам намеояд. Аз он ҷумла, нависандаҳои Эронро ҳам чоп карданд, Содиқ Ҳидоятро пурра чоп накарда бошанд ҳам, баргузидааш дар Москав ва Тоҷикистон чоп шуд. Ин барои мо кашфи қитъаи нави як адабиёт буд. Адабиёти тоҷик, манзурам насри тоҷикро мегӯям, бояд ду тақсим кард, оне ки адабиёти то солҳои 80-ум навишта мешуд, пурра реализми сотсиалистӣ, баъдан солҳои 80-ум як гуруҳ ҷавонҳое пайдо шуданд, ки камтар назарашон дигар буд ва ба ин ҳам заминае пайдо шуда буд, масалан, дар адбиёти Шӯравӣ Айтматов, Астафеф ва дигару дигарҳо пайдо шуданд, ки реализми сотсиалистиро тағйир доданд. Мо ҳам ба онҳо аввал тақлид мекардем ва баъдан реалмизми худро ёфтем. Масалан, ман реализми худро ёфтам ва ин реализми баҳманёрӣ мегӯянд, як чизе, ки шояд аз онҳо фарқ кунад. Вале ин кори адабиётшиносон аст, ки ба он баҳо даҳанд, чӣ тур фарқ мекунаду чӣ аз ҷиҳати замон, чӣ аз ҷиҳати услубӣ, чӣ мазӯъ.
Устод, чанд рӯз пеш рӯзи марги устод Лоиқ буд, Шумо ба он кас чӣ хотирот доштед ва аз он кас чӣ бардоштҳо, ё устод Лоиқро чӣ гуна баҳо медиҳед?
-Хуб, аслан адабиёти сад соли охири мо ки бо номи адабиёти Шӯравӣ машҳур аст, шоирҳои барҷастае, ки масалан, дар олам машҳуршуда бошанд, надодааст, ба истиснои М. Турсунзода , асосгузори адабиёти муосири мо С. Айнию устод Лоҳутӣ аст. С. Айнӣ алломае буд, ки ҳам наср менавишт ба дараҷаи баланд ва ҳам назмаш баланд буд.Устод Лоҳутӣ, ки аз Эрон муҳоҷир шуда буд, назми Шӯравии моро поя гузошт. Ва баъдан Пайрав Сулаймонию дигарҳо пайдо шуданд ва як муддат Қаноат ҳам хеле шуҳрат ёфт. Устод Лоиқ ин як ҷазираи махсусест, ки бо такя ба адабиёти гузаштаи мо ва бо такя ба адабиёти муосири Эрон чизҳое гуфт, ки то вай нагуфта буданд, аз ин хотир вай хеле зуд байни мардум машҳур гашт. Ва хушбахтона, ман бо ӯ дар ҳамин бинои Иттиҳодия нависандаҳо дар маҷаллаи “Садои шарқ” кор мекардем ва сардабир буд, ман мудири бахши наср, баъдан ҳамкориҳо буданд, то он вақте, ки ӯ ногаҳон дунёро падруд гуфт.
Хуб, устод Шумо эҷодиёти Сотим Улуғзода ва Фазлиддин Муҳаммадиевро чӣ гуна баҳо медиҳед, албатта, ҳамчун нависанда?
-Онҳо ҳам пойбанди реализми сотсиалистӣ буданд, лекин Улуғзода ва Муҳаммадиев кушиш мекарданд, ки як чизи тозае гӯянд, албатта, адабиёти рус таъсираш ба онҳо бештар буд, нисбат ба адабиёти ғарбу шарқ. Устод Улуғзода дар навиштани романҳои “Фирдавсӣ”, дар навиштани қиссае, ки ба таърихи то исломӣ вобаста буд, яъне “Ривояти суғдӣ” шуҳрат ёфт. Устод Муҳаммадев достонҳои хеле кӯчаки олӣ дорад, ба мисли “Усто Оқил” як ҳикояи дигараш “Ҷага” ном дорад, ҳикояҳои зиёде дорад, ки хонданӣ аст.
Устод Баҳманёр, дар воқеъ Шумо ҳамчун нависандаи бузург байни ҷомеа эътироф гардидаед. Ба хонандагони порсигӯ чӣ паёмдоред?
-Хуб, ин хеле хуб буд, ки масалан, бозсозӣ шуд ва имкониятҳо пайдо шуд, ки он деворе, ки байни мову дигар кишварҳо буд, бардошта шуд, раву о ба ин кишварҳо зиёд шуд. Ва ба Эрон ва аз он ҷумла, Афғонистон ҳам ҳамин тур шуд ва мо хеле хурсандем. Мутаассифона, вазъи дунё дигар шуд, боз мушкилоти зиёде пеш омад ва ҳозир боз рафту омад душвор гаштааст. Агар мисли қаблан агар бигӯем мо китобҳоро ба восита рафиқон мегирифтем. Масалан, як нафар мерафт Эрон ба рухсатӣ, ё ҳамчун сайёҳ мерафт ва ё ҳамчун коргари ягон идора мерафт, мо аз вай хоҳиш мекардем, ки асари фалониро ба мо биёр, баъд онҳо меоварданд. Баъдан, худи мо имкон ёфтем, ки ба Эрон равем, мо ба ҷойи он ки туҳфаҳои дигар гирем, барои мисол, қолини эронӣ, мо китоб мегирифтем. Барои он ки мо ташнаи китоби форсӣ будем, дар мо солиёни зиёд чоп намешуд. Солҳои охир рафиқҳои эронӣ ҳам ба мо китоб мефиристодан ва мо як рафиқе дорем сардабири маҷаллаи “Килк”, ҳозир ба фикрам “Бухоро ” ном дорад, Алӣ Деҳбошӣ ва хеле китобҳои зиёд ба мо ирсол мекард. Он китобҳоро ба хурсандӣ гирифта, мутола мекардем. Бо тавассути ҳамин Алӣ Деҳбошӣ мо китобҳои Маҳмуди Давлатободӣ, Соидӣ ва дигар нависандаҳоро дастраст кардем, ки барои мо хеле муфарраҳ буд.
Хуб, боз чӣ бигӯм? Қаблан ҳам ба адабаёти Эрон шиносоӣ доштем, хусусан, наср камтар, назмаш бештар дар Тоҷикистон чоп мешуд. Инчунин, дар Москав. Лекин дар Москав бештар он муаллифонеро чоп мекарданд, ки аъзои ҳизби Тӯда буданд. Масалан, Бузург Алавӣ, баъдан Содиқ Ҳидоятро чоп мекарданд, аммо дар Тоҷикистон “Буфи Кӯр”-и Содиқ Ҳидоят чоп шуда буд, “Санги сабур”-и Содиқи Чубакро мо аз даст ба даст гирифта мехондем ва баъдан, ки устод Давлатободию Соидӣ дастрасамон гашта буд, мо хеле хурсанд будем, ки бо рафиқҳои ҳамзабон шинос шудему асарҳояшонро мехонем. Ва боз хурсантар ҳастем, ки онҳо ҳам моро мехонанд.
Устод Шумо дар ояндаи наздик чӣ нақшаҳо доред ва болои чӣ асарҳо кор мекунед?
-Қаблан гуфтам, як роман навишта истодаам, номаш “ Девона гурез, ки маст омад”, албатта, ин шарти аст, яъне шояд баъдан номашро дигар кунем. Дар бораи як бад маст, дар бораи худам (механдад), ки як муддат шаробӣ будам, баъдан тарк кардам. Баъзе бахшҳояшро навиштаам, лекин он чизе, ки ҳозир дар дасти худам ҳасту омодаи чоп аст, ин “Корномаи Холдори чил дурӯғ” ном дорад. Даҳ ҳикоя таёр аст, боз даҳ ҳикояи дигар таёр мекунаму ба чоп мерасонам, мисли ин ҳикояҳо надидам, ки назираш дар адабиёти дунё бошад. Тасаввур кунед, номи ҳикоя “Холдори саёд”, “Холдори моҳигир”, “Холдори детектив”, “Холдори шерафкан”, “Холдори бостоншинос” ва ғайраҳо. Яъне як одам ба чандин рӯ нишон дода шудааст…
Мусоҳиб:
Зоҳири Сайфулло