Ё чанд ҳарф роҷеъ ба нигоштаи Муҳаммадиқболи Садриддин, ки чанд бор бо сароҳат «сомонаҳои суғдӣ», «суғдиҳои гиромӣ» менависаду эшонро ба фармонбардорӣ айбдор мекунад.

Чанде пеш як нафари дигари Шумо, – Амруллои Низом, ки аз ӯ ҳеҷ интизор надоштам чунин менависад, ба мардуми водии Зарафшон чунин тамғаро зада буд.

Намедонам, дар ҳоле аз «паймон» – у «миллат» мегӯед, ки ба Шумо як муллои ғариб иҷоза додааст то мардуми вилояти Суғдро ақлак шавед, чоплус хонед, кори идеологӣ омӯзед, раҳнамоӣ кунед? Ҳамин муллое боақл дар ҳамон ҷой нест, то бигӯяд, ки «ҳой ҷангандоз, ин кори хуб нест, мардумро тақсимбандӣ накун» ё ақалан «чилёсин» хонаду деву дадро аз ботини Шумо гурезонад?

Он матолибе, ки ба хотири он гиребони мардуми Суғдро мегиред, бароятон расида бод, ки дар ҳама расонаҳои кишвар, минҷумла  водии Қаротегин ҳам нашру пахш мешуданду мешаванд. Ин ки эшон ба фитнаангезии Шумо чашм мепӯшанд ё интернет надоранд ё рӯзномаҳои ноҳиявӣ ба эшон намерасад, суоли дигарест. Сабаб ин аст, ки Шумо аз ин хабар надоред, чун чанд сари сол аст вазъи Тоҷикистонро аз хабарчинҳои фитнагар мешунавед !

Аммо ба як муллое, ки шояд шаҳри Хуҷанду вилояти Суғдро надидааст, кӣ иҷоза додааст то мардуми як вилоятро ба тамаллуқу хушомад айбдор кунад? Дидед, Шумов а ҳамсафони Шумо чӣ гуна ба осонӣ ботини хешро фош мекунед, кинаю кудурати азиматонро ба ин мардум бонавбат нишон медиҳед?

Ҳайронам, баъзе  ёрони суғдӣ ҳам дореду чаро пеш аз нашру пахш ақалан эшон намегӯянд, ки «бародар, ту ҳуқуқ надорӣ то мардуми як вилоятро ба хоки сиёҳ баробар кунӣ».

Рӯйи ҳамин хел «Паймон» сияҳ бод!

Муҳаммадиқбол!

Миёни мардум масалҳои аҷибе ҳаст. Мисли «кори ҳар буз нест хирман куфтан» ё «аспро наъл кардаанд, қурбоққа пояшро бардоштааст». Агар журналист мебудед, ё ба журналистика наздик мебудед, тавре бо Амруллою Файзраҳмону Темур баҳс доштам, бо Шумо ҳам баҳс мекардам. Аммо аз он рӯзе, ки бо имзои раҳбари имрӯзаатон аз Президент талаб карданд то қотилони Муҳиддин Олимпурро афв кунанд, дигар дилам аз Шумо  монд… Шояд бисёре ёд дошта бошанд, ки ҳамон замону ҳамон солҳо, ки сарвари «Паймон» – атон ҳанӯз вакили парлумон буданд, ман дар ин боб навишта будам. Пас чӣ гуна, бо кадом ақл, бо кадом умед идеолог ё журналистони суғдӣ (ҳар чӣ мехоҳед ном гузоштан) аз пайи Шумо раванд, ба навиштаи Шумо аҳсан гӯянд?

Фаромӯш накунед:

Ҳамон тавре аз Ҳайдар Ҷамол сар карда то имрӯза сарваратон барои Шумо «пир» ҳисоб мешаванд, Муҳиддин Олимпур «пир» – и журналистони тоҷик ҳисоб мешавад! Хоҳед, ки даъвои «бегуноҳ» будани ин нафаронро пеш оред, беҳтараш ба Исфандиёри Назар нависед, ки дар мавриди қатли Одимпур  силсиламаводе навишта буд.

Мулло Муҳаммадиқбол!

Беҳтараш кунҷе раведу намозатонро хонед ва аз худованд зора кунед то фитнаангезию тамға заданҳои Шуморо ба мардуми як вилоят бахшад! Ё ба роҳбари Шумо нома навиштаю  хоҳиш кунам, ки бароятон як «чилёсин»  фармояд?

Хуршед АТОВУЛЛО

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь