(Суҳбати ихтисосии Зоҳири Сайфулло бо адабиётшинос ва рӯшангари муосири миллӣ устод Ҷамолиддин Саидзода)
Шинохти чеҳраҳои миллӣ, симоҳои рӯшангари ватанӣ ва муҳимтар аз ҳама, муаррифии шоистаю боистаи онҳо аз тариқи матбуоти даврӣ ва ВАО-и расмию мустақил талаботу зарурати имрӯзист. Аз зумраи шахсиятҳои воқеан миллӣ, ки умри пурбаракати хешро сарфи хидмат ба миллату меҳан кардааст, устод Ҷамолиддин Саидзода ба шумор мераванд. Дар арафаи 70-солагии устод Саидзода суҳбате ихтисосӣ оростем, ки муҳтавои онро манзуратон месозем.
-Устод, қаблан зодрӯз ва 70 соли умрро бароятон шодбош мегӯем ва пурсиши нахустинро ба ин мазмун матраҳ мекунем: 70 соли умрро чӣ гуна дарёфтед, албатта, ки саҳифаҳои сафеду сиёҳ зиёд буданд, ҳамин тур не?
-Сипос, луфти Шумо хеле зиёд аст. Албатта, мизони сиёҳу сафеди умр ва ҳаёту осори инҷониб дар дасти тарозукашони мунсиф аст, на худи ман, зеро:
Ҳоҷӣ, бунёди ҷаҳон яксар тилисми ибрат аст,
Ин варақ гоҳе сафеду гоҳе мегардад сиёҳ.
Дигар, дар тӯли 70 соли умр ягона чизе, ки ба он унс гирифтаам, дилбастагӣ пайдо кардаам ва маро хушнуд намудааст, ибрат гирифтан аст. Шоир беҳуда нагуфтааст:
Гавҳари шаҳвори ибрат гар намеомад ба даст,
Аз бисоти офариниш ман чӣ бар медоштам?
-Устод, Шумо, ки умре ҳадафмандона дар пайи ҳифзу нигаҳдошт ва дар айни замон таблиғу тарғиби арзишҳои миллӣ ва тақвияти ғуруру ҳайсияти тоҷикӣ гомҳои устувор бармедоред, барои аввалин маротиба кай ва дар куҷо ба ҳассос будани масоили миллӣ ва зарурати таблиғи арзишҳои бумӣ аз тариқи пахшу нашри матолиби илмӣ ва илмӣ-оммавӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ пай бурдед?
-Таърихи миллати мо пурпечутоб, дорои фуруду фарозҳои зиёд мебошад. Хусусан, ғалабаи рӯҳи динӣ, туркӣ-муғулӣ, фурӯпошии давлати миллии Сомониён ва тавзеҳу ташреҳи мубҳами он имкон намедиҳад, ки мо ба зуддӣ аз таърихи миллат, кишвардории хеш воқиф шавем. Лиҳозо, аксар вақт бардоштҳои мо ғалат ва ғайривоқеианд, рафторамон низ бар зарари миллату кишвар анҷом ёфтааст, ба хотир биёред хиёнати сарлашкарони Доро, Яъқуби Лайс, бархӯрди Сарбадорону Куртҳо, ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-умро, ки аз ғафлату содагӣ ва таърихи пурзиддияти мо, ки имкони ташхиси неку бадро ба мо намедиҳад, сарчашма мегирад. Яъне мо ҳамвора бар зарари худ амал кардаем ва мекунем. Мо бояд таърихи миллати худро ба таври алоҳида, аз рӯи воқеият биёмӯзем ва норасоиҳои мавҷударо дар ин замина рафъ намоем. Дар ин бора муаллифони китоби «Тоҷикон ва талошҳои таърихии онҳо барои озодии ватан»-Бобоҷон Ғафуров, Николай Прохоров ҳушдори нек дода, зарурати ислоҳи ин норасоӣ, яъне ба таври алоҳида омӯхтани таърихи тоҷиконро аз халқҳои дигари Осиёи Миёна ба миён гузоштаанд. Бад-ин маънӣ, ҳайати таҳририяи китоб дар пешсухани он чунин навиштаанд: «Бо ин ки баъзе марҳилаҳои таърихи гузаштаи халқҳои Осиёи Миёна ба ҳам сахт печида асту ҷудосозии онҳо мушкилоти зиёд ба миён меоварад, ҳар кадоми ин халқҳо таърихи гузаштаи худро доранд ва онҳоро бояд дуруст омӯхт». Дар ҳақиқат дуруст аст. Эй кош, устод Айнӣ на танҳо таърихи садсолаи миллати тоҷик, балки 1000 солаи онро, ки дар асорат гузаронидааст, менавишт, то мо бештару беҳтар аз ҳоли миллат огоҳ мегаштем, ба ҳассосияти мавзӯъ, яъне масоили миллӣ пай мебурдем ва зарурати омӯзиш ва таблиғи онро эҳсос мекардем. Лиҳозо, банда хеле ва хеле дер аз таърихи воқеии миллат огоҳ шудам, хусусан пас аз ҳаводиси маълуми солҳои 90-ум, ки аз бехабарӣ ва гумроҳии миллат, содагию зудбоварӣ рух дод. Аз ин замон инҷониб ба таври ҷиддӣ ба омӯзиш ва тарғиби арзишҳои миллӣ пардохтам, зарурати ташвиқи ҳамаҷонибаи онро аз ҷониби давлат, ниҳодҳои он, муассисоти кишвар ба миён гузоштам, зеро мардум воқеан ҳам аз таърихи воқеии миллат, шебу фарози он огоҳии хуб надоранд. Ин гуна ҳолати миллат ва зарурати масъаларо пеш аз ҳама Президенти кишвар дарк намуданд. Бинобар ин, китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро ройгон ба мардум тақсим карданд, то онҳо аз бурду бохти миллат мустақиман ошно шаванд ва роҳи бебандуборӣ, гумроҳӣ насипаранд. Ватани худро дӯст доранд, миллати худро бишносанд, барои дифоъи арзишҳои миллӣ, ки аз дер боз мавриди ҳамлаи неруҳои бадхоҳи дохилию хориҷӣ қарор гирифтаанд, саъю талош бинамоянд, сафедро аз сиёҳ, дӯстро аз душман ташхис бидиҳанд, пеш аз ҳама манфиатҳои миллату кишваро ҳимоят намоянд. Агар лозим шавад ҷони худро дар роҳи дифоъ аз ватан дареғ надоранд. Тавре ки шоир гуфта:
Ба роҳи ватан ҷон фидо мекунем,
Ватан ҳар чӣ гӯяд адо мекунем.
-Чаро интеллигенсияи ватанӣ кам ба воқеиятҳои рӯз таваҷҷуҳ мекунад ва дар ҳолатҳои зарурӣ дар баробари хурофоту таассуби мазҳабӣ, ки дар даҳсолаҳои охир ташаннуҷ пайдо кардааст, қад алам намекунад? Иллати ин навъ бетаваҷҷуҳию саҳлангориро дар чӣ мебинед?
-Инҷониб борҳо ба камфаъолиятӣ, бетарафии зиёиёни кишвар ишора кардаву гуфта будам ва боз мегӯям, ки ағлаби зиёиёни мо мутаассибанд, ба вижа мутаассиби динанд. Аз ин хотир, онҳоро аз рӯҳониён тафовут додан мушкил аст, агарчи эшон худро зиёӣ вонамуд мекунанд, аммо таҳтушшуои руҳониёнанд, аз онҳо тарсу бим доранд, афкори нодурусту ғайрилмии эшонро на фақат маҳкум намекунанд, балки тасдиқ менамоянд, бо онҳо ҳамкорӣ, ҳамовозӣ мекунанд, аммо бадтар аз ҳама, бо воқеиятҳои рӯз аз паси парда нигоҳ мекунанд… Пас, ҷои онҳо на дар муассисоти илмию адабӣ, балки масҷиду мазорҳост (ба сифати муллову хатибу мутаваллӣ). Боре аз банда суол карда буданд, ки зиёӣ кист? Бадоҳатан гуфта будам, ки зиёӣ Зиё Абдуллост, ки аз таассубу риёи рӯҳониён ошкоро интиқод менамояд. Масалан, ӯ дар бораи зиёии имрӯза ба тариқи қиёс чунин мегӯяд: «Ба назари камина, ҳоло чунин метобад, ки хеле аз зиёиёни имрӯза бештар аз донишмандони рӯзгори зиндагии Фирдавсӣ дар бими дарунӣ аз мутаассибонанд. Зеро аз дарёби он чи ҳаким ҳазор сол пеш ошкоро гуфтааст, мегурезанд. Чунин амал роҳи худшиносии ҷавононро махсус кур месозад. Зиёии ҳеч миллате аз андеша ва дини бунёдии худ ба мисли зиёии нави миллати ориёӣ ба ҳаросу ҳазар набудааст». -Оре, зиёиёни имрӯза, ки зери таъсири ҷараёнҳои гуногуни иртиҷоӣ, хусусан исломишавӣ ҳаракат мекунанд, ба арзишҳои миллӣ, миллат чандон вақъе намегузоранд, балки бештар пойбанд ба арзишҳои исломӣ (бемиллатӣ, ҷаҳонватанӣ…) мебошанд. Лиҳозо, эшон на танҳо хурофоту таассуби мазҳабӣ-ин падидаҳои номатлубу осебрасонро, ки дар даҳсолаҳои ахир шиддат пайдо кардааст, маҳкум намекунанд, балки як навъ бетафовутӣ, бехабарӣ зоҳир менамоянд. Албатта, ин гуна мавзеъгирии зиёиёни мо таърихи дуру дароз дорад. Он асосан аз истилои араб шурӯъ мешавад, хусусан баъди фурӯпошии Сомониён ва рӯи кор омадани сулолаҳои бегонатабор (атрок) ба авҷ мерасад. Аз ин рӯ, имрӯз низ зиёиёни мо наметавонанд худро аз чанги рӯҳи мазҳабӣ раҳо намоянд, рӯ ба худогоҳии миллӣ биёранд, дар нашри афкори миллӣ саҳм бигиранд ва раҳнамою чароғи ҳидоят барои аҳли ҷомеа, ба вижа ҷавонон, бошанд, яъне:
Раҳнамоёни замони мо ҳама раҳ мезананд,
З-он миён гар росте дидем, асои кӯр буд.
-Устод дар бораи бузургони илму адаби мо, ба хусус Фирдавсӣ, Айнӣ ва Турсунзода зиёд навиштаед ва дар дифоъ аз шахсиятҳои миллии мазкур китобу рисолаҳои алоҳидае низ таълиф намудаед. Дар матолиби илмӣ ва илмӣ-оммавии худ китоби «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро «Шоҳнома»-и дигар хондаед? Ба кадом далелҳо?
-Бале, ин нобиғагон шоистаи ҳамагуна қадрдонӣ ва васфу ситоишанд. Агар мо дар бораи онҳо ҳамарӯза мақола, асар бинависем, каманд, зеро онҳо зиндакунандаи Аҷам, афкори миллӣ ва муаррифгари адабу фарҳангу тамаддуни мо мебошанд. Ба қавли Ризошоҳ Паҳлавӣ, «Эй кош, ҳазорҳо аз қабили Фирдавсӣ дар ин мамлакат пайдо мешуданд, имону ишқ ба ватанро дар мардуми ин мамлакат дар тӯли аъсору қурун эҷод мекарданд ва чун мамлакати мо ба хотири ҳамин ашъору ривоёту достонҳои таърихӣ зинда аст ва мардум бо шунидани онҳо ба ваҷду сурур дармеоянд ва худро ба аҷнабӣ намефурушанд ва миллати худро аз ёд намебаранд». Агарчи ман фирдавсишинос, айнишинос, турсунзодашинос нестам, аммо мудофеъи онҳоям, эшон ва осорашонро аз ҳамлаҳои душманону бадхоҳони миллату фарҳангамон ҳимоят менамоям. Ин корро вазифа ва қарзи инсонию виҷдонию миллии худ медонам. Рисолаву мақолаҳои ман, аз ҷумла “Фирдавсӣ кист ва «Шоҳнома» чист?», «Шуҳрати ҷаҳонии «Шоҳнома» ва паёми ватандӯстонаи Фирдавсӣ», «Фирдавсӣ-шоири ватанпараст ва сарояндаи ормонҳои миллӣ», «Ватандӯстиро аз Айнӣ бояд омӯхт!», «Айнӣ ва худшиносии миллӣ», «Фирдавсӣ ва Айнӣ», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Шоҳнома»-и дигар аст», «Шеъри Турсунзодаву ин обшорон зинда бод!» ва ғайра дар ҳамин замина навишта шудаанд. Воқеан, Фирдавсӣ буд, ки «Аҷамро ба порсӣ», яъне «Шоҳнома»-и худ дар асри Х зинда кард ва Айнӣ ин кори ӯро тавассути осораш, ба вижа «Намунаи адабиёти тоҷик», дар замони нав, анҷом дод ва бар даҳони бадхоҳон, инкоргарони миллату тамаддуни тоҷик муҳри хомӯшӣ зад. Дар ин замина беҳ аз гуфтори худи устод наметавон далеле қотеъ ва сотеъ овард:
Ин хона зи кишти куҳна андохтаам,
Дар вай ҷашне зи рафтагон сохтаам.
То аҳли замони мо бидонанд, ки ман
Як умр ҷавонӣ ба чӣ раҳ бохтаам.
-Устод, он чи ки Шумо аз тариқи матолиби илмию оммавӣ ва суханрониҳо дар барномаҳои телерадиоӣ манзур менамоед, шахсияти рӯшангар буданатонро бештар ҷилва медиҳанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, истилоҳи «Рӯшангар», аз назари Шумо чӣ таърифе дорад? Ба илова, Шумо дар навиштаҳо ва гуфтаҳоятон аз таъбири «рӯҳи миллӣ» зиёд истифода мебаред. Ин ибораро, ки ба калидвожаи таълифоту гуфтаҳоятон бадал шудааст, чӣ гуна таъбир мекунед? Ба дунболи ин, чӣ бояд кард, ки рӯҳи миллӣ ба заъф нагирояд ва тавонманду пурзӯру пуршӯр бошад?
-Равшангар, яъне афрӯзанда, тобонкунанда, сайқалдиҳанда, ҷилодиҳанда ва роҳнамо, касе ки роҳ нишон медиҳад, ҳидоят мекунад, ҳодӣ, роҳбар ва ғайра аст; рӯҳи миллӣ, яъне ҳокӣ ва ҳовии маҷмӯаи хислату хусусият, орову андеша, расму оини вижаи нажодӣ, қавмӣ, масалан, ориёиён, эронинажодон, ба вижа тоҷикону форсҳо, ки онҳоро ҳамчун нажоду миллат ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд. Гузашта аз ин, аз ҷумла хусусиятҳои хоси забон, фарҳанг, тамаддун, илму адабиёти онҳо, ки дар гуфтору рафтору кирдори эшон ва осорашон мунъакис шудаанд ва онҳоро ба сифати як миллати хос, соҳибистиқлолу соҳибҳуқуқ аз соири милал фарқу тамиз мебахшад ва баёнгари ҳастӣ, мавҷудият, ҳуқуқ ва арзишҳои хоси миллии онҳост. Албатта, миллат давлат дорад, парчам дорад, суруди миллӣ дорад, истиқлоли фикрӣ дорад, ки ҳамаи инҳо рӯҳи миллии ӯро бозтоб медиҳанд. Чунончи, замони Сомониён-замони шукуфоӣ ва тантанаи рӯҳи миллӣ аст, миллат, нажод соҳиби давлат, ҳудуд, забон аст ва худаш ҳокими давлаташ аст, забони миллӣ, арзишҳои миллиро ташвиқ мекунад, густариш мебахшад, дифоъ менамояд, аммо замони Ғазнавиён-замони зафъи рӯҳи миллӣ аст, зеро аз давлати миллӣ ному нишоне нест, миллат истиқлоли сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, низомӣ, фикрӣ надорад. Бинобар ин, арзишҳои миллӣ рад ва саркӯб мешаванд, мавриди интиқод қарор мегиранд. Маҳз аз ҳамин замон забон ва адабиёти мо дар хидмати дину мазҳабу инсон қарор мегирад, миллат аз рӯҳи миллӣ бенасиб мешавад, бехотира, манқурт, худношинос, бетафовут, тамошобин мегардад, ягон хел масъулият, маъмурият ҳис намекунад, яъне худро танҳо ҳамчун инсон, мусулмон эҳсос менамояд, на ҳамчун миллат. Бо як сухан, миллат батамом дар хидмати дин, башар қарор мегирад, эътиқод бар нажоду миллат авлавият пайдо мекунад, тоҷик худро мусулмон, бухороиву самарқандиву ҳисорию дарвозию ҳиротию кобулӣ медонад ва муаррифӣ менамояд. Ҳамин гуна надоштани рӯҳи миллӣ, беҳувиятӣ барои миллати бедавлати мо то асри ХХ, то замони соҳиби давлат шуданамон идома меёбад. Танҳо дар асри гузашта миллати мо худро мешиносад, аз миллати мусулмон, бухороӣ, ҳиротӣ, дарвозӣ ва ғайра ба тоҷик табдил меёбад, яъне истиқлоли нажодӣ, миллӣ пайдо мекунад. Дар ҳамин аср аст, ки орзуи ҳаштсадсолаи шоири миллии мо-Хоқонии Шарвонӣ ҷомаи амал мепӯшад, ки гуфта буд:
Неъмате беҳтар аз озодӣ нест,
Бар чунин моида куфрон чӣ кунам?
Устод Айнӣ беҳуда дар ин бора нагуфтааст: «Тоҷикони бесавод ва поймоли зулми худӣ ва бегона шуда аз соҳаи худшиносӣ дур афтода буданд ва аз адабиёти замонӣ чизе надоштанд, ҳатто номашон ҳам аз ёдашон баромада рафта буд ва дар вақти пурсиш аз миллаташон «мусулмон» гуфта ҷавоб медоданд… Револютсияи Кабири Октябр ҳамаи он аҳволи фалокатиштимолро аз беху бун барканда, дар ҷои вай як ҷаҳони нави пурбахту саодат бунёд кард. Октябр на танҳо тоҷиконро ба сифати миллат зинда ва ташкил намуд, балки ба онҳо адабиёти советии ҷаҳонӣ ҳам дод… Халқи тоҷик аз асорат тамоман озод шуда, дар замони Ҳокимияти Советӣ соҳиби ғалабаҳои азим шуд. Моро лозим аст, ки аз аҳволи пурмалоли пеш аз Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр доштаи тоҷиконро ба ёд оварем, то ки ба тариқи муқоиса қимати баланди камёбиҳои дар айёми советӣ ба даст даровардаи вай равшан маълум шавад». Ба ин маънӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон низ чунин ишораи омӯзанда кардааст: «Инқилоби Октябр ба мардуми мо умри дубора бахшид. Халқи тоҷик баъди ҳазор соли аз байн рафтани сулолаи Сомониён боз соҳиби давлат шуда, дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи вуҷуд кард. Инқилоб Тоҷикистонро соҳиби «ҳудуд» кард ва аз зери фишори бадхоҳонаш озод намуд».
– Устод, дар ҳоле ки аз ба заъф гироидани рӯҳи миллӣ зиёд сухан дар миён меоваред, бо кадом роҳҳо метавонем миллатро аз вопасгаройиву хурофазадагӣ ба сӯйи миллатпарастию меҳандӯстӣ савқ бидиҳем?
– Мо, ки баъди 1000 соли бедавлатӣ дар аввали асри гузашта ба озодиву поёни он ба истиқлол расидем, соҳиби давлат шудем, имрӯз имкони эҳё рӯҳи миллӣ, андешаи миллӣ, худшиносиву ифтихори миллӣ дар миён аст, то таассубзадагӣ ва хурофагароиро, ки дар ҷомеа ҳокимият мекунад ва аз замонҳои пешин сарчашма мегирад, решакан намоем ё ақаллан коҳиш бидиҳем. Мо бояд рӯ ба таърихи худ, фарҳангу тамаддуну адабиёти хеш биёрем ва навгароию навсозию худсозиро дар ҷомеа, ки ба он шадидан ниёз дорад, тақвият бахшем. Албатта, калиди эҳёи рӯҳи миллӣ китоб, мутолиа маҳсуб мешавад, касе, ки китобу рӯзномаву маҷалла мехонад, кишваре, ки аҳли мутолиа аст, шаҳрвандони он дорои ҳувияти баланди миллӣ, огоҳу ҳушманду худшиносанд ва хурофоту таассубу вопасгароиро барои худ нанг ва айб медонанд. Миллате, ки китоб, рӯзномаву маҷалла намехонад, телевизор тамошо намекунад, радио гӯш наменамояд ва аз ин манбаъҳои ахборрасон ва донишафзоӣ маҳрум аст, наметавонад ватанпарасту миллатдӯст бошад. Бедорӣ, ватандорӣ, худшиносии миллӣ аз хондан сарчашма мегирад. Ба ҳарфи дигар, барои шинохти худ, миллати хеш ва тамаддуни дурахшони он бояд рӯ ба хондан овард. Масалан, Носири Хусрав, ки аз дурахшонтарин чеҳраҳои миллии мо пас аз Фирдавсӣ маҳсуб мешавад, маҳз баъди хондани «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ фаҳмид, ки эронинажодон-тоҷикону форсҳо дорои тамаддуну фарҳанги чашмхиракунанда ва ҷаҳонӣ будаанд, аммо истилои аъроб тамаддуну фарҳанги онҳоро харобу худашонро ночиз кард. Дар ин бора муҳаққиқи фаронсавӣ Пол Омер гуфтааст: «Носири Хусрав баъд аз он ки ба синни рушд расид, қитъаоте аз ашъори Фирдавсии Тӯсиро ба даст оварда хонд ва мутаваҷҷеҳ шуд, ки эрониён дар қадим қавми барҷаста будаанд ва султаи қавми араб онҳоро дучори инҳитот кард». Мутаассифона, мардуми мо бо сабабҳои айниву зеҳнӣ кам китоб мехонанд. Лиҳозо, аз неъмати худшиносӣ то ҷое дур мондаанд ва роҳро барои таассуб, хурофот, вопасгароӣ барои худ бо дастони худ муҳайё кардаанд. Бояд ба онҳо фаҳмонд, ки:
Чун наёмӯхтӣ чӣ донӣ гуфт,
Ки ба таълим шуд ҷалил Ҷарир.
***
Ҳар кӣ нахонад, чӣ донад?
Ва ҳар кӣ надонад, чӣ тавонад?
Дигар роҳи раҳоӣ аз таассубу хурофот ва эҳёи худшиносӣ, худогоҳӣ тарғиб кардани арзишҳои миллӣ, нашри мақолаву китобҳо, суханрониҳо дар матбуоту радиову телевизион, ташкили маркази тадқиқу ташвиқи фарҳанги миллӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагон, муассисаву идороти пойтахт, шаҳру ноҳияҳо ва хондани лексияҳо (маърӯзаҳо) тавассути лекторони (маърӯзагарони) огоҳу ҳушманд, аз ҳисоби муаррихону суханшиносону сиёсатмадорону масъулони Вазорати маорифу илм, Вазорати мудофиа, КДАМ ва ғайра, ки масъули ин коранд, маҳсуб мешавад. Ба сухани дигар, кори ташвиқу тарғибро дар кишвар ҷоннок бояд кард, зеро ҳеч инсон худ аз худ худшинос, воқеъгаро, дунявӣ, ватанпарвар, миллатдӯст, озодандешу дунёшинос намешавад. Ба қавли Мавлоно:
Ҳеч кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеч оҳан ханҷари тезе нашуд.
–То ҷое огоҳӣ дорем, дар суҳбату нишастҳо ва нигоштаҳоятон аз шоирони бузург, вале камшинохте назири Калим, Толиб, Нозими Ҳиротӣ, Урфии Шерозӣ, Соиб, Назирӣ ва амсоли инҳо зиёд иқтибос меоваред ва зиёда аз ин, ин силсилаи шоиронро намунаи боризи сухани адабӣ-бадеӣ ва ниҳоятан, дидгоҳи миллӣ мешуморед. Агар мо мавқеияти Шуморо дар нисбати шоирони мазкур дуруст дарк карда бошем, ин иддаоро чӣ гуна собит мекунед?
-Мусаллам аст, ки миллати мо миллати эҷодгар, халлоқ аст ва эҷодгариву халлоқияти ӯ ба касе пушида нест, аммо андак бепарво, бетафовут, камҳавсалаву танбал мебошад. Ба худшиносӣ, ба худомӯзӣ, муаррифӣ кардани илму адабу фарҳанги худ кам майл дорад, бо андак донишҳову доштаҳои худ қаноат меварзад. Ин гуна муносибатро мо бештар дар нисбати адабиёти худ мушоҳида менамоем. Ба ҳарфи дигар, аз таърихи адабиёт, сабкшиносӣ, меросият, суннату навоварӣ кам воқифем. Лиҳозо, донишмандони муҳтарами мо ҳамвора гирди чанд номи маълуму машҳур чарх мезананд ва дар баҳри таассуб ғарқанд, гӯё адабиёти мо танҳо дорои ҳамин адибонанд. Онҳо барои жарф омӯхтани адабиёти бузургу ғании гузаштаамон, ки чашми ҷаҳониёнро хира кардааст, саъйи балеғ наменамоянд. Бинобар ин, дар бораи сабкҳо, намояндагони сутурги онҳо иттилои андаке доранд. Дар воқеъ, мо то ҳол як китоби сабкшиносӣ дар даст надорем. Хусусан, дар мавриди сабки ҳиндӣ, шоирони сутурги он-Назирӣ, Урфӣ, Толиб, Калим, Нозим, Соиб ва дигарон, ки аз бунёдгузорон ва ба авҷрасонандагони сабки «ҳиндӣ» («шеъри тарз», «тарзи тоза») маҳсуб мешаванд, маълумоти кофӣ дар даст надорем. Ҳамин аст, ки аксари олимони мо вақте ки дар бораи адабиёти мо сухан меронанд, танҳо аз номҳои Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Низомӣ, Саъдӣ, Мавлавӣ, Ҳофиз, Камол, Ҷомӣ (шоирони сабки хуросониву ироқӣ) ва Бедил, ки шоири давраи таназзул ин сабк маҳсуб мешаванд, ном мебаранду халос. Ҳол он ки дар фосилаи баъд аз Ҷомӣ, асрҳои XVI-XVII, садҳо шоири маъруф гузаштааст, ки дар таърихи адабиёт мақоми устодӣ доранд ва адибони нобиғаанд. Ба масал, Назирӣ, Урфӣ (бунёдгузорони сабки ҳиндӣ), Толиб (такмилкунандаи ин сабк), Калиму Соибу Нозим (ба авҷрасандагони он), ки шоирони Ҳинд, аз ҷумла Бедил, ки ба асри XVIII мансуб аст, муқаллиду хушачинони хирмани ин адибонанд. Маҳз онҳо ин сабк, ин тарзро ба Ҳинд бурдаву мутадовил сохтаанд. Ба ин абёт таваҷҷуҳ фармоед:
Тоҷири маъниматоам, аз Хуросон то Дакан,
Сад харидор интизори корвонам мекашад.
Нозим
Ба ҷои лаълу гавҳар аз замини Исфаҳон Соиб,
Ба мулки Ҳинд хоҳад бурд ин ашъори рангинро.
Соиб
Муҳимтар аз ҳама, дар осори шоирони мазкур, ки доди мазмунофариниро дар ин сабк додаанд ва шоирони миллии мо ба ҳисоб мераванд, озодфикрӣ, андешаҳои миллӣ, дунявӣ, афкори зидди таассубу хурофот мавҷ мезананд. Онҳо пеш аз ҳама тарғибгари сулҳи куланд ва ба вижа ҷидолҳои диниву мазҳабиро ҳар оина маҳкум менамоянд. Аз ин рӯ, осор ва шахсияти онҳо барои адибони мутаассиби имрӯзи мо метавонанд намунаи ибрат бошанд:
То кай гӯӣ, мазҳаби ҳақ мазҳаби мост,
Дар гӯшам гӯ, ки Ҳақ чӣ мазҳаб дорад?!
Толиб
Куфру динро бибар аз ёд, ки ин фитнагарон
Дар бадомӯзии мо маслиҳатандеши ҳаманд.
Урфӣ
– Мегӯянд, ки шоҳбайтҳои зиёдеро аз осори бузургони гузаштаву имрӯзаи форсу тоҷик азбар кардаед ва зимни баҳсу мунозираҳо аз мероси манзум зиёд мисол мезанед. Оё намунаҳои манзум ба сифати далели муҳкам дар мубоҳисоти илмию фаннӣ метавонанд арзиши илмӣ ва ихтисосӣ дошта бошанд?
– Албатта, шеъразёдкунӣ дар фазои илму адаби мо суннати дерина дорад ва хусусан барои илму аҳли адаб як амри воҷиб маҳсуб мешавад. Ба қавли Низомии Арӯзии Самарқандӣ, «аммо шоир ба ин дараҷа нарасад, илло ки унфувони шаббоб ва дар рӯзгори ҷавонӣ бист ҳазор байт аз ашъори мутақаддимин ёд гирад ва даҳ ҳазор калима аз осори мутааххирин пеши чашм кунад. Ва пайваста давовини устодон ҳамехонад ва ёд ҳамегирад, ки дар омаду беруншуди эшон аз мазоиқ ва дақоиқи сухан бар чӣ ваҷҳ будааст, то тариқу анвои шеър бар саҳифаи хиради ӯ мунаққаш гардад, то суханаш рӯ ба тараққӣ дорад ва тараққӣ дорад ва табъаш ҷониби улув майл кунад». Воқеан, миллати мо миллати шеър аст ва ба қавле, комашонро ба шеър бардоштаанд. Аз ин рӯ, эшон ҷаҳонро бо шеър тасхир кардаанд, на шамшер:
Ҷаҳонгирони маъниро макун нисбат ба Искандар,
Ба як мисраъ ду оламро мусаххар метавон кардан.
Лиҳозо, шеър дар дарозои таърих як навъ яроқи миллати мо будааст ва ӯро аз маҳвшавӣ наҷот додааст. Дар воқеъ, ҳеч миллати дигаре дар олам ба дараҷаву ҳадди миллати мо шеър нагуфтааст. Шиблии Нӯъмонирост, ки дар «Шеър-ул-Аҷам» гуфта: «Хоки Эрон ҳамеша дар тарбияи ҳунар ва саноеи зарифа мумтоз аз ҳама, хусусан шеърӣ, ки ғаризаи вай буд, мебошад. Ислом рӯҳи хосе ба вай дамида, ба дараҷае тараққӣ дод, ки шоирии тамоми дунё як тараф ва шоирии Эрон, танҳо як тараф…». Гузашта аз ин, шоирони мо дар мазмунофаринӣ яди байзо доранд. Хусусан, дар сабки ҳиндӣ, ки сабки мазмунгаро аст, мазмун мавҷ мезанад, мавзӯе нест, ки онҳо баён накарда бошанд. Ба вижа Соиб дар ин қаламрав аз дигарон мумтоз будааст. Муҳаммади Сиёсӣ дар бораи ӯ чунин гуфтааст: «Соиб ба андозаи тамоми мардуми дунё фикр кардааст ва ҳеч матлабу маъно ва мафҳуме нест, ки аз назари мушикофи ӯ дур монда бошад». Аз ин рӯ, ашъоре, ки банда ҳифз кардаам ва онро ба масобаи далел, таъкиди матлаб дар суҳбату суханрониву гузоришҳоям меоварам, аз арзиши баланди илмӣ, тахассусӣ ва аҳамияти волои маърифатӣ, фарҳангӣ бархӯрдоранд ва ҳамвора барои исботу тасдиқи даъвоям ёрии бешоиба менамоянд. Ба заъми Эраҷ Мирзо:
Чу ашъори накӯ бисёр донӣ,
Бигирад маҷлисат, ҳар ҷо ки хонӣ.
– Боварии яқин дорам, ки аз ашъори шоирони номвари муосири милламон-Лоиқ ва Бозор Собир огоҳии амиқе доред, мехостам дар мавриди муҳимият ва худшиносии китоби «Фарёди бефарёдрас»-и устод Лоиқ ва «Хуни қалам»-и устод Бозор назари худро мегуфтед?
– Муаллифони ин китобҳо-ҳар ду аз фоҷеаҳои миллии миллати мо, ки ҳанӯз аз замони пошхӯрии Сомониён шурӯъ шуда буд, хусусан солҳои 90-ум, ба таври худ хабар медиҳанд. Муҳим ин аст, ки эшон ҷавонмардона на танҳо аз иштибоҳи миллат, равшанфикрону зиёиён, балки худ низ изҳори назар менамоянд, ки ин аз назари интиқодии эшон на фақат ба ҷомеа ва аҳли он, балки нисбат ба худ низ дарак медиҳад. Воқеан, неҳзати бедории солҳои 90-ум, ки аз замони «бозсозӣ», ошкорбаёнӣ шурӯъ шуда буд, на бедорӣ, балки худкушӣ, исён бар зидди озодӣ, ки мо онро баъди аз байн рафтани давлати Манғитиён ба даст оварда будем, буд, ки шарҳаш дар ин ҷо намегунҷад, аммо, бо як калом, рӯ гардондан аз низоми демократӣ ва рӯ овардан ба низоми исломӣ буд, ки тарроҳони дохиливу хориҷӣ дошт, аммо, хушбахтона, амалӣ нашуд ва агар амалӣ мешуд, имрӯз мо на кулоҳу галстуку шим, балки мисли “толибон” саллаву ришу эзор дар бар доштем ва сухан аз миллату ватан бароямон куфр маҳсуб мешуд. Дар маҷмӯъ, дар он китобҳо афкори омӯзанда ва оганда аз воқеият, ҳақиқатҳои талху ширини миллати сарсахту асрҳо дар асорату ғуломӣ мондаи мо, ки дар асри гузашта ба озодӣ ва поёни он ба истиқлол расид, аммо аз нодонӣ куфрони неъмат кард, даст ба худкушӣ зад ва қариб буд, ки аз байн биравад, ба тарзи аҳсан мавҷуд аст. Ҳамзамон, мусаллам аст, ки маҳз неруҳои милливу дунёгаро, солимақл, донишоин буданд, ки кишварро аз вартаи ҳалокат наҷот доданд ва роҳро барои идомаи ҳаёт барои миллат ҳамвор карданд. Лиҳозо, ин фоҷеа бояд барои мо дарси ибрат бошад, аммо, мутаассифона, мо ҳанӯз ҳам ба ин саволи Фирдавсӣ ҷавоб нагуфтаем, ки нагуфтаем:
Ҷаҳон сар ба сар ҳикмату ибрат аст,
Чаро баҳраи мо ҳама ғафлат аст?
– Мусиқӣ дар тӯли таърих як бахши барҷастаи фарҳанги миллии мо маҳсуб меёбад ва то ҷое огоҳӣ дорем, Шумо худ низ ба мусиқӣ дилбастагии ногусастанӣ доред, аз ин рӯ, нақши мусиқӣ дар ҳаёти иҷтимоиву равонии ҷомеаро арзёбӣ менамудед?
– Банда мутахассиси соҳаи мусиқӣ нестам, аммо каму беш аз мусиқӣ бохабарам. Замони мактабхонӣ дар кружоки дастаи ҳаваскорони мактаби миёнаи рақами 5-и деҳаи Кабкрези ноҳияи Файзобод овозхонӣ мекардам, бо ҳофизи халқии Тоҷикистон-Дӯстмуроди Алӣ ҳаммашқ будам. Воқеан, ӯ ду синф аз мо пеш мехонд. Қабл аз хизмат дар хонаи маданияти ноҳия низ ба сифати навозандаю овозхон кор кардаам. Аммо баъд аз адои хидмат роҳамро дигар кардам, ба илм рӯ овардам: аввал донишҷӯ, баъд омӯзгору педагогу пажӯҳишгари адабиёт. Бо ин ҳама, дар тӯли ин солҳо низ мусиқӣ ва овозхониро тамоман тарк накардам. Гоҳе ҳофизи халқии Тоҷикистон Баҳодур Неъматов, ки аз овозхонони маъруфи эстрадӣ аст, маро, ки ба сабки куҳистонӣ (омехта бо дӯстмуродиву аҳмадзоҳирӣ мехондам) ба ҷашнҳову сурҳо мебурданд. Бо бародараш, шодравон Бурҳон Неъмат, ки таронаҳои эстрадӣ мехонд, низ рафиқ будам, аммо ба ҳар ҳол, овозхонии ман ҷиддӣ набуд, яъне ҳаваскор ва мухлиси сурудҳои эстрадӣ, ба вижа Аҳмад Зоҳиру Залонду Зоҳир Ҳувайдову Ношиносу Шодкому Аҳмад Валиву Аҳмад Муриду дигарон, будам ва ҳастам. Бо ин ҳама, банда дар бораи овозхонон мақолоти зиёд ва чанд китобу рисола ҳам навиштам. Китобҳое «Ёде аз Дӯстмуроди Алӣ», «Дар бораи шеър ва мусиқии Афғонистон» ва ғайра. Албатта, мо миллати шеърем, ки бо мусиқӣ тавъам аст. Аз ин хотир, на танҳо шеър, балки мусиқӣ ва овозхонӣ низ назди миллати мо эътибору арзиши хос дорад. Бисёре аз адибони мо дар навохтани асбобҳои мусиқӣ устоду моҳир буданд, ҳатто овозхонӣ мекарданд. Мо олимони овозхон ҳам доштем, ки шодравон Ҷӯрабек Назриев яке аз онҳо буд. Ногуфта намонад, ки ҳамаи жанрҳои мусиқӣ, аз ҷумла мусиқии халқӣ, фалак, шашмақом дар ҷомеа ҷойгоҳи хос ва ҳаводорони худро доранд, аммо имрӯз ягона мусиқие, ки метавонад дар дохил ва хориҷ миллати моро муаррифӣ кунад ва мухлиси зиёд дошта бошад, мусиқӣ ва овозхонии эстрадӣ аст. Намунаи ин гуна шуҳрату маъруфият дар ин соҳа чеҳраҳое чун Кароматуллоҳи Қурбон, Тоҷиддин Муҳиддин, Баҳодур Неъмат, Хурмо Ширинова, Муқаддас Набиева, Наргис Бандишоева, Раҳима Шалоер, Ҳамроқулова, Суҳробу Олими Маҳмуд, Зулфиқори Азиз, Садриддин Наҷмиддин дар Тоҷикистон, Аҳмад Зоҳир, Залонду Зоҳир Ҳувайдо, Ношинос, Маҳваш дар Афғонистон, Гугуш, Саттор, Муъин, Мансур, Ҷамшед ва ғайра дар Эрон метавонанд буда бошанд. Бад-ин маънӣ, ки имрӯз танҳо тавассути эстрада метавонем худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем, ҳанӯз устод Лоиқ дар асри гузашта изҳори назар карда буд.
– Қабл аз он ки пурсиши охирро хидмати Шумо арз кунем, бори дигар 70-солагиатонро фархундабод гуфта, бароятон сиҳатӣ, тандурустӣ, дарозумрӣ, мувффақияту комёбиҳои эҷодӣ ва тавонмандии рӯҳию ҷисмонӣ таманно менамоем. Ва пурсиши охир: Дар мавриди одати ҳамешагии зиёд мутолеа карданатон ва махсусан, мурури мудаввоми ҳафтаномаҳои расмию мустақили ҷумҳурӣ аз забони дӯстон бисёр шунидаем. Ба муҳтаво ва матолиби ҳафтаномаи мо- «Самак» чӣ назар доред?
– Инҷониб чаҳор манбаи огоҳӣ ва донишро дар суҳбат ва нигоришоти хеш ҳамвора гӯшрас менамоям: хондани китоб, маҷаллаву рӯзнома, гӯш кардани радио ва тамошои телевизиор. Тавре ки мебинем, яке аз ин манбаҳо мутолиаи рӯзнома мебошад. Инҷониб ҳар панҷшанбе аз фурӯшгоҳи «Шарқи озод» рӯзномаҳои давлатию ғайридавлатӣ, аз ҷумла «Минбари халқ», «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Адабиёт ва санъат», «Омӯзгор», «Имрӯз-нюс», «СССР», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Дунё», «Фараж», «Тоҷикистон» (қаблан «Озодагон», «Нигоҳ», «Миллат»)-ро харидорӣ ва мутолиа менамоям. Ба ҳарфи дигар, ҳар ҳафта қариб яку ним рӯзи банда дар мутолиаи рӯзномаҳо сипарӣ мешавад. Албатта, дар силки ин рӯзномаҳо «Самак» бароям ҷойгоҳи хос дорад ва яке аз рӯзномаҳои дӯстдоштаи ман аст, зеро дар он маводи зиёди ҷолиб, омӯзанда, паёмрасон, дархӯри аҳамият нашр мешавад, ки мутолиаи он аз ҳар лиҳоз бароям судманд аст. Инро ҳам бибояд гуфт, ки банда, тибқи одат, ҳамаи мақолаҳои ин рӯзномаҳо, аз ҷумла рӯзномаи «Самак»-ро аз аввал то охир мехонам, зеро, ба қавли Фирдавсӣ:
Зи ҳар донише чун сухан бишнавӣ,
Аз омӯхтан як замон нағнавӣ!