Ин сӯ равам мезанӣ, он сӯ равам мезанӣ,

Гуноҳи ман чӣ бошад, Ҳар сӯ равам мезанӣ?

Мақоли халқӣ 

Ибораи «ангушти шашум» дар таърих мафҳуми серистифода аст. Ин масалро аслан чунин шарҳ медиҳанд: «Агар буридӣ, дард мекунад, агар бимонад, айб аст».

Агар муносибатеро, ки замоне ба тоҷикзабонони Ӯзбекистон дар Тоҷикистон сурат мегирифт, бо чашми ақл бингарӣ, бегумон ин мақол ба ёд меояд. Яъне вақте перомуни эшон ҳарф мезанӣ, хоҳӣ – нахоҳӣ, аввал модаршаҳрҳои тоҷикон – Самарқанду Бухоро пеши назар меоянд, ки ба ҷабри сиёсати болшевикӣ ва рушди ҷараёни пантуркизм ба кишвари бегона туҳфа шуданд, вале таъриху фарҳанги миллати тоҷик аз он сарчашма мегирад.

Вале, дар ҳамин ҳол, агар сиёсати замоне пешгирифтаи ниматоҷик Ислом Каримов – президенти Ӯзбекистонро нисбат ба тоҷикони дохили кишвараш ва ҷумҳурии мо пеши назар орӣ, дар баъзе ҳолат шубҳае пайдо мешавад, ки зодаи ин ҷумҳурӣ хайрхоҳи ин миллату ин сарзамин бо номи Тоҷикистон нест. Далели ин андеша фаъолияти сиёсии Раҳматулло Зоиров – аз авлодони Хоҷа Аҳрори Валӣ ва Нақибхони Туғрал аст, ки бо номи аҷдодонаш  дар Тоҷикистон мушт ба сина мекӯбанд, аммо дар Ӯзбекистон таваллуд шудани ӯ ҳатто дар қалби ҳамандешонаш шубҳа бедор мекунад.

Сарчашмаи ин бадбахтиҳо ҳамоно чанд зиёии гандумнамои ҷавфурӯши нотавоне аст, ки ҳаргиз натавонистааст тӯли навад соли ҷудоии Самарқанду Бухоро аз Тоҷикистони имрӯза ҷумлае Айнивор гӯяд, дар ҳимояи миллати тоҷик Шакуривор чун пойдевор мустаҳкам бошад, ақалан чун «Бухорои шариф» нашрияе созад, ки берун аз доираи ошноёну ҳамтабақонаш касе шиносад.

Вале, бубахшед эй азизон, ин ки Шумо наметавонед уқобвор парвоз кунеду фақат чун қурбоққа хазиданро омӯхтаед, наметавонед ҷуз андешаи авлоду манфиати шикам чизе гӯеду аслан перомуни таърихи миллат ҷуз ҳафтод соли «ҳукмронии сулолаи Хуҷанд» чизе намедонед, (ин фикри аблаҳонаи кадом зиёии аблаҳ аст. Дар асл ба сари қудрат омадани сулолаи Хуҷанд аз соли 1947, аз замони котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон таъин шудани Бобоҷон Ғафуров сар мешавад ва то соли 1992, зери автомати ба истилоҳ «муҷоҳидин», ба хотири нарехтани хуни мардуми бегуноҳ ба истеъфо рафтани Раҳмон Набиев идома кард. Ин фурсат ҳамагӣ 53 солро ташкил медиҳад ва то омадани Ғафуров раҳбарони аввали Тоҷикистон ҳамагӣ рус буданд), он ки касе натавонист чун Сотим Улуғзода беҳтарин достонномаро дар васфи Фирдавсӣ нависад, фоҷианомаи Восеъро рӯйи коғаз орад, чун Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов «Шашмақом» сарояд, чун Спитамен ватанашро аз шарри Искандари Мақдунӣ ҳифз кунад, айби ин тоҷики самарқандии бечора, айби ин бухороии бечора, айби ин тоҷики ӯзбекистонӣ нест!

Шумо нестед, ки замоне Каримовро «ота» мегуфтеду аз Сайёфи Мизроб, ки зидди ин амали Шумо садо баланд мекард, душман метарошидед? Ва ҳамин ки Каримов чин ба абрӯ кард, пич-пич мекардед, ки Сайёф дуруст гуфта буд?

Шумо аҷдоду пайванди худро ба сад пушти будаю набуда мехоҳед ба деҳкадаи тоҷикнишини Даҳбеди Самарқанд расонед, то бо кафки даҳон гӯед, ки манам тоҷик ва ҳамдеҳи Аҳмадшоҳи Масъуд!

Дар ҳоле модари модари ман, падари падари ман аз ин деҳа аст, ба ин гулӯдарронии Шумо гиряам меояд, зеро дар ҳамин ҳол сӯи дигар мегардеду мегӯед:

– Он нафар дар Ӯзбекистон зоида шудааст, ӯзбак аст!

Ростӣ, намедонам… Шояд дар ин ҳол барои миллати тоҷик ангушти шашум Шумоед, на он тоҷики ӯзбекистонии бечора, ки ба қадри ӯ тавону қудрати навиштану ақлу саводу одитарин одоби муошират надоред?

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here