Худсафедкунӣ – даҳшатноктар ва бадтар аз дурӯғ мебошад. Барои он ки худсафедкунӣ – дурӯғи хеле хуб тарҳрезишуда аст.

(Иоанн Павел II)

Гармоба, ҳаммом, ба истилоҳи русӣ «сауна» ё «баня» гармии сунъӣ аст. Барои роҳат ва табобати ҷисми хаста. Инсон чунин шароитро барои хеш фароҳам меорад. Солиёни охир бошад, муҳоҷирони мо баъди аз ҳиҷрат баргаштан, дигар хонаи хешро бе гармоба намесозанд. Вале, намедонам, чаро тамоми ҳафта сари ибораи «айби ҳаво» ин қадар зиёд андешидам. Шояд танҳо ба ин хотир, ки дар ҳафтаи гузашта посухи бисёр суол ин ибора буд: «Айби ҳаво!».

Давоми матн пас аз блоки реклама

Агар гашничу райҳони касе дар ин гармии тоқатфарсо сӯхт ё дарахти кадом боғе аз беобӣ хушкид;

Агар офати табиӣ, омадани сел соҳилеро шусту хонаеро хароб кард;

Агар моеъи газ дар кадом машинае оташ гирифт, ё оби машинаи касе ҷӯшид, ё сари касе гарм шуду даст ба авбошӣ зад;

Агар ягон истифодабарандаи маъруфе дар шабакаи иҷтимоӣ ба сӯйи дигаре якбора ба дашному ҳақорат гузашт;

Агар харидори беинсофе тарбузи пӯсидаеро ба харидори бечора бо нархи гарон фурӯхт;

Агар ошиқи сарсахте ба нози маҳбубааш бо тундӣ посух дод;

Агар раиси ноҳияе аз навиштае хашмгин шуда, “алами Исоро аз Мӯсо” гирифт;

Агар муҳоҷири саргардоне дар интизори тайёра соатҳоро пушти сар кард;

Ҳатман хоҳанд гуфт:

– Айби ҳаво!

Вале, имрӯз ба кадом гӯшаи Тоҷикистон сар халонӣ, ҳама аз гармии ҳаво меноланд ва мушкилеро, ки ба эҳтимоли зиёд ба сабаби дигаре пешорӯи худаш ё корхонааш пайдо шудааст, ба сари ҳаво мезананд. Кӯтоҳ дар мавриди омили пайдо шудани ин мушкилӣ мегӯянд:

– Айби ҳаво!

Аҷиб ки Шумо дар посухи ин худсафедкунӣ чизе намегӯед. Баръакс, бо ҳисси ҳамдардӣ ба ин баҳонаҷӯйӣ розӣ мешавед. Албер Камю, файласуфи олмонӣ барҳақ ин нуутаро дарк кардаву гуфтааст:

– Мусибати асри мо: Пештар барои иҷро накардани кори хайре ягон амали бад баҳона мешуд, вале имрӯз барои худро сафед кардан, амали некеро баҳона кардан лозим аст.

Як дӯстам вақте аз гармӣ нолидам, аҷиб посухе дод:

– Ин гармӣ ба хотирест, ки Худованд мизони салқинии дар моҳи шарифи Рамазон додаашро баробар карда истодааст.

Надонам, шояд дуруст гуфт… Аммо, дар ҳамин ҳол, қасами ҳоҷиёни бозорро дар арафаи иди Қурбон мешунавӣ, ки мегӯяд молашро ба қимате гирифтааст, ки ба ту мефурӯшад, дилат дигар ба ранҷу машаққати вай барои тавба кардан намесӯзад.

Охир, Станислав Летс мегӯяд:

– Худсафекунии одамхӯрон ин аст: Инсон ҳайвон мебошад.

Пас, биёед дигар беҳунарию макру дурӯғи хешро ба сари ҳаво бор накунем!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here