Ҳақорату бадгӯӣ нисбати ҳамдигар, аз хиёбонҳои Душанбею бозорҳои Русия ба шабакаҳои иҷтимоӣ кӯчида, ба анъанаи маъмулии баҳси миёни тоҷикон бадал мегардад.
Замоне шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол шуданду ба олоти муборизаи сиёсӣ бадал шуданд, ҳама ба ташвиш афтод: Бег Зуҳуров аз он дар ҳарос буд, ки дар майдони иттилоотии масъул будааш, Ҳукуматро танқид мекунанду ба бало мемонад, соҳиби нашрияҳои чопиро тарс аз он буд, ки дигар умри газетаҳо тамом шуд, вазирону раисон аз он хавотир буданд, ки дигар сӯҳбатҳои маҳрамонаю нишастҳои пинҳониашон ошкор мегардад.
Вале, бо гузашти ҳамагӣ чанд солаке маълум гардид, ки ҳама ташвишҳо беҳуда будаанд:
Шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан “Фейсбук”, ба майдони ҳақорату дашном, тӯҳмату тавҳин, сиёҳ кардану модару хоҳари ҳамдигарро «навозиш» кардан, имрӯз дигар рисолате надоранд.
Дар “Фейсбук” ҳамаро ба як ранг – сиёҳ мебинӣ: Куштор, таҷовуз, дашном, тӯҳмат, бадгӯӣ, ғайбат… Дигар чизе нест. Ду-се шоиронеро, ки дар баробари ғамномаҳои аксари шоирону шоиртарошон, шеъри умедворкунандаи ошиқонае мегуфтанд, аз тарси дашноми муттаасибон лаб дӯхтанд,
Ва “Фейсбук” пурра ба саҳнаи ҷанги лафзӣ бадал шуд:
Салафӣ бо шиъа, таҳрирӣ бо толиб, ҳукуматӣ бо оппозитсионӣ, зиёӣ бо мулло, муҳоҷир бо сафорати Тоҷикистон дар Русия, порсигӯ бо тоҷикгӯ, хонуми ҷинспӯш бо ҳиҷобпӯш, ришдор бо бериш, намозхон бо бенамоз… шӯриданд ва агар имрӯз олиме хоҳад дар мавзӯи дашномҳои мӯдшудаи асри бисту як рисолае дифоъ кунад, чанд ҳазор саҳифа маводи тайёр дорад.
Муҳимтарин дашном ҳамон дашноми тую мани қадимӣ аст: Ту кофар – ман мусалмон, ту бедин – ман диндор, ту ҷоcӯс- ман ватанпараст, ту лагандбардор – ман мағрур, ту беватан – ман ватандор…
Ҳол он ки ба қавли шоире:
Гар модари хеш дӯст дорӣ,
Дашном мадеҳ ба модари ман.
Ин ҷангҳои «болшевикӣ» поён надорад ва ҳама ҳаросро аз ин даргоҳи фаҳшу иғвою дашном барбод дод:
Дигар Бег Сабурӣ ҳам раҳбари “Фейсбук”-ро ба қабулаш даъват намекунад, ба истилоҳе «оппозитсионерон» ҳам ҷуз ҳақорату дашноми хушк на тадқиқоте, на маълумоти диққатҷалбкунандае пешниҳод менамоянд.
Вале, ба ҳар ҳол, “Фейсбук” рисолати хуби дигаре дорад:
Агар дӯсти Шумо бо ному насаби аслӣ ва санаи дурусти таваллуд ба он дохил шуда бошад, ёдрасатон мекунад, то табрики фейсбукии ӯро фаромӯш насозед…
Дар ин ҳол, тӯҳфа ҳам маҷозӣ мешавад:
Чизеро барояш таманно кунед, ё орзуи тӯҳфа кардан дошта бошед, аксашро мефиристед.
Зиндагии маҷозӣ… Дашномҳои маҷозӣ…Зодрӯзҳои маҷозӣ…
Қавли Кӯҳзод: Гардам аз одамот Худо!