Афзалшоҳ Шодиев, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, ки бештар бо хондани оҳангҳои ҳувиятхоҳиву миллатдӯстӣ маъруф аст, аввали ин моҳ, 2-юми июн, ба синни 60 солагӣ қадам ниҳод. Ӯ аз зумраи шинохтатарин ҳофизони кишвар аст, ки аксари сурудаҳояш дар забону хотираи халқ ҳифз шудаанд.
Мавсуф аз ибтидои солҳои 80-уми асри гузашта бо хондани сурудҳои иҷтимоӣ пардохта, хеле зуд ном баровард ва бар пояи матни шоирони маъруфи вақт, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор, Гулназар таронаҳои худшонисиро суруда, дар миёни қишри миллигаро дар сар то сари ҳавзаи забони форсӣ маҳбубият пайдо намуд.
Аммо ин ҳунарманд нигаронӣ дорад, ки бузургони миллат кам мондаанд, миллати тоҷикро мебояд, ки ба қадри бузургони имрӯз дар ҳузурашон буда, бирасанд, сарҷамъ кунанд, гуфтаҳои онҳоро шунаванд, аз ногуфтаҳояшон пурсанд.
Афзалшоҳ Шодиев мегӯяд, расонаҳо дар ин масъала хеле бояд пешсаф бошанд: Президент танҳо фарҳанг намесозад, миллат бояд дар бари президент бошад ва дастаҷамъона тамадунро офаранд.
Ӯ 18-уми июн 40 солагии фаъолияти эҷодиашро дар Душанбе таҷлил кард. Мухбирони “Самак” бо ин фурсат ба ҷустуҷӯи ҳунарманд рафтанд ва сӯҳбати кӯтоҳе доштанд. Дар ибтидо аз ҷамъбасти 60 соли зиндагияш пурсон шуданд, ки чӣ гуна сипарӣ кард ва имрӯз ба чӣ фикр мекунад?
– Ман умрамро бо халқ гузаронидам, дар хушиҳои халқ бо онҳо будам ва дар талхиҳояшон гиристам. Барои онҳо бештар аз 400 суруд эҷод кардам, ки имрӯз ба ҳар ҷойе меравам, бароям аз сурудҳое мегӯянд, ки худам кайҳо боз фаромӯшаш кардаам. Аз ин рӯ, аз халқ бузургтар тарозу нест ва, пас аз Парвардигор, ин халқ аст, ки инсонро қадр мекунад ва иззату обрӯ мебахшад.
Вале ин зинаи умр маро ба фикр кардан водор мекунад. Дар ин поя моро мебояд, кӯшиш ба харҷ диҳем, то ҳар чӣ дар тавонамон ҳаст, барои миллатамон анҷом дода бошем. Имрӯзҳо ёдам меояд, устодон Одина Ҳошим ва Лоиқ Шералӣ ба ин син наздик омаданд, ин зинаи умрро надиданд… Вале барои миллати тоҷик шеъру оҳангҳои мондагореро аз худ боқӣ гузоштанд.
– Устод Лоиқ дар поёни умрашон “бар шаст расидаму ба шаст уфтодам” гӯён, изҳори нигароние карда буданд Имрӯз Шумо аз чӣ афсӯс мехуред?
– Бале, устод бо пои худ ба Қарияи Боло омада, ба дасти табибон уфтода буданд ва инро дар пояи назм ҳам кашиданд. Он кас бисёр дардҳои дил ва ногуфтаҳояшонро дар ин авохир бо шеър гуфтанд. Ҳатто вақти маргашонро ҳам пешопеш гуфтанд ва “дидор дар қиёмат”-ро ҳам суруда, баъд аз ин аз дори фонӣ рафтанд.
Дар ин ҳол, дар ҷовониям ман, агарчи ҳамеша бо бузургони миллат ва аҳли зиё будам, вале бисёр вақтамро ба бекорӣ гузаронидам. Афсӯс мехӯрам. Шароити ҳама чиро доштам. Забонҳои хориҷиро бояд меомӯхтам. Наомӯхтам, дер кардам. Пули бисёр доштам, лекин ҳамаро ба бод додам. Дар як шаб маблағи як-ду “Жугули”-ро кор мекардам. Он вақт ҳатто метавонистам мақбараи устод Рӯдакиро дар Панҷрӯд созам. Дар тавонам буд. Аммо накардам.
– Ин қадар пул аз куҷо?
– Аз халқ. Дар 365 рӯз 300 рӯз маро ба тӯю маъракаҳо даъват мекарданд. Аз Самарқанду Бухоро то Фарғонаву Сӯху Қӯқанд ва тамоми манотиқи Тоҷикистон ман ҳофиз будам, агар таърифи худ нашавад, дастнорас ҳам будам. Пули мошини беҳтарини вақтро дар як-ду тӯй мегирифтам. Ҳангоме ки Горбочёв пулро нав кард, мошини пулро ба бароварда партофтам.
– Дар замоне ки Шумо рӯи саҳна омадед, ҳамовардони Шумо ҳам кам набуданд, албатта, ҳам аз ҷиҳати истеъдод ва ҳам аз ҷиҳати сабки хос. Вале омил дар чӣ буд, ки устод Лоиқ маҳз Шуморо ба худ қарина карданд?
– Мо аз як деҳа будем, хешу табор, аз кӯдакӣ он касро мешинохтам, бо падарам дӯстони хеле наздик ҳам буданд. Устод ҳангоме ки ба деҳа меомаданд, хеле баиззату обрӯй буданд, сари дастон мегаштанд. Гоҳо ба хонаи биби Заҳро пас аз 3-4 рӯз мерафтанд. Бибиям меранҷиданд ва бо шикоят мегуфтанд, “чӣ ба дер омадӣ?!”.
– Дар хонаи аком будам, ана, омадам…
– Дер омадӣ!, – мегуфтанд биби Заҳро ва ба ман рӯ оварда таъкид мекарданд, – о, ин-ку шоири сархуш, ту чӣ ба гирифта намебиёрӣ?
Ман дар хонаи устод бузург шудам ва ҳангоме ки ба Душанбе ҳам омадам, хонаи устод – хонаи ман буд ва хонаи ман – хонаи устод. Ҳамин хонаро ҳам устод Лоиқ омада, ба гуфтае, “лентабуррон” карданд ва аввалин шуда даромаданду дуои баракат доданд.
30 сол бо устод Лоиқ будам. Шаб шеър менавиштанд, саҳар оҳангаш мебастем…
– Воқеан, Шумо дар пояи ашъори устод Лоиқ хеле зиёд тарона эҷод кардаед ва Шуморо ҳофизи лоиқсаро ҳам меноманд. Аммо устод Лоиқ дар “Сӯҳбати мардона” иқрор мекунанд, ки аз нашри бисёри шеърҳояшон дар замони ҷанг “тарсидаанд”. Ҳатман ки он шеърҳоро дидаед, вале аз ин зумраи “тарсидаҳо” Шумо таронаҳое эҷод кардед?
– Бале, дидаам ва шеърҳои зиёдеро ҳам баъдан сурудам. Ин ҳама моли вақт буд ва ҳамон айёмро инъикос мекард. Фаразан, устод дар замони ҷанг “Меҳани хунинкафанам”-ро навиштанд ва ман баъдан ба ин шеър оҳанг бастам.
Устод Лоиқ дар сафарҳояшон ҳамеша маро ҳамроҳ мегирифтанд ва ҳар боре аз чизе озурдахотир мешуданд ва ғаму андӯҳ он касро зер мекард, мегуфтанд, “бачем, мошина гир, рафтем”. Буданд нафароне, ки устодро каме сархуш медиданд, оҳиста мегурехтанд, вале баъди маргашон ҳамин нафарон худро наздиктарин дӯсти Лоиқ ҳам хонданд, зор-зор гиристанд, китоб навиштанд. Ин ҳолро медидам, ба ростӣ, хандаам меомад.
Вале Тоҷикистонро ман бо устод сайр кардам. Баъдан бисёр мо ба Ӯзбекистон мерафтем. Махсусан, ба Бойсун, ба Сайроб. Тоҷикони ин ҷо бисёр фарҳанги баланд доштанд ва ба қадри шеъру ба қадри шоир мерасиданд. Орифона, асилзода ва шеърдӯст. Устод Лоиқ бисёр ба ин аҳамият медоданд ва хеле зиёд тоҷикпараст буданд. То ҳол мо бо ин тоҷикон, бо тоҷикон асили дараи Панҷшер дар Афғонистон, бо дӯстдорони шӯъри дарӣ дар Эрон, бо тоҷикони маънифаҳми Бопал дар Ҳиндустон, бо тоҷикони шеърпарасти Урумчи дар Чин рафтуомад, мукотабаву алоқа ва дӯстии самимона дорем.
– Сарҳои баланди тоҷикон паст мабод, гуфта буданд устод Лоиқ, ки тоҷикияти воқеан баланд доштанд. Шумо ҳам дар хусуси худшиносиву миллигароӣ низ бисёр ҳассосона ва таъсирбахт таронаҳое дар пояи эҷодиёти устод Лоиқ ба оҳанг овардаед. Ба вижа, даъвои тоҷикияти Самарқанду Бухоро, ки хеле хости боҷуръатонаву худшиносонае аст. Вале худ мегуфтед, ин худшиносии Афзалшоҳи Шодӣ аз кадомин гиле реша гирифтааст ва кадомин обҳоро хӯрдааст?
– Дар ҳақиқат, Самарқанд шаҳри бузург ва асилзодаҳо аст. Бобои ман дар ҳамин шаҳр зиндагонӣ мекарданд. Ман аз хеле хурдиям ба ин шаҳр мерафтам, дар намозҳои ҷумъа ҳамроҳи бобоям будам, бо чашмони худ медидам, ба фарҳангу маданияти бузурги ин шаҳр тан дода будам.
Пас аз ин, дар ин шаҳри тоҷикон макотиби тоҷикиро бастанд ва ба тоҷикон зулмро раво диданд. Ин ба ҳама тоҷикони асил бад расид. Ба вижа, ба устод Лоиқ хеле дардовард буд. Нуктаи хеле нозуке буд, ки тоҷику ӯзбек, ду миллати ба ҳам бародарро мехостанд аз ҳам ҷудо кунанд. Ҳамон вақт ин шуда буд. Ғуруру нанги миллатгароёнаи устод Лоиқ оромашон нагузошт ва бисёр сахт ва бадард ин ҳолро ба назм кашиданд. Ман инро оҳанг бастам, ҷангу ҷангҷолҳое дошт, вале ҳақ доштам. Пушаймон нестам ва ҳамин даъвоҳо буд, ки имрӯз роҳҳои ду кишвар боз гардид ва дӯстии ду миллат барқарор шуд. Аҳсанту офарин ба сарони ду давлат. Ин дӯстиву пайвандии миллатҳоро бояд ҳифз намоем ва дигар ба ҳеҷ гуна ҷудоиҳо роҳ надиҳем.
– Баъдан Шумо суруди “Пайкара гиря мекунад”-ро, ки ба даргирҳои хунин дар Шарқи наздик, аз ҷумла ба Ироқу Сурия бахшида шуда буд, ашкрезон сурудед. Ин ҳам ҷасорат буд ва ё дарди ҷонкоҳ?
– Ин бадбахтиҳое, ки дар кишварҳои Ироқу Сурия мегузашт, дар Афғонистон ним аср мешуд, ба миллати русу украин ва турку курд рух медод, хеле дардоварам буд. Рӯзе бо Озарахш аз ин дардҳо гуфтам ва ӯ ҳам ин шеърро хеле басӯз навишт.
Чӯли Ироқ хастаҷон аз хатари самуми ҷанг,
Шаҳри фаранг мотамӣ, пайкара гиря мекунад.
Обу ҳавои Суриё ғаркаи хуну нафт шуд,
Мӯъмину кофари бараш яксара гиря мекунад…
Оҳанг бастам, намедонам, оромам нагузошт ва гирён хондам. Аз ин чӣ мехостам? Дар рӯи ҷаҳон оромиву осоиштагиро мехостам! Ҷанг ба ҷуз харобӣ, хонавайронӣ, мотам, фироқ, дард дигар чизеро намеоварад. Намедонам, инҳоро киҳо месозанд ва ин ба киҳо чӣ фоидаҳое меоварад, вале дар ҳама сурат инсони бечора ранҷ мекашад.
– Воқеан, ҳарчанд шогирдонатон ба сабки Шумо тақлид мекунанд, вале хондани сурудҳои пур аз дарду армонҳои миллатро пеша накарданд. Чаро?
– Шогирдони зиёде дорам, ки ба сабки банда пайравӣ кардаанд ва унвонҳои давталиро ҳам мушарраф гаштанд. Вале, надонам, ҳар шахс аз дардҳои худ мегӯяд.
– Дар ҳамин баробар, чанд таронаи дигари Шумо мавриди накӯҳиш ва танқид қарор гирифт ва замоне шахсан вокуниш ҳам нишон додед. Шумо интиқодпазир нестед ва ё далели дигаре доред?
– Ман ҳар чизе хондам, бо хости худам хондам, боз ҳам мехонам, аз касе бим ҳам надорам. Аз касе ҳарос медоштам, ин қадар ҳассос набудам. Тоҷикистон имрӯз обод аст, ин ҳамаро набояд нодида гирем, боз ободтар мешавад, пешрафтатар мешавад, сарбаланд аст, сарбаландтар мешавад. Дигар ҳама чиз гузаранда аст.
– Албатта, Шумо эътироф кардаед, ки устодон Зафар Нозим ва Ҷӯрабек Мурод шоҳсутунҳои санъати тоҷик ҳастанд ва мактаби ҳунарии эшонро гузаштаед. Вале ин ду ҳофизи шаҳири миллатро мо то куҷо қадрдонӣ кардем ва ҳамзамон мегуфтед, ки Шумо чаро бахшида ба бузургдошти номи Зафар Нозим ва 80-умин солгарди Ҷӯрабек Мурод барномае таҳия наменамоед?
– Ман ба ин фикр будам ва бо чанде аз дӯстон дар ин бораи мувофиқа ҳам кардем. Ба ҳамин зудиҳо банда шаби суруди се шоҳсутунони санъати тоҷик – устодон Зафар Нозим, Одина Ҳошим ва Ҷӯрабек Муродро барномарезӣ хоҳам кард. Ин ҷо шахси устод Ҷӯрабек Мурод ва писарони Зафар Нозим ва Одина Ҳошим (Ҷовидон Нозим ва Раҳматулло Ҳошим), ба хости Худо, иштирок хоҳанд кард. Тирамоҳи меомада ҳатман мешавад ва миллати мо ба қадри бузургонашон хоҳанд расид. Ин воқеан намерасад.
– Дар замони Шӯравӣ ташкили ин гуна шабҳои эҷоде хеле зиёд буд ва бо ин роҳ ба қадри “мағзҳои миллат” мерасиданд. Вале дар 30-солаи замони истиқлол ин чиз хеле кам шуд ва имрӯз бузургони миллати мо, ки синнашон ба ҷое бирасад, гӯшаи хонаро мегиранд ва бо ҳамин аксаран ба фаромӯшӣ аз олам ҳам дармегузаранд. Иллати ин қадрношиносиҳо дар чист: дар хоби гарон мондани Вазорати фарҳанг аст ва ё иддае аз мутасаддиёне, ки вазифаи худро ба хубӣ иҷро карда наметавонанд?
– Бубинед, бузургони миллат кам мондаанд. Устод Сорбон, Акбат Турсон, Ӯрун Кӯҳзод, Абдунабӣ Сатторзода, Ҷӯрабек Мурод ва даҳҳо шинохтатарин чеҳраҳои илму адаб ва ҳунари кишвар дар Зарафшону Хатлон, Рашту Бадахшон имрӯз аз 80 сол болотар доранд. Миллати тоҷик ва тоҷикони сарбаландро мебояд, ки ба қадри бузургони имрӯз дар ҳузурашон буда, бирасанд, сарҷамъ кунанд, гуфтаҳои онҳоро шунаванд, аз ногуфтаҳояшон пурсанд. Имрӯз бояд телевизиони фарҳангии “Сафина” муваззаф бошад, ки ҳар яки инҳоро, ҳам ба таври алоҳида ва ҳам ба таври гурӯҳӣ, сӯҳбат ороста, сабт кунад. Расонаҳо дар ин масъала хеле бояд пешсаф бошанд. Президент танҳо фарҳанг намесозад, миллат бояд дар бари президент бошад ва дастаҷамъона тамадунро офарад. Инро имрӯз бояд кунем, фардо дер мешавад.
Мусоҳибон:
Зоҳири Сайфулло,
Меҳрофарин Наҷибӣ