Дар ин дунё ду-се марди бузурге пуштибони мост,

Дар ин дунё ду-се соҳибдиле ҳамдостони мост.

(Лоиқ)

Таърих аз чӣ бошад тез – тез такрор мешавад. Ё шояд мехоҳад сари ҳар қадам аз гузашта ёд кунему панд гирем ё шояд ҳикмате дигар дорад… Намедонам.

Аммо ёд дорам замони тифлӣ дар бораи зиндагиномаи Рӯдакӣ мехондему ҳайрон мешудем, ки кадом нафаре аз ҳамзамононаш бо номи Абӯзироъа чӣ гуна ҷасорат пайдо кардаву худро болотар аз худои шеъри порсӣ ҳисобидааст.

Вақте каме ба дарки ҳаводиси рӯзгор расидем, дидему хондем, ки нафароне миёни аҳли зиё ҳастанд душмани асосогузори дигари адабиёти тоҷикӣ Садриддин Айнӣ. Эҷодиёти ӯро мӯшикофона аз куни сӯзан мегузаронанд ва ҳазорон айб меёбанду менависандеее…

Ниҳоят, дунболи Айнӣ ба Қаҳрамони дигари миллати тоҷик Бобоҷон Ғафуров расиданд: “ Вай серкор буд, китоби “Тоҷикон”-ро нанавиштааст, раҳнамоию мусоидат карду тамом”- гуфтанд.

Имрӯз ҳарзаномае алайҳи Ҷӯрабеки Мурод, ки лақаби “ Борбади сонӣ”-ро даҳсолаҳо пеш додаанд, менависанд. Муаллиф маълум, ки аз эҷоду зиндагии вай бӯе набурдааст, вале зиндагии шахсию хонаводагиашро аз аввал то охир медонад.

Ҳамин гуна ба домони Ҳунарманди дигари Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон Ҳошим Гадо часпидаанд. Барои худ не, барои дигарон навиштани вай маъқул нашудааст. Китоби бисёр навиштанаш писанд наомадааст.

Фикр мекунам ин раванд идома хоҳад ёфт. Чун баҳсҳои фейсбукӣ ба ҳадде сатҳи “зиёишавандаҳо”-и ояндаи моро бозтоб кардааст, ки валлоҳию биллоҳи пагоҳ ин тӯда дар ҳама соҳа хешро Абӯзироъаи навпайдо меҳисобад.

Чӣ бояд кард? Чӣ гуна бузургонамонро ақаллан имрӯз ҳифз кунем? То фардо Синою Фирдавсӣ накобем? Бо ин Абӯзироъаҳо куҷо равонаем?

Ҳарфи як шоири маҳаалгарои мо дар ёдам сахт нақш бастааст. Ҳанӯз замони зинда будани Муҳаммадҷони Шакурӣ гуфта буд, ки “ ман мебудам баъди маргаш ҷасадашро ба хоки ҳамсоя мепартофтам”.

Хайр, дигар чӣ илоҷ… бо алам, бо доғи дил бо ин мисраи ҳазрати Лоиқ худро тасалло медиҳем:

Тоҷикони мо зи бас ки мардуми олитаборанд,

Мекушандат! Дар мазорат дастагул ҳам мегузоранд!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь