Раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский гуфт, ки ҳоло Украина нисбат ба се соли ҷанг бо Русия ба сулҳ наздиктар шудааст. Дар ин бора ӯ рӯзи 2-юми феврал дар канали Telegram навишт.
«Мо мубориза мебарем, истодагарӣ мекунем, барои боз ҳам наздик кардани сулҳ ҳамаи корро мекунем. Имрӯз, беш аз ҳар вавқте дар ин се соли ҷанг, мо ба он наздикем”, – қайд кард Зеленский.
Вай ҳамчунин аз мардуми Украина изҳори ифтихор кард ва таъкид дошт, ки барои барқарории субот ва расидан ба сулҳи одилона бояд тамоми талошҳо ба харҷ дода шаванд. «Сулҳи одилона барои мо ин дарки он аст, ки мо дар Иттиҳодияи Аврупо ҳастем ва бояд донем, ки кафолати амниятамон қавӣ даст. NATO барои мо беҳтарин гузина аст”, – гуфт Зеленский.
Ин изҳорот дар пасманзари муноқишаи низомии давомдор, ки се сол боз идома дорад, садо дод.
Қаблан раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфта буд, ки агар ба Киев ин лозим бошад, ҷониби Русия омода аст бо “ҳар касе” музокирот кунад, ҳарчанд ӯ Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украинаро раҳбари ғайриқонунӣ медонад.