Як даст ба мусҳафему як даст ба ҷом,

Гаҳ марди ҳалолему гаҳе марди ҳаром.

Моем дар ин гунбади фирӯзарухом,

На кофири мутлақ, на мусалмони тамом.

(Хайём)

Хаста шудам.

Бовар дорам ҷомеа ҳам хаста шудааст. Аз он ки даҳсолаҳо боз аз баландшавии нархи маҳсулот пешорӯи иди Фитру Қурбон мегӯему менависем, аммо чунин хулоса шудааст, ки ин гуфтаниҳо “ба гӯши хар азон хонданро мемонад”.

Гоҳо андешае азобам медиҳад, ки чаро маҳз дар идҳои мусулмонӣ нарх дар бозорҳо боло меравад? Чаро дар Соли нав не? Чаро дар Наврӯз не? Шояд барои он ки ин ду иди мусулмонии мо сахт вобаста ба шикам ҳастанд? Намедонам. Аммо, маҳз ислом гарон фурӯхтани молро маҳкум мекунаду гаронфурӯшро лаънат мехонад. Махсусан онеро ки ба ҷабр хуни мардумро дар моҳи Рамазон мемакад.

То ба ҳол бароям муаммост, ки чаро рӯҳониёни маъруф аз сатру чодар зиёд ҳарф мезананд, вале боре тоҷирони чор-панҷ маротиба Ҳоҷӣ шудаву ташкилкунандаҳои ифтори серравғанро дар моҳи муборак ба инсоф даъват намекунанд?

Моҳи шарифи Рамазон ҳам сипарӣ гардид, вале дар дӯконҳои фиттафурӯшӣ садои танқидии рӯҳониёни воиз аз баланд кардани нарх аз ҷониби муслимин(!!!) ба гӯш нарасид. Чаро ин войизон дар мавриди даҳчанд боло кардани нарх аз ҷониби тоҷирон, ки шояд даҳ ё бист дарсадашон ҳоҷӣ ҳам ҳастанд, ҳарфе нагуфтанд? Ё мурғи илҳоми ин носеҳонро фақат масъалаи сатру шабпӯшу буҷули пойи занҳо меорад?

Оё ифторҳои серравғани тоҷирони маводи ғизоие, ки нархро даҳчанд бардоштанд, ҳалол буд?

Оё муллое, ки бо тафохур риш ба даст зада дар ин зиёфат аз боло нишаста буд, ба гуноҳи ҳаққи мардумхурӣ шарик шуд ё на?

Дар ёди нодору қашшоқу бечораи ба ҳар як тин зор, фақат ярмаркаҳо монд. Ярмаркаҳое, ки як сомонӣ-ду сомонӣ дар ҷайби нафақахӯру камбағал захира мекард. Суоли матраҳ ин аст, ки кӣ бештар савоб кард: Оне ки шабона сар ба замин кӯфтаву рӯзона маҳсулоти як сомонӣ гирифтаашро даҳ сомонӣ фурӯхту ифтори рӯғанӣ ташкил карда, панҷ воизи машҳурро аз гӯшаҳои кишвар ҷамъ овард ё он деҳқони бечорае, ки ба умеди савоб маҳсулоташро ба нархи паст дод то дар ярмарка касе барояш дуои хайр кунад?

Суолест, ки посух мехоҳад. Аммо ҳаминро медонам, ки баъди нархи маҳсулот моҳи Рамазон,  дар рӯзи иди Фитр қимати таксиҳои мусофиркаш даҳчанд меафзояд. Аммо, гуфтану нолидан аз ин аҳвол ҳам бефоида аст. Замони иқтисоди бозаргонӣ ва шиори бозор “ Бардорад зам кун, набардорад кам кун” дар мағзи тоҷирону савдогарон дигар қонуни нонавишта шудааст. Ҳамин тавр не?

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь