Рӯз ба рӯз сатҳи корбарону нигорандагони фейсбукӣ, ки дар аввал як равзанаи муҳими озодии баён медонистем, паст рафтаву ба ҳадди ифрот расидааст.Метавон номи онро сода карда чунин гузошт: Ҳоҷатхона!
Шояд касе эътироз кунад, ки “Ҳар киро нест адаб лоиқи суҳбат набувад” ва “Посух мадеҳу, ба қавле, “блок” мон. Дар ин ҳол, гӯшҳоят ором мешаваду аз будану набуданашон хабар ҳам намеёбӣ”. Аммо дар ҳамин ҳол, хоҳ-нохоҳ ба навиштаи каҷдаҳане, каҷфаҳме, каҷандеше вомехӯрӣ ва намедонӣ, бо кадом гӯши фарёдшунаве дод занӣ.
Шабакаҳои интернетӣ як бозори бедарвозаро мемонанд. Касе чизе хост, менависаду касеро хоҳад, дашном мефиристад. Имрӯз нафаре, ки хондану навиштанро ёд гирифтааст, бо қабеҳтарин дашному тавҳину тӯҳмат ба сари кадоме мехоҳад, метозад.
Мушкил ин аст, ки “Қонун дар бораи матбуот ва дигар намуди ВАО” масъулиятеро барои соҳиб ё муассиси сайте муайян накардааст. То ба ҳол маълум нест, ки сайт дар куҷо бояд қайд шаваду аққалан донем, муассису муҳарриру корбари он кист. Дар шабакаи “ютуб” ҳам ҳамин ҳол: Касе чи навореро мехоҳад, ба маърази тамошо гузоштаву ба хотири “лайк” ба кадом пастие қодир аст, истифода мекунад. Ҳама бо яроқи хеш мусаллаҳ. Кор ба ин ҷо расида, ки эҳтимоли он аст, то калимаи “журналист” ба сафи калимаҳои архаистӣ ворид шавад ва блогери имрӯза хешро ҳокими бому бар донад. Блог ё навори видиоӣ, ё саҳифаи хусусии ҳар корбари интернет дар назди қонун бесоҳиб аст. Бо вуҷуди вайрон кардани чандин қонун дар асл масъулиятеро ба сари соҳибони сайту блог намегузоранд ва аз ин истифода бурда, даҳонҳои пур аз ҳақорат интизори хатои касе, навиштаи касе, навори касе ҳастанд. Беҳуда намегӯянд: “Зарфи дарунхолӣ овози баланд дорад”. Кор ба ҷое расидааст, ки ҳатто шахсиятҳои таъсиргузор дар журналистика ҳам посухи сазовор диҳам гӯён, ба сатҳи ҳамон аблаҳи интенетӣ мефароянд ва ҳавои Фейсбукро ғализ мекунанд. “Акка роҳгардии зоғро ёд мегирам, гуфта, роҳгардии худро гум кардааст” мегӯянд. Дигар одоби журналистӣ, одоби одии инсонӣ ба як масхара бадал меёбаду сар ба сар шудани бузургони журналистикаи мо бо ҳар як аблаҳу бо ҳар каҷфаҳму каҷандеш фақат алами шахсро меораду бас! Дар ин масъала чанд пешниҳод дорам:
А) Бигзор ҳар як сайту ҳар як блог ба таври расмӣ аз қайд гузаранд, то масъулияте барои навиштори хеш ҳис намоянд.
В) Ба қонуни нави матбуот, ки солҳо боз дар нияти дигар кардани он ҳастанд, тағйирот дохил шавад, то эҳсоси ҷавобгариро барои интишори ин ё он навишта, навор зиёд кунад.
Рост, ки замоне ман тасаввур намекардам, барои нигошта ё навори видиоӣ дар Фейсбук чунин пешниҳод мекунам. Вале бовар кунед, аз ҳукму хулосаю баҳодиҳӣ ба ҳар қадами мегузоштаам ба ҷон расидаам.
Шумо чӣ?