Метарсам, ки ибораи “Фурӯғи субҳи доноӣ ,-и гирифта аз байти машҳури Ҷомӣ ба мисраи танзомези “Дурӯғи субҳи доноӣ бадал мешавад.

Ин бор озмуни дар солиёни аввал маъруфу машҳур, ки ба кашфи истеъдодҳои нав ва дилгарм кардани мардум ба китобу китобхонӣ мусоидат мекард, ба якборагӣ шукӯҳу шаҳомати пешинаро аз даст дод. Ин агар аз қатъ кардани пахши мустақими барномаҳои ҳаррӯзаи он тариқи симо сарчашма гирад, шикоят аз беадолатии аъзои ҳакамон ба ҳадде афзуд, ки дили шунавандаи ҳасрати навмедшудаҳоро аз профессору доктору номзади илме, ки дар ҳайати ҳакамон буданд, ба якборагӣ хунук мекунад. Ҳамин ҳоло ҳанӯз озмун ҷамъбаст нагардида, дар дасти ман аллакай чандин номаҳои шикоятӣ аз ширкаткунандагони озмун расидааст, ки аз беадолатию тағобозию маҳалгароиҳои ҳакамон қисса мекунад. Ба ин мавзӯъ рӯзе бармегардем, вале биёед, мардона иқрор шавем:

– Магар ҳамин олиму доктору профессору номзади илмҳо набуданд, ки дар замони Шӯравӣ бо маҳалгароию тағобозиҳои хеш дили ҳазорон нафарро аз хондану илму дониш андӯхтан хунук мекарданд?

– Магар ҳаминҳо набуданд, ки “кадр” – и  бархоста аз деҳаю ноҳияю вилояти хешро аввал меҷустанду меёфтанду баъд таълими маҳалгароӣ дода, дар идома, ба профессору доктору ҳатто, академик бадал мекарданд?

– Магар аксари мо кадрҳои дар замони Шӯравӣ таълимгирифта, бо вуҷуди доштани саводу маърифату дониш, бо кӯмаки ҳамдеҳаю ҳамшаҳрӣ дар ягон макотиби олии пойтахт ба институту университет дохил гардидаю панҷ соли таҳсилро бо пуштибонии онҳо пушти сар накардаем?

Имрӯз  ба нобиною гунг ҳам маълум аст, ки вазъ дар ин масъала бадтар асту беҳтар не!

Аз географияи маълум нестӣ, умеди бепулу ба осонӣ дохил шудан, таҳсил кардан, кор ёфтан, вазифа гирифтан накун! Ин аст, ки дар аксар вазифаҳои калидӣ ононе мешинанд, ки “шикам меҷунбонанд” ва кори онҳоро дар асл ҳамонҳое анҷом медиҳанд, ки “номи баланду кисаи холӣ” доранд.

Ин ки имрӯз аъзои ҳайати доварон пешорӯи ҳама баҳо намегузоранду баъди фиш-фишу пич-пич дар утоқҳои дарбаста шахсони арзандаро, ки барои баъзе ғолибӣ дар озмун ягона роҳи пайдо кардани маблағ дар рӯзгори фақиронаашон аст, ин ки имрӯз аз мустақим намоиш додани барномаҳо метарсанд, ин ки ҳатто довари бовиҷдон Ҳафиз Раҳмон ёддоштҳояшро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дигар намекорад, гувоҳи аз “Фуруғ…” ба “Дурӯғ” бадал гардидани озмуни мазкур аст.

Нафаре аз озмуни имсол дарди диле дошта бошад, марҳамат, интизори шикояти Шумо ҳастем!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь