Бо вуҷуди он ки матбуоти чопии мустақили кишвар сангинтарин рӯзҳоро дар шароити бӯҳронӣ пушти сар менамояд, аммо то ҳанӯз мардум чун умеди охирин дари ин нашрияҳоро мекӯбанд.

Зиёд аз ман суол мекунанд, ки «барои чӣ ба замми директори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон будан, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Фараж» ҳам будиву аз вазифаи дуюм истеъфо додӣ?” Ин суолро имрӯз ҳам шунидам, аммо як каме дағалтар: “Чун дидӣ, ки мисли пешина озодона мавод навишта намешавад, кадом камбудиеро мехоҳӣ гуфта намешавад, ба вазифаи дуюми худ нафари дигарро таъин кардӣ?”.

Ин гунаҳгорсозӣ водорам кард, то ба суоли мазкур ниҳоят посух диҳам:

Аввалан, «Фараж» шахси ҳуқуқӣ нест, яъне зерсохтори Марказ аст ва ман муассису директори он ҳастам. Аз ин рӯ, ин андеша хато аст, ки гӯё ман ба тақдири «Фараж» бепарво бошам. Зеро харҷу дахли он ба зиммаи ман аст.

Баъдан, суд ба суду прокуратура ба прокуратура аз паси навиштаи оддитарин хабарнигори нашрия ва расонаҳои электронии Марказ гаштан, («Фараж», «Самак», «Ману ту», farazh.tj, Ютубканали «Фараж», Оҷонсии иттилотии «Sugdnews.com») ба ҷонам зад. Бигзор сармуҳаррирон ва хабарнигорон масъулият эҳсос кунанд ва ба ҳар ҳарфи худ ҷавобгӯ бошанд. Ин аст, ки ман то андозае воқеан ба мазмуну мӯҳтавои онҳо бепарво шудаму бори масъулияти дигарон зиёд шуд.

Саввум ва аз ҳама асосӣ: Тоҷикистон кишвари хурдест ва агар муддати мадиде фаъолият намоӣ, (махсусан агар сармуҳаррир ё хабарнигор бошӣ. Х.А) табиист бо аксар чеҳраҳои хабарсоз ошно мешавӣ ва натанҳо эшон, балки тағову аммаи холаашонро ҳам агар сари мансаб бошанд, мешиносӣ. Барои нафаре, ки аксар ҳолат маводи танқидӣ менависад, ин марги яқин чун рӯзноманигори касбӣ аст! Ва дар Тоҷикистоне, ки «рӯйи одам ширин» аз масали маъмулаш аст, ин ҳолат ба ман рух дод. Ҷавонони навкоре, ки дар расонаҳо ба кор гирифтаам, ки касеро аз шиносу наздику ҳамқаламу ҷӯраю аммаю тағои фалонӣ намешиносанд, аз эроди ман гоҳо сари як ҷумлаашон безор шуданду гуфтанд:

“ Устод, намешавад, ки ҷӯраю ошною амаку тағои эшонро як рӯйихат карда ба дасти ҳар якеи мо диҳӣ то аз ҳазф кардани маводи электронию беҳуда мавод омода кардан барои расонаи чопӣ халос шавем?”. Дар аввал ин ҷумлаи эшон ба ман сахт расид ростӣ, вале дар танҳоӣ пеши худ андешидам, ки рост мегӯянд.

Вақте мебинӣ, ки мӯйсафеди ҳаштодсолае садҳо километр роҳ тай  зада чун умеди охирин ба даргоҳи ту меояд…

Вақте мебинӣ, ки аз хомӯшӣ ихтиёр кардани рӯзноманигорон дар ифшои ҳақиқат бинобар камхаридор шудани нашрияҳою дилсард шудан аз касб, баъзе «навкисаҳо» лаҷоми бедодиро сар медиҳанд…

Вақте мебинӣ, ки чӣ гуна қонуну адолату виҷдон зери пой мешаванд…

Вақте мебинӣ, ки дигар масали «рӯйи одамӣ гарм» аз ҷониби баъзе мансабдорон сӯиистифода мешавад…

Вақте мебинӣ, ки шабакаҳои иҷтимоӣ дигар дар сохтани афкори ҷомеа аз ту чирадасттар ва ҷасуртар ҳастанд (сабаби ин беҷазоӣ барои навиштаҳои беноми интернетӣ ҳам ҳаст, ки дар журналистика «фейк» меноманд. Ин маънои онро дорад, ки касеро хоҳӣ дашном медиҳӣ, ному насабатро дигар мекунӣ, то ба дилат задан дашном медиҳӣ ва… оромона бе фикри ҷавобгарӣ дар фардо мехобӣ. Х.А)

Баъди дидани ин ҳама, дигар аз баҳри «рӯйи ширин» – у «рӯи гарм» мебароӣ ва дигар ба «ҷанозаи баобрӯи нашрия» омода мешавӣ…

Дигар танҳо барои баобрӯ гӯр кардани пешаи дӯстдоштаат, ки барои он умри ҷавониро барбод додӣ, мешитобӣ. Ёд дорам, ки замони ҳамкор будан бо Мазҳабшоҳи Муҳаббатшоҳ баъди чопи ҳар маводи танқидии эшон чун дастаи автоматбадастонро дар он солҳои нооромӣ дар утоқи корӣ медидам, мегуфтам:

“Нанависед беҳтар нест?. Ягон рӯз аниқ мекушанд”.

Устод дар ҷавоб лабханде мезаду мегуфт:

“Мехоҳам чун рӯзноманигор бимирам. Чунки нисф зиёди умр мансабдор будам”.

Чӣ хулоса дорӣ, хонанда? Чӣ кор бояд кард?

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь