Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Укроин, хабар дод, ки шаби 19-уми март Русия бо ҳавопаймоҳои бесарнишини камикадзе ҳамлаи густарда анҷом дода, ба инфрасохтори ғайринизомӣ дар чанд минтақаи Укроин зарба зад.

“Имрӯз Путин пешниҳоди оташбасро комилан рад кард”, – таъкид кард Зеленский. Дар натиҷаи ҳамла ба беморхонаи Сумӣ ва инчунин ҳамлаҳо ба шаҳрҳои вилояти Донетск зарбаи мустақим расонида шуд. Ба гуфтаи президент Зеленский, тақрибан 40 ҳавопаймои бидуни сарнишини Русия дар осмони ин кишвар кашф шуд, ки бархе аз онҳо ба ҳадафашон расидаанд. Вай қайд кард, ки ҳамлаҳо дар вилоятҳои Киев, Житомир, Сумӣ, Чернигов, Полтава, Харков, Кировоград, Днепропетровск ва Черкасӣ рух додаанд.

Зеленский таъкид кард, ки чунин зарбаҳо системаи энержӣ, инфрасохтор ва зиндагии оддии украинҳоро хароб мекунанд. Ба ақидаи ӯ, ҳамлаҳои густурдаи шабона аз он шаҳодат медиҳанд, ки Русия барои хотима додан ба ҷанг омода нест ва ташаббусҳои сулҳи байналмилалиро рад мекунад.

Раисиҷумҳури Укроин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки таҳримҳо алайҳи Русияро тақвият бахшанд, кӯмакҳои низомиро афзоиш диҳанд ва кафолатҳои амниятии изофӣ ироа кунанд. Вай таъкид кард, ки ягона қадами воқеӣ ба сӯи сулҳ метавонад хотима додан ба ҳамлаҳо ба зербиноҳои ғайринизомӣ бошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь