Маъракаи даъват ба хидмати ҳарбӣ, ки муддате сару садо дар бораи ин маърака кам буд, дубора ба мавзӯи доғи рӯз ва сархати хабарҳо бадал гардид.

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо дар як сӯҳбаташ бо хабарнигори ҳафтаномаи “Тоҷикистон” вобаста ба ин вожа чунин изҳор карда буд:

“- Аслан “облава” дар забони мардум як ибораи маъмулӣ гаштааст, вале он дар қонуни нав ва ҳам пешина вуҷуд надошт ва надорад”.

Бале, ин калима дар қонунгузориҳо нест, вале бо оғози маъракаи даъват ба хидмати ҳарбӣ қариб дар ҳама гӯшаи кишвар ин вожа садо медиҳад. Дар ҳоле медонем, ки “хизмат ба Ватан шараф аст” ва моро барои хидмат ба Меҳан Сарқонуни кишвар вазифадор менамояд, дубораю садбора такрори он чӣ зарурат дорад? Чӣ моро водор месозад, то бо омадани корманди Комиссариати ҳарбӣ ва ё раиси ҷамоат аз “облава” гӯем?

Таҳлили навиштаҳо дар расонаҳо аз мавҷуд будани чанд омил, ки сабабгори пайдо шудани ин калима мешаванд, шахсро ба андеша мебарад.

  1. “Дедовщина” – ро бояд аз байн бурд. Бадбахтона, чандин мисолҳо ҳастанд, дар мавриди ҷой доштани ин амал – латукӯбу маъюб кардан ва ҳатто кушта шудани сарбозони нав ба даъват омада аз ҷониби ҳамхизматон ва ё сарбозони калонсоли мӯҳлати хидматашон каммонда. Назоратро мебояд дар қисмҳои низомӣ пурзӯр намуд ва “дедовщина”- ро куллан решакан кард.
  2. Агар раисону вазирон натанҳо дар хушомад, балки дар фиристодани фарзандони хеш ба хизмати Модар – Ватан намуна бошанд, аҳли ҷомеа низ дар ин маърака фаъол хоҳанд буд. Далели он ки баъзе раисон фарзандону пайвандонашонро ба хидмат фиристодаанд, ҳастанд, вале ангуштшумор. Ёд оред, ки чӣ гуна шаҳзодаи Британия барои хидмат ба Афғонистон рафта буд. Инъикоси васеи ин амали мансабдорони давлатӣ дар расонаҳо метавонад пеши роҳи ибораи маъмулшудаи “артиши камбағалон”- ро гирад.
  3. Имтиёз. Тавре медонед, дар замони Шӯравӣ имтиёзи зиёде ба ҷавонони аз хидмати ҳарбӣ баргашта дода шуда буд. Ба гунаи ба назар гирифтани хидмат ҳангоми қабул ба донишгоҳҳои олии мамлакат, пайдо кардани ҷойи кор, соҳиби замини назди ҳавлӣ шудан.
  4. Тибқи қонуни нави хидмати ҳарбӣ даъватшаванда метавонад бо супоридани 25 ҳазору 200 сомонӣ (баробар ба 2,200 доллари амрикоӣ) аз хизмат озод шавад. Минбаъд аспиранту магистрҳо ҳам бояд ба хидмат раванд, ҳарчанд вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар нишасти матбуотиаш зикр карда буд, ки “дар робита ба ин тасмим гуфтугӯй бо Вазорати мудофиа идома дорад”. Мақсади вазири маориф дар ин робита аз хидмати ҳарбӣ озод кардани аспирантҳо буд. Ҳамчунин, хатмкардаҳои макотиби олӣ, ки билети ҳарбиро бо хондани дарси омодагии ҳарбӣ гирифтаанд, бояд ба муддати як сол дар қатори дигар хатмкунандаҳои макотиби олӣ ба хидмат раванд.

Ба андешаи ман, мӯҳлати хизматро бояд то як сол кам кард. Дар ин сурат хоҳишмандон ба хизмати ҳарбӣ зиёд хоҳанд шуд.

Вале, муҳимтар аз ҳама, аз хонаи падару модар солим рафтаву маъюб ба хона барнагарданд, солим рафтаву инвалиди гуруҳи як ё ду наоянд. Ба пой рафтаву аз дасти хамхизматон ба сар наоянд.

Бояд вакилони Маҷлиси намояндагон роҳҳои ҳавасмандгардонии ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ (ба мисли додани замини назди ҳавлӣ, ба инобат гирифтани замони хидмат ҳангоми қабул ба донишгоҳҳо ва ғайра) -ро пайдо кунанд. Дарсҳои омодагии ҳарбӣ дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро ба таври ҳатмӣ бояд пешниҳод кунанд.

Он замон мо калимаи “облава” – ро фаромӯш мекунем!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь