Зиннатгул Сафарзода, сардори Шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз вазифааш озод карда шуда, ба вазифаи дигар таъйин шудаст.

Худи ӯ дар як тамоси телефонӣ ба “Фараж” хабар дод, ки мудати чанд соли охир  дар Шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон фаъолият кардааст.

– Бо хоҳиши худам  ва мактуби вазири адлияи кишвар  ба вазифаи мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Ҳисор таъйин гардидам, – илова кард ӯ.

Як манбаъ аз Шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Хатлон гуфт, ҳоло маълум нест, ки ба курсии Зиннатгул Сафарзода кӣ менишинад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь