Дар ҷараёни музокироти сулҳ бо Русия Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Укроин, нақша дорад, як қисми вилояти Курскро, ки таҳти назорати неруҳои Укроин аст, ба як қисми қаламрави Укроин, ки аз ҷониби Русия ғасб шудааст, табодул кунад. Вай дар ин бора дар мусоҳиба бо The Guardian гуфт, менависад Meduza.
Зеленский гуфтааст, намедонад, ки дар иваз кадом қисми қаламрави Укроинро, аз Русия талаб кунад, зеро барои ӯ ҳамаи хоки кишвараш муҳиманд, афзалият надоранд. Ба гуфтаи Зеленский, вай ба музокирот бо Русия омода аст, аммо мехоҳад, ки Укроин бо онҳо аз мавқеи қавӣ ҳарф занад. Раҳбари Укроин гуфтааст, ки ба ширкатҳои амрикоӣ қарордодҳои барқарорсозӣ ва имтиёзҳои сармоягузорӣ пешниҳод хоҳад кард. Ба ин тартиб, вай талош хоҳад кард, дили раисиҷумҳури ИМА Доналд Трампро, ки мехоҳад ба ҷанги Русияву Укроин хотима диҳад, ба даст орад, менависад The Guardian.
Нерӯҳои мусаллаҳи Укроин дар моҳи августи соли 2024 ҳамла ба вилояти Курскро оғоз карданд. Нерӯҳои Русия то ҳол натавонистаанд назорати тамоми қаламравҳои ин минтақаро дубора ба даст оранд.
Қатъи ҷанги Русияву Укроин яке аз нуктаҳои муҳими маъракаи интихоботии Доналд Трамп буд, аммо ИМА то ҳол нақшаи расмии хатми низоъро пешниҳод накардааст.