Дар ҳама давру даврон қаҳрамононе ҳастанд, ки то ҳол барои омма ному насабашон маълум нест. Зеро онҳо ҳаргиз даъвои қаҳрамонӣ надоштаанд, мушт ба сина ҳам назадаанд, ки “қадри моро намедонед”. Вазифаи ҷонии хешро дар барқарор кардани сулҳу оромӣ медонистанд ва бо эҳсоси оромӣ дар кишвар худро хушбахт меҳисобанд. Чизе барои хеш талаб накардаанд ва чизеро ҳам умед надоштаанд. Барои онҳо хидмат барои Ватан вазифаи муқаддас ҳисоб мешавад ва дар ҳар куҷое бошанд, рисолати хешро дар ватандорию ҳифзи Ватан медонанд.
Ҳамсӯҳбати мо узви Комиссияи оштии миллӣ, ҷонишини раиси зеркомиссияи ҳарбӣ Хайрулло Ҳайдаров аз он ҷумла мебошад. Мавсуф дар сангинтарин вазъият, дар душвортарин ҷабҳа – дар Комиссияи оштии миллӣ ба ҳайси узви ин Комиссияи тақдирсоз, муовини раиси зеркомиссияи ҳарбӣ фаъолият дошт. Баъди солҳо бо ин марди дурандеш сӯҳбате анҷом дода, хотираҳои ин замони вазнинро варақгардон намудем.
– Ҳамаи ин воқеаҳои таърихӣ аз куҷо сарчашма гирифт?
– 27 июн барои ман рӯзи хотирмон ва муқаддас мебошад. 27 июни соли 1997 дар Академияи штаби генералии Русия ман имтиҳони давлатӣ супорида, бо баҳои аъло онро хатм кардаму бегоҳи ҳамон рӯз сафорати Тоҷикистон дар Русия рафтам ва ба ман гуфтанд созишномаи истиқрори сулҳи миёни тоҷикон имзо шуд.
Рӯзи 28-ум, соати 17 дар ошхонаи Академия ба муносибаи имзои сулҳи тоҷикон барои ҳамкурсонам, ки аз 14 давлати дунё илми ҳарбӣ меомӯхтанд, бо иштироки устодони донишгоҳ як пиёла чой ташкил кардам. Ҳозирин суханронӣ карданд ва ба Пешвои Миллат новобаста ба он ки душманони сулҳи тоҷикон нисбат ба дӯстон бештар буданд, аҳсану офарин гуфта, муваффақият орзу карданд.
Рӯзи якуми июл аз Сарситоди Вазорати мудофиаи Русия занг заданд ва гуфтанд, ки Шуморо аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон ба аъзогии комиссияи Оштии Миллӣ пешниҳод кардаанд ва фармон ҳам шудааст, рӯзи 4-уми июл Пешвои миллат бо аъзои комиссияи ҳукуматӣ вохурӣ мегузаронанд. Иштироки Шумо ҳатмист.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба ман чиптаи тайёра гирифт ва соати 2-и шаби 4-июл дар Душанбе будам ва соати 9:00 дар ҳузури Президент.
Пешвои миллат мухтасар масъаларо фаҳмониданд. Ва ман дар охир суол кардам, ки барои иҷрои кор “роҳнамо” ё ягон “дастур” дорем? Дар асоси чӣ кор бояд кард? Президент гуфтанд: “ба Иброҳим Кенҷаевич Усмонов муроҷиат кунед, дастурамалҳои кориро мефаҳмонанд”.
– Ҷаласаи аввалин барои таъсис додани Комиссияи оштии миллӣ кай ва дар куҷо баргузор шуду чӣ натиҷа дод?
– Ҷаласаи аввалини КОМ дар шаҳри Москва гузашт. Роҳбари асосӣ Президент – Раиси Комиссия, роҳбари мухолифин – ҷонишини раис. Аз тарафи Ҳукумат ва аъзои Комиссия аз ҳар ду тараф 12 нафарӣ ба чор зеркомиссия, ҳар як зеркомиссия аз ду тараф 3-нафарӣ тақсим карда шуданд.
Баъди гуфтугӯҳои давомдор раисони зеркомиссияи сиёсӣ ва муҳоҷирон аз намояндагони ҳукумат зеркомиссияҳои ҳарбӣ ва ҳуқуқ аз намояндагони мухолифин таъйин шуданд.
– Аввалин вохӯриатон бо размандагони ИНОТ кай ва дар кадом минтақа буд?
– Аввалин маротиба ман бо намояндагони мухолифин Давлати Усмон ва Ҳабиб Сангинов рӯзи 17-уми сентябри соли 1997 барои фаҳмонидани шартҳои сулҳ ба Тавилдара рафтем.
Ҳангоми суҳбати Давлати Усмон ва Сангинов бо Мирзо Зиёев ман ба саҳни ҳавлӣ баромадам. Дар як муддати кӯтоҳ қариб 30 размандаи ИНОТ дар атрофи ман ҷамъ шуданд. Гуфтанд “мо аз ноҳияи Ленин, Шумо моро ба Армия фиристода будед ва имрӯз гумроҳ шуда бо мухолифин ҳамроҳ шудем, пушаймонем. Ҳарчи тезтар мусоидат кунед ба хонаҳоямон баргардем”.
Пай бурдам, ки аксарияти размандагон аз сулҳ ва Ваҳдати миллӣ розиянд.
Ҳангоми баргаштан бошад, кадом размандае ҳангоми баланд шудани чархбол аз автомат ба мотори чархбол тир зад. Тир ба шланги гардишии равғани чархбол расида, шлангро сурох кард. Дар ҳаво халабон гуфт, ки умуман фишори равғани мотор нест, равған рехта тамом шудааст, фаромадан даркор. Дар фурудгоҳи Комсомолободи ҳамонвақта, ки дар лаби дарёи Вахш воқеъ буд, фуруд омадем. Аз вақт истифода бурда, ба Абдуллои “Чакида”, ки баъдан Мулло Абдулло ном гирифт, вохӯрӣ гузаронидем.
– Аз давраи ҷаласаи аввал то саршавии кори асосии КОМ, бештар аз ду моҳ танафус барои чӣ буд?
– Танаффус набуд. Қонуни авфе, ки КОМ тайёр карда, маъқул донист, якуми августи соли 1997 дар иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси Олии Тоҷикистон қабул шуд ва ҳукми қонун пайдо кард. Ҷаноби Олӣ, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сухан баромада, вазъияти умумиро шарҳ дод ва чунин гуфт:
“Ман на барои мансаб, на барои курсӣ, балки барои сулҳу салоҳи кишвар гуфтушунид мекунам. Аз ҳамин рӯз сар карда бояд калимаи опозитсия ва мухолифин аз байн равад. Касе пас аз ин ҷиноят кунад, авф намешавад”.
Охирҳои август ва аввалҳои сентябри соли 1997-ум омад-омади Абдуллои Нурӣ тӯл кашид ва сардаргумӣ пайдо шуд. Тарафи тарафдорони муҳтарам мехостанд, ки домуллоро чӣ тавре, ки Оятулло Имом Ҳумайниро соли 1979 дар Теҳрон пешвоз гирифта буданд, ҳамон тариқ ва аз вай дида боҳашаматтар пешвоз гиранд, аммо вазъияти дохилӣ, ки гурӯҳи 3-юм – норозиён аз сулҳи миёни тоҷиконро пайдо кард, ҷумҳуриро ноором карданаш мумкин буд.Бинобар ин, кори асосии комиссия қариб як моҳ қафо монд. Ба ҳамаи ин вазнинию сахтӣ нигоҳ накарда, Президентамон тавонист ба сӯйи сулҳ роҳ кушояд ва комиссия корашро идома диҳад.
– Кори асосии КОМ – аз кай ва аз чӣ сар шуд?
– Ҳамаи талошҳо, шартгузориҳо, садгузориҳо ба анҷом расиданд ва заминаи фаъолияти Комиссияи Оштии Миллӣ – охирон умеди ҳамаи тоҷикистониҳо ва мардуми ба он дӯст фароҳам шуд. КОМ кори худро соати 10 рӯзи 15 сентябр бо суханони Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури намояндагони созмонҳои байналхалқӣ ва кишварҳои кафили сулҳ оғоз намуд, ки Президент дар он мулоқот чунин гуфт: “Имрӯз аз таҳкими сулҳи байни тоҷикон дар ҷомеаи Тоҷикистони феълӣ вазифаи муқаддастаре вуҷуд надорад. Душманони миллати тоҷику якпорчагии Тоҷикистон имрӯз пайт меҷӯянд, то сулҳро ба хатар андозанд. Шумо, аъзои КОМ, посбони ин сулҳи деринтизор ҳастед. Ҳифзи он вазифаи аввалиндараҷаи шумо ба ҳисоб меравад. Ояндаи дурахшони Тоҷикистон низ аз меҳнати шумо вобаста аст. Шумо мақоме ё худ ниҳоде ҳастед, ки асоси пешрафти зиндагӣ, Сулҳро бунёд мекунед”.
– Муроҷиатномае, ки 16-уми сентябри соли 1997 бо пешниҳоди зеркомиссияи сиёсӣ ва ҳарбии тарафи ҳукуматӣ КОМ қабул кард, чӣ ҳадаф дошт?
– Муроҷиатнома ниҳоят муҳим буд. Зеро қабл аз ҳама муайян кардан зарур буд, ки оё ҳамаи дастаҳои мусаллаҳ ба яке аз тарафҳо тааллуқ доранд, ё не. Ба ин кор моро махсусан ҳодисаҳои моҳи августӣ водор кард. Агар маълум шавад, ки онҳо ҳатман ба яке аз тарафҳо тобеъанд, кор осонтар мешуд, зеро тобеъони як касро ба ифоқа овардан камтар мушкил дорад, нисбат ба он ки ҳар кадом “ман калон” гӯяндаро ба гап дароварӣ.
Дар муроҷиатнома ду моҳ мӯҳлат муайян гардид ва мебоист дар ин муддат дастаҳои мусаллаҳ мансубияти худро таъйин кунанд. Дар акси ҳол чорабиниҳои ҷиддие пешбинӣ мешуданд.
Омилҳое буданд, ки садди роҳ мегардиданд. Масалан, аз рӯи шартнома мо дар вақтҳои муайяншуда нақшаи кориро иҷро мекардем, аммо кори асосиамонро иҷро карда наметавонистем. Бақайдгирии яроқу аслиҳа ва шахсияти размандагони ИНОТ асос ва ҳадафи аслии кори зеркомиссияи ҳарбӣ буд. Бинобар ин, ҳал нашудани баъзе масъалаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ кори моро кашол медод. Аз ин сабаб, соли 1997 ҷамъоварӣ ва бақайдгирии дастаҳои мусаллаҳи мухолифин дар 10 нуқтаи таъйиншуда ба душворӣ пеш мерафт. Зеркомиссияи сиёсӣ, ҳуқуқӣ, муҳоҷирон бештар ҷаласа мегузаронданд. Мо ҳарбиён дар ноҳияҳо нуқтаҳои ҷамъшавии размандагонро аз ашёҳои зарурӣ таъмин карда, умуман ба пуррагӣ даҳ нуқтаро дар вақташ ба ёрдами намояндагони СММ ва раисони ноҳияҳо барои бештар аз 5 ҳазор нафар бо ҳамаи лавозимоти лозима тайёр кардем. Бо забони ҳарбӣ гуем барои взвод, рота, баталионҳо казармаҳоро тайёр кардем. Тарафи мӯҳтарам бошад, дар вақташ ҷамъ нашуданд.
Саҳмияи 30%-и тарафи муҳтарам кори зеркомиссияи ҳарбиро аз рӯи шартномаи қабулшуда қафо кашид ва вазнин кард. Оқибат ин масъалаҳо дер ҳам бошад, ҳалли худашонро ёфтанд. Ба мӯҳтарам Домулло Тураҷонзода ва дигарон вазифа дар сатҳи болоӣ доданд ва кори мо оҳиста ҳам бошад, ба пешравӣ шурӯъ кард. Аввалин шуда гурӯҳи аз ҳама калон, ки роҳбараш Мирзо Зиёев буд, яроқу аслиҳа ва размандагонашро ба қайд гирифта, дар казармаҳои ташкил намуда, ҷой кардем.
– Дар вақти муайяншуда иҷро намудани “Протоколи масъалаи низомӣ аз марти соли 1997” чӣ мушкиле дошт?
– Як муаммояш ин буд, ки маълум шуд, роҳбари ягона якто не, ду-сето аст. Қисми Ғарму Тавилдараю Бадахшон ба Домулло Нурӣ ва қисми Ваҳдату ноҳияи Ленин ба домулло Тураҷонзода итоат мекарданд. Гурӯҳҳои майдаи бесоҳиб зиёд буданд.
Ман ин ҳолатро ба Абдумаҷид Достиев, ки раиси аъзои КОМ аз тарафи ҳукумат буд, гуфтам. Муҳтарам Достиев дар маҷлиси КОМ гуфт: “Созишномаи сулҳ як нафасу муносибати оромро фароҳам овардааст. Дар татбиқи он ҳама якҷоя кор кунем. Яке мефаҳмад, дигаре намефаҳмад, яке мехоҳад, дигаре намехоҳад, аммо бояд онро мо татбиқ намоем, зеро оштии комилро танҳо мо соҳибватанҳо карда метавонем. Оштии миллӣ бояд аз хонадони ҳар яки мо сар шавад”.
Агар хато накунам, 26 январи соли 1998 Ҷаноби Олӣ тамоми аъзои Ҳукумат, Маҷлиси Олӣ, КОМ-ро ҷамъ карда, бисёр масъалаҳоеро, ки ба миён омада буданду ба пешравии кори КОМ монеъ мешуданд, қатъӣ ва ҷиддӣ дида баромад ва аз прокурори генералӣ талаб кард, ки қонуни авфро ба роҳ монад. Аз вазири мудофиа ва вазири корҳои дохилӣ ҳалли масъалаи дидбонгоҳҳои ғайриқонуниро дархост намуд. Эълон намуд, ки аз ҳамин ҳафта ислоҳоти ҳукумат оғоз меёбад. Умуман маҷлиси гузаронидаи Ҷаноби Олӣ ба пешрафти корҳо такони калон дод. Ислоҳот оғоз ёфт. Ба рӯйхатгирии размандагони ИНОТ ва муоинаи тиббии онҳо дар тамоми қароргоҳҳои муваққатӣ ба роҳ монда шуд.
– Шахсан ба Шумо ва аъзои дигари КОМ-у аъзои зеркомиссияи ҳарбӣ, ки Шумо онҳоро аз муоинаи тиббӣ мегузаронидед, руйнавис мекардед, яроқҳояшонро ба қайд мегирифтед, сӯиқасд карданд, ё не?
– Сӯиқасд асосан ин нақшаи махфӣ аст ва онро ошкор кардан ва пешгӯӣ кардан душвор аст.
Мо пинҳонӣ кор намекардем, қумондони асосӣ, чеҳраҳои ҳақиқии ИНОТ ба монанди Мирзохӯҷа Низомов аз ноҳияи Ғарм, Шоҳ аз Ҳоит, Мирзо Зиёев аз Тавилдара тарафдори сулҳ буданд ва қариб 60-70% силоҳбадастони ИНОТ дар зери роҳбарии ҳаминҳо буданд. Онҳо аз мо дида бештар дар хавф буданд, на аз ҷониби ҳукуматиҳо, балки аз дасти силоҳбадастони худашон.
Ман тарсу ҳарос надоштам. Лекин чандин маротибаҳо ҳолатҳое буданд, ки ба монанди “хурӯсҷанг” муноқиша мекарданд, метарсониданд. Шахсан ман ҳамон лаҳза фаромӯш мекардаму аз паси кори ба нақша гирифтаам мешудам.
Ҳодисае ки дар шаҳраки ҳарбии ноҳияи Ваҳдат рӯй дод. Ман ҳамчун ронанда ва полковник Муҳаммадраҳим Холов дар барам рафта расидем ва ҳоло мо аз мошин нафаромада Раҳмон Сангинов (бо тахаллуси “Гитлер”) дари тарафи ростро кушоду Холовро фаровард. Қариб 10-15 маротиба туфанг дар бехи гӯши Холов монд ва ба вай дуғу пуписа карда Холовро ба ҷои ман қабул карда Ҳайдаров мегуфт, кайфаш баланд буд. Холов (ҳазорҳо раҳмат ба он шахс) сухане нагуфт, баъди даҳ дақиқа ман фаромада, дасташро гирифтам, гуфтам “Абдураҳмон, ман Ҳайдаров, чаро ба ин корманди мо дуғу пӯписа мекунӣ? Яке истоду гуфт “ҳамаатон ҳукуматиед ва аз як хокед”. Хулоса, ҳар як рафтанамон ба қароргоҳҳои муваққатии размандагони ИНОТ аввал бо тезу тундӣ баъд бо хубӣ ва иҷрои нақшаи корӣ анҷом меёфт.
Ҳолатҳои вазнин ба миён омаду КОМ қарор баровард, ки бо ҳамроҳии Раиси зеркомиссияамон Ҳабиб Сангинов ба қароргоҳи муваққатии Раҳмон “Гитлер” ба Роҳатӣ равем. Ин пешниҳоди ман буд. Чунки раҳматӣ Ҳабиб Сангинов аз тарафи ИНОТ ҳисоб мешуд. Ғайр аз ноҳияҳои Ғарм ба дигар ҷой намерафт. Умуман барои вай вохӯрӣ бо яроқбадастони тарафи худашон мушкил буд. Чӣ мушкилие ё муаммое бо онҳо дошт. Бинобар ин мо ҳаракат мекардем, ки Сангинов бештар дар ҷаласаҳо иштирок кунад. Раҳмон дар деҳаи Маҳмурод зиёфати хеле хуб кард. Ман ва Тағай Раҳмонович бештар ҳамроҳи худамон оби лозимиамонро ҳамроҳ мегирифтем, лекин аз меъёр зиёд не. Дар деҳаи Теппаи Самарқандӣ моро пешвоз гирифтанд. Рафта қароргоҳи муваққатиашонро дидем, камбудиҳояшро ба қайд гирифтем ва рафтем деҳаи Маҳмурод ба зиёфат. Вақти баргаштан ҳамроҳи ман устод Тағай Раҳмонов ва Ҳабиб Сангинов дар мошини худаш, Раҳмон дар мошини худаш, аз ҳама пеш. Ман қариб 10 дақиқа баъд баромадам. Омадам ба сероҳаи Теппаи Самарқандӣ, ки Раҳмон бо Ҳабиб Сангинов даст ба гиребонанду аз чор тарафашон навкарҳои Раҳмон тайёранд ба парон-парон. Қариб 10 дақиқаи дигар таваққуф карда, ҳамроҳи Тағай Раҳмонов назорат кардем. Раҳмонов гуфт канӣ бинем занозанӣ бо чӣ анҷом меёбад. Аз куҷое Мансур Муаккалов омад (вай ҳам қумондони ИНОТ буд ва хело бетартибу қонуншикан, аммо аз Раҳмон метарсид) ва гуфт, “Ҳабиб Сангиновро мепаронем”. Ман аз мошин фаромадаму назди Раҳмон рафтам ва дар байнашон истодам ва гуфтам: “Биё як кор мекунем. Ҳамин яроқҳои худатро як тараф мон, ин навкаронатро хомӯш кун, дастони маро банд. Ҳардуи мо ҷанги тан ба тан мекунем, агар зӯр баромадӣ, мо розӣ ҳамаамонро парон, вале агар мағлуб шудӣ, мо ба касе намерасем. Дида истодаӣ, ки мо беяроқем, ба роҳи худамон меравем. Раҳмон истод, як лаҳза хомӯш шуд. Баъд Ҳабиб Сангиновро раҳо карду ба ман часпид: “Ту, Ҳайдаров, ҳаёти маро сузонидаӣ, ба армия фиристодӣ. Маро аввал ба Шарқи дур, баъд ба Ветнам фиристоданд. Азоб кашидам, хорию зорӣ дидам”. Вақте ки дилашро холӣ кард, дар гӯшаш гуфтам, ки агар ман шуморо армия намефиристодам, имрӯз роҳбари ин қадар армияи пурқувват намебудӣ (дар асл силоҳбадастонаш як рота ҳам набуданд ва корашон фақат ғоратгарӣ буд). То Эрону Афғонистону Ҳиндустону Бангладеш туро Абдураҳмонҷон мегӯянд”.
Ин афсонаи дурӯғи ман ба “Гитлер” хуш омаду мулоим шуд ва ҳамдигарро ба оғӯш гирифтем. Ман гуфтам, ки ту “аз Ҳабибулло бахшиш пурс ва бо рӯҳи болида ба шаҳр омадем. Ҳамин хел ҳолатҳо садҳо маротиба рӯй додаанд, махсусан бо Абдуллои “Чакида” дар Комсомолод, бо Шайх дар Тоҷикобод, бо Аҳмад дар Ҷиргатол ва ғайра.
Агар ин ҳамаро ҳоло ба касе қисса кунӣ бовар намекунад. Ҷони мо ҳамеша дар рӯйи қил буд, аммо ин ҳамаро бо умеди сулҳу оянда бо боварӣ пушти сар мекардем.
Нақли ҳамаи ин ҳодисаҳо як асар мешавад. Ҳодисаҳои он вақт гузаштаро ба таъриху навиштани онро ба нависандагону таърихнигорон супорем, беҳтар аст.
Ба ҳамаи ин ҳодисаҳо нигоҳ накарда кори КОМ бо лаппишҳо, ноҳамвориҳо ҷараён дошт ва мо корамонро пеш мебурдем.
31-уми марти соли 2000-ум фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи қатъ гардидани фаъолияти комиссияи Оштии Миллӣ” баромад. Мо вазифаи дар наздамон гузоштаро бо мувафақият иҷро кардем. Сулҳи тоҷикон барқарор шуд.
Комиссияи Оштии Миллӣ ба муносибати эъломи барҳам дода шудани дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ муроҷиатнома қабул кард ва аз 3-юми августи соли 1999 роҳбарияти ИНОТ эъломияи худро дар бораи барҳам дода шудани дастаҳои мусаллаҳ расман паҳн кард ва дар ин бора қарори КОМ қабул шуд. Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон якто шуд.
– Сулҳи ба ин душвориҳо ба даст омада пеш аз ҳама хидмати кӣ буд ба фикри Шумо?
– Ман чунин мешуморам, ки сулҳи тоҷикон аз қадами мубораку устувори Президенти мо сар шуд ва гуфтушуниди байни тоҷикон, ки номи дигараш музокироти сулҳи тоҷикон аст ва сохторе, ки ҳамчун тифли он музокирот ба амал омад-комиссияи Оштии Миллӣ аллакай ба моли таърих табдил ёфт.
Агар худи тоҷикон намехостанд барқарор шудани сулҳ дар Тоҷикистон кори басо мушкил ва мураккаб буд.
Сиёсат ҷангро ба миён овард, қонун вайрон шуд, сиёсат қонунро ба роҳ монд, ҷанг хомӯш шуд ва сиёсат сулҳро барқарор кард.
Мо тоҷикон ва тоҷикистониён бо роҳбарии хирадмандонаи Президентамон Эмомалӣ Раҳмон тавонистем роҳҳои мушкили онро паймуда, ба мақсадамон – Ваҳдати Миллӣ расем.
Аз сулҳу оромӣ, тинҷию амонӣ ба ҷанг гузаштан як қадам, аз ҷанг ба сулҳу Ваҳдати Миллӣ гузаштан сад қадам.
Хуллас аз 180 рӯзи ҷанги чилликӣ, қасдона, сӯиқасд, дуздию ғоратгарӣ, пинҳонию рӯирост ва истифодабарии техникаи вазнини ҳарбӣ ва камингирии рӯ ба рӯй 1180 рӯзаш дар раванди музокироти намояндагони ҳарду тараф, бо миёнаравии намояндагони СММ ва чӣ тавре, ки қайд кардем, давлатҳои миёнарав гузашт, 210 рӯзи он вохӯрии шабонарӯзӣ буд.
Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистони мо қариб 200 ҳазор фиристода шуда буданд ва бештар аз 60 ҳазор ҷавонмард қурбонӣ шуд, вале касе ё хонаводае гуреза нашуда буд, молу мулки касе ғорат нашуда буд. Аммо фақат аз ман қариб 1000 китоби бадеӣ ва мошини сабукравамро ба яғмо бурданд.
Дар ҷанги бародаркушии мо, тоҷикон ва Тоҷикистониён, беш аз 100 000 ҷавонон кушта шуданд, садҳо деҳаҳои обод харобу валангор гаштанд, қариб як миллион тоҷикистонӣ ҷойи зисти муқимиашонро ба хотири ҳифзи ҷони хешу фарзандони худ тарк карда, гурезаю ғариб, овораву дарбадари кишварҳои дуру наздик гардиданд.
Дар чунин як кишвари навистиқлол, ки авзои дохиливу хориҷиаш мураккаб буд, сулҳи дар рӯи коғаз дарҷ гардидаро амалӣ кардан осон набуд.
Сулҳи тоҷикон, Ваҳдати Миллӣ агар чанде роҳи душвореро паси сар карда бошад ҳам, истиқлоли он Сулҳ мушкилоти бештареро бо худ ба ҳамроҳ дошт ва ҳалли ин мушкилот асосан ба зиммаи Комиссияи Оштии Миллӣ, аъзои он ва махсусан мушкили асосиаш ҳалли масъалаи беяроқ гардонидан ба зиммаи зеркомиссияи низомӣ, ки ман дар он шомил ва роҳбари гурӯҳ будам, вогузор карда шуда буд.
Сулҳи тоҷикон низ бо шаклу усули ба даст омданаш дар таърихи тамаддуни башарӣ назире надорад ва надошта аст.
Ҳар ки ватану миллатпарвар аст, Ваҳдати Миллиро эҳтирому азиз медорад ва ҳамчун гавҳараки чашм сулҳро эҳтиёт мекунад.
Мусоҳиб Хуршед Атовулло