Агар касе ин навиштаро хонаду писандаш наояд, пешакӣ узр мехоҳам!

Намедонам, ман хаста шудаам ё ҷомеа. Ё шояд ҳарду? Фақат ман чунин меандешам ё ҳама?

Бубинед, ба оҳистагӣ рӯзнома ҷойи худро ба шабакаҳои иҷтимоӣ додааст. Ба қавли шодравон Акбари Саттор, “мо ҳафтафаҳм шудему ҳафтае як бор мехонем”, вале дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар лаҳзаву сония чизи наве пайдо карда мехонем. Вале бояд иқрор шуд, ки шабакаҳои иҷтимоии мо комилан сиёҳ аст. Мо ҳам аз сиёҳӣ сер накарда, фақат сиёҳ мехонему менависем ва аҷиб, ки серӣ надорем. Сертамошобин шудани наворҳои видеоие, ки сиёҳии ҷомеаи моро ба рӯямон мекашад, ба ин гувоҳ аст.

Чунин менамояд ҳама меноланд, ҳама шиква бар лаб доранд. Яке аз ғами бепулӣ, дигаре аз ғами бекасӣ, саввумӣ аз маоши кам. Фақат сиёҳӣ мебинему сиёҳ мегӯему сиёҳ менависем.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Аммо бо чашми сар бинед, мегӯем “пул надорем”, аммо дар ҳоле ҳар дуввумин мошин дар пойтахт такси шудааст, аз соати чоруним то шашуним тамоми таксиҳо банд аст, мегӯем “пул надорем” , вале тарабхонаҳои шаҳр лабрези мизоҷанд, менолем “ пул надорем”, лекин дар бозорҳо ҷойи поймонӣ нест.

Донишҷӯйи бечора бошад, бо фаро расидани тирамоҳ дар ғами ҳуҷра меафтад. Кӯча ба кӯча хамгаштҳои пойтахтро мекобад, то сарпаноҳе пайдо кунад. Бо вуҷуди сохтмонҳои қатор, хобгоҳҳои нав ба нав, пайдо кардани манзил кори осон нест.

Хулоса, мо фақат як сӯйи тангаро мебинему менолему менолем ва ин ҳама ҳасратро пешкаши дигарон менамоем. Ҷомеаро ба сиёҳӣ одат кунонидаем, ба сиёҳандешӣ омӯхта шудем. Агарчанде, ки ҳодисаи сиёҳеро набинему нахонем, чунинамон менамояд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳарфи тозае нест.

Чаро чунин шудаем? Магар ҷомеаи мо ба рӯҳшиносони касбӣ зарурат пайдо накардааст?

Ё шояд фақат ман чунин мебинаму чунин андешаҳо фақат сари маро мехӯранд?

1 бинависед

  1. Фараж номатро иваз кун, сиёҳбин будӣ ку ё замона дигар гашту ту ҳам дигар гаштӣ?! Он таксиҳое, ки мебинӣ ҳамааш тариқи кредит харидорӣ шудаанд, фаромуш кардӣ, ки телефонҳои мобилиро ҳам мисол орӣ… Сафедбин бояд буд, сафедбин муҳтрарами номуҳтарамо!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here