Тақдири ин кишвари беш аз чил сол оғӯшта дар хун дубора дар сархати хабарии расонаҳои дунё қарор гирифт. Ин бор ҳам тақдирсозу тақдирсӯзон, ба истилоҳ “пешво”-ю раҳбарон ба макони амн фирор карданду мардуми бечора зери юғи “Толибон” монданд.
То ба ҳол маълум нест, ки чаро бе ҷангу хунрезӣ шаҳру вилоятҳои Афғонистон ба осонӣ ба Толибон таслим шуданд ва қисмате аз неруҳои мудофиа ба ҷониби онҳо гузаштанд. Ва ин ҳама бе ҷангу хунрезӣ. Ин бетафовутии неруҳои ҳукуматию қисми мусаллаҳи аҳолӣ ҷаҳонро дар ҳайрат гузошт.
Коршиносон омили муваффақияти Толибонро дар ду сабаб мебинанд: пул ва ваъдаи мансаб.
Таърих собит карда, ки дар аксар ҷангҳои чил соли охир дар ин кишвар нақши асосиро пул мебозад. Фармондеҳони фурӯхташуда ба осонӣ мавқеъҳои худро мегузоранду мераванд ва ҷойи онҳоро душманон мегиранд. Вале ин маротиба аксар сарбозу афсарони ҳукуматӣ, неруҳои фармондеҳони алайҳи Толибон садо баланд карда, ба ҳукми тақдир супорида шудаю пешвоҳои эшон ба кишварҳои дигар фирор карданд. Исмоилхон ба Эрону Амруллоҳи Низом ба дараи Панҷшер, Атою Дустум ба Ӯзбекистон.
Аксари гурехтаҳо, ба ҷуз президенти собиқ Ашраф Ғанӣ, сабаби ба осонӣ таслим шуданашонро шарҳ надодаанд. Ӯ ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш “сар медиҳему сангар намедиҳем” мегуфт, сабаби ба Толибон супоридани Кобулро “ба хотири аз харобшавӣ наҷот додани пойтахт” номид. Ин собиқ президент, ки ҳатто пулҳои ғораткардааш ҳангоми фирор дар мошин нағунҷидаасту бо пахши ин хабар шармандаи олам шуд, рисолати таърихиашро иҷро кард: мардуми худ ва аслан мардуми ғайрипаштуро зери теғи Толибон гузошту гурехт. Дигар фармондеҳон то ҳол шарҳи қонеъкунандае ба ҷуз “моро фурӯхтанд” надодаанд ва ё шояд ба ин амали хеш посухи қонеъкунандае ба сарашон наомадааст? Намедонам.
Баъзе коршиносон омили асосии шикастро дар авҷ гирифтани қавмгароию фасод дар Афғонистон дар замони ҳукмронии Ашраф Ғанӣ медонанд. Яъне, “ман ҷанг кунаму масалан Дустуму Атою Ғанию Абдуллоҳи Абдуллоҳу Амруллоҳу Бисмиллоҳхону дигару дигарон роҳат кунанд?”.
Мардуми дилгирифта аз режим дигар аз раҳбарони хеш ҳимоя накарданд. Ин амали онҳо Ҳукумати Амрикоро, ки миллиардҳо доллар барои таҷрибаомӯзию техникаи лашкари Афғонистон сарф карда буд, ба ҳайрат андохт.
“Ғанӣ гуфта буд, ки афғонҳо ба зидди Толибон мехезанд. Ин ки афғонҳо ҷанг накунанд, мо чӣ чора дорем?”,- ба ин мазмун гуфт президенти Амрико Ҷо Байден.
Бояд гуфт, ки ҳуҷуми барқосои Толибон баъди аз ин кишвар берун шудани неруҳои низомии Амрико ва иттифоқчиёни ӯ сурат гирифтаю онҳоеро, ки бо ин кишвар ҳамкорӣ доштанд, дар дами марг гузошт.
Айни замон ба ҷуз дараи Панҷшер дигар вилоятҳои Афғонистон пурра ба дасти Толибон гузаштаанд. Дар ин дара бошад, неруҳои норизо аз Толибон ҷамъ шудаву мехоҳанд бо сарварии Аҳмад Масъуд – писари Қаҳрамони миллии Афғонистон, шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд, ки бо лақаби “Шери Панҷшер” маъруф буд, ҷабҳаи муқовиматро алайҳи Толибон ташкил намоянд. Писари шодравон Масъуд ҳамагӣ 32 сол дорад ва ин майдон барояш фурсати мусоид аст барои аз хеш дарак додан. Аммо ин ҳама муқовимат бо толиб то куҷо мерасад ва нерӯе, ки дар як фурсати кӯтоҳ кишвари чил миллион аҳолӣ доштаро бо лашкари иборат аз 30 ҳазор ба зону шинонид, вақт нишон хоҳад дод.
Ин майдони аслии мубориза бо Толибон мешавад ва ё чун ҳамеша бо пулу муомила анҷом меёбад? Ин дар наздиктарин фурсат маълум мегардад.
Интизор мешавем!