Дар Тоҷикистон фасли азияте ҳаст, ки танҳо ба қишри муайяни ҷомеа, – мансабдорон тааллуқ дорад ва ягона давраи хурсандии мардуми қашшоқу нодору мансабхоҳони бемансаб дар Тоҷикистон ҳисоб мешавад.
«Мансабдорон ва сарватмандон агар медонистанд, ки шахси қашшоқу нодор бо кадом эҳсосе аз пеши қасру кӯшки онҳо мегузарад, шояд аз ин кӯча гузар кардани ӯро манъ менамуданд», – навишта буд кадом нависандаи камбағале.
Ба ҳамин мазмун, барои қашшоқу нодор, камбағалу мардикори тоҷик, ки қишри асосии ҷомеаи имрӯзро ташкил медиҳанд, ҳар сол нимаи дуюми моҳи декабр ва нимаи аввали моҳи январ, бо вуҷуди бебарқиву бегазӣ, лаҳзаи нишотангез ҳам дорад.
Ҳамасола, дар ин фурсат дар Ҳукумати кишвар тағйироти чашмрасе сурат мегирад ва гоҳо мансабдороне сабукдӯш мешаванд, ки то ба ин дам бинобар солҳои дароз дар сари мансаб будан, ба абадӣ будани курсӣ боварии яқин доштанд.
Дар як фурсати кӯтоҳе эшон аз осмон ба замин мефароянд ва дарк мекунанд, ки акнун бояд ба саломи ҳамсоя алайк гирифт, пули барқу газро бояд супорид, пиёда ба бозор бояд рафт.
Фарзандони онҳо якбора кам шудани маблағи барои дискотекаву Интернет, сафари хориҷиву шабнишиниҳои бебаркаш сарфмешударо дида, дар оғоз намедонанд алами худро аз кӣ бигиранд, вале дар идома, аксар ба ин хулоса меоянд, ки ҳатман бояд вазифаи падарро соҳиб шаванд.
Шояд бо дилсузӣ ба ин ҳолати раҳмовари мансабдорон шоир мефармояд:
Пас аз шоҳӣ гадоӣ маслиҳат нест…
Ҷониби кайфиятбахши ин сабукдушкунӣ он аст, ки на ҳамаи эшон ҷудоӣ аз мансабу курсиро таҳаммул карда метавонанд ва бемории дилзанак махсусан дар ин фасл авҷ мегирад ва барои табиби ба маош дастнигар ҳам зиёд шудани сафи ин гуна мизоҷон аз ду ҷониб манфиатовар аст:
Манфиати молӣ ва кайфияти рӯҳӣ. Шояд дар зери сӯзани табиб мансабдор ба гӯшаи хаёл ҳам наорад, ки ҳангоми гузаштан аз назди қасри ҳамеша чароғони вай, табиб бо чӣ эҳсосе мегузарад.
Аз ин рӯ, дилмурда набошед азизон, фасли дилзанаки курсинишинон ҳам, баробар бо фасли бебарқиву бегазии мову Шумо, рӯзҳои наздик фаро мерасад. Биёед, наздиктар назди телевизор нишинед, бо хондани ҳар як фармони сабукдӯш кардан аз вазифа, чеҳраи пуртакаббури ин мансабдоронро пеши назар оварда, лаззат бубаред.
“Фараж”, 29.12.2024